ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МАНИЖА: АЗ МУБОРИЗА ХАСТА ШУДАМ…

Манижа Давлатова

Манижа Давлатова

Номи сарояндаи ҷавони тоҷик Манижа Давлатова, ки аллакай се сол боз рӯйи саҳна намебарояд, то ҳол дар рӯйхати сарояндаҳои машҳур қарор дорад.

-Имрӯзҳо Манижа Давлатова ба чӣ корҳо машғул аст?

-Фикру ақида ва нигоҳи ӯ нисбат ба мусиқии нави тоҷик, сиёсат ва ҷамъиятро метавонед дар мусоҳибаи мазкур мутолаи намоед.

Ману Манижа дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳр вохӯрдем. Аҷиб, вале ҳамсӯҳбатам Манижа Давлатова бо ҳиҷоб, айнакҳои сиёҳ ва бе ягон ороишот ҳозир шуд. Ҳарчанд мо тӯли се сол боре ҳам ҳамсӯҳбат нашуда будем, вале зоҳиран ӯ тағйир наёфта буд. Яъне ҳамон табассуми малеҳ, чеҳраи беолоиши ҷавон ва чашмони маҳзун…

— Манижа, ту имиҷатро тағйир дода ҳиҷобпӯш шудӣ?

— Ман на ҳамеша ҳиҷоб мепӯшам. Ҳиҷобпӯшӣ барои ман муд нест, ин бозгӯяндаи ҳолати рӯҳии ман аст. Имрӯзҳо рӯймолбандии ман бисёриҳоро ба ҳайрат меорад. Аксари вақт «Акнун мусулмон шудӣ?» гуфта суол мекунанд.

Ман аз аввал намоз мехондам ва бисёрии дӯстонам инро хуб медонанд. Вале Моҳи Рамазони гузашта боре дар таробеҳ духтараке Қуръонро чунон зебо қироат намуд, ки баъд аз шунидани овозаш ба омӯзиши амиқи дини Ислом шурӯъ намудам. Пурра аз одамон дур шуда будам. Аксарият ин рафтори маро ба таври худ шарҳ медиҳанд. Фикр мекунам, вақте дар рӯймол дорӣ миёни мардум гаштан осонтар аст, бо чунин сару либос маро касе намешиносад.

— Наход?!

— Ман аллакай се сол боз гӯшанишинӣ мекунам ва аз ҳар гуна ҷамъомадҳои аҳли санъат дур шудаам. Шумо бовар намекунед, вале маро бо ин сару либос дигар касе намешиносад, на дар такси ва на дар «тангем», ки боре савори он будам.

— Шояд мардум то ҳол бовар карда наметвонанд, ки чунин як сарояндаи машҳур метавонад духтари оддие бошад?

— Медонед, ин ҳама гузаштаамро ба хотирам меорад. Вақте студияҳо барои сабти овоз мерафтаму Садриддину Малика Саидоваро медидам, аз дидори онҳо хушнуд мешудам. Онҳо бароям мисли ситораи дастнорасе буданд. Ҳатто тасаввур карда наметвонистам, ки замоне ман ҳам мисли онҳо шӯҳрат меёбам ва мухлисони зиёде пайдо мекунам. Вале ҳамаи ин аллакай гузашта аст…

— Тӯли он солҳо дар зиндагии ту чӣ гуна тағйиротҳое ба миён омаданд?

— Зиндагиам пурра тағйир ёфта буд. Он замон дар ҳама гуна мушкилиҳоям ҳам ходими давлатӣ, ҳам кормандони милитсия ва ҳам духтурон кӯмаки худро дареғ намедонистанд. Ҳамеша фикр мекардам, ки дар Тоҷикистон инсонҳои аҷибе умр ба сар мебаранд, ки ҳамеша барои кори нек кардан омода ҳастанд. Вале вақте сарояндагиро қатъ кардам, афсона-кӯмаки онҳо ҳам қатъ шуд. Пасон дарк намудам, ки ҳаёт чист. Дар хотир дорам, боре яке аз пайвандонам, ки ба хонаи мо ба меҳмонӣ омада буд, бемор шуд. ӯро зуд ба беморхонаи Қарияи боло бурдам.

