ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МУҲАММАДРОФЕ: ОИЛААМРО ДӮСТ МЕДОРАМ ВА МО ХУШБАХТЕМ

Мухаммадрофеи Кароматулло

Мухаммадрофеи Кароматулло

— Мегӯянд, ки «Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан». Кӣ ба шумо ҳаққи устодӣ дорад?

— Медонед, ман дар ҷодаи санъат аз аввал то ба охир падарамро роҳанамою устоди худ мешуморам. Зеро дар доираи он кас тарбия ёфтам, ки таъсири бениҳоят дорад. Бе ҷаҳону сурудҳои он кас ман худро тасаввур карда наметавонам.

Роҳи дуруст ва асрору нозукиҳои илми мусиқиро бо шунидани таронаҳои падарам барои худ кашф карда, дар амал татбиқ карда истодаам.

— Бо кадом ёру дӯстони падаратон ҳамкорӣ доред?

— Рафиқони падарам ангуштшуморанд, лекин намедонам, ки аз кадом сабаб бошад мо хеле кам рафтуомад дорем.

— Мегӯянд, ки мақсади сарояндаҳои эстрада танҳо шоу-бизнес аст. Яъне онҳо ба воситаи сурудҳояшон танҳо маблағ ба даст овардан мехоҳанд. Шумо ба ин ақида розӣ ҳастед?

— Ҳар сароянда мехоҳад, ки сурудҳои беҳтаринро рӯйи сабт оварад, то студияҳо харидорӣ кунанд ва бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Лекин чӣ хеле ки шумо қайд кардед, таронаҳо бояд мантиқан дуруст бошанд, то шунаванда эрод нагирад. Шахсан ман намегӯям, ки ҳамаи таронаҳоям китобианд. Ҳам дар албоми наву пешинаам матнҳое ҳастанд, ки маънии сабук низ доранд. Ҳозир замона новобаста аз хоҳиши мо ҳамин чизро талаб мекунад.

— Боз ақидаҳое ҳастанд, ки гӯё сарояндаҳои мо ҳамаашон тақлидкоранд ва сабки муайяни худро надоранд. Агар шумо аҳамият дода бошед ба Майкл Ҷексон тақлид мекунанд ё ба Мансуру Муин…

— Албатта, мушоҳида мекунам ва ба фикри шумо розӣ ҳам ҳастам. Ҳар инсоне, ки санъаткор шудан мехоҳад, дар аввал ба касе пайравӣ мекунад ва пасон бо мурури замон ҳунари худро такмил дода, пайроҳаи аслии худро меёбад. Ба фикри ман бе тақлид санъаткор комил намешавад. Лекин тақлид бояд дар чаҳорчӯба ва давраи муайян бошад. Агар санъаткор то охири умр ба тақлид рӯ орад, дар фаъолияти худ ягон натиҷаи назаррасро дарк намекунад. Аммо агар овозхон қадамҳои аввалини худро аз тақлид оғоз бахшида, пасон услуби худро пайдо созад, аниқ аст, ки ӯ ба қуллаи шӯҳрат мерасад.

Ман аз аввал бо равияи падарам ба санъат омадам ва то имрӯз ҳам аз он истифода мебарам. Лекин кӯшиш мекунам, ки роҳи худро дошта бошам. Агар то ба охир ба падарам пайравӣ кунам, ҳаргиз ба манфиати кор нахоҳад буд ва санъаткори хуб шудан муяссарам намешавад.

— Имрӯз бовар доред, ки ақаллан ними шӯҳрати падаратонро ба даст оварда тавонистаед?

— Ба ин он қадар бовар надорам. Лекин дар ин мавзӯъ орзую ниятҳои нек дорам, мехоҳам, ки мақоми худро сазовор бошам. Аммо гуфта наметавонам, ки то кадом андоза ба сатҳи падарам расидаам. Ҳамагон медонанд, ки сабку услуби падарам ба кадом андоза буд ва шӯҳраташон дар кадом сатҳ қарор дошт. Шояд дар як аср аз чунин зумра эҷодкорон танҳо як нафар ба дунё ояд…

— Имрӯзҳо бисёр нафарон аз мактаби Кароматуллоҳи Қурбон истифода мебаранду худро шогирди ӯ мегӯянд. Метавон гуфт, ки наслҳои оянда аз мактаби Муҳаммадрофе сабақ хоҳанд омӯхт?

— Илоҳо ҳамин тавр шавад! Мо низ дар ҳамин ният ҳастем…

— Боварӣ дорем, ки сабти суруд нархи зиёд металабад. Сарпарасти шумову Нозия кист?

— Сарпарасти саховатманди ман Худои таолло мебошад. Агар шумо сарпарасти заминиро дар назар дошта бошед, мо то имрӯз сарпарастии касеро бар гардан нагирифтаем. Ба ҳар мақоме, ки расидем ва чӣ суруде, ки рӯйи сабт овардем, натиҷаи маҳсули заҳмати модару худамон буд. Чизе ки аз дастамон меояд, барои пеш бурдани фаъолияти худ равона месозем.

