ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

«МАРГИ СОҲИБДИЛ ҶАҲОНЕРО ДАЛЕЛИ КУЛФАТ АСТ»

Падруд, Зулфиқори Азиз!

Зулфикори Азиз

Зулфикори Азиз

Ҳафтаи гузашта, аниқтараш 6–уми май, ситораи саҳнаи сарояндагии тоҷик Зулфиқори Азиз бар асари бемории дил моро падруд гуфт. Вай чанде дар осмони пур ҷилои ҳунар шаъшаапошӣ намуду мисли ситораи зузанаб ба коми шаб фурӯ рафт.

Алоқамандони санъати тоҷик бо номи ӯ ҳанӯз дар нимаи аввали солҳои ҳаштодуми қарни гузашта шиносоӣ пайдо намуда буданд.

Он солҳо, бахусус, ансамбли «Анис» байни мардум хеле овозадор буд. Мардум хуб дарк намуда буданд, ки саҳми Зулфиқор дар ин ансамбли овозадор бештар аст, зеро маҳз вай дар интихоби матну оҳанг бисёртар заҳмат мекашид, ба барномаи ҳунариашон ҳеҷ гоҳ сурудҳои камвазну бепояро роҳ намедод. Ҳамин аст, ки то ҳан ӯ з маҳсули фаъолияти ҳунармандони «Анис», ки аксарият бародаронанд, дар хотирҳои д ӯ стдорони шеъру оҳанг боқ ӣ мондааст.

Албатта, шахсият ва ҳунари воло ҳе ҷ гоҳ аз хотирҳо зудуда намешавад. Амали нек, дониши мукаммал, истеъдоди худовандӣ шахси дорои ҳама ин хислатҳоро байни мардум зинда медорад. Ҳоло бубинем, дар мавриди шахсият ва ҳунари ӯ ҳампешаҳою мухлисонаш чӣ гуфтаниҳое доранд.

Субҳон Саидов – овозхон:

МАЛҲАМЕ БУДУ ДАРМОНБАХШЕ НАДОШТ

-Гарчи ӯ дар сол аз ман хурдтар буд, вале мо қариб дар як давра ба шоҳроҳи санъат қадам ниҳода будем. Кадом як сифаташро гӯям? Ҳунарманди асил буд, ҳама гуна сурудро намесароид, заршинос, дар айни ав ҷ и камолот буд. Барвақт аз бари мо рафт, мегӯянд, ки сактаи дил доштааст. Эҷодкори асил ба дарди мардум ҳамеша малҳам аст, аммо афсӯс, ки ба дарди хеш малҳам намеёбад. Чӣ гӯям, ҳайф шуд охир. Афсӯс, ки ба ҳунармандоне чун ӯ қадршиносӣ намекунему баъд аз рафтанашон оҳу афсӯс мехӯрем, ҳайф шуд…(мегиряд).

Фурқати Саид – роҳбари ансамбли «Шашмақом»:

БИСЁР МЕХОСТ, КИ…

— Ҳунари модарзодии сарояндагӣ дошт. Тақрибан сӣ сол пеш аз ин ӯро мешинохтам. Дар аксари тӯю сур бо ҳамдигар суруд хондаю сӯҳбатҳои гуворое доштем. Бисёр мехост, ки сурудҳои «Шашмақом» — ро ба эстрада дохил намояд, масалан, мисли суруди «То боди сабо».

Симои ҷаззоби саҳназеб, қаду қомат, лаҳни тозааш ба ҳама писанд буд. Пас аз шунидани суруди «Ман наг ӯ ям, ки маро аз қафас озод кунед» — и Аҳмад Зоҳир дар иҷрои ӯ маро имконияти овозӣ ва маҳорати фавқулоддааш аён гашт. Оромтабиатӣ , хайрхоҳӣ , хушсуханию накӯ кориаш ба ҳама писанд афтода буд. Касе, ки дар с ӯ ҳбаташ менишаст, то дергоҳ бо ӯ будан мехост.

Дар деҳа зиндагӣ доштам ва фитаи сабти сурудҳои овозхонони ансамбли «Анис» — ро гӯш мекардам. Аз байни ҳамаи ҳофизони ин гурӯҳ садои ӯ бештар ба қалбам таъсир мекард. Вай ҳамчун овозхони чирадаст ва навовар дар саҳнаи мусиқии тоҷик ном бароварда буд. Афсӯс, ки умр вафо накард. Ному ҳунараш солҳои зиёд дар ёди пайвандону дӯстон ва мухлисонаш боқӣ хоҳад монд. Ёдаш ба хайр бод.

