ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

МЫ БУДЕМ ВАМ ПРИЗНАТЕЛЬНЫ, ЕСЛИ ВЫ РАЗМЕСТИТЕ НАШУ КНОПКУ У СЕБЯ НА САЙТЕ. ЕСЛИ ВЫ ХОТИТЕ ОБМЕНЯТЬСЯ БАННЕРАМИ, ПИШИТЕ НАМ.

НИГОРА ХОЛОВА: «БЕ СУРУДУ МУСИҚӢ ЗИНДАГӢ БАРОЯМ ЗИНДОН АСТ»

Нигора Холова

Нигора Холова

Нигора Холова ба муаррифӣ ҳоҷат надорад. Оре, зеро ӯ ҳанӯз аз синни наврасӣ по ба ҷодаи санъат гузоштаю сурудҳои зиёде омода кардааст, ки тавассути онҳо дар дилу дидаи ҳамагон ҷо гирифтаю ҳаводорони бешуморро соҳиб гаштааст.

Ҳарчанд ӯ ҷавон аст, вале ба ин нигоҳ накарда, пайваста дар андешаи эҷод намудани суруду таронаҳои нав аст. Суруди ӯ шунавандаро ба дуриҳои дур, ба дунёи пурфасонаи ишқу муҳаббат, дунёи орзуҳои ширини ҷавонӣ ва дунёи зебоӣ мебарад. Аз шунидани садои марғуладори Нигора кас рӯҳу илҳоми тоза гирифта, хастагиашро фаромӯш месозад.

Воқеан ҳам, ин духтараки ҷавон овози фораму гуворо дорад, истеъдодаш Худододист. Сӯҳбате доштем бо Нигора Холова, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.

**********

КОНСЕРТИ СУРУШ ВА НИГОРА

**********

- Нигора, мехоҳам сӯҳбатро аз таронаи «Бачаи ошиқ» шурӯъ кунем, розӣ ҳастед?

- Албатта, чаро не? Агар тавонам ба саволҳоятон ҷавоб мегардонам, агар не, фикр мекунам, хафа намешавед, ҳамин тавр не?

- Албатта, хафа намешавем, аммо хуб медонем, ки шумо дар баробари садои фораму истеъдоди хуб доштан, ҳунари ба ҳама саволҳоямон ҷавоб гуфтан низ доред, зеро дар сӯҳбатҳои пештара хеле фаъолона ҷавоб гуфта будед.

- Ташаккур!

- Акнун бигӯед, ки мақсад аз сурудани таронаи «Бачаи ошиқ» чист? Кӣ бошад он бачаи боҷуръат, ки ба Нигора ошиқ шудааст?

- Таронаро барои худ не, барои тамоми бачаҳои ошиқи Тоҷикистон сурудаам. Вақте шеърро хондам, хеле писандам омад, бинобар ин, онро ба риштаи онҳанг додаю сурудам.

- «Бачаи ошиқ» идеяи кӣ буд?

- Аз бародарам Суруш.

- Чаро маҳз дар бораи бачаҳо?

- Вақте ҷавонони санъаткор тариқи таронаҳояшон васфи бонувонро мекунанд, пас мо низ бояд ба ин меҳрубониашон бо меҳру муҳаббат ҷавоб гардонем.

- Аммо дар мисраҳои аввали он гуфтаед, ки «ба ғайри ту намешавам, ошиқ, ошиқи дигар»…

- Аз ишқ сурудан ё тараннуми муҳаббат кардан, маънои онро надорад, ки сароянда ба касе дил додаасту сурудро барои худ хондааст, ё дарди дили худро қисса мекунад, не! Овозхон новобаста аз синну солаш бояд дар тамоми мавзӯҳо тарона дошта бошад, зеро шунавандаи ӯ одамони синну соли гуногунанд.

- Дар аксар таронаҳоятон шикоят аз ишқ, дурии ёр ва хиёнату бевафоӣ мекунед, чаро? Магар аз нафаре хиёнат ё бевафоӣ дидаед?

