ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМИ СОБИРӢ ЗЕБОСАНАМИ НАВИ САҲНА

Шабнами Собири

Шабнами Собири

Ӯро Шабнами 2 номида, дар атрофи фаъолияташ ҳаргуна сару садоҳо барпо мекунанд. Аммо худи Шабнам ба касе пайравӣ кардану монанд будан ё аз рӯйи ҳангомаю овозаҳо шӯҳрат ёфтан намехоҳад. Ягона ҳадафаш аз омадан рӯи саҳна арзи розҳою орзуҳояш ба забони барояш азизи оҳангу наво аст.

-Аз сарояндаҳо киро меписандед ва ба кӣ монанд будан мехоҳед?

-Манижаро бисёр дӯст медорам ва ҳунару санъаташро эътироф мекунам. Мо дар чанд тӯйю маърака бо ҳам вохӯрдаем. Садриддинро низ аз синни хурдӣ гӯш мекунам. Бовар кунед, худамро бе ҷаҳони таронаҳои ин ду санъаткор тасаввур карда наметавонам. Вале ин маънои онро надорад, ки ман ба онҳо тақлид мекунам. Мехоҳам, ки услуби худамро дошта бошам.

-Шабнам, кӣ шуморо дар ҷодаи ҳунар роҳнамоӣ мекунад?

-Аввал аз модарам миннатдорам, ки маро ба воя расонида, дар ҳама ҳолатҳо дастгирӣ намуданд. Маҳз бо шарофату кӯмакҳои он кас имрӯз қадамҳои худро ба олами ҳунар гузоштам. Оҳангу матнҳо моли Бахтиёри Бегиҷонанд. Аслан ман бо ҳар сарояндае, ки ҳамсӯҳбат мешавам ё клипашро тамошо мекунам, аз ӯ як чизе барои худ меомӯзам.

-Ҳар бону, гарчӣ худ ҷинси латиф аст, ба гул таваҷҷӯҳ дорад. Шумо кадом гулро дӯст медоред?

-Гули садбарги сафедро меписандам. Агар касе ба ман онро тӯҳфа кунад, беҳад хушнуд мешавам. Чи хеле ки шумо қайд кардед, бисёриҳо мегӯянд, ки зан худ ба ҳукми гул аст ва барои ҳамин ба ӯ гул тӯҳфа кардан нашояд. Лекин ман ба ин ақидаҳо розӣ шуда наметавонам. Гул ва атрро дар рӯзи таваллуду дигар ҷашнҳо беҳтарин тӯҳфа меҳисобам.

-Мегуфтед, ки чӣ нақшаю орзуҳо доред?

-Аввал мехостам, ки ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултаи ҳуқуқ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ шавам. Гумон мекунам, ки донистани ҳуқуқу вазифаҳо ва дигар қонунҳои татбиқшудаи кишварамон барои ҳар фарди Тоҷикистон ҳатмист. Дар хусуси орзу гуфтаниам, ки албатта, агар ҳар санъаткорро пурсон шавед, орзуи таҳия намудани барномаи шахсиро дорад. Ман низ чун дигар сарояндаҳо мехоҳам, ки ҳунари худро дар назди устодони санъат сайқал диҳам, таронаҳои навро бо мазмуни баланд рӯйи сабт орам ва консерти худро ба мухлисон пешкаш созам.

-«Нияти нек ними давлат» мегӯянд. Мо таманно дорем, ки ба ҳамаи ниятҳоятон расед. Хуб, бонувони шинохта дар пухтапаз бояд намунаи ибрат бошанд. Ба хонандагони мо дастури ягон ғизо пешниҳод карда метавонед?

-Албатта, метавонам! Қуймоқ бо панир яке аз хӯрданиҳои зудпаз мебошад. Маҳсулоти лозима: 2 стакон орд, 1,5 стакон шир, 2 тухм, 250 гр панир, 50 гр равғани доғ кардашуда, намак мувофиқи таъм. Зардии тухмро аз сафедиаш ҷудо кунед. Ба зардиаш каме намак пошида, онро лат занед. Пасон ковиш дода, ба он ширу ордро ҳамроҳ кунед. Зардии тухмро дар зарфи алоҳида хуб лат дода, ба хамир резед.

