ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САДРИДДИН НАҶМИДДИН: «ОРЗӮИ МАН ИН АСТ…»

Садриддин Начмиддин

Садриддин Начмиддин

Садриддини Наҷмиддин. Ин ном ба маънои томаш ниёз ба муаррифӣ надорад. Зеро ӯ яке аз маҳбубтарин ҳофизонест, ки оҳангҳои рӯҳнавозу садои марғубаш дилҳоро тасхир намудаву ба шӯр овардааст. Ҳамагон ӯро мешиносему дӯсташ медорем. Садриддин баъди сафари тӯлонӣ боз ба Тоҷикистон баргашт.

Шӯҳрату овозаи садои форами Садриддин ба дуриҳои дур рафта, чун парастуҳо дар қалбҳои мардуми ташнаи суруди форамаш маскан гирифтааст.

Табиат ӯро гӯё маҳз барои сароидан офаридааст. Зеро хеле овози фораму нотакрорро барояш ато намудаву сурудаҳояш ба дили инсонҳо хеле наздику ошно гардидааст. Вуруди ӯ ба олами ҳунар чун дурахши ситораи тобноке қабул гардида буд. Ӯ дар як муддати хеле кӯтоҳ тавонист дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, маҳбуби ҳамагон гардад. Садриддин сабку овози нотакрорро соҳиб буда, имрӯзҳо ҳунару фарҳанги мардуми тоҷикро назди ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Агар гӯем, ки ӯ ифтихори миллати мост, хато нахоҳад буд. Ӯ дар қатори шинохтатарин ҳунармандони Шарқ эътироф гардидаву қадрдонӣ шудааст. Муддатҳои дароз мухлисони ҳунараш ин ҳофизи нотакрори даврро мунтазиру пазмон буданд. Инак ӯ боз дар Ватан асту ҳаводорони хешро пирӯз мегардонад. Бу мухбири мо муяссар гардид, ки бо Садриддин имкони сӯҳбат намуданро пайдо намуда, ба саволҳои бешумори мухлисон ҷавобҳои пухта пайдо намояд. Инак хонандаи азиз, ту метавонӣ лаҳзаяке чанд дар сӯҳбати ҳофизи писандидаат бошиву аз розу ниёзи ӯ огоҳ гардӣ.

-Садриддин, хуш омадед ба Ватан!

-Ба номи Худои бахшандаву меҳрубон, ба воситаи ҳафтаномаи шумоён саломи хешро ба кулли мухлисонам мерасонам. Аз Худо шукрона мекунам, ки ба дидори мубораки шумо расидам ва имрӯз дар хизмати шумо ҳастам. Зинда бошед, ҳамдиёрону ҳамватанони азиз! Ман ҳамеша бо шумову дар хизмататон ҳастам.

-Аз он ки дар байни мардум шуморо сарояндаи рақами якуми тоҷик мегӯянд, чӣ андеша доред?

-Ба ҳамаи онҳое, ки ҳунари маро қадр мекунанду мепарастанд як олам ташаккур мегӯям ва шукронаи мардуми азизи ҳунардӯсти Тоҷикистон мекунам, ки ба қадри ҳунармандон мерасанд ва моро дастгирӣ мекунанд.

-Имрӯз шуморо чӣ орзуву ниятҳо дар дил аст?

-Аввалан мехоҳам ҷумҳурии мо тинҷу обод бошад, ки ободии мардум аз ободии давлат аст. Ҳамчунин орзу дорам, ки дар хонадони мардуми азизи тоҷик ҳамеша садои табли тӯй баланд бошад ва мо ҳофизон ҳамеша омодаи хизмати онҳо ҳастем. Ободию осудагии ҳар як хонадони халқи азизам орзуи ҳамешагии ман аст. Ҳеҷ гоҳ рӯи каму ғамро набинад мардуми тоҷик.

-Бисёре аз мухлисони шумо ба мо занг зада мепурсанд, ки чаро Садриддин дар барномаҳои консертӣ нест ва мо аз ин хеле ғамгинем…

-Ман айни замон машғули таҳияи сурудҳои тоза ҳастам ва чандин сурудҳои сабткардаам пешкаши мардум мешавад. Дар хусуси консертҳо гуфтаниам, ки шоу-бизнесе, ки дар Тоҷикистон ҳаст, маро қонеъ намесозад. Таъсисдиҳандагони он бештар аз ҳама мехоҳанд ба ҳунарманд ҳеҷ чиз надиҳанд. Аз ин хотир таи ду сол аст, ки ман ҳамкорӣ накарда истодам ва думболи оҳангҳои тоза ҳастам. Бештар видеоклип сабт менамоям ва таи ду моҳи охир се видеоклип сабт кардам ва боз ният дорам, моҳи рамазон озими шаҳри Тошканд гардида, албоми видеоклипҳоямро таҳия созам. Баъдан нияти моҳҳои наздик бо мухлисон рӯ ба рӯ шудан дорам. Мехоҳам барои мухлисони азизи тоҷикам як омодагии хеле ҷиддӣ бинам ва сурудҳои ба дилашон наздикро тайёр намоям. То ки мардум аз ман розӣ шаванд.

