ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

«ШАРОРАҲОИ ҒАЗАЛ», КИ ОТАШ БА ДИЛҲО МЕЗАНАНД

Курбонали Рахмон

Курбонали Рахмон

15-16-уми апрели соли ҷорӣ дар толори театри давлатии академикӣ -драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ таҳти унвони «Шарораҳои ғазал» консерти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон баргузор гардид. Суруду таронаҳое, ки дар ин консерт садо дод, пурра бар ашъори сардафтари назми муосири тоҷик устод Абулқосим Лоҳутӣ эҷод шудаанд.

Ба ин муносибат, муштариёни гиромӣ, мақолаеро таҳти унвони «Дар ҷустуҷӯи маърифат» ба таваҷҷӯҳи шумо азизон, пешниҳод хоҳем кард, ки дар он сухан дар бораи фаъолияти эҷодии ин ҳунарманди маъруф хоҳад рафт. Ҳамзамон шумо метавонед сурудҳои тозаи Қурбоналӣ Раҳмон «Девона намудам дили фарзонаи худро», «Гулдонамон гул надорад» ва «Ту дигар аз дили ман дур марав» аз бахши видеои сомонаи мо бишнавед ва тамошо кунед.

Дар ҷустуҷӯи маърифат

Расо як сол пеш, рӯзи 24 апрели соли 2009 дар ҳунари мусиқии тоҷик рӯйдоде ба вуқӯъ пайваст, ки агарчӣ  ба он мусиқашиносону кормандони  ин соҳа чандон таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир накарда бошанд ҳам, вале ба андешаи мо онро барҳақ саҳифаи тозае дар ҳаёти фарҳангии кишвар гуфтан мумкин аст. Аввалин маротиба дар саҳнаи мусиқии касбии тоҷик расман барномаи консертие аз ҷониби як ҳунарманд пешкаши алоқамандони созу наво гардид, ки он пурра Худову (ҷ) Расули акрам (с), дӯстони Худо  ва бузургони дини мубини исломро васф мекард.

Мардумро ба Худову Худошиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои динӣ даъват менамуд. Аввалин маротиба аз саҳнаи театри давлатӣ сураҳои Қуръони азимушшаън ва ҳадисҳои Пайғамбари гиромӣ дар иҷрои ширкаткунандагони ин намоишнома бевосита аз забони худи онҳо садо медоданд. Дидани чунин як барномаи консертиро алоқамандони мусиқӣ дар замони шӯравӣ на танҳо орзу намекарданд, балки онро як амали хилофи зидди сиёсати ҳукуматдорони замон ҳисобида, аз чунин маъракаҳо дурӣ меҷустанд.

Овозхонҳои камшумореро, ки дар маҳфилҳои хусусӣ ба хондани суруду таронаҳои динӣ, яъне наътҳо, машғул буданд, мақомоти махсус кашф намуда таъқиб мекарданду озор медоданд. Он таъқибу озорҳои замони шӯравӣ болои инсонҳои мӯъмину мусулмон чунон муассир будааст, ки ҳатто баъди 10-15 соли касби истиқлолияти давлатӣ ҳам аксари ҳунармандони ҳунари мусиқии муосири тоҷик ва дӯстдорони ин ҳунари зебо аз хондан ва ҳатто шунидани чунин таронаҳо имрӯз ҳам иҷтиноб меварзанд. Вале ба ҳар ҳол ҳаёт ба тадриҷ пеш меравад. Мардоне зуҳур мекунанд, ки рӯзгори васлро ҷӯё мешаванду онро меёбанд.

Қурбоналӣ Раҳмон аз ҷумлаи чунин мардони ҷӯяндаву ёбанда ҳаст. Барномаи консертии театрикунонидашудаи «Ғазалиёти Илоҳӣ»-ро, ки ӯ ва ансамбли «Сомон» ба ифтихори соли бузургдошти Имоми Аъзам, дар санаи дар боло зикршуда дар театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ доир кард, нахустин қадами ҷиддӣ дар самти пешкаши оммаи васеи мухлисон кардани суруду таронаҳои ирфонӣ ва мадҳи Парвардигору пайғамбарони ӯ ва дӯстонаш ҳисобидан мумкин аст.

Дар кишварҳое ҳамчун Афғонистону Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрону Туркия  таҳия ва иҷрои ин гуна намоишномаҳо ва консертҳо ба ҳукми анъана даромадаанд ва касеро аз пайваста доир шудани ин маъракаҳо ҳайрате нест. Ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки иддае аз дӯстдорон ва алоқамандони сарсахти чунин таронаҳову сурудҳо аз кишварҳои дигар ба ин мамлакатҳо танҳо ба хотири дидану шунидани чунин консертҳо сафар мекунанд. Агар дар Туркия чунин намоишномаҳоро «Самоъ», «Шаби арӯс», «Базми орифон» биноманд, дар Афғонистону Покистон қавволихониву ғазалхонӣ ва наътхонӣ гуфта ном мебаранд.

