ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГИНА АМОНҚУЛОВА: «АЗ ЗИНДАГИИ ШАХСИАМ ШИКВАЕ НАДОРАМ»

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

Табиат мардуми тоҷикро гӯё барои шеъру мусиқӣ офаридааст. Ҳунармандони мо маҳз бо таронаҳои дилрас ва гӯшнавозу андешапарварона байни мардум шинохта гаштаанд. Нигина Амонқулова низ яке аз ҳунармандони ҷавонест, ки бо сабку услуби ба худ хос байни пиру ҷавон шӯҳрат ёфта, маҳбубияти хеле зиёд пайдо кардааст.

Мо хабар ёфтем, ки ин сарояндаи ҷавону хушсалиқа дирӯз аз сафари Аврупо баргаштааст ва тасмим гирифтем бо ӯ ҳамсӯҳбат гардем ва тозатарин таассуроташро оиди ин сафар ба хонандагони доимии ҳафтаномаи «Зан ва мард» пешкаш намоем.

-Нигина, мақсад аз ин сафар чӣ буд?

-Бо ибтикори Анҷумани форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», ки мақсади асосии он ба ҳам омадан, зарурати таърихии ба иттиҳоди забонию фарҳангӣ, иттилоотиву илмӣ ва иқтисодиву технологӣ расидани форсизабонони дунё буд, ин сафар анҷом пазируфт. Наврӯз, ки иди умумиҷаҳонӣ эълон гардид, аз ин рӯ, дар ин рӯзҳои наврӯзӣ мо санъату фарҳанги миллати тоҷикро дар назди форсизабонони Аврупо муаррифӣ кардем.

Ҳайати шумо асосан ба кадом давлатҳо сафар намуд ва аз тарафи тамошобинон чӣ гуна қабул карда шуд?

-Мо асосан ба давлатҳои Германия, Белгия, Франсия, Голландия ва Шветсия сафар намудем ва иштирокчиёни конфронсҳои мазкур асосан форсизабонон буданд, ки моро хеле гарму самимӣ пазироӣ намуданд.

-Аз сафар бо чӣ гуна таассурот баргаштед?

-Таассурот хеле зиёд аст. Истиқболи гарми мардуми ҳамзабон ба кас болупар мебахшад. Сафар кардан, ҷаҳон дидан мегӯянд, ки ҳақ аст. Дидани шаҳрҳои бузургтарини дунё орзуи ҳамешагии ман буд ва тавассути ҳунар муяссарам гардид, ки ҷаҳонгашта шавам. Аз Худованд барои атои истеъдод шукргузорам.

-Дар ин муддат бештар киро пазмон шудед?

-Пеш аз ҳама писараки ягонаам Аъзамҷонро. Сафарамон, ки муддати тӯлонӣ буд, Тоҷикистони азизро низ хеле пазмон шудем.

-Дурӣ аз фарзанд албатта осон набуд? Ӯ шуморо чӣ гуна қабул намуд?


-Ман аввал гумон кардам, ки ӯ маро намешиносад. Соати расиданам ӯ дар хоб буд. Бедор шуду сӯям бо табассуми ширини тифлонааш нигарист. Медонед, чӣ қадар гуворо буд ба дидори тифлаки беҳтар аз ҷонам расидан. Ҳеҷ гоҳ чунин муддати дароз аз ӯ ҷудо нагашта будам. Сахт душвор буд пазмонии ӯву пайвандонам.

Ҳоло ӯро ба кӯдакистон доданӣ нестед?

-Не ӯ ҳоло хурдакак аст ва дояи нигоҳубинкунанда дорад.

-Барои ӯ таронае бахшидаед?

-Бахшиданӣ ҳастам. Аз шоираи ширинкалом Меҳринисо хоҳиш кардам, ки барои тифлакам шеъре эҷод кунанд ва ман онро сароям. Воқеан, апаи Меҳринисо ваъда карданд.

-Ба андешаи шумо рисолати зан-модар аз чӣ иборат аст?

