ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМИ ТОҶИДДИН: «МЕХОҲАМ ПАҲЛӮЯМ МАРДЕ БОШАД, КИ…»

Шабнами Точиддин

Шабнами Точиддин

Ҳоло шавҳари собиқам оилаи обод дорад, вале ҳамеша аз ҳолу аҳволи писараш хабар мегирад. Хулоса, ҳардуямон роҳи зиндагии хешро ёфтаем, аммо аз ин рафтори мо хешу табор норозианд ва риштаи дӯстии мо низ кандааст. Мабодо дар ягон маърака волидонамон рӯ ба рӯ шаванд, ба ҷуз салому алайк дигар дар бораи чизе сӯҳбат намекунанд, гӯё бегонаанд.

Барои ҳамин ҳам, бо хешу табор хонадор шудан хуб нест, зеро агар рафту миёни ду ҷавон нофаҳмӣ ба вуҷуд ояд, пас ҳам оила вайрон мешаваду ҳам хешутаборӣ барҳам мехӯрад. Эҳтимол ҳамин ҷиҳатҳоро табибону равоншиносон ба инобат гирифта, ба дигарон талқин менамоянд, ки аз никоҳи хешутаборӣ худдорӣ намоянд, мегӯяд Шабнам.

Чанде пештар як хонандаи доимии мо мактуб фиристода, хоҳиш карда буд, ки дар бораи кору зиндагии Шабнами Тоҷиддин маълумоте пешкаш намоем. Хоҳиши ин хонандаамонро ба инобат гирифта, ба ҷустуҷӯи Шабнам рафтем ва ӯро побанди корҳои эҷодӣ пайдо намудем.

— Шабнам, хаста набошед!

— Ташаккур!

— Оё хабар доред, аз овозаҳое, ки…

— Бале, ҳанӯз ман ҳафтаворро нахонда будам, ки дӯстону наздиконам занг зада, пурсиданд, дар куҷоям ва чӣ ҳол дорам? Банда ҳамаи онҳоро таскин додам, ки ба ман ягон воқеае рух надодааст. Ба тамоми мухлисонам мерасонам, ки ба ман ягон ҳодиса рух надодааст ва мисли пештара фаъолиятро идома дода истодаам, кӯшиш мекунам, ки беҳтарин таронаҳоро омода ва пешкаши дӯстдорони савту наво гардонам.

— Хеле хуб Шабнамбону. Ростӣ , аксари мухлисонатон ба мо зангзада, хоҳиш мекунанд, ки дар бораи ҳаёти оилавии Шумо ба эшон маълумоте диҳем…

— Агар мухлисони ман дар бораи зиндагиам маълумот гирифтан мехоҳанд, пас ман зид нестам, марҳамат ҳар чизе мепурсед, омодаам ҷавоб диҳам, зеро сирри махфие надорам.

— Аз рӯйи шунидамон шумо бо писарамакатон оиладор шудед… Чӣ хеле, ки маълум аст, аз нуқтаи назари тиб издивоҷ намудан бо хешу табор номумкин аст…

— Воқеан, дуруст аст, ки банда бо писарамакам хонадор шуда будам. Баъдан аз таъкидҳои табибон низ огаҳӣ дорам, ки аз чунин издивоҷ кӯдакони бемор ё но қисулақл тавлид мешаванд, вале шукри Офаридгор писарам ақли расо дорад ва ҷисман ҳам тандуруст аст. Агар бигӯям, ки ақли ӯ аз ман бештар аст хато намекунам, зеро зеҳни тез дорад ва ҳозир ҷавоб аст, ки ин нишонаи солимист.

— Умуман, назари Шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?

— Мардуми мо бар он назаранд, ки аз бегона дида бо худӣ қудошавӣ беҳтар аст, вале ман ин ақидаро қабул надорам, баръакс, бегона хуб аст. Издивоҷи хешутаборӣ оқибати хуб надорад. Масалан, агарчӣ фарзади мо солим ба дунё омада бошад ҳам, зиндагии якҷояи мо дер давом накард. Ҳеҷ кас ба ҳаёти оилавиамон дахолат накардаю садди роҳ нашуда буд, вале азбаски миёни мо якдигарфаҳмӣ набуд, оилаамон рӯ ба вайронӣ овард.

Ҳоло шавҳари собиқам оилаи обод дорад, вале ҳамеша аз ҳолу аҳволи писараш хабар мегирад. Хулоса, ҳардуямон роҳи зиндагии хешро ёфтаем, аммо аз ин рафтори мо хешу табор норозианд ва риштаи дӯстии мо низ кандааст. Мабодо дар ягон маърака волидонамон рӯ ба рӯ шаванд, ба ҷуз салому алайк дигар дар бораи чизе сӯҳбат намекунанд, гӯё бегонаанд. Барои ҳамин ҳам, бо хешу табор хонадор шудан хуб нест, зеро агар рафту миёни ду ҷавон нофаҳмӣ ба вуҷуд ояд, пас ҳам оила вайрон мешаваду ҳам хешутаборӣ барҳам мехӯрад. Эҳтимол ҳамин ҷиҳатҳоро табибону равоншиносон ба инобат гирифта, ба дигарон талқин менамоянд, ки аз никоҳи хешутаборӣ худдорӣ намоянд.

