ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

МЫ БУДЕМ ВАМ ПРИЗНАТЕЛЬНЫ, ЕСЛИ ВЫ РАЗМЕСТИТЕ НАШУ КНОПКУ У СЕБЯ НА САЙТЕ. ЕСЛИ ВЫ ХОТИТЕ ОБМЕНЯТЬСЯ БАННЕРАМИ, ПИШИТЕ НАМ.

НОЗИЯ: “РӮИ МАРО ДИГАР НАХОҲЕД ДИД”

Нозия Икбол

Нозия Икбол

Нозия Иқбол, овозхони ҷавон, вале алакай шинохтаи покистонӣ, дар авҷи шӯҳрати хонандагиаш эълон кард, ки ба далоили мазҳабӣ тарки саҳна мекунад. Тасмими ин хонандаи паштузабони зодаи водии ошӯбзадаи Свот фавҷи мухлисону ҳаводорони Нозия Иқболро дилреш кардааст ва бархе ин қарори Нозияро ҳатто як фоҷиаи миллӣ унвон мекунанд.

Нозия Иқбол рӯзи 21 январ дар консерташ дар Дубай гуфт, ки ин охирин ҳунарнамоии ӯст, чунки мехоҳад боқии умрашро ҳамчун “як зани мӯъмину мусалмон” гузаронад. Овозхони маъруфи пашту ба аҳли толор гуфт, “шумо бори охир рӯи маро мебинед, чунки ман аз ин ба баъд сатри исломӣ ба тан хоҳам кард.”

Нозия зодаи водии Своти Покистон аст, вале аз соли 2005 ба ин сӯ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба сар мебурд. Ӯ бештар ба забони пашту тарона мехонд, вале ба забонҳои урдуву форсӣ ва панҷобӣ низ таронаҳои зиёд иҷро кардааст, ки дар сарзаминҳои қабиланишини паштузабони Покистон ва ҳам дар Афғонистон шӯҳрат дошт.

Нозия Иқбол гуфт, қасд дорад дар Покистон як мадраса боз кунад, вале чунин бозгашти ӯ ба ватан наметавонад ҷои таронаҳои ӯро дар дили мухлисонаш пур кунад. Шабона, як ҳаводори Нозия дар Квейтаи Покистон гуфт, хабари аз саҳна рафтани ӯро бо дард қабул кардааст: “Ман аз ин қарори Нозия Иқбол хеле парешон шудам. Он қадар андӯҳгин шудам, ки мехоҳам бигирям.”

Нозия Икбол

Нозия Икбол

Шоири маъруфи покистонӣ Лоиқзода Лоиқ боз ҳам фаротар рафта, тарки саҳна кардани Нозия Иқболро “фоҷиаи миллӣ” барои мардуми пашту ба қалам дод. Дар чанд соли охир роҳи эҷодии чандин овозхони маъруфи пашту дар Покистон ба сурати ғайриинтизор ва гоҳ ба таври фоҷиавӣ анҷом ёфтааст. Овозхони шинохта Аймон Удасро дар соли 2009 дар манзилаш дар шаҳри Пешовар бародарони ӯ куштанд.

Ин хонум қабл аз марг аз сӯи гурӯҳҳои тундрави исломӣ чандин бор таҳдид шуда буд, ки тарки саҳна кунад. Охирин таронаи Аймон, ки дар телевизион садо дод, сатрҳое дошт ба ин мазмун, ки “Ман мемирам, вале дар ёдҳо хоҳам монд, чунки ман дар руъёҳои ҷононаам зиндаам.”

Овозхон ва раққосаи шинохта Шабона моҳи январи соли 2009 дар Свот аз сӯи ҷангиёни Толибон кушта шуд. Шоҳаншоҳбача  дар соли 2010 тарки саҳна кард ва гуфт, ки дигар ҳамчун “як марди мӯъмин” зиндагӣ хоҳад кард. Шакило Ноз, Фарзона ва Фаридахон ҳарсе низ дар солҳои охир баъди издивоҷ аз идомаи ҳунарнамоӣ даст кашиданд.

Рафтани Фарзонаи Файз ва Маликаи Саид

Чунин намунаҳои тарки саҳна ба далоили мазҳабӣ дар ҷомиаи дар солҳои охир хеле мазҳабитаршудаи Тоҷикистон низ кам нест. Овозхони ҷавон Фарзонаи Файз, ки тоза маъруфият пайдо мекард, баъди издивоҷ аз саҳна рафт. Ҳотами Равшан чанд сол пеш аз саҳнаи эстрада рафт ва дигар фақат таронаҳои сӯфиёна мехонад ва он ҳам  танҳо дар ҳалқаи ёрони наздик.