-Албатта тарбияи некуи фарзанд ва ҳимоят карда тавонистани ӯ аз ҳама гуна ноҷӯриҳову бадахлоқиҳо. Ба фарзанд омӯзонидани адаб, фарҳанг ва илму ҳунар.

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки тарбия ё худ боодоб ба воя расидани кӯдак ирсӣ мешавад

-Албатта ин андешаи дуруст аст. Дар хонадони бофарҳангу бомаърифат фарзанд неку фарзона ва аз илму дониш бархурдор ба воя мерасад.

-Шумо модари сахтгиред?

-Ҳоло ман намедонам, шояд модари сахтгир шавам, зеро кӯдакон доноянд ва аз сустии волидон истифода мебаранд. Агар модар сахтгир набошад, кӯдак эрка гашта барои волидонаш ногувориҳои зиёдро пеш оварданаш мумкин.

-Ободии оила дар дасти кист?

-Албатта дар дасти зан аст. Зани солимақлу субботкор метавонад бо фаросати хеш оилаашро пойдор нигоҳ дорад. Мард асосан дар кӯча аст ва таъминкунандаи рӯзгор. Беҳуда бузургон дар ҳаққи зан чунин сухани ҳикматомезро нагуфтаанд:

Зани хубу фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшоҳ.

Рӯзи фаромӯшнашавандаи зиндагии шумо?

-Чунин рӯзҳои фараҳбахш дар ҳаёти ман хеле зиёданд. Аз ҳама беҳтаринаш он рӯзе, ки бахти баланди модар шудан насибам гардид ва писарчаи зебоякам ба дунё омаду зиндагии маро рангину пурмаъно гардонд. Модар шудан бахти бузургест ва воқеан ҳам, фаромӯшношуданист.

Аз фардо чӣ мехоҳед?

-Пеш аз ҳама мехоҳам фарзандони неку солеҳу ботамизро тарбият намоям, ки ба ояндаи ҷамъият нафърасон бошанд. Яъне фарзандон бояд ободгари фардои кишвару давомдиҳандаву номбардори авлоду аҷдодамон бошанд. Дар ҷодаи санъат бошад, мо, ҷавонон бояд пеш аз ҳама аз дафтари эҷоду зиндагии ҳунармандони асил ва ҳампоягони онҳо дарс омӯзем, зеро танҳо аз ҳунари асил ном мемонад.

Завқу дарки санъатшиносии мардуми мо хеле баланд аст ва фикр мекунам, онҳо ба қадри санъати баланду ҳунарманди асил дар ҳама давру замон мерасиданду мерасанд. Аз ин рӯ, мехоҳам ҳамеша писандидаву сазовори бовариву эътиқоди ин мардуми азиз бошам. Дар ин маврид бояд қайд кунам, ки чӣ хеле ки Худои меҳрубон бароям ҳунару шӯҳратро нохост дод ва дар ин ҷода мададгорам аст.

-Асосан бо либоси миллӣ баромад кардед ва ё…?

-Бале, танҳо бо либоси миллӣ ва таваҷҷӯҳи мардумро он бештар аз ҳама ба худ ҷалб намуд. Бештар мепурсиданд, ки арнаментҳои либосҳои мо чӣ маъно дорад.

-Кадом саволи рӯзноманигорон ба шумо писанд нест?

-Бештар ба ҳаёти шахсиам дахолат карданро дӯст медоранд ва дар бораи шавҳарам пурсон мешаванд. Зиндагиам тинҷу обод аст ва аз он шиквае надорам, зани хушбахтам. Мехохам мухлисони азизи ман ба овозаҳо дода нашаванд.

-Таманниёти шумо ба хонандагони ҳафтаномаи «Зан ва мард»?

-Инсон бо орзу зинда аст. Маҳз орзу зиндагии моро таровату маънӣ мебахшад.  Тамоми мардуми тоҷикро муваффақу пирӯз ва орӣ аз ҳама гуна камбудиву костагии рӯзгор ва сарбаланду рӯсурху забондароз дидан мехоҳам.

Ба шумо низ табъи болидаву дар эҷодиёту ҳунаратон равнақу барорро хохонем!

Мусоҳиб Маҳинбонуи Исрофил

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!