ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАҲЗОДИ ДАВРОН: МАН ТАРКИ ТОҶИКИСТОН НАМЕКУНАМ!

Шахзоди Даврон

Шахзоди Даврон

Мухлисони зиёди Шаҳзоди Даврон занг зада, дархост намуданд, ки аз фаъолияту ҳаёти шахсии сарояндаи дӯстдоштаашон онҳоро бохабар намоем. Баъзеи онҳо мухлисони ҳақиқии Шаҳзод буданду дигарҳо дар оташи ишқи ӯ месӯхтанд. Бале, ҳайрон нашавед, ин ҷавони саҳназеб бо таронаҳои пурсӯзу гудозаш дилҳоро тасхир намуда, мафтуни хеш гардонидааст.

Чун ба Шаҳзод дар мавриди муносибати духтарон гап кушодам, ӯ тааҷҷуб накарда гуфт, ки телефони дастии худаш низ аз дасти мухлисонаш оромӣ надорад.

— Шаҳзод, шумо доираи фаъолияти худро васеъ карданӣ нестед?

— Васеъ намудани доираи фаъолият ва устувор намудани ҳамкориҳо орзуи ҳар як ҳунарманд аст ва ман ҳам аз ин истисно нестам. Ман аллакай дар кишварҳои ҳамсояи ӯзбекистон ва Афғонистон будам.

— Агар имконияти сароянда шудан бароятон даст намедод, кадом касбро интихоб менамудед?

— Шояд рӯй ба тиҷорат меовардам… Вале бовар дорам ба ҳар нафаре, ки истеъдоди овозхонӣ дорад, Худованд мадад мерасонад. Аниқтараш ҳеҷ кас тасодуфан ин ё он касбро интихоб намекунад, балки истеъдод, қобилият ва боварӣ инсонро ба пайраҳаи дӯстдоштааш мебарад.

— Пеш аз ин бо тиҷорат сарукор доштед?

— То имрӯз на!

—  Ба фикри шумо барои сароянда шудан маълумоти мусиқӣ ҳатмист?

— Албатта, зеро тавассути омӯзиш дар макотиби олӣ мо илми мусиқиро назариявӣ аз бар мекунем. Интихоби пайвастаи матну оҳанг ба саҳнабароӣ ва фаъолият дар ансамблҳо таҷрибаи ҳар яки моро пурра мегардонад.

— Шумо хатмкардаи кадом даргоҳи илмӣ ҳастед?

— Ман ҳам Донишгоҳи санъатро ба итмом расонидаму ҳам Консерваторияи миллиро. Дониши худро комил намудан ба манфиати ҳунарманд аст.

— Дар ҳайати кадом даста фаъолият доред?

— Дар ансамбли «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

— Агар студия ё ансамбли шахсии худро кушоед, номашро чӣ мегузоред?

— Шояд «Шаҳзод» мегузоштам…

— Хуб, як лаҳза тасаввур кунед, ки дар дастатон сад ҳазор доллар доред. Бо ин қадар маблағ аввал чӣ кор мекардед?

— Медонед, агар ман ба ин савол ҷавоб диҳам, ки аввал эҳтиёҷи кӯдакони маъюбу бепарасторро бартараф месохтам, шояд шумо гӯед, ки посухи умумӣ додам. Вале бовар кунед, дасти фитодаеро гирифтан барои ҳар мусулмон ҳатмист, ин яке аз рукнҳои мусулмонист. Амали хешро бо хайр оғоз намудан файзу баракатро зиёд мегардонад.

— Барои худатон ягон кор карданӣ нестед?

— Пасон орзуҳои деринаамро дар ҷодаи санъат амалӣ менамудам. Клипҳоямро бо сифати баланд ба навор мегирифтам. Худатон бояд донед, ки барои сабти клип ё сабти як суруд чӣ қадар маблағ сарф мешавад ва барои ҳамин пули зиёд кафили пешравии сароянда дар ҳама ҷабҳа аст.

— Агар шуморо барои зиндагии доимӣ ба хориҷа даъват кунанд, меравед?

— Ҳаргиз! Ман тарки Тоҷикистон намекунам!

