ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МИҶГОНА: «БА ФАРЗАНДОНАМ НОМҲОИ ЗАМОНАВӢ МЕГУЗОРАМ»

Мичгона Хакимова

Мичгона Хакимова

Миҷгона Ҳакимова, фикр мекунам, ки ин ном ба шумо хонандагони азиз ошност ва ҳоҷат ба муаррифӣ надорад, зеро ин бонуи ҳунар хеле ҷавон бо таронаҳои шӯху нақшҳои ҷолиб, ҳусни Худододу рақсҳои мавзунаш мухлисони зиёдро ба даст овардаю эшонро мафтун кардааст.

Ӯ чунон ширин месарояд, ки шунаванда худро қаҳрамони сурудаш мешуморад ва фикр мекунад, ки Миҷгона аз дарди дилаш бохабар асту маҳз ба хотири ӯ тарона замзама дорад. Дар асл Миҷгона худ ошиқ аст, бале, ошиқ ба Ватан, ошиқ ба модар, ошиқ ба суруду тарона, ошиқ ба зебоӣ , ошиқ ба олами ҳунар, ошиқ ба ин дунёи зебо…

Ӯ ҳанӯз наврас ба санъати овозхонӣ ошиқ гаштаю рӯ оварда, ки дигар наметавонад дил канад. Мекӯшад, то баҳри мухлисонаш, баҳри дӯстдорони ҳунараш ҳамеша таронаҳои шӯх ва пурмазмун пешниҳод созад. Миҷгона дар баробари суруд хондану дили як қатор мухлисонро тасхир намудан, боз саъю кӯшиши зиёд мекунад, то аз ӯ ҳдаи нақшофарӣ дар филмҳо ба хубӣ барояд. Агар ӯро дар ин ҷода низ бонуи муваффақ гӯем, шояд хато накунем, зеро аз ӯҳдаи иҷрои нақш аллакай дар филми «Иштибоҳ» баромадаю боз дар якчанд филми дигар нақш бозидааст. Cӯҳбате доштем атрофи кору фаъолият ва рӯзгори ин гулдухтари ҳунар, мутаваҷҷеҳ бошед.

— Миҷгона, хуш омадед ба идораи мо.

— Ташаккур.

— Айни замон ба чӣ корҳо машғулед?

— Барои супоридани имтиҳонҳои давлатӣ омодагӣ дида истодаам. Баъдан, ба наздикӣ филми нави коргардон Ҳалим Сангинов, аз рӯйи асари Ҷумъа Қуддус бо унвони «Арӯси хаппак» наворбардорӣ шуд, ки банда дар он нақши асосиро бозидам, яъне арӯси хаппакро.

— Ҳоло донишҷӯед?

— Бале.

— Куҷо таҳсил мекунед?

— Дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

— Магар барои як нафар ҳам таҳсил намудан, ҳам эҷоди суруду оҳанг ва ҳам дар филмҳо нақш бозидан душвор нест?

— Рости гап, ҳанӯз хурд будам, аниқтараш се сола будаму ба санъати овозхонӣ, рақс, суруду мусиқӣ ва олами синамо меҳру муҳаббати беандоза пайдо кардам, ки ҳоло як лаҳзаи зиндагиамро беин ҳама тасаввур карда наметавонам. Фикр мекунам, ки ман барои санъат, барои саҳна ва барои суруд хондану дили мухлисонамро тасхир намудан ба дунё омадаам. Ҳаётам бе суруду мусиқӣ, бе рақс ва бе иҷрои нақш дар филмҳо маънӣ надорад. Инчунин бояд гӯям, ки вақте инсон пешаи интихобкардаашро дӯст медорад, барои вай ҳеҷ мушкилие пеш намеояд.

— Метавонед дар бораи филми «Арӯси хаппак» ба хонандагони ҳафтавори мо нақл кунед?

— Дар филм ҷавоне духтареро дӯст медорад, вале модараш барои издивоҷи онҳо розигӣ намедиҳад. Ҳарчанд модари ҷавон мехост духтари як хеши наздикашро ба писараш келин кунад, вале ҷавон розӣ намешавад. Хуллас, ӯ пас аз кӯшишҳои зиёд ба мақсадаш мерасад, яъне бо духтари дӯстдошташ хонадор мешавад. Зиндагии онҳо бо меҳру муҳаббат ва бо хушнудӣ оғоз мегардад, вале ин дер давом намекунад. Арӯс тамоми корҳои хонаро сари вақт ба сомон мерасонад, аммо ҳеҷ ба хушдоман писанд намеояд ва ҳар лаҳзаю ҳар дақиқа аз ӯ танбеҳу сухани сард мешунавад. Оқибат модари ҷавон ба ӯ шарт мегузорад, ки: «Ё ман ё занат!». Арӯс ин суханонро шунида, аз хона баромада меравад, аммо азбаски ҷавон ҳамсарашро дӯст медорад наметавонад аз ӯ дил канад. Дигар давомашро нақл намекунам, бигзор аз филм тамошо кунанд.

— Миҷгона, агар хушдомани ояндаатон мисли филм ба ҳар коратон эрод гирад, пас хафа шуда, аз хона баромада меравед ва ё тоб меоред?

