ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГОРА: «НОҲАҚИЕРО НИСБАТАМ РАВО БИНАНД, ДИЛОЗУРДА ХОҲАМ ШУД»

Нигора Холова

Нигора Холова

Номи ин се нафар ҳунармандони як оила, яъне Исматулло, Суруш ва Нигора кайҳост, ки дар байни хурду калон ошносту маҳбубияти зиёде дорад. Воқеан ҳам, Худованд ба Нигора лутфро арзонӣ доштаву ҳанӯз аз овони кӯдакӣ овози фораму лаҳни ширине ато намудааст. Нигора ба ҷавониаш нигоҳ накарда, сабку услуби ба худ хосе дорад.

Ва дар олами ҳунар мавқеи худро ёфтааст ва бе санъат зиндагии худро тасаввур карда наметавонад. Суруд маънои зиндагиаш аст. Вай ҳанӯз ҳам, худро дар олами афсонаҳои зебои кӯдакӣ тасаввур мекунад, зеро хеле ҷавон аст. Бо вуҷуди ҳамаи ин Нигора як нафар духтари хоксору меҳрубонест. Ботамкинона сухан мегӯяд. Кибру ғурур барояш бегона аст.

Таърихи як суруд

-Мушаррафа Шарифзода корманди Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллӣ ба мо занг зада, хоҳиш намуданд, ки ҳамин пагоҳ тариқи оинаи нилгун як духтараки нозанине бо як лаҳни хеле ширин суруди «Ҷода холӣ »-ро сароиду маро мафтуни худ гардонд. Мехоҳам дар бораи ин духтари соҳибистеъдод маълумоте дошта бошам. Таърихи пайдоиши он суруди зеборо мегуфтед?


— Ин суруд моли Амирҷон Сабурӣ — ҳ унарманди афғонтабори Тошканд аст, ки мо бо он кас мулоқот доштем. Ман дугонаҳои афғон дорам ва соле як маротиба онҳо меҳмони Тоҷикистон мешаванд. Як навбат фитаеро оварданду хоҳиш карданд, ки сурудеро аз эҷодиёти ин ҳунарманди хушсалиқа интихоб намоям. Ба ман бештар ин суруд писанд афтод ва мебинам, ки дар дили мухлисон низ ҷой гирифтааст.

Исматулло Холов: — Шоири шинохта Муҳаммад Ғоиб гуфтанд, ки Нигора ин сурудро хеле олӣ иҷро кард ва метавон онро моли худи ӯ номид. Мисли он ки суруди «Эй сорбон» -и Саъдиро чандин нафарон сароида буданд. Вақте Зафар Нозимов онро беҳтар аз ҳама иҷро кард, он ба дили мардум хеле наздик гардид ва ҳама онро имрӯз чун моли ӯ эътироф мекунанд.

Мавҷудабону Аюбова — модари Нигора: — Барои ин суруд хеле зиёд занг мезананд. Форсизабонҳо аз Канада, Вашингтон ва Эрон занг зада қаноатмандию миннатдории хешро баён месозанд. Ба воситаи ровии хушсадо Мунира Ҳакимова низ паёмҳои зиёд омада расиданд. Дар як хобгоҳи 9 қабатаи донишҷӯёни Эрон дар тамоми қабатҳо ҳамеша ин сурудро гӯш мекардаанд.

— Нигора, шумо донишҷӯед?

— Имсол ният дорам, ки ба Консеравторияи миллӣ дохил шавам.

— Нигора, ба фикри шумо ба як нафар бонуе, ки дар ҷодаи ҳунар муваффақ аст, боз аз ҳунарҳои дигари кадбонугӣ бархурдор буданаш шарт аст?

— Бале, барои ҳар як бону новобаста аз он ки ӯ шомили кадом ҳунар аст, аз ӯҳдаи корҳои рӯзгордорӣ баромадан, ба фоидаи худи ӯ аст. Ӯ бояд тамоми корҳоеро, ки ба анҷом мерасонад, бо як муҳаббати махсус ва аз таҳти дил иҷро кунад.

Лаҳзаҳои нотакрор

— Лаҳзаи фаромӯшнопазири зиндагиатон?

