ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ФАРЗОНАИ ХУРШЕД: «ҲАР ШАБ БО ЁДИ ОЗОДӢ НАМОЗ МЕГУЗОРАМ»

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

…Ин садоест, ки ба гӯшҳо навозишу ба қалбҳо умед мебахшад. Садоест, ки баробари ба гӯш расиданаш дили кас тасхир меёбад, садоест, ки хастагиро дур месозад. Ин таронаест, ки бо садои ширину форам, садои марғуладор, садои гӯшнавоз, садои ширадори сарояндаи ҷавон Фарзонаи Хуршед танинандоз аст.

Баробари тавлид ёфтан, ин тарона ва ин садо дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, эшонро мафтун кард. Аз ҳаминҷост, ки пайваста мухлисони бешумор, дилдодагони санъати ин сароянда, дӯстдорони тарона ва садои ширини Фарзона пайи ҳам ба идораи рӯзномаамон занг зада, аз ҳолу аҳволи ин бонуи ҳунар пурсон мешаванд.

Воқеан, Фарзонаи Хуршед ҳунари хуби сарояндагӣ дорад, бо тамоми ҳастияш дар боби ишқу муҳаббат, хиёнату бевафоӣ, зиндагӣ, модар ва монанди инҳо суруд месарояд. Суруди ӯ қалбҳои шикастаи мардумро дубора ба зандагӣ гарм менамояд, аз шунидани таронаҳои ӯ кас фароғат мекунад, илҳом мегирад…

Фарзона бо истеъдоди Худодод, зебогии зоҳиру ботин, дили ғамхору нармин ва дасти хайру саховатмандаш дили ҳазоронро тасхир кард. Ӯ хеле ҷавон миёни мардум маъруфият пайдо кард, бо таронаҳои дилангезаш на танҳо дар кишвари хеш, балки берун аз он низ мухлисони зиёдро ҷамъ намуд. Боварии кас намеомад, ки ин бонуи ҳунар, ин ҷавони шӯҳратёр, ин сарояндае, ки ҳазорон ҳазор мухлисро дар муддати хеле кӯтоҳ ба даст овард, рӯзе зиндонӣ мешавад.

Фарзонаро аз айёми тифлӣ, кӯдакию наврасиаш мешинохтам ва медидам, ки ба санъати сарояндагӣ майлу рағбати беандоза дошт. Борҳо шоҳид будам, ки дар хона машқи суруд мекард, бо лаҳни кӯдакона сурудҳои тоҷикию эронӣ ва ҳиндиро тақлидкорона замзама мекард. Ҳатто дар синни 8 – солагӣ боре аз ман пурсида буд:

— Холаҷон, оё ман суруд хонда метавонам?

Он рӯз суруди Фарҳоди Дарёро чунон ширин хонд, ки ҳарчанд аз байн 13 – сол гузашт, аммо то ҳол он лаҳзаҳо аз хотирам намераванд.

Модари ҳунармандаш Сурайё Қосимова тасаввур ҳам намекард, ки Фарзонаи 11 – сола ӯро дар барномаи ҳунариаш, ки бахшида ба 30 – солагии фаъолияти эҷодиаш дар толори калонтарини пойтахт «Борбад» баргузор гашта буд, бо суруди «Борон» табрик мекунад.

Ана ҳамин тавр оғоз ёфта буд пайроҳаи пурпечу тоб ва заҳматталаби санъати сарояндагии Фарзонаи Хуршед.

Ӯ андалеби хушхоне гашт, аммо… аммо иштибоҳе кард дар роҳи ишқ ва булбулро дар қафас андохтанд. Шӯру валвалае бархост ва ҳар кас ҳар чӣ мехост дониставу надониста мегуфт. Ба ҳар ҳол дар фирори Фаррух ҳамдасту ба мӯҳлати 2 – сол аз озодӣ маҳрум гашт. Пеш аз ба маҳбаси занонаи шаҳри Норак гузаронидани Фарзона имкон даст доду бо ӯ дидорбиние анҷом дода, ба чанд суоли худ посух гирифтам.

— Фарзонаҷон, саломатиат чӣ хел?

— Шукр, шиквае надорам.

— Худро чӣ гуна ҳис мекунӣ?