Инак, дар Тоҷикистони азиз барои нахустин бор бо баракати таҷлили соли бузургдошти Имоми Аъзам чунин консерт дар чаҳорчӯбаи тадобири Вазорати фарҳанг ба ин ҷашн расман  доир гардид ва онро «Ғазалиёти Илоҳӣ» унвон доданд. Аввалин шуда аз овозхонҳои маъруфи муосири тоҷик чунин  як консерти расмии пурра аз суруду таронаҳои ирфонӣ барномарезишударо маҳз Қурбоналӣ Раҳмон — сарвари ансамбли ҳунарии «Сомон» доир кард.

Бояд аз рӯйи  инсофу адолат бигӯем, ки қабл аз Қурбоналӣ Раҳмон  аз ҳофизони дар қайди ҳаётбуда овозхонҳои шинохтае ҳамчун Умари Темур, Муҳаммадсаид Аҳмадов ва шояд боз нафарони дигаре ҳам зиёд бошанд, ки феълан исмашон ба ёди мо намеояд, бо чунин барномаҳои консертӣ миёни мардум дар тӯю маъракаҳо солҳост, ки ширкат мекунанд ва мавриди писанди оммаи васеъ қарор гирифтаанд. Мардум онҳоро маҳз барои хондани чунин суруду таронаҳо ба маъракаҳои худ даъват мекунад.

Тафовути  ин барномаи Қурбоналӣ Раҳмон аз овозхонии сарояндагони мазкур дар он буд, ки он расман бори нахуст аз саҳнаи як театри бонуфузи кишвар дар шакли як намоишномаи театрикунонидашуда садо дод. Дар он ба ҷуз аз овозхону ҳамраҳонаш боз актёрони театр низ  нақш бозӣ карданд. Намоишномаро коргардони маъруф Нуриддини Ҷарронӣ дар ҳамкорӣ бо шоир ва ҳунарманди эронӣ Муҳаммадризои Тоҷиддинӣ, ки муваффақона нақшеро низ дар ин намоишнома бозӣ кардааст, ба саҳна гузошт.

Хулоса месазад, ки танҳо дар бораи ҳамин барномаи консертии Қурбоналӣ Раҳмон чандин мақолаву рисола навишт, вале имрӯз ҳадаф ин нест. Имрӯз азм кардаем, ки дар бораи  дигар паҳлӯҳои гуногунҷанбаи ҳунари овозхонии Қурбоналӣ Раҳмон  низ чанд сухан гуфта бошем. Зеро «Ғазалиёти Илоҳӣ» ин нахустин ва  боварӣ дорем, Худо хоҳад, охирин барномаи консертии ин сарояндаи ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва дар такопӯ нест.

Инак беш аз сиву панҷ сол мешавад, ки Қурбоналӣ Раҳмон бо барномаҳои рангини консертии худ хотири алоқамандони мусиқии нобро чи дар дохили Тоҷикистони азиз ва чи берун аз он шод мегардонад. Вале наздик ба 10 соли ахир ӯ ҳамчун овозхони эҷодкор ба корҳое даст задааст, ки ками дар каме аз ҳампешагонаш метавонанд ифтихор дошта бошанд, ки чунин корҳоро анҷом додаанд. Ман дар назар дорам барномаҳои консертии ӯро, ки суруду таронаҳои онҳо ба куллӣ аз  эҷодиёти танҳо як шоири классик таҳия гардидаанд.

Қурбоналӣ Раҳмонов аз соли 2001 ба ин тараф як силсила барномаҳои консертиеро бар ашъори шоироне ҳамчун Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Киштинишастагонем» (2001), Мирзо Абдулқодири Бедил  бо номи «Лаҳзае бо ғазали Бедил» (2003), Саъдии Шерозӣ- «Айёми ишқ» (2005), Ҷалолиддини Балхӣ-«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад» (2007) пешкаши мухлисони сершумораш кард, ки ҳар яки он дар ёди алоқамандони ҳунари волояш то ба имрӯз чун як хотираи хубе боқӣ мондаанд.

