ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

АФЗАЛШО ШОДИЕВ: «ЛОИҚ РАҲНАМОЯМ БУД»

Афзалшох Шодиев

Афзалшо Шодиев

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ба муаррифӣ эҳтиёҷ надорад, зодаи Тоҷикистон, тараннумгари дӯстиву ваҳдати миллат, сарояндаи сурудҳои ошиқонаву орифона.

Инак сӯҳбати кӯтоҳи хабарнигори ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»-ро бо ӯ манзури Шумо, муштариёни гиромии Веб-блоги «Таронаҳои беҳтарин» менамоем.

— Мӯҳтарам Афзалшо Шодиев, суруду таронаҳои Шуморо тамоми мардуми кишвар — аз Зарафшон то Бадахшон ва аз Ҳисор то Хатлонзамин бо меҳру самимият гӯш мекунанд. Ба ақидаи Шумо, ин қадар дилбастагии мардум ба сурудҳоятон аз куҷост?

— Хоҳарам, мегӯянд, ки “Он чӣ, ки аз дил баромад, ба дилҳо мерасад”. Ман суруду таронаҳоямро барои мардуми кишварам месароям, зеро халқи азизи кишварамро бисёр дӯст медорам. Ободию озодии кишвар ва мардумаш ба ман рӯҳу илҳоми сароидан мебахшад. Шояд халқи азиз ҳаминро хуб дарк кардааст, ки сурудҳоямро гӯш мекунад.

— Бештари сурудаҳои Шумо ашъори шоири зиндаёд Лоиқ Шералиро дар бар мегиранд, ин қадар дилбастагӣ ба ашъори устод Лоиқ аз куҷост?

— Устоди гиромиқадру зиндаёд барои ман падари маънавӣ буданд ва маро писархон медонистанд. Ман худро шахси хушбахт мешуморам, ки дар зиндагии устод Лоиқ бо ӯ ниҳоят наздик будам ва аввалин шунавандаи бархе аз шеърҳои устод низ ман будам. Лоиқ дар зиндагӣ бароям раҳнамою мутакко буд, вале афсӯс… Ба ҷуз дуо ба арвоҳашон дигар чорае надорам…

— Бубахшед, ки бо саволи худ дар мавриди устод Лоиқ дарди дили шуморо рӯй занондам. Инак, ин лаҳза мехостам фаҳмам, ки ашъори кадом шоиронро боз дар сурудҳоятон истифода мебаред?

— Аслан ман барои сурудан шеърҳоеро интихоб менамоям, ки маънии воло дошта бошанд. Аз ашъори шоирони классик ва шоирони шинохтаи муосир Гулрухсор, Гулназар, Камол Насрулло ва дигарон истифода мебарам.

— Муносибати Шумо бо аҳли қалам, яъне адибон ва рӯзноманигорон чӣ гуна аст?

— Муносибати бародаронаву дӯстона, зеро ман шефтаи сухану суханвариам ва ҳар он касе, ки сухани волою боло мегӯяд, эътирофу эҳтиром мекунам.

— Оё худатон низ чизе иншо мекунед?

— Бале, гоҳ-гоҳ шеъру ёддошт менависам, лекин даъвои шоириву нависандагӣ надорам, баръакс мехоҳам, ки ҳунари сарояндагиямро бештар сайқал диҳам.

— Ғайр аз ҳаммиллатон ба ҳунари Шумо боз дар куҷо кафкӯбӣ кардаанд ва ба кадом кишварҳо сафари ҳунарӣ доштед?

— Бо суруду наво ва дуруди тоҷикона ба 37 кишвари олам сафарҳои ҳунарӣ доштам. Аммо Тоҷикистон- ватанам, ифтихорам, дору мадорам бароям ягона буд, ҳаст ва хоҳад монд.

— Воқеан, дар бораи сафарҳои ҳунарӣ. Имрӯзҳо санъаткорони зиёде аз хориҷ ба кишвари мо барои намоиш додани ҳунари хеш меоянд, дар ин маврид чӣ ибрози андеша доред?

— Ин хеле хуб аст. Санъати асил сарҳадҳоро убур мекунад. Агар санъаткорони мо ҳам аз онҳо ибрат гирифта, санъати тоҷикро, ки таърихи оламшумул дорад, ба олам муаррифӣ мекарданд, коре мешавад олиҷаноб. Аммо афсӯс, ки бештари санъаткорони мо танҳо ба санъати ғайр тақлиди кӯр-кӯрона мекунанду халос, ҳол он, ки онҳо бояд санъати миллиро рушду тақвият диҳанд.

— Чӣ гуна метавон баъди ин ҳама бегонапарастиҳову тақлидҳои кӯр-кӯрона маданияту санъати тоҷикро рушд ва тақвият бахшид?

— Санъаткорону ҳунармандонро рафоқату муттаҳидӣ мебояд. Онҳо бояд ғаразу кинаро аз дилҳои хеш нисбати ҳамдигар зудуда, гирди санъаткорони асил ҷамъ оянду баҳри ин талош варзанд.

-Шуморо дастпарвари мактаби устоди санъат Ҷӯрабек Муродов мегӯянд, дар бораи ин мактаб чӣ метавон гуфт?

— Мактаби устод Ҷӯрабек Муродов воқеан ҳам ҳам мактаби бузургест, ки даҳҳо шогирдони болаёқатро, ки бисёриашон худ низ ба камоли устодӣ расидаанд, ба шоҳроҳи санъат роҳнамун сохтааст. Ман ҳам яке аз шогирдони ин мактаб ҳастам ва бо устод Ҷӯрабек Муродов робитаи устодию шогирдиам то ҳол пойбарҷост.

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Ассалому алейкум! ман аз республикаи Узбекистон шахри Навои мешавам, миллатам тожик. гуфтани хастам, ки мардуми тожики Узбекистон сурудхои тожикиро бисёр дуст медорем ва гуш мекунем, пурсидани будам, ки барои чи Афзалшо Шодиев ба Узбекистон сафари хунари намекунанд, ба хамин посух жавоб гирифтонро интизорем, хамаи мардуми тожики Узбекистон????

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!