Мутаассифона, он лаҳза дар даст маблағ надоштам. Пас аз ташхис ҳангоми пардохт маблағ духтур, ки он замон маро нашинохта буд, «агар пул надошта бошӣ, пас барои чӣ омадӣ?» гуфт дағалона. Ман зуд ба хона рафта, маблағи заруриро гирифта омадам. Рӯзи дигар дар бораи омадани ман ба ҳамон бино овоза паҳн шуду духтур аз кори кардааш шарм дошт. Ана ҳамин гуна рафтору муносибатҳо маро водор сохтанд, ки ба зиндагӣ ва ҷамъият бо чашмони дигар нигарам. Бовар кунед, дар ҳаёти оддӣ ман он корҳоеро дидам, ки ҳангоми дар саҳна баромад карданам ҳатто тасаввур намекардам, ки чунин гапу кор ҳам вуҷуд доранд…

«КӮШИШ МЕКУНАМ, БЕКОР НАШИНАМ»

Бегоҳӣ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе сайру гашт кардем. Ман боз як истеъдоди ҳамсӯҳбатамро кашф намудам. ӯ аз санъати аккосӣ ба хубӣ огоҳ аст. Тӯли сайругашт ӯ якчанд роҳгузар ва биноҳоро аксбардорӣ намуд. Ҳангоми суратгирӣ назди мо якчанд хизматчиёни ҳарбӣ наздик шуданд. Ман фикр кардам, ки онҳо Манижаро шинохта, аз ӯ дастхат мепурсанд, аммо онҳо танҳо аз мо вақт ва сабаби аксбардорӣ намудани онҳоро пурсон шуданду халос. Вале вақте ки зери рӯшноии чароғ суратгирро шинохтанд, зуд аз ӯ сабаби дигар ба саҳна набаромаданашро пурсон шуданд.

— Манижа, чаро ту дигар суруд намехонӣ?

— Ман аз санъати сурудхонӣ дилхунук шудам. Истеъдод – ин тӯҳфаи худовандист. Вақте имрӯзҳо ба чӣ табдил додани соҳнаи тоҷикро мебинам, дилам танг мешавад. Ва бо суханҳои Худоро шукр, ки ман миёни онҳо нестам, худро ором месозам. Тасаввур кунед, вақте консертеро бо иштироки сарояндаҳои машҳур реклама мекунанд, дар баробари онҳо боз сарояндаҳои нави беҳунар, ки онҳоро ҳатто ба саҳна роҳ додан нашояд, баромад мекунанд, ин қобили қабул нест. Аз сабаби он ки сурудҳо маънии суст доранду шунавандагон ба шунидани онҳо одат кардаанд, фарҳанги мо мурда истодааст. Ва ана ҳамин гуна сурудҳо боз тариқи телевизионҳои давлатие, ки оина ва тарбиякунандаи ҷамъиятанд, намоиш дода мешаванд.

— Имрӯзҳо ба чӣ корҳо машғул ҳастӣ?

— Кӯшиш мекунам, бекор нашинам. Ҳарчанд маълумоти мусиқӣ надорам, вале баъзан оҳанг эҷод мекунам. Ҳатто агар худам он сурудро иҷро карда натавонам, мехоҳам, ки дигарон онро сароянд. Ногуфта намонад, ки иҷрокунандаҳои сурудҳоямро худ интихоб мекунам. Масалан, суруди «Беҳтар аз дунё» дар иҷрои Ҳабиб Ҳакимов мухлисони худро пайдо намуд. Ё ин ки суруди «Ватан»-ро, ки сарояндаи ҷавоне месарояд, ин ҳам маҳсули эҷоди ман аст. Вале мутаассифона, ин сароянда мақсади маро ба шунавандагони ин суруд расонида натавонист.

Баъзан дар бораи ҳиссиёти худ эссеҳо менавишам. Шояд дар оянда онҳо барои навиштани китоб кӯмакам кунанд.

