ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БЕҲТАРИН СУРУДҲОИ ТОҶИКИИ СОЛИ 2009

БЕҲТАРИН СУРУДҲОИ ТОҶИКИИ СОЛИ 2009

БЕҲТАРИН СУРУДҲОИ ТОҶИКИИ СОЛИ 2009

Мусиқии попи тоҷик соли 2009 низ мухлисонашро бидуни армуғонҳо нагузошт. Таҳти унвони «10 ҷамъи 1» ба шумо даҳ суруди беҳтарин ва 1 дуэти беҳтарини соли 2009-и мусиқии попи тоҷикро муаррифӣ мекунем.

Албатта, ин интихоби мост ва бовар дорем, интихоби мо шуморо хуш хоҳад омад.

«ВАТАНДОРӢ»

Бидуни шак, ин сол мусиқии попи Тоҷикистон аз рӯйи мӯҳтаво низ пешрафт кард ва сурудҳое низ миёни мардум шӯҳрат ёфтанд, ки мазмуни иҷтимоиву сиёсӣ доштанд. Чунончӣ, яке аз хонданиҳои нави Зикруллоҳи Ҳаким ба номи «Ватандорӣ», ки мавзӯъяш ҷовидонӣ — ватан аст, аммо бо мӯҳтавои хеле баланд ва ҳунари баланде, ки ҳамасола Зикруллоҳ ба намоиш мегузорад, сароида шудааст.

«Ё РАББӢ!»

Соли 2009 – Соли гиромидошти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ — Имом Абӯҳанифа, дар олами ислом маъруф ба Имоми Аъзам буд. Дар робита ба ин ҷашни умумимиллӣ, дар қатори таблиғоти расонаҳову мақолаҳои олимони ҷаҳону Тоҷикистон, овозхонҳои тоҷик низ дар канор намонданд. Ва Тобиш, овозхони маъруф бо суруди «Ватан», оҳанги дигаре сароид ба унвони «Ё раббӣ!», ки бидуни шак, дар ин силсила беҳтарин буд.

«МУҲОҶИРБАЧА»

Хондании дигар ҳам, ки дар кӯчаву бозор ва тӯю сурҳо, дар дохилу хориҷи кишвар зиёд садо дод, суруди Баҳром Ғафурӣ, «Муҳоҷирбача» буд.

Ин суруд аз муваффақтарин хонданиҳое буд, ки дар мавзӯъи муҳоҷирати меҳнатӣ эҷод шуда, муҳоҷирате, ки беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистонро барои ёфтани қути лоямут ба хориҷ, умдатан Русия кашидааст ва овозхон ҳам эшонро даъва мекунад, то наврӯз – соли навро дар канори фарзандону волидайни хеш пешвоз гиранд.

«БИЁ, КИ БИРЕМ»

Зимнан, соли 2009 – ро метавон соли муаррифии бештари суруди тоҷикӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон унвон кард. Баҳром Ғафурӣ бо Шабнами Сурайё — шоҳдухтари мусиқии тоҷик аввалин консерти худро дар хориҷ аз кишвар – Амрико баргузор кард. Ва ин консерт ҳам дар пайи барандаи ҷойизаи Big apple awards дар Ню-Йорк шудани онҳо сурат гирифт.

Шабнам, ки тайи якуним соли ахир 17 консерт дар Аврупову Амрико ва Конодо гузаронд, имсол низ мухлисонашро шод кард ва маъруфтарин хондании ӯ «Биё, ки бирем боғ» буд, ки навори видеоияш ҳам дар Олмон таҳия шудааст.

«МАН ИН ШОМ»

Ҷонибек Муродов низ барандаи ҷойизаи Big apple awards буд, ки низ муваффақ шуд имсол дар Амрико чанд консерт баргузор кунад.

Ҷонибек соли 2009 шояд беҳтарин суруди хешро то ин дам эҷод кард, ки «Ай дил» унвон дорад, аммо ҳоло ба назар мерасад, ин суруд ба мухлисона зиёд муаррифӣ нашудааст. Аммо дар бораи суруди «Масти мастам» — аш ин тавр намешавад гуфт. Ин хонданӣ имсол воқеан мухолисони суруди тоҷикиро қоил кард.