— Барои чӣ? Бисёриҳоро шароит рӯ ба гурез овардаасту…

— Ҳама давлат мушкилоти молиявӣ дорад ва фирор аз ватан проблемаи шахсро ҳал намекунад. Дар хориҷа низ на ҳама вақт сатҳи зиндагии одам аъло аст ва на ҳар кас роҳи худро ба пуррагӣ меёбад. Ман бовар дорам, ки дар ҳамин ҷо ҳам роҳи худро меёбам, барои ин фақат вақт лозим аст. Шароит сангин ҳам бошад, ин гузаранда аст. Ба хотир оред, ки миллати мо дар давраи бесарусомониҳо чӣ қадар азиятҳо кашид, вале боз то ба даврони истиқлол омада расидем.

— Шаҳзод, вақте ки садои худро мешунавед, чиро эҳсос мекунед?

— Росташро гӯям, аз баъзе рафторҳои ноҷоям шарм медорам.

— Боз шумо рафторҳои ноҷо низ доред?

— Ман баъзе ҳаракатҳои саҳнавиро дар назар доштам. Ҳангоме ки ҳунарманд дар саҳна мерақсад ё бо мухлисон муошират мекунад, худашро намебинад, вале пасон, вақте ки дар экрани телевизион мебинад, писандаш намеояд ва фикр мекунад, ки чаро ин ё он тавр кардам.

— Аз нигоҳатон шумораи зиёди мухлисонатонро писарон ташкил медиҳанд ё духтарон?

— Фикр мекунам, ки духтарон…

— Аз куҷо медонед?

— Аз зангҳои беисти телефонӣ ва истиқболи гармашон дар чорабиниҳо.

-Хуб, сабаби ин қадар таваҷҷӯҳ кардани духтаронро ба шумо дар чӣ мебинед? Шояд ягон асрор доред?

— Ман ҳанӯз оиладор нестам, шояд аз ҳамин сабаб духтарон нисбатам бисёр кунҷкобӣ мекунанд… Ё шояд мазмуни сурудҳоям ба онҳо писанд меояд. Ба ҳар ҳол ман барои аудиторияи худ мавзӯъҳоеро интихоб мекунам, ки ба дарди дили онҳо созгор меояд, андӯҳашонро сабук мегардонад ва дар хотираҳо то дергаҳ боқӣ мемонад.

— Аз байни онҳо касе изҳори муҳаббат кардааст?

— Нафароне, ки изҳори муҳаббат мекунанд, беҳисобанд. Ман ба мухлисдухтаронам муҳаббати бародарона ҳадя мекунам ва бовар дорам, ки ҳар яки онҳоро дар зиндагӣ ҳаёти хушу осуда ва фарзандони дӯстрӯ интизор аст.

— Аз ягон мухлисатон тӯҳфаи қиммате гирифтаед, ки мавриди истифода қарор гирифтааст?

— Боре як мухлисдухтар бароям мошин тақдим намудан хост, вале қабул накардам.

— Чаро?

— Медонед, агар ман донам, ки мухлисонам маро дӯст медоранд, ҳурмат мекунанд ва ҳар як таронаамро интизорӣ мекашанд, бароям аз ин дида тӯҳфаи қиматтаре нахоҳад буд.

— Бо кадом сарояндаи маъруфи дунё дуэт сароидан мехоҳед?

— Бо Сами Юсуф орзуи сароидани тарона дорам, зеро ӯ овозхони дӯстдоштаи ман аст.

— Шаҳзод, саҳми худро дар сохтмони Роғун гузоштед?

— Албатта, даъвати сарвари давлатамон натанҳо ба дигарон, балки ба сарояндаҳо низ дахл дорад.

— Агар махфӣ набошад, ба кадом маблағ саҳмия гирифтед?

— Инашро гуфтан шарт нест, муҳим он аст, ки ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ва хоҳони ободии ҳар оила саҳми хешро гузоштам.

— Мошини дӯстдоштаатон кадом аст?

— Мерседес.

— Айни замон мошин доред?

— Не, лекин ба наздикӣ боз соҳиби мошин мешавам.

— Барои чӣ боз гуфтед? Оё пештар…

— Ҳайрон нашавед, ман то имрӯз соҳиби мошини «Нисан-Максима» будам, лекин соли гузашта ба садамаи нақлиётӣ дучор шудам. Шукри Худо, аз нафароне, ки дар дохили мошин буданд, касе зарари ҷисмонӣ надид, ҳамаамон зиндаву саломат мондем, вале мошин таъмирталаб гардид.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!