«СУРУД ХОНАМ ҲАМ ГУНОҲ, НАХОНАМ ҲАМ ГУНОҲ»

— Дар хотират ҳаст, се сол пеш гуфта будӣ, ки туро ба саҳна роҳ намедиҳанд, монеа эҷод мекунанд…

— Ҳозир сабаби ба саҳна набаромадани ман тамоман дигар чиз аст. Ин ҳам бошад, ҳолати рӯҳиам. Сарояндаи дӯстдоштаам дар як сурудаш чунин мегӯяд: «Ман мехонам, ки ҷурм аст, ман намехонам, ки ҷурм аст», яъне агар суруд хонам, гуноҳ аст, нахонам ҳам гуноҳ аст. Ман худ чӣ кор карданамро намедонам. Устодам, ки аз ӯ сабақи Қуръони маҷид мегирам, гуфта буд, суруд хондану дигаронро дилхуш кардан назди Худованд гуноҳи азимест. Аз ҷониби шиносонам аз хоҳиш мекунанд, ҳатто таваллоям мекунанд, ки суруд хонам, зеро ба гуфтаи онҳо маҳрум сохтани онҳо аз сурудҳои дӯстдоштаашон гуноҳи азимтарест аз суруд хондан. Фикр мекунам, вақте инсон дидаву дониста гуноҳ мекунад, назди Худованд дубора гуноҳ мекунад. Вале ман худро бе сурудхонӣ тасаввур карда наметавонам. Суруд ин маънии тамоми ҳаёти ман аст.

Манижа Давлатова

Манижа Давлатова

— Иқрор шав, маънии ҳаёт дигар чиз, ба мисли муҳаббат, оила ва фарзандон низ шуда метавонанд…

— Албатта, гуфтаҳои шумо ҳам ҳақанд. Вале муҳаббат танҳо муддати муайяне инсонро хушбахт карда метавонад. Барои ман садои қалбам, ки дар шакли оҳанг мебарояд, ана ин муҳим аст ва маро танҳо сурудхонӣ хушбахт карда метавонад…

— Ту наметарсӣ, ки мухлисонатро аз даст медиҳӣ? Зеро тавре ки дар як рубоие омадааст:

Субҳи дам мурғи чаман бо гули навруста гуфт:

«Ноз кам кун, ки дар ин боғ чу ту бисёр шукуфт»…

— Бовар кунед, ин ноз нест. Тӯли ин се соле, ки ба саҳна набаромадам, мисли дигарон меҳнат мекардам, оҳанг эҷод мекардаму ба онҳо матн интихоб менамудам ва шояд замоне онҳо сабт шаванд. Бинобар ин ман аз ин ҳарос надорам. Кӣ орзу мекунад, ки давраи ҷавониаш миёни чор девор гузарад? Кӣ орзу мекунад, ки ҳангоми дар қуллаи шӯҳрат қарор доштанаш ба гӯшаи фаромӯшӣ равад? Ҳатто агар мухлисонам маро фаромӯш кунанд, ман аз ин рӯҳафтода намешавам. Бигзор худованд маро фаромӯш насозад.

— Чаро ба мардум ваъда медиҳӣ, ки дар барномаи консертие суруд мехонӣ. Онҳо маҳз ба хотири шунидани садои ту чипта харида меоянд, вале ту ба консерт намеоӣ. Чаро мардумро гумроҳ месозӣ?

— Кинояи шуморо фаҳмидам. Шумо он мусоҳибаҳоеро дар назар доред, ки дар онҳо ваъдаи ба наздикӣ баргузор гардидани консертам чоп мешуданд? Чун дар ин бобат сухан кардед, мехоҳам ба мухлисони худ эълон дорам, ки ҳар он маълумотҳое, ки дар баъзе газетаҳо чоп мешаванд, навиштаи худи журналистон аст. Мутаассифона, ҳамқаламонам этикаи журналистиро риоя намекунанд.

— Агар дар хотират бошад, ҳангоме ки кормандони маҷаллаи «VIP-zone» хоҳиш намуданд, ки бо онҳо мусоҳиба ороӣ, ту аз онҳо барои сӯҳбат маблағи калоне талаб намудӣ. Ин рафторатро чӣ гуна шарҳ медиҳӣ?

— (Механдад). Ман барқасдона маблағ талаб намудам, то ин ки хабарнигорон маро ба ҳоли худ гузоранд. Бовар кунед, ин усул натиҷаи дилхоҳ дод. Аз сабаби он ки маоши журналистон паст аст, онҳо имконияти пардохт намудани чунин маблағро надоранд. Аз ҷониби дигар, худатон фикр кунед, ҳангоми дар чунин маҷаллаи бонуфуз баромадан бояд худро реклама намуд, муаррифномаи хубе бояд омода намуд, ки имрӯзҳо ман қудрати чунин корро надорам.

