ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МЕҲРУБОНИ РАВШАН: МЕХОҲАМ МАСҶИД СОЗАМ

Мехрубони Равшан

Мехрубони Равшан

Меҳрубони Равшан бо таронаи «Нигинаҷонам» шӯҳрати зиёдро касб намуда, ихлоси ҳаводорони санъатро соҳиб шуд. Аз қадамҳои аввалинаш аён буд, ки Меҳрубонро истеъдод ба саҳнаи ҳунар овардааст. Чанд муддат аст, ки дар ҳаёти ин ҳунарманд навгониҳое ба амал омадааст.

Яке аз онҳо ин аст, ки овозхони дӯстдоштаи мову шумо акнун ба гирифтани номи мубораки Ҳоҷӣ созовор гардид.

Агар аҳамият дода бошед, Меҳрубони Равшан албом ва клипи зиёд надорад ва дар тӯли чанд соли фаъолияташ ҳамагӣ як маротиба консерт барпо кардааст, вале мухлисони зиёд дорад, ки пайваста аз фаъолияти ҳунарманди дӯстдоштаашон донистан мехоҳанд.

-Меҳрубон, агар сад ҳазор доллар медоштед, аввалин коре, ки бо он анҷом медодед, кадом мебуд?

-Ман орзу дорам, ки масҷиди калон созам, то мусалмонон тоату ибодат кунанд. Агар Худованд маблағи калонро насибам гардонад, албатта аввал масҷид месозам. Пасон ба сағирахонаҳо кӯмаки моддӣ мерасонам. Ҳамзамон мехоҳам, ки аз номи худам бист нафарро ба ҳаҷ фиристонам.

-Номи масҷидро чӣ мемонед?

-Ростӣ, алҳол ман дар илми исломӣ онқадар комил нестам. Барои ҳамин намедонам, ки ба масҷид чӣ ном гузоштан дуруст мебуд.

-Воқеан, муборак бошад: акнун ба номатон унвони ҳоҷӣ зам шуд. Ба худатон маъқул аст, ки Ҳоҷӣ Меҳрубон шудед?

-Албатта, чунин номро Худованд на ба ҳар кас лоиқ медорад. Ба сафари Маккаи Мунаввара рафтан яке аз орзуҳои деринаи ман буд. Акнун намедонам Худованд ибодати маро ба даргоҳаш қабул кард ё не, лекин маро имрӯз Ҳоҷӣ Меҳрубон гӯён ном мебаранд.

-Кадом таомҳоро меписандед?

-Ҳамаи таомҳои миллиамонро дӯст медорам. Дар назди бинои «Текстил» ошхонае ҳаст. Онҷо оши палави бомазза омода месозанд. Ман бештар бо ёру дӯстонам ба ин ошхона меравам.

-Дар Ҳиндустон низ будед. Таомҳои ҳиндӣ писандатон нашуданд?

-Танҳо як таомаш беҳад писандам омад. Номашро ҳозир фаромӯш кардам, лекин дар хотирам ҳаст, ки дар дохили таом наску нахӯд буд ва таъми тез дошт.

-Дар Ҳиндустон бо Нозия, умуман бо тоҷикони дигар вонахӯрдед?

-Не, ростӣ. Лекин дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар бисёр донишҷӯёни тоҷик кору таҳсил мекунанд. Сафари ман бори аввал ба Деҳлӣ, бори дуввум ба шаҳри Гоа сурат гирифта буд.

-Кризис ба шумо таъсир кардааст?

-Медонед, гуфтаанд, ки Худованд бандаи сабркунанда ва шукргузорандаро дӯст дорад. Шукри Худо бӯҳрони иқтисодӣ ба эҷодиёти ман таъсир нарасондааст. Ҳамзамон худам низ давраи кризис гуфта дастонамро болои ҳам гузошта нанишастаам. Ба эҷод машғул ҳастам, дар базми хурсандии мардум ширкат меварзам. Офаридгор бандаи худро ҳаргиз гурусна ва бе лутфи худ намемонад.

-Аз кадом саволи рӯзноманигорон мегурезед?

