ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМИ СУРАЙЁ — ҶИЛОИ САНЪАТИ ТОҶИК Ё…

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Бо баробари ба олами мусиқии халқи тоҷик роҳ ёфтани санъати аврупоиасоси эстрада, ки тақрибан дар нимаи дуюми асри гузашта дар Тоҷикистон маъмул гардид, маҳбубияти санъати мусиқӣ ва овозхонии суннатӣ аз ҷумла Шашмақом, Фалак ва классикӣ дар байни мардум андаке коҳиш ёфт.

Зеро дар жанрҳои мусиқиву овозхонии суннатӣ навоварӣ кам андар кам ба назар мерасад. Санъати эстрада бошад, баръакс, аз замони эҳё то кунун рӯй ба густариш дорад. Ин иддаъо ҳарчанд нанговар аст онро бояд эътироф кард. (Ин ҳам як нишони ҷаҳонишавӣ ё худ глобализатсия аст.) Бояд тазаккур дод, ки санъати эстрада дар Тоҷикистон рангу ҷилои тоза гирифт. Яъне, ҳунармандони асилу худшиноси зиндаёд Тоҷиддин Муҳиддинов, Муқаддас Набиева, Кароматуллоҳи Қурбон, Хурмо Ширинова ва даҳҳои дигар жанри эстрадаро бо мусиқии халқӣ омехта, ба он рӯҳияи тоҷикона бахшиданд. Ин хизмати онҳо барои ба зудӣ дар дилу дидаи мардум ҷо шудан нақши амиқ гузошт.

Имрӯзҳо низ дар санъати мусиқиву овозхонии халқи тоҷик жанри эстрада пешсафии худро аз даст надодааст. Беш аз пеш равнақу ривоҷ ёфтани ин навъи жанр ба заҳмату талошҳои сарояндагони ҷавон вобастагӣ дорад, ки Шабнами Сурайё аз зумраи онҳост.

Шабнами Сурайё… Ин чеҳраи ҳунарро ба гумони солим, аксари ҳамватанон мешиносанд. Воқеан, вуруди Шабнам ба дунёи санъат падидаи нав буд. Айни замон шӯҳрату эътибори ин бонуи ҳунар, натанҳо дар Тоҷикистон, балки марзҳоро убур намуда, дар дигар кишварҳо низ доман густурдааст.

Аксҳои вай зеббахши саҳифаҳои ҳафтаномаву мачаллаҳои ҷумҳурӣ гашта, ба иддае аз онҳо то андозае таъсири мусбат расонид. Инчунин, баъзе ширкатҳои мобиливу тиҷоратии дар кишвар фаъолиятдошта бо акси Шабнам, ё навори ӯ тарзи хизматрасонӣ ё маҳсулоти худро реклама мекунанд. Албатта, ин омил аз маҳбубияту маъруфияти Шабнами Сурайё гувоҳӣ медихад.

Равшан аст, ки Шабнами Сурайё дар жанрҳои мусиқӣ: халқӣ, фалак ва бештар эстрада табъ меозмояд. Ва бидуни шубҳа мавсуф дар ин самт то андозае муваффақ аст. Зумрае андеша доранд, ки агар Манижа ҳунарнамоии худро мунтазам давом медод, Шабнами Сурайё ҳаргиз шӯҳратёр намегардид. Аммо ин андешаву гумонҳо аз ҳазён беш нест, зеро майдони санъат бепаҳност ва ҳар сохибистеъдод метавонад дар он саманди ҳунар ронад. Инҷониб, агар Манижа даҳчанд маротиба беҳтару хубтар ҳунарнамоӣ менамуд ҳам, ин барои маъруфият ба даст овардани Шабнами Сурайё халал ворид намекард.

Чаро шӯҳрати Шабнами Сурайё зуд гӯшаву канори кишварро фаро гирифт?

Посух ба ин савол ё доварӣ дар мавриди ҳунарнамоии Шабнам барои роқими ин сатрҳо хеле гарон асту ҳар он чизе ки банда ба рӯи коғаз меорам, на аз нигоҳи мусиқишинос ё мунаққиди санъат, балки бардошт ва андешаи як нафар мухлис мебошад. Ҳақ ё ноҳақ будани бардошти кардаамро ба қазовати хонандаи азиз вомегузорам.

Якум: -садои форам ва симои саҳназеб, ки ин ду авомили аслии хунари овозхони аст.