Мусоҳибаи Манижа Қурбонова

Asia-Plus

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

11 комментариев

  1. ээээ апаи Манижара ёд кардему неки Куръонхон шуда бошен, Худо дар панохаш шуморо нигох дорад!
    Бо эхтиром: Мухлиси Шумо аз шахри Харьков!
    САФАР….

  2. nigara:

    ba sahna omadan kori khele oson ast
    vale dar sahna mondan kori khele mushkil ast
    manizhajan ty khele khato mekuni ki ba sahna digar namebaroi baroi mukhlisonat,az gapoyat fahmidam ki ty biser khafa hasti az chize,ammo ty boyad ba khotiri mukhlisonat surud bikhoni zero tu hofizai bolayoqat hasti,iltimos in rohro boyd davom bidihi.
    mukhlisat nigora

  3. Тимур:

    Манижа аз сахнаи точик рафту,сахнаро худо зад

  4. ман шуморо хеле дуст медорам афсус, ки Шумо дар сахна нестед мехохам бо шумо мулокот дошта бошам !!! мухлиси шумо Манижачон

  5. Джамшед:

    Манижа дар сахна, дар зиндаги, дар хама чо душман дорад.
    Лекин ман ба Манижа гуфтаниям холохам дер нашудааст, баркасти душманон илтимос ба сахна баро ма бовари дорам, ки як руз не як Манижа ба сахна мебарояд бо як стили бо як сапки наву диданибоб. барор мехохам.

  6. Джамшед:

    Эййй мардум чи ин кадар ба Манижа бахили мекунед? Агар 100 солхам гузарад, лекин номи у абади мемонад. Манижа ситори духрахшон дар хама аср мемонад. Агар раваду Манижа ба сахна набарояд аз як чихат душманхои у хурсанд мешавад. Лекин сурудхои хондаи у хама вакт дар дили мухлисон мемонад.

  7. Джамшед:

    Мо маколахои чадидро аз рузгори хозираи Манижа мунтазирем. Ба шарте, ки рост бошад.

  8. Mehrdad:

    Аввалан салому дуруди хешро ба кулли дустдорони санъати воло мерасонам. Дар хакикат ман хам мисли дигар мухлисони Манижачон афсус мехурам, ки Манижачон сахнаро тарк гуфтааст.Лекин аз чихати дигар хело хурсандам, ки у рохи бисёр олиро интихоб намудааст. Ман аз сароандахои эстрадаи точик ду хофиз- Манижачон Давлатова ва Файзали Фозиловро, ки дар хакикат сурудхои мехондаи онхо саросар маънии хуб доранд, бо як мухаббати том гуш мекунам. Пешниходе доштам ба Манижабону.
    1Бахри мухлисони худ тарики телевизион мусохибае мегузарониданд, бемалол бошад агар .
    2 Агар бисёр хам сурудхониашон ояд, дар шакли MP-3 ба мухлисон дастрас менамуданд, хело оличаноб мешуд.
    Бо эхтиром мухлиси ашадии Манижа, дустдори Манижачон, дустдори суханхои Манижабону Бахром (Mehrdad)

    • Hojijon:

      Salom ba hamai in saidi interneti .Apai manisha rahmat ba tu ba in tariqi ikhtiyor kardaaton inshaaloh shumo dar hamin roh ba obu ru meshaved inshaaloh hamin rohi Quron khoni va Hifz kuni Quroni Karim hamin tariqro sakht gired inshaaloh ba sahnai Fisqu fasod va fujur nabaroed hargiz Apai manisha bo ehtirom barodari Islomi shumo Hoji

  9. shujoatullo:

    албатта номи манижачон хамеша зиндаву садояш вирди забони хамагон аст, вале боиси хурсанди мешуд, ки агар дигарбора боз руи сахна барояд. манижа мо туро интизорем, интизори интизори чашмхои мо барояд мекунад зориву зори. мухлиси доимият шучоатуллои сугди

  10. dilya:

    ofarin!!!!

    az surudhoni KURON honi hubtar ast!!!!!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!