— Оё нияти дубора оила барпо карданро надоред?

— Албатта, ният дорам. Охир, худ қазоват кунед, кадом зан мехоҳад, ки паҳлӯяш мард набошад, кадом зан мехоҳад, ки дар зиндагӣ ҳамрозу ҳамнафас ва муттако надошта бошад? Ҳеҷ кас! Барои ҳамин ҳам, банда дар баробари касбу кор доштан боз мехоҳам оилаи ободу зиндагии тинҷ дошта бошам, паҳлӯям марде бошад, ки дар ҳама ҳолат маро фаҳмад, дастгириам кунад, пеш аз ҳама нисбатам меҳр дошта бошад.

— Аслан якафарзандон хеле эрка ба воя мерасанд, писари шумо чӣ…?

— Албатта, ба ҳама маълум аст, ки модар ҳамеша нисбат ба фарзанд ғамхору дилсӯз аст, аммо банда дар баробари навозишу меҳрубонӣ , мудом ба рафтору гуфтори писарчаам аҳамияти ҷиддӣ медиҳам. Ӯро водор месозам, то дарсҳояшро сари вақт иҷро кунад, бо писарони бадрафтор дӯстӣ накунад, калонсолонро эҳтиром намояд, хулоса, нисбат ба ояндаи ӯ бетарафу бепарво нестам.

— Фарзандони аксари овозхонҳо оянда санъаткор мешаванд…

— Ҳеҷ гоҳ кӯ шиш намекунам, ки ягона фарзандам ба суруду мусиқи рӯ биёрад, зеро санъат нозукӣ ва мушкилиҳои зиёде дорад. Ҳатто ба писарчаам имкон намедиҳам, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ барномаҳои консертиро тамошо кунад, зеро ҳоло барои ӯ вақти хондану илм омӯхтан аст, на гӯш кардани суруду мусиқӣ . Мехоҳам писарам мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, оянда соҳиби касби хубе шавад, то дар ҷомеа саҳм гузорад.

— Баъзе ҷавонон баробари хонадор шудан дигар намехоҳанд бо волидонашон зиндагӣ кунанд. Агар рафту ҳамин ҳолат ба шумо рух ди ҳад, пас чӣ кор мекунед?

— Фикр мекунам, ки аз ман хушдомани ганда намебарояд, вале агар келину писарам зиндагии алоҳида хоҳанд, зиддият нишон намедиҳам, муҳим он ки онҳо хушбахт бошанд.

— Шабнам, ба фикри шумо дӯст дошта хонадор шудан хуб аст ё бо интихоби падару модар?

— Фикр мекунам, ки ҷавонон якдигарро дидаю омӯхта ва дӯст дошта издивоҷ кунанд, хубтар аст, зеро ҳангоми вохӯриҳо эшон ба феълу рафтори якдигар шинос шуда, дар зиндагӣ он қадар ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ намегарданд. Баъдан боварӣ дорам, ки падару модар низ дар интихоби келин ё домод хато нахоҳанд кард, онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки барои фарзандашон ҷуфти муносиб ёбанд. Охир, кадом волидайн бадбахтии фарзандашро мехоҳад? Барои ҳамин ҳам, агар ҷавонон дӯстдошта дошта бошанд, бигзор бо азизи дили хеш хонадор шаванд, агар на, пас интихоби ҳамсарро ба падару модар гузоранд.

— Кадом хислити мардро меписандед?

— Оқилу шуҷоатманд буданашро. Мардеро, ки занашро дӯст медорад, ба қадраш мерасад, ба ӯ хиёнатро раво намебинад, дар ҳама ҳолат ҳамдарду ҳамроз ва ҳам қисматаш аст, дӯст медораму эҳтиром мекунам. Зан мисли гул нозук аст, ки агар мард ӯро парасторӣ кунаду сухани ширин гӯяд, мешукуфад, зебо мешавад, аммо як сухани сарди мард метавонад ӯро дар як муддати хеле кӯтоҳ харобу хазон ва паҷмурда гардонад. Барои ҳамин ҳам, мардонеро, ки ҳамеша занҳои азизашонро бо суханони ширину навозишу меҳрубонӣ мепарастанд, дӯст медорам.

— Дар зиндагӣ аз чӣ метарсед?

— Аз хиёнати дӯст ва аз даст додани шахси наздикам сахт метарсам. Комилан андешаи ин чизҳо маро ба ваҳм меорад.

— Рӯзҳои истироҳатро чӣ гуна мегузаронед?

— Бо модару писарам ба ягон ҷои хушобу манзара ба сайругаш меравем, баъдан китобу рӯзнома мутолиа менамоям, мусиқӣ гӯ ш мекунам…

— Кадом рӯзномаҳоро мутолиа мекунед?

— Рӯзномаҳоеро, ки бештар мавзӯҳои оилавиро дар бар мегиранд. Масалан, «Зан ва мард», «Муҳаббат ва оила», «Оила» ва монанди инҳо.

— Дар поёни сӯҳбат чӣ гуфтании дигар доред?

— Ба ҳамаи шумо, пешравию бурдборӣ ва хонаодобӣ таманно дорам. Тансиҳат бошед.

Мусоҳиб Гулҷаҳон Хоҷаева, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!