- Ошиқ нашуда, бевафоию хиёнат дидан мумкин аст?

- Чаро не, хиёнат аз дӯст, дугона, хешу ақрабо…

- Рости гап, дугонабоз нестам. Баъдан ҳамеша кӯшиш мекунам, ки вақтамро ба манфиат гузаронам, на бо ғайбату сӯҳбатҳои бефоида.

- Дар кадом мавзӯъ сӯҳбат карданро меписандед?

- Ман, ки ҳунармандам, дар мавриди ҳунару маҳорат ва эҷоди суруду оҳанг сӯҳбат карданро меписандам.

- Аз он ки овозхонед, пушаймон нестед?

- Чаро пушаймон бошам? Овозхон шудан орзуи деринаи ман буд, бинобар ҳамин, ҳанӯз аз наврасӣ оғоз кардам суруданро, ки имрӯз фикр мекунам, то андозае муваффақ ҳам ҳастам. Чаро муваффақ гуфтам? Ба он хотир, ки муҳаббати халқро соҳиб шудаам. Вақте халқ ҳунару маҳорат ва садою таронаҳои овозхонро қабул мекунад, пас ӯ каме ҳам бошад, зафарёб аст.

- Дар тӯю маърака ва чорабиниҳо муносибати мардум бо шумо чӣ гуна аст?

- Таъриф намекунам, аммо то имрӯз аз ҷониби нафаре беэҳтиромӣ надидаам. Боз як чизро ҳам бояд ба назар гирифт, ки вақте инсон худашро эҳтиром мекунад, пас дигарон низ ӯро ҳурман хоҳанд кард, яъне ин вобаста аст ба худи одам. Баъдан ман ҳаргиз танҳо ба тӯю маърака ё чорабиниҳои ҷамъиятӣ намеравам, ҳамеша бо падар, бародар, модар ё нафари дигаре якҷо дар рӯзҳои хурсандии мардум ширкат меварзам.

- Нигора Холова дар баробари он ки сарояндаи хуб аст, боз чӣ ҳунарҳои дигар дорад, шояд кадбонуи моҳир аст ё…?

- Мегӯянд, ки ба як шахс чил ҳунар кам аст, ки воқеан ҳам дуруст аст. Сарояндаам гуфта, оддитарин таомро пухта натавонам, пас айб намешавад? Албатта мешавад!

Ҳар як зан новобаста аз он ки чӣ касбу кор дорад, бояд кадбонуи хуб низ бошад. Таъриф намекунам, аммо аз ӯҳдаи омода кардани якчанд хӯриш ва шириниҳо ба осонӣ мебароям, вале бештари вақтамро ба санъат сарф мекунам.

- Оё Нигора зиндагиашро бидуни шеъру тарона тасаввур карда метавонад?

- На! Бе суруду мусиқӣ зиндагӣ бароям зиндони сарду торикро мемонад. Тамоми зиндагиам суруд аст, ҳатто лаҳзае ҳам бе замзама наметавонам бизиям

Мусоҳиб Шабнами Сайфулло, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 Responses

  1. Фарходи Азиз:

    Аз сухбати мусохиб Шабнами Сайфулло бо Нигорачон Холова бисёр шод шудам.Чунки ин гулдухтари зебои хунарро бисёр нагз мебинам!Ва хар маълумоте,ки дар бораи хаёти Нигорачон пайдо мекунам.Калби маро таскин мекунад.Асосан хамоне,ки холло Нигорачон дустдошта надорад.Туро бо чон харидорам Нигора,
    Вале дур аз ту ночорам Нигора.
    Агар бо ту расидан чорае хаст?
    бароят чон меспорам Нигора.

    • Фарходи Кухкан:

      Кариб монд, ки бовар кунум ошно…Рости ошики Нигора боши, давида карда хонашон хостгори рав, нашавад, ки дер куниву ба гайр аз шеърнависи дигар хеч коре аз дастат наояд. Дилум месузадат ошно. Худо кунад, ки ба муроди дилут бираси*

      • Фарходи Азиз:

        Саломат боши бародар.Фарходи Кухкан!