— Кӯшиш мекунам, ки хушдоманамро мисли модари худам дӯст дораму эҳтиром кунам. Агар ба ҳама корҳоям эрод гирад ҳам, чизе намегӯям, баръакс, ҳаракат мекунам, ки оянда ислоҳ шавам. Аслан, чӣ тавр мешавад, модареро, ки шахси дӯстдоштаи маро ба дунё овардааст, чашми дидан надошта бошам? Охир ӯ модар аст, новобаста ба ҳама гуна рафтораш ман ҳамчун келин ва ҳамчун ҳамсари ҷигарбанди ӯ вазифадорам, ки ҳардуро эҳтиром кунам. Зиндагии ҳаррӯза паси сар мешавад, дар баробари ҳамин характерҳо ҳам тағйир меёбанд. Барои ҳамин ҳам ҳеҷ гоҳ аз муомилаи хушдоман хафа нахоҳам шуд.

— Миҷгона, нияти оиладор шудан надоред?

— Ҳоло не, чунки барои зиндагии мустақилона омода нестам.

— Агар шавҳари ояндаатон шарт гузорад, ки аз баҳри санъат гузаштан даркор, пас оиларо интихоб мекунед ё саҳнаро?

— Албатта, оиларо. Охир, ҳеҷ чиз ба оғӯши гарми оила баробар шуда наметавонад.

— Шавҳари ояндаатонро чӣ гуна дидан мехоҳед?

— Мехоҳам ӯ ҷавони бомаърифат, бомаданият, бофарҳанг бошад ва дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ маро фаҳмад, ба қадрам расад ва дӯстам дорад.

— Дӯстдошта доред?

— Не.

— Наход?

— Бовар намекунед?

— Не.

— Рости гапро гӯям, то ҳол ҷавони ба худ муносиб ва дорои хислатҳои дар боло зикрёфтаро пайдо накардаам, ки ба ӯ дил диҳам ва дӯсташ дорам.

— Агар чунин ҷавон пайдо шаваду Шумо издивоҷ кунед, пас чанд фарзанд доштан мехоҳед?

— Чор фарзанд, ду духтару ду писар.

— Агар Худо ба Шумо ду духтару ду писар диҳад, пас ба онҳо чӣ ном мегузоред?

— Аниқ фикр накардаам, вале ба фарзандонам номҳое мегузорам, ки замонавӣ бошанд.

— Миҷгона, дар ҳоле ки касеро дӯст надоштаеду ишқ боре меҳмони қалбатон нашудааст, пас чаро дар сурудҳоятон шикоят аз ишқу ошиқӣ мекунед?

— Муаллифи шеър дар мисоли «ман» — и худ метавонад тамоми шахсонеро ки ин сурудро месароянд, дарди дили худро изҳор мекунад. Ман низ ҳамчун як нафар сароянда онро иҷро кардаам. Шояд каси дигар ҳам мисли ман онро месарояд, вале шояд дар дилаш аз ишқу муҳаббат чизе надорад. Барои ҳамин ҳам, ин як чизи муқаррарӣ аст, ки ҳама медонанд.

— Дар филми «Иштибоҳ», ки Шумо нақш бозида будед ба хотири пулу мол аз баҳри ҷавони дӯстдоштаатон гузаштед, оё дар зиндагии воқеӣ низ ҳамингунаед?

— Хайр он филм буд ва ман танҳо образи ҳамон қаҳрамонро нишон додам. Дар зиндагии воқеӣ ман тамоман шахси дигар ҳастам. Агар ман ба образ наздик шуда бошаму тамошобин ҳамчун нафари пулу мол дӯстдор қабул карда бошад, пас ин бурди ман аст. Яъне ман тавонистам симои қаҳрамонро нишон диҳам. Дар асл банда тамоман шахси дигар ҳастам.

— Миҷгона, оянда аз рӯйи ихтисосатон кор карданиед ё ин ки дар санъат мемонед?

— Ҳар як шахс бояд ҳуқуқҳои худро донад. Банда касби ҳуқуқшиносиро барои он интихоб кардаам, ки ҳангоми ба мушкилӣ дучор омадан дар баробари дигарон худамро низ ҳимоя карда тавонам. Имрӯз дар ҷомеаи мо ҳуқуқвайронкунӣ хеле зиёд ба назар мерасад. Алалхусус, дар ҷодаи санъат нотавонбинию ҳасудхӯрӣ зиёд аст. Ҳамин аст, ки дар ҷомеаи мо дар аксари соҳаҳо пешравиҳо кам ба назар мерасад, агар мо мардонавор истеъдод, комёбӣ ва пешрафти якдигарро эътироф кунем, норасоӣ ё камбудии дӯстамонро, холисона ба хотири муваффақияти минбаъдаи ӯ гуфта тавонем, ин аз одамияти мо дарак медиҳад. Афсӯс, ки аксар вақт ғайбат мекунему дар ғоиби кас ӯ ро паст мезанем.

— Оянда чӣ нақшаҳо доред?

— Нақша дорам, ки консерти алоҳидаи худро ташкил кунам ва бо таронаҳои тару тозаам мухлисонамро шод гардонам.

— Барои сӯҳбат як ҷаҳон ташаккур.

— Зинда бошед!

Сӯҳбати Меҳрафрӯз Неъмонзода,

«Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Mexron:

    bovar ku chixele ki da film bozi kaday anamixe da zindagii i gapora ya odame da bugu ki nawinosa nadonata !!!!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!