ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЗИЁВУДДИН: ШӮҲРАТИ ШАБНАМ ЗИЁДТАР АСТ, МУҲАББАТИ МАНИЖА ҚАВИТАР

Зиёвуддини Нурзод

Зиёвуддини Нурзод

-Журналистика ба санъат чӣ иртибот дорад ва Шумо, ки  дар ҳар ду ҷода қувва санҷидед дар кадом пайраҳа худро комилтар эҳсос кардед?

-Албатта, касби рӯзноманигорӣ бо санъат алоқамандии зич дорад, зеро ҳарду ҳам зебоиро талқин мекунанд, зебоиофаранд.

Аниқтараш яке бо қалам сарукор дорад, дигаре бо садо ва яке дигареро мукаммалтар месозад. Барои ман рӯзноманигорӣ муқаддамтар аст, вале муваффақияте, ки овозхонӣ овард, касби рӯзноманигорӣ гумон мекунам агар сад сол умр медоштам ҳам, дода наметавонист.

Ман метавонистам як рӯзноманигори иҷоранишин бошам, ки ҳамеша ғами мардумро мехӯраду аз деги сиёҳи рӯзгор як сафедиро барои мардум бурун меорад.  Замоне, ки дар рӯзномаи «Муҳаббат ва оила» кор мекардам, оид ба рӯзгори рӯзноманигорон  мехостам мақолаеро бо унвони «Беқадртар аз хори биёбон журналист» нависам, зеро дар муқоиса бо рӯзгори  журналистони  хориҷа рӯзгори мо ҳеҷ аст.

-Вақте ки суруди модарро мехонед, ботинатонро чӣ эҳсосот фаро мегирад?

-Хеле эҳсоси баду ногувор… Иҷрои ин тарона хеле душвор аст. Вақте  ки дар барномаи  консертиам ин ё он таронаро дар васфи модар иҷро мекунам, ба худ ҳам қоил ҳастам, ки метавонам ашки чашмонамро нигоҳ дорам, зеро барои гиря аз нафароне, ки дар толориён шарм медорам. Ман бад ин васила намехоҳам, ки ғаму алами худро барои мардум таҳмил кунам. Яке аз мухлисонам гуфт, ки ба он хотир туро дӯст медорам, ки ту модар надорӣ ва дар таронаҳои ту бештар ҳузн аст, ба таври дағалтар гӯям, дар як ҳолати бечорагӣ дар саҳна ба назар мерасӣ.

Ман ҳеҷ гоҳ ин гуна дӯстдориро аз Худованд нахостам ва гумон мекунам он шӯҳрату маҳбубияте, ки байни мардум дорам, аз он сарчашма гирифт, ки модари ман аз дунё гузашт. Яъне бубинед, ки марги модар барои ман хушбахтӣ овард. Магар инсон метавонад ин гуна хушбахтиро ба оғӯш гираду худро хушбахт эҳсос кунад? Бовар мекунам, ки ҳеҷ кас ин гуна хушбахтиро қабул надорад. Вақте ки модари ман аз дунё гузашт, ман хеле ҷавон будам. Ҷудоӣ аз модар бароям бениҳоят сахт буд ва рӯ овардам ба нолаву дард. Аммо вақте дигарон модарро ситоиш мекунанд ва суруд мехонанд, роҳат мекунам.

-Барои сайқал додани маҳорати овозхонӣ нақшаи сафари хориҷа кунед?

-Нақша дорам, вале дастони ман кӯтаҳтар аз орзуҳоям ҳастанд:

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,

Мо ҳанӯз ҳам дар ғами як кӯчаем.

Зиёвуддин ва Иззат Шарифи

Зиёвуддин ва Иззат Шарифи

Ман низ чун дигар инсонҳо орзу мекунам, ки  сафарҳои ҳунарӣ дошта бошам. Орзу мекунам, ки ба Амрико ё ҷойи дигар равам ва гоҳҳо ҳамин гуна имкониятҳо низ пайдо мешаванд, вале имкон даст намедиҳад.  Намедонам шояд тасодуф ё тақдир аст, ки  насиб нашудааст, ки он ҷо равам.

-Киро дар ҷодаи санъат муваффақтар мешуморед: Шабнам ё Манижа?

-Шӯҳрати Шабнам зиёдтар аст, аммо муҳаббати Манижа қавитар…

-Имрӯз овозхонҳои мо ба Майкл Ҷексон ё дигар ҳунармандони хориҷ тақлид мекунанд. Назари Шумо ба ин падида чӣ гуна аст? Оё тамошобин тақлид дуруст қабул мекунад?

-Дуруст қабул мекунад, вале на ҳамаи овозхонҳо ба гумонам тақлид мекунанд. Пенҷӣ Анаев ба Майкл Ҷексон гоҳе ӯҳдабароёна ва гоҳе ноӯҳдабароёна тақлид мекунад. Вале тамошобин хеле ба ваҷд меояд. Ҳар боре, ки дар консертҳо ӯ ба саҳна мебарояд, шӯру мағал зиёд мешавад  ва аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки барои қисме писанд аст.

