ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БАҲОДУР: «САДРИДДИН УСТОД ВА БАРОДАРИ МАН АСТ»

Баходури Гафурзод

Баходури Гафурзод

Ӯ ба муаррифӣ ҳоҷат надорад. Зеро Баҳодур аллакай дар саҳифаҳои маҷаллаи мо бо мухлисони доимиаш мулоқоти ғоибона гузаронида, ба саволҳои зиёди онҳо посух гардонида буд. Ба наздикӣ албоми нави ин овозхони маъруф ба диққати ҳаводорони савту наво расид. 

Албоми нав номи ғайриоддии «Чор»-ро гирифта, даҳ таронаи навтарини сарояндаро гирд овардааст. Баҳодури Ғаффорзод сабаби бо чунин унвон рӯйи сабт овардани албомро шарҳ дода мегӯяд, ки ӯ дар болои ин албом чор соли пурра заҳмат кашидааст ва маҳз ба ҳамин хотир онро «Чор» номгузорӣ намудааст. Бовар дорем, ки албоми Баҳодур аллакай дар дасти ихлосмандони шеъру суруди воло қарор дорад.

-Баҳодур, шуморо ба муносибати сабти албоми навбатиатон шодбош мегӯем. Бигӯед, ки айни замон ба чӣ кор машғулед?

-Чун ҳамешагӣ барои эҷоди таронаҳои нав мекӯшам ва дар хизмати мардум қарор дорам.

-Шабнаму Ҷонибек, Садриддину Баҳром Амрикову Аврупоро тай намуданд. Шумо нияти ба ягон гӯшаи дунё сафар кардан надоред?

-Дар арафаи ҷашни Наврӯзи фархундапай ман ба Озарбойҷон сафари ҳунарӣ доштам. Мардуми озар, ки қабл аз ман низ таронаҳои тоҷикиро шунида буданд, ин навбат ҳам бо хурсандии тамом гурӯҳи моро пазироӣ намуданд. Албатта, ҳар як овозхон орзу дорад, ки ба давлатҳои дигар сафарҳои ҳунарӣ анҷом диҳад. Ман низ орзу дорам ва дар ин самт ҳаракат намуда истодаам.

Истеъдоду кӯшишҳои Шабнаму Ҷонибек ва Садриддинро қадр мекунам, барояшон фатҳи қуллаҳои баландтарини санъату ҳаётро таманно дорам. Тавассути онҳо дар гӯшаҳои дури дунё суруди тоҷикӣ садо дод ва ҳамзабонони мо таҳти навоҳояшон хурсандӣ намуданд. Сарояндаҳое, ки дар асри бисту як қитъаҳои Амрикову Аврупоро сайругашт намуданд, дар таърихи эстрадаи тоҷик номи худро ҷовидонӣ сабт мекунанд.

-Баҳодур, мегӯянд, ки садои шумо аз Садриддини Наҷмиддин ягон фарқияте надорад. Ба ин ақида розӣ мешавед?

-Аввал бояд гӯям, ки Садриддин устод ва бародари ман аст. Бисёр нозукиҳои касбро ман аз ӯ омӯхта, дар ҷодаи санъат комилтар шудам. Агар овозам ба Садриддин монанд бошад, пас ин амали Худованд аст. Ман ягон тақлидкориеро раво намебинам.

-Вақтҳои охир вобаста ба танзими тӯю маъракаҳо оид ба фаъолияти санъаткорон низ қонунҳои нав зуҳур мекунанд. Шумо аз ин огоҳ ҳастед?

-Намедонам, шумо кадом қонунҳоро дар назар доред, зеро аз ба тасвиб расидани ягон қарор хабар надорам. Аз масъулони Вазорати фарҳанг хоҳиш дорам, ки аз ҳар қонуни имзошуда тариқи садову симо мардумро огоҳ кунанд.

-Баҳодур, ғайри санъат ба кадом соҳа дилбастагӣ доред?

-Ба футболбозӣ таваҷҷӯҳам зиёд аст. Дар хурдиам аз ояндаи худ бехабар ҳатто «футболбоз мешавам» гӯён орзу менамудам.

-Кадом саволи рӯзноманигорон ба шумо хуш намеояд ва ба он ҷавоб додан намехоҳед?

-Вақте журналистон аз ман дар бораи ин ё он сароянда маълумоте гирифтан мехоҳанд. Ман баҳодиҳии ҳамкасбонамро ба худ раво намебинам. Чунки ҳар кас дар санъат ҷои худ ва мухлиси худро дорад. Агар дар бораи ҳунари онҳо суханҳои манфӣ гӯям, онҳо низ метавонанд дар навбати худ айнан чунин суханҳоро нисбати ман гӯянд.

-Одамизод то охири умраш аз ин ё он чиз пушаймон гашта, изҳори таассуф мекунад. Пушаймонии сахттарини шумо аз кадом кори анҷомдода ё анҷомнадода буд?

-Рӯзи гузаштаро баргардонида намешавад. Барои ҳамин коре бояд кард, ки аз он пушаймон нашавию кӯшиши баргардондани рӯзи рафтаро накунӣ. Он рӯзҳое, ки ман сарфи эҷод кардам, бароям азизу фаромӯшнопазиранд. Вале аз он рӯзҳои гузаштае, ки худамро ба эҷод набахшидам, эҳсоси пушаймонӣ дорам.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!