Дуюм: — сабки хос, омехта бо мусиқиҳои суннатии Шашмақом ва Фалак. Зимнан, бояд қайд кунем, ки устоди санъат Акашариф Ҷӯраев дар амалишавии ин иқдоми шоиста камари ҳиммат баста муваффақ шуд ва ин раванд баъдтар дар эҷодиёти устод Зафар Нозим, Тағоймуроди Хушвақт, Садқули Билол, Файзалӣ Ҳасан, Муродбеки Насридддин, Афзалшоҳи Шодӣ ва Сурайё Қосимова ба тадриҷ равнақ ёфт.

Сеюм: -Аксари матнҳои интихобкардаи Шабнами Сурайё ба меъёрҳои жанри суруд мувофиқ буда, бори маънӣ мекашанд.

Чорум: -Тақрибан, қисми зиёди оҳанги сурудҳои Шабнами Сурайё рӯҳияи тоҷикона доранд.

Панҷум: — Дар вақти иҷрои суруд ҳаракату ишораҳои ӯ ба тақозои оҳанг ва талаби мӯҳтавои шеър созгор аст.

Дар боло қайд кардем, ки Шабнам берун аз кишвар низ маҳбубият дорад. Далели ин гуфтаҳо барномаҳои консертии дар Аврупову Амрико баргузор намудаи Шабнами Сурайё мебошад. Фиттаи ин консертҳоро аз аксари фурӯшгоҳҳои фиттафурӯшӣ дастрас кардан мумкин аст.

Агар 2-3 сол қабл Манижа Давлатова мавриди эътирофу эътибори сокинони ҷумҳуриҳои дигари бародарӣ, бахусус, Ҷумҳурии исломии Афғонистон гардида бошад, имрӯз вақт ин бахтро ба Шабнами Сурайё лоиқ донистааст. Гузашта аз ин Шабнами Сурайё дар чандин фестивал – озмунҳои байналмиллалӣ ширкат варзида, ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гардид.

Баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои фарҳангии байналмиллалӣ мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Шабнам иҷрокунандаи хуб аст, аз ҳама аҷиб он ки ӯ сурудро нисбат ба муаллифи оҳанг ё сарояндаи аввали он хубтару беҳтар месарояд. Ҳақиқати маҳз аст, ки баъзе аз сурудҳои начандон маъмули сарояндагони афғон ё таронаҳои тоҷикии ба умқи фаромӯшӣ рафта, дар байни мардуми тоҷик ё мамлакатҳои Ғарб бо шарофати Шабнами Сурайё маълуму машҳур гардид.

Лекин хабари «миллионер» шудани суруди «Дар қудуми сафар»-и Шабнами Сурайёро бо самимият истиқбол гирифтан, берун аз инсоф аст. Аммо дар ин самт сарояндаро гунаҳгор донистан айни савоб нест, зеро дар «миллионер» шудани суруди «Дар қудуми сафар» бори «ҳиммат»-ро мухлисон мекашанд.

Мутаассифона, бо ин ҳама комёбӣ Шабнами Сурайё гоҳ-гоҳе бо либосҳое ба рӯи саҳна меояд, ки бо ин амал ба минталитет ва тафаккури мардум латма мезанад. Роҷеъ ба ин мавзӯъ бештар дар воситаҳои ахбори чопӣ маводҳои интиқодӣ ба нашр расиданд, вале аз ҷониби Шабнам дар ин самт вокунише ба миён наомад, ки наомад.

Шабнами Сурайёро шарт ва зарур аст, ки ба либоси саҳнавии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Ҳамзамон Вазорати Фарҳанги ҷумҳурӣ низ бояд, либосҳои саҳнавии сарояндагонро ба низом дарорад. Ин амал аз курсинишинии Вазорати Фарҳанги ҷумҳурӣ камтар ҳиммат ва масъулият мехоҳаду бас. Эшон метавонанд аз кормандони Вазорати Маориф сабақ омӯзанд.

Эроди ҷузъие, ки мо дар боло гуфта гузаштем, ҳаргиз нуфузу шӯҳрати Шабнами Сурайёро дар ҷодаи ҳунар намекоҳонад. Ва умед ба он мебандем, ки ӯ саҳви андаки худро ислоҳ намуда, дар ривоҷу равнақи санъати мусиқӣ саҳми назаррастарро хоҳад гузошт.

Дар ин чабҳа тавфиқ ёраш бод.

Синои Холиқ, «Рӯзгор»

http://www.ruzgor.tj

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!