— Бад не, вале қадри озодиро то мағзи ҷонам ҳис мекунам, ки тасвирнопазир.

— Барои ба чунин ҳол афтоданат аз кӣ гила дорӣ?

— Танҳо аз худам, худро маломат менамоям, ки аз соддагӣ ба занги телефонӣ бовар кардаму… ноаён ашки чашмонашро пок мекунад Фарзона. Ҳар шаб бо ёди озодӣ намоз мегузорам, шаб то саҳар ба хотири озодӣ фиғону нола менамоям, дилро ба дасти ғам дода шиква аз тақдиру қисмати шӯру беақлии хеш мекунам.

— Миёни мардум овозае ҳаст, ки баъди аз маҳбас баромадан дигар дар Тоҷикистон зиндагӣ нахоҳӣ кард. Ин овозаҳо ҳақиқат доранд?

— Холаҷон, танида тору пудам ба меҳан асту бе Ватан ҳаётамро тасаввур карда наметавонам. Бароям Модар — Тоҷикистон яктосту бе ӯ ҳатто нафас тангӣ мекунад.

— Баъд аз озод шудан оё боз ба саҳна мебароед?

— Алҳол чизе гуфта наметавонам, вақт довар аст, ку ду сол гузарад.

— Паси деворҳои баланду симхордор рӯзро чӣ тавр ба поён мерасонӣ?

— Расм мекашам, гулдӯзӣ менамоям, шеър эҷод мекунам…

— Фарзонаҷон, агар гуфтании дигаре дошта бошӣ, марҳамат…

— Дар дил ниҳон дорам, ба кас намегӯям,

Ин аст рамзи ишқ дил хаста мегӯяд.

Эй, ошиқони васл, бар ман дуо гӯед,

Дил метапад дар хун, бо кас намегӯям…

— Ҳамин тарона ва таронаи «Чашмхумор» — ро ба кадом хотир сароида будед?

— Вақте ин мисраҳоро аз забони шоир шунидам, хеле писандам омаданд ва дарҳол онҳоро ба оҳанг дароварда, баҳри мухлисонам, баҳри ононе, ки ҳунару истеъдодамро қадр мекарданд хондам, аммо имрӯз фикр мекунам, ки ин таронаҳо тақдири худамро қисса мекунанд, — бо ашки чашм мегӯяд Фарзонаи Хуршед.

— Воқеан ҳам, мисли он ки гӯё Фарзона пешомадҳои тақдири хешро медонист ва маҳз барои худ ин ду таронаро сароид.

Хонандаи азизу мухлиси Фарзона! Инак ӯро ба маҳбаси занонаи шаҳри Норак интиқол доданду ман ба расму гулдӯзиҳояш, ки дар нигаҳдории муваққатӣ давоми се моҳ эҷод карда буд, нигариста дар тааҷҷӯб мондам. Фарзона баробари ҳунари сарояндагию пазандагӣ боз маҳорати расмкашию гулдӯзӣ низ доштааст.

Ба ин духтари резапайкари пурҳунар роҳи сафед, саломатию сабурӣ таманно дорем.

Сӯҳбаторо Тӯҳфа Аҳмадова,

«Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

4 комментария

  1. ШОХ, -- ЛОКО:

    хай дигар чиш бгем… кам-кам одамора хурмат кардан даркор

  2. Anoosh:

    Фарзона бе ту сахнаи точик торик ва тира шудай

  3. Be Farzona Sahnai Tojik Kame Ham boshab ba tartib daromad. Korhoe ki u dar Rossiya kard ba sha`nu sharafi dukhtari tojik durust nameoyad. Man dar masofai 2 metr farzopnaro mast didam , dar hamon vaqt in khobro dida budam, ki yagon kor meshavad.
    Ana ha ku Nav josha yoftay. Ba`ze «Boqimondasham» hamin khel «chorajui» kardan lozim.

    Umed mebandem.

  4. саидшо:

    рут сия фарзона Худои талло туро ягом грами гунохтро кам накарда аст бо хаму хайвониву качкгариша мекна ай трма бромади дар трма дига коре нест бад хта намоз хон гирифти дафшае номи исломам пас карди т ву аппат

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!