Исматулло Холов – сароянда:

ИНСОНИ ХОКСОР ВА ХЕЛЕ МЕҲРУБОН БУД

— Аз марги нобаҳангоми ин марди асил мутаассир гардидам. Афсӯс, сад дареғ, ки хеле ҷавон рафт. 44 – солагӣ айёми нашъунамои инсон аст. Бахусус, ба ҳамкасб, мухлис ва дӯстдори санъат шунидани чунин хабари шум басо дарднок аст.

Ӯ ро аз соли 1984, ҳангоми дар ансамбли «Суғдиён» фаъолият карданам мешинохтам. Ин қадар ҷавони боодоб, хушсухан, зебо, бо ҳама меҳрубон буд. Ёд дорам, ки ману раҳматии Кароматуллоро ҳамеша бо суханони «Ака», «Акаҷон» садо мекард. Гарчӣ аллакай ном бароварда буд, аммо мисли баъзеҳо кибру ғурур надошт, хоксориро пеша карда буд.

Соли 1985 дар клуби рақами 4 – уми шаҳри Душанбе, дар Фестивали умумииттифоқии ҷ авонон бачаҳои ансамбли мо ҳунарнамоӣ карданд. «Суғдиён» ҳам ба сифати меҳмони кумитаи комсомолии шаҳр иштирок дошт. Дар ин Фестивал ӯ ҳам суруд хонд, ҳама кафкӯбӣ карданд. Дар ёдам мондааст, ки русдухтарон нидо баланд карда буданд: «Самый красивый восточый парень!»

Ӯ шефтаи ҳунари Аҳмад Зоҳир буд. Дар такя ба сурудҳои ин хунёгари бузург як навъ сабки хосаи худро пайдо намуд. Сурудҳояш ба тамоми сокинони манотиқи ҷумҳурӣ як хел хушоянд ва таъсир дошт. Илоҳо ҷояш ҷаннат бошад.

Убайдуллои Каромат – овозхон:

МУРДАН НАМЕХОСТ, АММО…

— Бо ӯ барвақт шинос шуда будам. Ёд дорам, бародараш Достон ансамбли «Анис» -ро таъсис дода буду бародарон — Зулфиқору Абӯбакр, Қайсиддину Вайсиддин ба эҷоди суруду мусиқӣ сахт камар баста буданд. Вай дар аввалҳои фаъолияти эҷодиаш бо аккордеон бештар аз сурудҳои Аҳмад Зоҳир мехонд. Дар чанд маҳфил, хурсандиҳои мардум бо ҳам иштирок карда будем. Намунаи баланди одамият дошт, ҳеҷ гоҳ бадгӯ иашро дар ҳаққи касе нашунида будам. Суруде мехонд, ки тақрибан ҳамин хел ибораҳо дошт: «касе мурдан намехоҳад, агар ӯ дар сари дор аст».

Бори охир бо ӯ тақрибан як моҳ пеш вох ӯ рда будам, хушҳол менамуд. Оре, ӯ ҳам мурдан намехост, аммо аҷал амонаш надод. Илоҳо, хонаи охираташ обод бошад.

Саидиброҳим Рауфов – мухлиси овозхон, сокини ш. Душанбе:

Ӯ ДАР ҲУНАРИ ХУД ТАСОДУФӢ НАБУД

— Шунидани сурудҳои ӯ дилро таскин мебахшад. Ҳамеша аз садоқат, ишқ, муҳаббат ва одамият қисса мекунанд. Ҳамаи сабти сурудҳояшро бо худ дорам ва хуб дарк намудаам, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бедард насароидааст. Барномаи сурудҳояш беҳадаф тарҳрезӣ нашуда будаанд. Сурудҳояш «Баҳор асту ба тоқи хонаи ман», «Манижа», «Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед», «Аз ёдат ман бирафтам» ва ғайра бори дигар исбот намуд, ки ӯ воқеан ҳам, дар ҳунари худ тасодуфӣ набудааст. Боварӣ дорам, ки мухлисони дигар низ чун ман акнун ба қадри сурудаҳои ӯ бештар мерасанд ва сабти сурудҳо – дискҳои ӯро ҷамъоварӣ мекунанд.

Оре, «Марги соҳибдил ҷ аҳонеро далели кулфат аст». Даргузашти Зулфиқори Азиз барин сарояндаи шинохтаю пурҳунар дилҳои мардуми суханшунавро реш – реш гардонд. Аммо дар баробари ин, ҳунару маҳораташ номи ӯ ро боз ҳам дар байни дӯстдорони ҳунараш азиз хоҳад дошт.

Ҳотами Ҳомид, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!