«ЧАРХ БИЗАН»

Суруди навбатии мо низ тоҷикист, аммо дар хориҷ тавлид шуду он ҷо шӯҳрат ёфт ва баъд ба ватани аслиаш – Тоҷикистон омад. Бале, ин суруди Парвиз Назаров — «Чарх бизан» аст, ки дар Қазоқистон тавлид ёфта, аз кӯчаву паскӯчаву клубҳои дискои ин мулк вориди дилҳои мардуми шаҳру деҳоти Тоҷикистон шуд.

«МУЛКИ ҒАРИБӢ»

Садриддини Наҷмиддин, аз овозхонҳои маҳбуби Тоҷикистон, имсол барои омода кардани наворҳои нави худ ба Амрико сафар кард. Ин овозхон ҳамеша барои мухлисонаш армуғон ё сюрпризҳои нав дорад, ки ҳеҷ тасаввурнашавандаанд ва бидуни шак, «Мулки ғарибӣ» хондании наваш аз ҳама беш дар родиову дӯконҳои фитаву дискфурӯшии Тоҷикистон садо дод ва дарди онҳоеро ҳам, ки дар ғурбат ба сар мебаранд, сабук кард.

«ОШИҚБАЧАҲОИ ТОҶИКИСТОН»

Соли 2009 – ро барои овозхони дигари машҳури тоҷик – Валиҷони Азиз низ соли муваффақиятҳо мешавад номид. Валиҷон, ки аслан дар Хуҷанд кору фаъолият мекунад, имсол яке аз пуршунавандатарин овозхонҳои Душанбеву Рашту Хатлону Бадахшон низ буд. Агар солро Валиҷон бо суруди «Муштарӣ» бо муваффақият шурӯъ кард, онро бо «Ошиқбачаҳои Тоҷикистон» низ бомуваффақият анҷом дод.

«ТАНҲОӢ»

Барои Муҳаммадрофеъи Кароматуллоҳ соли 2009 – ро соли маҳсул унвон кунем, хато намекунем. Тайи ин сол ин овозхони ҷавон ва номбардори падари машҳураш Кароматуллои Қурбон 7 клип ва 10 суруд омода кард, ки барои муаррифии ӯ ба ҷомиа саҳми бузург гузоштанд. Воқеан, Муҳаммадрофеъ дар интихоби матну оҳанг хеле моҳир ва суруди «Танҳоӣ» бар матни Фурӯғи Фаррухзодро ба ин мисол метавон овард.

«БИЁ, ДИЛБАР»

Ва ниҳоят соли 2009 – ро метавон соли муаррифии Самад Ғанӣ, овозхони ҷавони тоҷик ба мухлисони тоҷик унвон кард. Самад бо суруди «Биё, дилбар, биё, гап дорам имшаб» ангор як соли тамом бо мухлисонаш, ба қавле, гап – гап кард ва дили онҳоро ба даст овард. Зимнан ин суруд ба сифату мазмун шояд яке аз беҳтарин хонданиҳои ошиқонаи соли 2009 – и Тоҷикистон буд. Ин буд муаррифии 10 суруди беҳтарин мусиқии попи тоҷик. Аммо ҳоло як дуэти беҳтарини сол.

«БЕ ТУ»

Аҷобати ин суруди дуовоза, ки мо интихоб кардем, ин аст, ки онро на марду зан, балки ду мард хондаанд. Ва чӣ зебо хондаанд. Яке Валиҷони Азиз ва дигаре, Файзалии Фозил, овозҳони ҷавоне, ки гоҳ – гоҳ ӯро «садои тиллоии ояндаи мусиқии попи Тоҷикистон» низ ном мебаранд. Суруд «Бе ту» унвон ёфтааст ва чӣ матни зебое ҳам дорад! Худ бишнавед.

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1408-behtarin-surudhoi-tojikii-soli-2009.html

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!