-Ба ҳамаи суолҳо ҷавоб медиҳам. Ман ягон сирру асрор надорам, ки аз посух додан худдорӣ кунам.

-Ба корҳои занона даст задаед?

-То зангирӣ худам ҳам либос мешустам, ҳам хӯрок мепухтам. Ҳоло ҳам агар ба хона меҳмон биёяд, ба ҳамсарам ёрдам мерасонам. Лекин умуман, шарики ҳаётии ман бонуи ба дасту панҷа ва сариштакор аст. Худаш тамоми корҳои хонаро зуд ба анҷом мерасонад.

-Чанд фарзанд доред?

-Се фарзанд дорам. Номҳояшон Иброҳим, Маҳваш ва Омина.

Ҳамсаратон коргаранд?

-Не, ӯ хонашин аст. Гумон мекунам, ки тарбияи фарзандони накӯ ва нигоҳубини аҳли хонавода масъулияти зиёд металабад. Лекин ба касби дӯзандагӣ шавқ дорад. Ҳоло тасмим дорам, ки барояш як мошинаи дӯзандагӣ харида диҳам.

Бисёриҳо пас аз сароянда шуданашон тарзи гуфтору имиҷашонро дигар мекунанд. Шумо тағйири имиҷ карданӣ нестед?

-Худо накунад, ки тарзи гуфторамро дигар кунам! Вале бобати имиҷ гуфтаниам, ки алҳол мӯйи пушти сарамро дароз кардаам.

-Шумо боксёри хуб ҳастед ё овозхони хуб?

-Ё ҳар ду! (механдад.)

-Агар пеши шумо интихоб гузоранд, ки аз яке аз ин касбҳо даст кашед, чӣ кор мекардед?

-Ман ба варзиш шавқи беандоза дорам. Вале аз сабаби касби овозхонӣ, ки ба тӯю маъракаҳо меравам, имконият намешавад, ки ба клубҳои варзишӣ рафта, машқ кунам. Аммо варзишгар ва ҳамзамон овозхон будан ба якдигар халал намерасонанд. Барои ҳамин аз ягонтоаш даст намекашам.

-Шиори шумо…

-Ноумед нашуда кор кардан.

-Ба шумо мухлисе изҳори муҳаббат кардааст?

-Ҳар як сароянда доираи ҳаводорони худро дорад, ки ба он ҳам мардону ҳам занон дохил мешаванд. Албатта, мухлисон зиёд ба санъаткори дӯстдоштаи худ ошиқ мешаванд ва нотарсона изҳори муҳаббат мекунанд. Ман низ ба ин ҳолатҳо дучор шуда будам, вале ба онон ба хубӣ фаҳмонидам, ки ба ҳамаашон муҳаббати бародарона дорам.

-Дар ягон филм нақш офариданӣ нестед?

-Агар иродаи Худо бошад, барои чӣ нақш наофарам?!

-Меҳрубон, барои чӣ номзадии худро дар озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» нагузоштед?

-Ростӣ, аниқ хабар надоштам, ки ин озмун дар кадом сана доир мегардад. Вале медонистам, ки ба шарофати бонуи ҷавони ҳунарманд Таҳмина Ниёзова озмун дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ман ширкат накарда бошам ҳам, дигар ҷавонҳо ҳастанд. Бовар дорам, ки онҳо низ барои ба даст овардани шоҳҷоиза кӯшиш хоҳанд кард. Агар ин навбат ҳам ғолиябият насиби тоҷикон гардад, нуран алонур мешавад.

-Ба ҳунари ҳамкасбони худ Таҳмина Ниёзова, Саидаи Сироҷиддин ва Нигина Амонқулова чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Медонед, ман ҳамчун санъаткор заҳмати онҳоро дарк мекунам, кӯшишу ғайрати онҳоро қадр мекунам. Эҳсос мешавад, ки ин гулдухтарон дар байни омма шӯҳрати зиёд доранд. Танҳо мардум баҳодиҳандаи ҳақгӯй аст.

Сайҳуна, «Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!