-Мақсади асосии ин сафари Шумо чӣ буд?

-Айни замон дар соҳаи видеок-липсозӣ ва танзими оҳанг дар Амрико шароити мусоидтаре фароҳам аст. Чунин имкониятро дар ҷои дигар пайдо намудан мушкил аст. Инчунин оҳангҳои ман дар шабакаҳои машҳури форсизабон мавриди қабул қарор гардидааст. Дар ин шабакаҳо клипи ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ дархост карда мешавад. Аз ин хотир соли дуввум аст, ки ман сурудҳоямро дар Амрико сабт менамоям. Ҳадафи ин сафари ман он буд, ки албоми нави худро ба пуррагӣ ва бо сифати олӣ ба итмом расонам ва боз ду видеоклипи тоза омода намудам, ки рӯзҳои наздик тавассути шабакаи РМС пахш мегардад ва ба саъми мухлисони асил низ хоҳад расид.

-Дар рӯзномае хонда будам, ки бо хонум Гугуш нияти дует сароидан доред?

-Намедонам ин гапро кӣ гуфта буд. Хонум Гугуш як нафар сарояндаи маҳбубу ҳунарманди шинохтаи Шарқ аст, ӯ оҳангҳои маро шунида, баҳогузорӣ низ кардааст. Ба умеди дидорашон ҳастам. Шояд моҳҳои наздик чунин дидор дар насиб бошад. Хушбахт мешудам агар бо хонум Гугуш дует сароям.

-Чанде аст ки овозхонони эронӣ хеле зиёд дар Тоҷикистон барнома эҷод мекунанд. Оё пешниҳоде аз тарафи нафарони афғон ё эронии хориҷи кишвар барои шумо шудааст, ки дар Аврупо ё Амрико чунин барномаҳо эҷод намоед?

-Рости гап, ман чуноне ки қайд намудам, дар он ҷо зимни ин сафар дар 3-4 барномаи консертӣ ширкат варзидам. Он барномаҳои хусусӣ буданд ва танҳо дар телевизиони Лос-Анҷелос баҳри таблиғ намоиш дода мешуданд, ва ман се шаб дар барномаи хабарии Теҳрони Лос-Анҷелос бо сарояндаи эронӣ Бежани Рӯъё барнома доштам ва он хеле хуб пазируфта шуд. Ҳамчунин ман он ҷо дар ҷашни зодрӯзи Аҳмади Зоҳир даъватӣ будам. Бо хоҳиши эшон аз эҷодиёти он хунёгари Шарқ сурудҳо сароидам.

-Мухлисони тоҷикистонии хешро бо хушхабаре аз бобати консерти худ кай шод хоҳед кард?

-Чӣ хеле ки гуфта гузаштам, айни замон машғули таҳияи сурудҳои тоза ҳастам ва чандин сурудҳои сабткардаам пешкаши мардум мешавад. Бештар видеоклип сабт менамоям. Ҳоло намоиши консерти бузург ба нақша гирифта нашудааст. Ба он омодагӣ гирифта истодаам. Моҳи декабри соли равон мебоист дар як консерти бузург дар хориҷи кишвар даъват бишавам. Ин барнома дар Амрико барои форсизабонон баргузор мешавад ва дар он аз Эрону Афғонистону Тоҷикистон иштирок мекунанд.

-Дар ин сафарҳои хеш бо овозхонҳои машҳур низ вохӯрдед?

-Ҳамон шабе, ки дар яке аз толорҳои фароғатии Теҳрон мо барномаро шурӯъ намудем, ду ҳофизи ҷавони эронӣ Комрону Ҳумон он ҷо ҳузур доштанд ва аз барномаи мо хушашон омад. Орзу дорем, ки вазъи сиёсӣ дар ҳама ҷо ором бошаду ҳунармандон тавонанд озодона ҳунарнамоӣ кунанд.

-Бисёр ҷавонон ба шумо тақлид мекунанд ва ба тақлидгарони ҳунари хеш чӣ гуфтание доред?

-Ман фикр мекунам, ки тақлид кардан ҳам ҳунар аст ва ҳар касе ки маро идеали худ ҳисобида тақлид мекунад, барояш барорро орзу дорам. Хушҳолам аз он, ки маро тақлид мекунанд. Орзуманди он ҳастам, ки иншоолоҳ бо заҳмати худ мавқеи худро ва роҳи худашонро пайдо намоянд ва соҳиби шахсияти худашон бошанд . Кӯшиш кунанд, ки зудтар аз тақлид берун биёянд ва сабки худашонро дар санъати овозхонӣ пайдо намоянд.

-Вақте Амрико рафтеду мӯи дароз ниҳодед, гуфтанд, ки он тақлид ба Мансур буд?