Хамир бояд мисли қаймоқ ғафс шавад. Панирро дар шакли чоркунҷа буред. Хамири омода намудаатонро ба миқдори як қошуқи ош рӯйи тобаи равғандор рехта, ба болои он як бурда панир гузошта, аз ду тарафаш то дами сурхчатоб шуданаш пазед. Қуймоқро дар гармиаш истеъмол намоед.

Шӯрбо бо картошка ва карам низ бегоҳӣ барои меъда хуб аст. Барои чунин хӯроки сабук 300 г карами тару тоза, 4-5 картошка, 1 сабзӣ, 1 бандча кабудии дилхоҳ, 2 пиёз, 2 помидори тару тоза, 1,5 л об лозим аст.

Тарзи тайёр кардан: карамро дар шакли чоркунҷа, картошкаро бошад, дар шакли дарозрӯя реза кунеду сабзавотҳои боқимондаро ба таври дилхоҳатон майда кунед. Ба шӯрбои ҷӯшидаистода карами реза кардаатонро партоед. Қариби ҷӯш омадани шӯрбо ба он сабзавоти реза кардаатонро ҳамроҳ намоеду то дами тайёр шудани таом онро ҷӯшонед. 10 дақиқа пеш аз хомӯш кардани оташ ба шӯрбо помидори майда кардашударо илова намоед. Шӯрбои мазкурро бо сметана ва кабудии тару тозаи реза кардашуда истеъмол намоед.

-Рӯз то рӯз шумори бештари бонувони тоҷик монанди занони аврупоӣ сари чанбараки мошин мешинанд. Шумо ҳам мошин ронда метавонед?

-Албатта, боиси хушнудист, ки занҳои тоҷик дигар дар қайди хурофоту урфу одатҳои кӯҳна набуда, балки аз истифодаи техникаи ҳозиразамон огоҳӣ доранд. Чанд даҳсола пеш дар сари фармони мошин ҷинси латифро мушоҳида намекардед, вале имрӯз, агар аҳамият дода бошед, нисбат ба мардҳо дида занҳо фаъолтар шудаанд. Ман низ аз ин раванд истисно нестам, замоне мошин мерондам, аммо айни замон бе мошинам.

-Агар дар филму саҳнаи театр барои нақшофарӣ даъват кунанд, мепазиред?

-Бо ҷону дил! Агар қобилияту ҳунари ман диққати коргардонҳоро ба худ ҷалб карда тавонад, чаро ин таклифро қабул накунам? Ҳар инсоне, ки ба саҳна мебарояд ё тавассути телевизиону радио баромад мекунад, бегуфтугӯ аллакай дар ботини вай истеъдоди нақшофарӣ пайдо мешавад. Ман низ эҳсос мекунам, ки чунин ҳунар дорам ва метавонам бо ёрдами коргардони филмнома аз ӯҳдаи нақшҳои калони марказӣ бароям.

-Бисёриҳо занро ба гул шабоҳат медиҳанд ё фариштаи ҳусн меноманду ҳаёти худро ба онҳо вобаста мешуморанд. Ва ҳамчунин ақида доранд, ки мардро мард мекардагӣ ҳам зан асту номард мекардагӣ ҳам зан аст. Шумо ба ин андеша розӣ мешавед?

-Яке аз подшоҳони донишманди дунё Сулаймон ибни Довуд дар китоби масалҳои худ дар васфи ҷинси латиф суханони диққатҷалбкунандае овардааст, ки «Ҳикмати зан хонаи варо бунёд мекунад, вале зани аблаҳ онро бо дасти худ вайрон мекунад» ё ки «Зани солеҳаро кист, ки тавонад биёбад? Баҳои вай аз ҷавоҳир гаронтар аст ва ғанимати ӯ камӣ нахоҳад кард». Зане, ки ба рӯзгори хонаи худ назорат мебарад, нони коҳилиро намехӯрад. Аз ин суханҳо маълум мешавад, ки ҳама хушбахтию бадбахтиро зан бо хиради худ ба амал меоварад.

-Тамошои чӣ гуна филмҳоро дӯст медоред?

-Тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ ва хондани асарҳои назмӣ яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи ман аст.

-Шабнамҷон, ба шумо барор мехоҳем! Муваффақ бошед!

С. Фозилзода, «Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!