-Чанд нафар шогирд доред? Умуман дар ҷодаи журналистика ва санъат киҳоро шогирди худ мешуморед?

-Шаҳзоди Даврон гарчанде дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо хатои техникӣ гуфта буд, ки ман шогирди Зиёвиддини Нурзод нестам, лекин ман метавонам бигӯям, ки ӯ шогирди ман аст. Агарчи оғози фаъолияти ӯ аз ман пештар аст, вале ман пештар рӯйи саҳна омадам ва боз ҳам ба он хотир аст, ки қисмати зиёди таронаҳои албоми нахустини ӯ аз ман буд ва бо сабку садои хеле ба ман монанд мехонад. Боз ба Баҳодур ҳаққи устодӣ дорам ва ин гуна нафарҳо хеле зиёданд. Кӯмаки ман ба овозхонҳои ҷавон зиёд расидааст, вале ман наметавонам онҳоро шогирд гӯям.

-Вақте ки овозатонро тариқи радиё ё телевизион гӯш мекунед, шарм медоред ё ифтихор мекунед?


-Бисёр эҳсоси хуб фаро мегирад. Табиати одамизод ҳамин гуна аст, ки бо шунидани ҳарфи хуб инсон хеле хушҳол мешавад. Боз суханҳои дигар ҳам ҳастанд, ки шунидани онҳо барои инсонҳо хеле ногувор аст, зеро як ман наметавонам барои ҳама мақбулу писанд бошам. Шояд нафароне ҳастанд, ки садо ва худи маро дӯст надоранд. Баъзан ба садо таваҷҷӯҳ намекунанд, балки ба симо зиёд аҳамият медиҳанд, ки хусусан дар байни духтарон мушоҳида мешавад. Сарояндае, ки садои хуб надорад, вале симои зебо ва муҷаррад бошад, духтарон бо назари умед нигоҳ мекунанд, ба ҳар як консерташ мераванд. Аммо овозхоне, ки соҳиби чаҳор фарзанд аст, ҳамсар дорад, бурди хеле кам дар насиби ӯст.

ӣ орзуе дар дил доштед, ки  барои он талош кардеду амалӣ нашуд?

-Орзуи ҳамешагии ман ин охирин номаи модарам буд, ки онро бояд ба падарам мерасонидам. Афсӯс… ҳанӯз 17 сол муқаддам шодравон  модарам ба ман нома навишта буд, аниқтараш  вақте ки  донишҷӯй будам. Баъди гузаштани модарам солҳои зиёд ман ин номаро дар худам нигоҳ доштам. Тасаввур кунед ман 16-сол ҳамин номаро нигоҳ доштаму ҳамин сол онро гум кардам.  Мехостам онро  дар барномаи консертиам ба падарам ҳамин номаро диҳам, аммо…

Ин нома гарчи сабукиаш чун пар буд, лекин барои ман як вазни замину осмонро дошт. Ин тӯҳфа метавонист пас аз гузаштани ин қадар солҳои танҳоӣ ба навиштаи азизу ошно дучор омадан як тӯҳфаи арзишманд бошад, вале боз ҳам афсӯс, ки ман ин номаро ҳифз карда натавонистам.

-Он барномаҳои консертие, ки зуд – зуд барпо мекунед, талаботи  Шуморо қонеъ мекунанд?

-Аслан тӯли се сол аст, ки ман барномаи консертӣ иҷро кардам ва ҳамешагӣ дар ду баст. Одатан барои худ як қисматро дар назар мегирифтам, вале баъд аз он ки қисмати аввал ба поён мерасид, ташкилкунандагони консерт наздам омада мегуфтанд, ки омода бош, ҳоло қисмати дуввум шурӯъ мешавад. Ва ман ҳатто вақт намеёфтам, ки як пиёла чой нӯшам. Ман аз нигоҳҳои мухлисонам мефаҳмидам, ки онҳо чӣ тавр ба ҳунари ман каф мекӯбанд ва толор ҳамеша пур аст. Магар барои як журналист ки он қадар маҳбубият надорад пур кардани толор ва дар ду баст барома намоиш додан осон аст?! Барномаҳои ман аз ҳисоби Кумитаи телевизион ва радио гузаронида мешавад.

Мехоҳам барномаи консертиеро бо унвони «Достони шодиву ғам» барои ҳаводорони худ пешниҳод кунам, чунки пас аз он гуфту гузорҳои зиёд, ки ман фақат таронаҳои ғамангез мехонам, тасмим гирифтам, ки чанд таронаи шӯх низ омода созам. Вале боз ҳамон  мухлисонам гуфтанд, ки мо туро чӣ хеле, ки будӣ,  ҳамон тавр қабул мекунем. Намедонам…

Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ,

Боз мегӯйӣ, ки доман тар макун, ҳушёр бош.

Нӯшофарин, «Ману ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!