Рисолати як овозхони ҳирфаӣ дар баробари ба алоқамандони овозаш додани як лаҳзаи фараҳ ё шодиву нишот боз инчунин эҳдо кардани як чизи муҳимтаре — дониш додану аз як чизи барояш муҳиме ӯро муталеъ сохтан, ба кори хайр ва муфид ӯро даъват кардан низ мебошад. Қариб тамоми барномаҳои консертии мазкур чунин ҳадаф ва хусусиятҳоро доро мебошанд. Қурбоналӣ дар баробари ширкат кардан дар шодиву хурсандии мардум, хизмат кардан ба онҳо боз мекӯшад, ки аз ин консертҳои ӯ тамошобин як чизи наверо бо худ ба ёдгор бибарад. Масалан, ба гуфтаи баъзе аз мухлисонаш барномаи консертии «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад» дафтари баёзи панду андарзҳои шеърдӯстонро аз дурру гуҳари сухани Мавлавӣ пурратар сохтааст. Абёти зерини Мавлавӣ, ки имрӯзҳо сари забонҳои мардуми шеърдӯст қарор гирифтааанд, аз қабили

Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ ҳаст,

Об андар зери киштӣ пуштӣ ҳаст.

ё

Ҳар ки дур аз даъвати Раҳмон бувад,

Ӯ гадочашм аст агар султон бувад.

маъмулан баъди намоиши ин барномаи консертӣ ва интишори сабти он дар байни мардум серистеъмолу маъруфтар гардиданд. Ҳамин чизро дар бораи шаҳдрезҳои хондаи ӯ низ гуфтан мумкин аст. Шаҳдрез хондан дар ҳунари овозхонӣ яке аз роҳҳои муассири ба шунаванда расондани  абёти панду андарз аст. Овозхонҳои маъруф кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳини хондани шаҳдрез байтҳоеро интихоб намоянд, ки хеле пурмазмун ва ба шунаванда то андозае ноошно бошанд.

Чунин усулро мо дар эҷодиёти овозхонҳои маъруфи кишвар шодравон Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Муродбек Насриддинов, Ҷӯрабек Назриев, Файзалӣ Ҳасанов ва дигарон бараъло мушоҳида мекунем. Қурбоналӣ Раҳмонов ин анъанаи некро идома додааст. Хато намекунем агар бигӯем, ки шоҳбайтҳои зерин баъди консертҳои ӯ  ва садо додани таронаҳои ӯ аз тариқи наворҳояш дар забонҳо серистеъмолтар гардидаанд:

Касе, ки айби маро мекунад аз ман ниҳон,

Агар ки чашми азиз аст, душман аст маро.

***

Агар номи баланд аз чарх хоҳӣ сабр кун Соиб,

Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста-оҳиста.

***

Ба қадри дона диҳад осиё орд бурун,

Набурда ранҷ маҷӯ ком аз осмон ҳаргиз.

Як хизмати дигари Қурбоналии овозхон барои ҳунари мусиқии тоҷик боз, ба фикри мо дар он аст, ки ӯ ба тадриҷ ба ҳайати дастаи мутрибонаш навозандагони созҳоеро ворид кардааст, ки дар гузаштаи на чандон дур онҳоро созҳои афғонӣ ва ё ҳиндӣ муаррифӣ мекарданд. Ман ҳармония, табла ва ситорро дар назар дорам. Ҳарчанд қабл аз Қурбоналӣ дигар ҳунармандон дар консертҳои худ аз ин созҳо истифода кардаанд, вале дар кори Қурбоналӣ  қотеъият ва устуворӣ дар ин самт бештар ба назар мерасад.

Имрӯз ин созҳо дар дар ҳайати дастаи навозандагони ӯ яке аз созҳои калидӣ ба шумор мераванд ва касе дигар онҳоро созҳои бегона намехонанд. Истифодаи асбобҳои мазкур на танҳо ба ҷаззобият ва таровати мусиқӣ меафзояд, балки нақши мусбате дар густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои Афғонистону Ҳиндустон, ки дар марҳилаи кунунии даврони соҳибистиқлолиямон хеле муҳим аст, гузошта метавонад.

Ҳангоме, ки ин мақоларо менавиштам, дар расонаҳои электронии кишвар эълоне пахш шуд, ки тибқи он Қурбоналӣ Раҳмонов дар 15-16 моҳи апрели соли дар театри академии давлатии ба номи устод Лоҳутӣ барномаи консертиеро пешкаши мухлисони савту садояш карданӣ ҳаст, ки ашъори он пурра аз эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ гулчин шудааст. Чӣ нияти неке! Боварӣ дорам, ки баъди тамошои ин консерти Қурбоналӣ Лоҳутии азиз барои ҳар як бинандаи он боз ҳам азизтар, наздиктар ва шиностар хоҳад шуд. Тамошочӣ ин дафъа Лоҳутиеро кашф хоҳад кард, ки Қурбоналӣ ӯро дар олами рангини мусиқӣ пайдо кардааст. Оламе, ки Қурбоналӣ дар он ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва такопӯ аст.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

http://www.ruzgor.tj

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!