— Медонем, ки ба наздикӣ аз сафари Ҳиндустон баргаштед. Ин кишвари афсонавиро он гунае, ки тасаввур мекардед, дарёфтед?

— Ин кишвари афсонавиро ман бештар дар хоб медидам. Орзуи зиёрати ин кишвар дар дили ман на хасакӣ, балки дар лавҳи хаёли ман ҳамчун орзуи ширини кӯдакӣ таҷассум ёфта буд. Дар бораи Ҳиндустон хеле андешаҳои рангин доштам ва онро ба таври худ тасвир менамудам. Шукри Худо имсол имконият фароҳам омад, то ба дидани манзараҳои аҷоибу табиати нотакрори Ҳиндустон мушарраф гардам. Дар ҳақиқат сурати ин кишварро ба он тавре, ки дар ангораҳои хаёлам ба риштаи тасвир кашида будам, дарёфтам.

Дар сафар ду клипи навамро, ки «Борони баҳор» ва «Ҷудоӣ» ном доранд, рӯйи навор овардем. Пас аз бозгашт ба Душанбе боз дар пайи ҷустуҷӯю сабти сурудҳо шудам, бовар дорам, ки шунидани он ба мухлисон ба наздикӣ даст медиҳад. Ин сафари аввалини ман бошад ҳам, охиринаш нахоҳад буд. Дар ин муддат натавонистам ҳамаи корҳоямро ба сомон расонам. Аз ин рӯ дар сафарҳои оянда нақша дорам, ки дар ягон кино нақш офарам, шояд албоми навамро низ дар он ҷо сабт кунам.

— Дар ин кишвар чӣ бештар ба шумо маъқул шуд, ё баръакс писанд нагардид?

— Сафари мо дар Ҳиндустон дар зимистон ба амал омада буд. Вале дар он ҷо ҳаво бениҳоят гарм буд. Ҳамин ҷиҳати гармиаш каме ба одам таъсири манфӣ мерасонад. Аз он ки Ҳиндустон дар фарҳангу санъати бой пешрафта аст ва ман ки шахсан муҳаббати онро дар дил мепарварам, камбудиҳояш ба чашмам наметофт.

— Бештар аз кадом суоли рӯзноманигорон мегурезед?

— Ман кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи саволҳо посухи дақиқ гардонам. Фикр мекунам алҳол ба ман чунин саволе надодаанд, ки ба иззати нафсам расида бошад.

— Мехоҳед, ки дар дигар жанрҳои мусиқӣ низ қобилияти худро санҷед?

— Медонед, барои дар ҳамаи жанрҳои мусиқӣ суруд хондан ҳунару қуввати ҳар кас намерасад. Ман мехоҳам, ки қобилиятамро санҷам, аммо ҳоло танҳо бо жанри эстрада банд ҳастам.

— Пушаймонии сахттарини шумо аз кадом кори анҷомдода ё анҷомнадода аст?

— Пушаймон шудаам, аммо на ба он дараҷае, ки шумо дар назар доред. Худо ҳам асло нишон надиҳад! Пушаймониҳои ман ба фаъолияти худам манфиат расонидааст, аз он ман насӯхтаам…

— Шумо ба Соли нави масеҳӣ бештар омодагӣ мебинед ё ба ҷашни Наврӯз?

— Наврӯз ҷашни аҷдодии мост, аз рӯ таваҷҷӯҳам ба он зиёдтар аст. Соли навро одатан дар иҳотаи аҳли оила мегузаронам. Агар ягон баромад бошад, суруд хонда, пас зуд ба хона бармегардам.

— Ба фикри шумо ду зан гирифтан ба манфиати кору зиндагии мард аст ё бар зарари ӯ?

— Росташро гӯям, ман дузанагиро ҷонибдорӣ намекунам. Хушбахтии оиларо дар доштани як зану мебинам. Дузанагӣ ширинии зиндагиро гум мекунад.

— Яъне агар дузанагиро аз тарафи давлат қонунӣ кунанд ҳам, шумо ҳаргиз як ҳамсари дигар намегиред?

— Ба фикрам не! Оилаамро дӯст медорам ва мо хушбахтем.

— Бисёриҳо мегӯянд, ки оши палавро мардон нисбат ба занон бомазза мепазанд. Шумо ба ин ақида розӣ мешавед?

— Пухтанашро намедонам, лекин оши палавро беҳад дӯст медорам. Оши палав яке аз таомҳои миллиамон аст, ки ман онро аз байни ғизоҳои чӣ аврупоӣ ва чӣ амрикоӣ боло мегузорам. Худам аз ӯҳдаи пухтанаш намебароям, лекин аз завҷааму модарам омӯхта истодаам.

— Дар вақти ба хашм омадан кадом калимаро зиёд истеъмол мекунед?

— Лабамро мегазаму дигар ҳеҷ чиз гуфта наметавонам.

— Филмҳои писандида…

— Тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ ва даҳшатнокро дӯст медорам.

Cайҳуна, «Ману ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!