Бародарзодаи ӯ Меҳрубони Равшан ҳам як сол пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки чунин қасди тарки ҳунарнамоӣ ба далелҳои мазҳабиро дар сар дорад ва мехоҳад дигар фақат таронаҳои динӣ бихонад, на эстрадӣ.

Овозхони шинохтаи тоҷик Маликаи Саид ҳам ду сол пеш баъди сафари Ҳаҷ сатри исломӣ ба бар кард ва дар айни авҷи шӯҳраташ аз саҳна рафт, ки боқии умрашро “ҳамчун як зани мӯъмин” ба сар барад. Қабл аз ӯ чанд овозхони дигари тоҷик ҳам баъди сафари Ҳаҷҷ як муддат аз идомаи ҳунарнамоӣ даст бардошта буданд, вале баъди чанде баргаштанд. Аммо Малика инак 2 сол боз ба қавлаш истодааст.

«Озодӣ»

Filed under: Сарояндаҳои Афғонистон,

Тавзехот / Комментировать

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Опросы TajMusic:

ТОЛЕЪНОМА / ГОРОСКОП

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

ИНТИХОБИ БИНАНДАГОН

Таронахои бехтарини – 2010

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Субхони Саид – Ишки чавони

Шабнами Сурайё

CУХРОБИ МАХМУД – ВИДЕОКЛИПХО

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

ШАҲРОМ-НИГИНА: ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲОИ ЭҶОДӢ

Шаҳроми Абӯбакр ва Нигина Амонқулова ду овозхони миёни алоқамандони мусиқӣ маъруфи тоҷик ахиран муштаракан ба ҳамкории эҷодӣ пардохтанд. Маҳсули аввалини ин ҳамкорӣ таронаи «Мову ту ҷудо рафтем» мебошад.

Шаҳроми Абӯбакр ва Нигина Амонқулова ду овозхони миёни алоқамандони мусиқӣ маъруфи тоҷик ахиран муштаракан ба ҳамкории эҷодӣ пардохтанд. Маҳсули аввалини ин ҳамкорӣ таронаи «Мову ту ҷудо рафтем» мебошад.

Сайёди Субхон

Шабнами Точиддин – Дидаи ман…

Таронаҳои иронӣ

Баходури Гаффурзод – Кабки сахро

Бахром Гафури – Модар

Садриддин Начмиддин – Аз гамат ай нозанин…

Дилноза Каримова – Ёр омада…

Валичон Азизов – Гулбону

Зулайхо Махмадшоева

Сайёди Субхон – Пинхон манам

Нозияи Кароматулло – Дарди диламро…

Нигина Амонкулова

Зиёвуддини Нурзод

Музаффари Муродали – Дарёи ноз

Фарзонаи Хуршед – Дилам садпора …

Нигина Амонкулова – Чархи фалак…

Нигина Амонкулова – Ту бигу ошикаме…

Гарибшо & Садриддин

Зайнура Пулодова

Файзигул Юсупова

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

ФЕҲРИСТ

“Ruzgor Plast”

 Ruzgor Plast

Зикриаллох Хакимов

Бахром Гафури

Илхом Муродов

МЕХВАРИ ХАКИКАТ

ФИЛМХО ДАР БОРАИ ПАЙГАМБАРОН

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

СУКУТ – ТОЧИКФИЛМ

Farhad Darya – Dosti

Богигул Саидова

Зафар Аюби

Наимчони Саидали

Ситораборон

ТАРОНАХОИ НАВРУЗ 2011

РАДИО – 101.5 FM

Watch videos at Vodpod.

«ҒАРИБӢ-3» ҲАНӮЗ ПОЁНИ ИН СИЛСИЛА НЕСТ

CОЗҲО ВА РОЗҲОИ СУБҲОНИ САИД

-Субҳонҷон, дар байни мардум овозаҳое ҳаст, ки баъзе аз овозхонҳои соҳибистеъдоди мо ба истеъмоли маводи мухаддир дода шудаанд. Ҳатто сабаби марги бархе аз онҳоро дар истеъмоли аз ҳад зиёди маводи мухаддир медонанд. Сабаб чист, ки ҷавонони боистеъдоди мо ба чунин амали зишт ва бад даст мезананд?

-Субҳонҷон, дар байни мардум овозаҳое ҳаст, ки баъзе аз овозхонҳои соҳибистеъдоди мо ба истеъмоли маводи мухаддир дода шудаанд. Ҳатто сабаби марги бархе аз онҳоро дар истеъмоли аз ҳад зиёди маводи мухаддир медонанд. Сабаб чист, ки ҷавонони боистеъдоди мо ба чунин амали зишт ва бад даст мезананд?

МАНИЖАИ ДАВЛАТ – СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

НИГИНА РАУФОВА: “МАН БО ШУМО ЗИНДААМ”

НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛО КОНСЕРТ 2011

 noziya

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!