ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ФИРӮЗА: «АЗ МУВАФФАҚИЯТҲОИ ХУД ХУШБАХТАМ»

Фируза Хафизова

Фируза Хафизова

Шахси ҳунарманд ҳаргиз хор намешавад, мегӯянд дар урфият. Зиндагӣ ва фаъолияти сарояндаи ҷавон Фирӯза Ҳафизова гувоҳи ростии ин гуфта аст. Меҳри санъат ӯро аввал ба кӯйи рақс ва сипас ба сарояндагӣ оварда, ҳаёташро ба куллӣ дигаргун сохт. Имрӯз садои ӯ дар кӯчаву бозорҳо ва дар ҳар хонадони тоҷик садо медиҳад.

Таваҷҷуҳи мухлисони оҳангу таронаро ба санъаткори хушсалиқа ба назар гирифта, мусоҳибае бо ӯ омода намудем.

-Фирӯза, ҳангоме ки ба саҳна мебароед, шуморо чӣ гуна эҳсосот фаро мегирад? Шарм ё ифтихор?

-Ҳаргиз шарм намедорам, зеро ҳунарманд бояд дар саҳна худро озод ҳис кунад ва чеҳраи кушода дошта бошад. Дар саҳна озодона, аз самими дил баромад кардан шарти муваффақияти ҳар эҷодкор, аз ҷумла овозхон аст.

-Агар клипҳои худро тамошо кунед чӣ?

-Ифтихор мекунам, албатта! Зеро на ҳар кас имкони саҳнабароӣ ва клип офариданро дорад. Худованд ҳам истеъдодро ба ҳар кас намедиҳад.

-Чаро саҳнаи рақсро тарк карда, ба овозхонӣ шурӯъ намудед?

-Аз раққосагӣ ба сарояндагӣ гузаштанам маънои он надорад, ки аз рақс дилгир шудам. Ман танҳо қобилиятамро дар овозхонӣ низ санҷидам ва хато ҳам накардам, зеро, чи хеле мебинед, муваффақ гаштам. Муваффақият барои ҳар инсон дар ҷодаи фаъолияташ дар ҷойи аввал меистад.

-Аз нигоҳи худатон кадом сурудатон бароятон шӯҳрат овард?

-Чи хеле ки медонед, зиндагии ман бо рақс пайвастагӣ дошт. Маҳз рақс маро ба саҳна овард ва гумон мекунам, ки мардум маро аз ҳамон давра мешинохтанд. Дар мавриди сурудҳоям гуфтаниям, ки ҳамаи онҳо пораҳои дили мананд. Ҳар яке дар навбати худ ба табъи шунавандагон мувофиқ омада, тадриҷан ба ман шӯҳрат овардаанд. Барои худи ман ҳам ҳамаи таронаҳоям баробар қадр доранд.

-Дар ягон филм нақш офариданӣ нестед?

-Медонед, соли гузашта чунин пешниҳодҳо шуда буданд, лекин рад кардам. Мехоҳам дар филме нақш офарам, ки он танҳо ба ҳаёти худам бахшида шуда бошад. Яъне сенария фарогири саргузаштам бошад. Ин яке аз орзуҳои деринаи ман аст, ки дар фикраш ҳастаму дунболаш мегардам.

-Мошини дӯстдоштаатон кадом аст?

-Мошини орзуҳои ман «Тоёта-Королла» аст.

-Айни замон мошин доред?

-Не, алҳол мошин надорам, вале ба наздикӣ нияти харидан дорам.

-Ягон маротиба дар Амрико ё Лондон будед?

-Ба кишварҳое, ки номбар намудед, боре ҳам сафар накардаам. Лекин дар сурати фароҳам омадани шароити мусоид ҳатман аз ин давлатҳо дидан мекунам. Чуноне ки гуфтаанд: «Ҷаҳондида бошу ҷаҳонхӯрда не».

-Агар таклиф кунанд, ки дар хориҷа кору зиндагӣ кунед, чӣ ҷавоб медиҳед?

-Розӣ намешавам, чунки ман дар Тоҷикистон ба олам омадам ва шунавандаи асосии таронаҳои ман дар ин ҷо зиндагӣ мекунад, пас чӣ гуна тарки ватан намоям?! Барои сайқал додани ҳунар ба муддати муайян, агар лозим ояд, ба ҳама гӯшаҳои дунё меравам, вале…

-Соли равон кадом нақшаи бузурги худро амалӣ намудан мехоҳед?

-Агар ба санъаткор чунин савол диҳед, ҳатман посух медиҳад, ки орзуи ҳамешагии ӯ эҷоди таронаҳои нав ба нав ва дар сатҳи баланд барпо намудани консертҳо аст ва ман низ дар ин андешаам. Бар замми ин мехоҳам, ки дар хориҷа бо ҳамдастии сарояндаҳои афғону эронӣ ба форсизабононе, ки аз ҳудуди давлати хеш дур ҳастанд, барнома таҳия созам.

-Мушаххасан бо кадом ҳунармандони хориҷӣ ҳамкорӣ кардан мехостед?

-Инро вақт нишон медиҳад.

-Агар ягон ҷавон хоҳад, ки шогирди шумо шавад, ӯро қабул мекунед?

-Барои чӣ не?! Агар ягон кас дар ҳақиқат дилбохтаи ҳунар бошад ва дар замираш истеъдод дар туғён аст, ман ҳамеша барои кӯмак омода ҳастам. Замоне ман низ шогирд будам ва устодонам мадади худро дареғ надоштанд. Дастгирии ҷавонони санъатдӯст яке аз масъулиятҳои асосии мо мебошад.

-Муҳофизатгар ва ронандаи шахсӣ доред?

-Бале, аз ин намуди хизматрасонӣ истифода мебарам.

-Дар бораи ҳабси Фарзонаи Хуршед маълумот доред? Оё дар ҷараёни суд ягон маротиба иштирок кардед?

-Бале, дар бораи мавриди боздошт қарор гирифтани Фарзонаи Хуршед барвақт шунидам будам. Рӯзе фурсат ёфта, ба хонаи Фарзонаино рафтам, бо наздиконаш сӯҳбат кардам. Бовар дорам, ки Фарзона сафед шуда ҳолати рӯҳию ҷисмониаш барқарор мешавад ва боз ба саҳна, назди мухлисони сершумораш бармегардад.

-Саломат бошед, Фирӯзабону! Ба шумо комёбиҳои нав ба нав таманно мекунем!

Сайҳуна, «Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!