Тавзехот / Комментировать

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Опросы TajMusic:

ТОЛЕЪНОМА / ГОРОСКОП

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

ИНТИХОБИ БИНАНДАГОН

Таронахои бехтарини – 2010

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Субхони Саид – Ишки чавони

Шабнами Сурайё

CУХРОБИ МАХМУД – ВИДЕОКЛИПХО

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

ШАҲРОМ-НИГИНА: ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲОИ ЭҶОДӢ

Шаҳроми Абӯбакр ва Нигина Амонқулова ду овозхони миёни алоқамандони мусиқӣ маъруфи тоҷик ахиран муштаракан ба ҳамкории эҷодӣ пардохтанд. Маҳсули аввалини ин ҳамкорӣ таронаи «Мову ту ҷудо рафтем» мебошад.

Шаҳроми Абӯбакр ва Нигина Амонқулова ду овозхони миёни алоқамандони мусиқӣ маъруфи тоҷик ахиран муштаракан ба ҳамкории эҷодӣ пардохтанд. Маҳсули аввалини ин ҳамкорӣ таронаи «Мову ту ҷудо рафтем» мебошад.

Сайёди Субхон

Шабнами Точиддин – Дидаи ман…

Таронаҳои иронӣ

Баходури Гаффурзод – Кабки сахро

Бахром Гафури – Модар

Садриддин Начмиддин – Аз гамат ай нозанин…

Дилноза Каримова – Ёр омада…

Валичон Азизов – Гулбону

Зулайхо Махмадшоева

Сайёди Субхон – Пинхон манам

Нозияи Кароматулло – Дарди диламро…

Нигина Амонкулова

Зиёвуддини Нурзод

Музаффари Муродали – Дарёи ноз

Фарзонаи Хуршед – Дилам садпора …

Нигина Амонкулова – Чархи фалак…

Нигина Амонкулова – Ту бигу ошикаме…

Гарибшо & Садриддин

Зайнура Пулодова

Файзигул Юсупова

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

ФЕҲРИСТ

“Ruzgor Plast”

 Ruzgor Plast

Зикриаллох Хакимов

Бахром Гафури

Илхом Муродов

МЕХВАРИ ХАКИКАТ

ФИЛМХО ДАР БОРАИ ПАЙГАМБАРОН

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

СУКУТ – ТОЧИКФИЛМ

Farhad Darya – Dosti

Богигул Саидова

Зафар Аюби

Наимчони Саидали

Ситораборон

ТАРОНАХОИ НАВРУЗ 2011

РАДИО – 101.5 FM

Watch videos at Vodpod.

«ҒАРИБӢ-3» ҲАНӮЗ ПОЁНИ ИН СИЛСИЛА НЕСТ

CОЗҲО ВА РОЗҲОИ СУБҲОНИ САИД

-Субҳонҷон, дар байни мардум овозаҳое ҳаст, ки баъзе аз овозхонҳои соҳибистеъдоди мо ба истеъмоли маводи мухаддир дода шудаанд. Ҳатто сабаби марги бархе аз онҳоро дар истеъмоли аз ҳад зиёди маводи мухаддир медонанд. Сабаб чист, ки ҷавонони боистеъдоди мо ба чунин амали зишт ва бад даст мезананд?

-Субҳонҷон, дар байни мардум овозаҳое ҳаст, ки баъзе аз овозхонҳои соҳибистеъдоди мо ба истеъмоли маводи мухаддир дода шудаанд. Ҳатто сабаби марги бархе аз онҳоро дар истеъмоли аз ҳад зиёди маводи мухаддир медонанд. Сабаб чист, ки ҷавонони боистеъдоди мо ба чунин амали зишт ва бад даст мезананд?

МАНИЖАИ ДАВЛАТ – СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

НИГИНА РАУФОВА: “МАН БО ШУМО ЗИНДААМ”

НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛО КОНСЕРТ 2011

 noziya

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!