Садриддин Начмиддин

Садриддин Начмиддин

-Пеш аз ҳама Мансур низ ҳунарманди бузурги Шарқ аст, аммо ман накӯшидаам, ки ба ӯ монанд бошам. Шояд дар олами ҳунар ба Кароматуллои Қурбон тақлид карда бошам. Ба Аҳмад Зоҳир низ. Мансурро дӯст медорам. Аммо ба ӯ тақлид накардаам. Шакли ман сад намуд шавад ҳам, ба Мансур монанд намешавад ва Мансур ба ман! Ҳангоми сафари ба Амрико доштаам, аввалин коре, ки Коҷи Зардорӣ ба ман гуфт ин гузоштани риш ва мӯи дароз буд.

Ва аз сабаби паст будани мӯю ришам сабти он клип ба як моҳ ба таъхир гузошта шуд. Муҳим он, ки дилат соф бошад ва ҳар як ҳунарманд бояд имидҷи худашро дошта бошад. Мехоҳам мухлисонам маро бо ҳунарам, яъне бо дунёи ботиниам дӯст доранд, на аз рӯи намуди зоҳириам.

-Бародари азиз, ба мо маълум аст, ки дар ҷодаи ҳунар хеле зиёд кӯшишу талошҳо меварзед, вале афсӯс, ки тамошобини бечора наметавонад онро тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар бубинад, ба ҷуз ДВД?

-Шукри Худованд, ки ДВД ҳаст ва мардум метавонад моро бубинад. Орзу дорам, ки ҳамаи мардум соҳиби ДВД бошанд.

-Манбаи даромади Шумо агар махфӣ набошад, аз кадом ҳисоб аст?

-Мардуми азизи Тоҷикистон зинда бошанд, ки даромади асосии мо аз рӯи маъракаҳои онҳост. Шахсан ҳамон хонандаҳои машҳури эронӣ низ, ки муқими Амрико ҳастанд, даромади асосиашон аз ҳисоби арӯсӣ аст. Як бадбахтие шояд бошад, ки шоу-бизнеси Шарқ ҳимоя намешавад ва проблемаҳое, ки дар ин ҷо ҳаст, бадбахтона дар он ҷо низ аз ҳисоби фурӯши СД овозхонҳо даромад намегиранд.

-Ҳамкорӣ бо шабакаи РМС чӣ гуна аст, шумо маблағ медиҳед ё онҳо ба шумо?

-Ин шабака як система дорад, ки вақте ҳунарманд як оҳанги худро пешниҳод мекунад, онҳо аввал сифати видеоклипи туро мебинанд ва чун ҷавобгӯи талаботашон бошад, онҳо 3-4 то 6 моҳ онро тариқи шабака рӯзе 3-4 маротиба пахш месозанд ва ҳамчунин як системаи СМС доранд ва бо раъйи мардум пахш мешаванд оҳангу таронаҳо. Ҳеҷ нафар наметавонад бо маблағ ҳатто худро таблиғ созад. Танҳо хоҳишҳои СМС метавонанд иҷро гарданд. Базаи молиявии ин шабака аз таблиғи рекламаҳои гароннарх пурра аст. Он ба завқи мардум мутобиқат мекунад.

Аз СМС-ҳои мардум даромад мегиранд. Чун ман берун аз Тоҷикистон меравам маро мардум тариқи ин шабака дар кӯчаю хиёбонҳо мешиносанд ва ин боиси ифтихорам аст. Шояд инро кушоиши беҳтарин дар зиндагӣ номид. Орзуи ҳар як ҳунарманди Шарқ аст дар ин шабакаи ҷаҳонӣ пахш гардидани оҳангаш.

-Бароятон дар амалӣ гардидани орзуҳои наҷиб пирӯзиҳои бештареро хосторем. Бигзор ба бахти мо ҳамеша тансиҳат бошеду садои фораматон дар тамоми олам садо диҳад ва ҳеҷ гоҳ хаста набошад.

-Ташаккури зиёд, ман ҳам ба ҳамаи аҳли қалами шумо барору комёбиро дар корҳои эҷодиашон таманно дорам. Барои кулли мардуми тоҷик низ бахту барору комёбиро мехоҳам.

Бимон, ки Садриддини Наҷмиддин бо таронаҳои ба дил наздику гуворояш байни мардум ҷовидонӣ бимонад. Бимон, ки ӯ дар қалбҳои мардум ҳамеша фараҳу пирӯзӣ биоварад. Бимон, ки овозаи садои нотакрораш то дуриҳои дур, яъне тамоми оламро фаро гирад ва ӯ маҳбуби дилҳои тамоми мардуми дунё гардад ва мо бо номи ӯ ифтихорманд бошем. Ҳамеша дар паноҳи Худованди бузурги осмонҳо қарор дошта, эмин аз ҳама гуна дасисаю нотавонбинии олами кунунии ҳунар бимонад.

Сӯҳбати СУМАН, «Рӯзгор»

www.ruzgor.tj

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!