— Чунин лаҳзаҳо дар зиндагии ман зиёданд, аммо яке аз онҳо дар хотирам хеле хуб нақш бастааст. Боре дар яке аз боғҳои кӯдаконаи шаҳри Маскав як рӯз пеш аз ҷарроҳӣ сайргушт мекардем. Ба ногоҳ як хонуми зебоандоми хушлибос, тоҷик будани моро фаҳмида ҳамсӯҳбат гардиду тамоми ин шаҳри бузургро бо автомашинаи шахсиаш тамошоямон дод. Пагоҳ ба гуфти модарам рӯи ҳавлии бемористон то анҷоми ҷарроҳӣ ҳамроҳи наздиконам беқарорӣ доштааст ва чандин маротибаи дигар ба аёдатам омад, ҳол он ки баъзан шахсони наздик аз дарди кас огоҳ намешаванд.

Як зани тамоман ношиноси тоҷики муқими Русия моро дастгирӣ карду дилбардорӣ намуд. Баъди чандин муддати ин воқеа дар Кохи Борбад дар рафти консертам дари утоқи ороиширо касе кӯфту иҷозати даромадан хост. Нигоҳ кунам холаи Нисоям бо дастагули бузурге дар рӯзи хурсандиям низ шарикшавӣ омада буданд. Ман ин зани меҳрубону дилогоҳро ҳеҷ гоҳ наметавонам фаромӯш созам, мисли як инсони хеле ба дил наздикам.

— Ба шумо амалҳои махсуси замона ба мисли ҳасудхӯрию нотавонбинӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?

— Албатта, чунин хислатҳои тоҷикона, ки баъзан дар байни санъаткорон низ вомехуранд, касро рӯҳафтодаву хаста месозанд, аммо ман ҳаволаи ҳамаи дилозоронро ба Худо месупораму ба онҳо баробар намешавам. Беҳтараш вақти худро барои ягон амали зарурӣ сарф мекунам.

— Агар шахси оҷизу нотавонеро бубинед, чӣ гуна ҳиссиёт шуморо фаро мегирад?

— Дилам ғамгин мешавад ва мехоҳам андаке бошад ҳам ӯро дастгирӣ намояму тасалло диҳам.

— Боз кадом рӯйдоди нохуш дили шуморо ба фиғон меоварад?

— Вақте ки як ҳунарманд дар айни авҷи ҳунараш садҳо орзуву ҳавас дар дил дунёро тарк мегӯяд. Марги бармаҳали ҳунарманди шинохта Зулфиқори Азиз дили ҳамаи санъаткоронро пора кард. Умуман, ноҳақиеро нисбатам раво бинанд, дилозурда хоҳам шуд.

— Беҳтарин хислати ҳунарманд кадом аст?

— Албатта, хоксорӣ ва ҳунари дигаронро низ қадр карда тавонистан.

— Бузургтарин бахт барои як бонуи ҳунарманд чист?

— Пеш аз ҳама писандидаи мардум будан барои ҳунарманд бахти баланд аст. Инчунин оилаи обод барпо намудану фарзандони боадабу босавод тарбия кардан ҳам барои зан-мардуми ҳунарманд бахти бузург аст.

— Як нафар муаллимаи коллеҷи касбӣӯзандагии пойтахт Мавҷудабонуи Мӯсо мепурсанд, ки Нигора Холова дар оянда мехоҳад шавҳари аз аҳли ҳунар дошта бошад ё дур аз он?

— Аввал ин ки интихоби шавҳар дар оилаи мо вазифаи волидон аст. Баъдан фикр мекунам, ки шавҳари ояндаам аз аҳли санъат набошад хубтар аст.

— Нозбардоре доред?

— Модарам дугонаи беҳтарину нозбардорам мебошанд. Худо ҷон, илоҳо ҳаргиз сари модарам дард накунад, ки беҳад зиёд моро парасторӣ мекунанду бароямон азият мекашанд ва дар ҷодаи санъат низ барои ману бародарам як дастёри беминнате ҳастанд. Ҳамеша орзуи онро дорам, ки падару модар чун соябон дар сарамон бошанд ва ҳаргиз дарду доғеро набинанд.

-Духтари зудранҷед?

— Бале, зудранҷам, лекин хислати гуноҳи касро бахшиданро низ дорам. Яъне зуд меранҷаму зуд мебахшам.

— Шуморо пайравӣ карда, сурудҳоятонро сароянд, бароятон писанд аст?

— Бале, дирӯз як зан аз ноҳияи Шаҳритуз ҳамроҳи духтарчаашон омада буданд ва он духтарак мухлиси ашадии ман будаасту чандин сурудҳои маро бо рақсаш бароям иҷро кард. Бовар кунед, баъд аз шунидани сурудҳоям аз забони ширини он наврас табъам болида гашт.

— Фаҳмидам, ки ба наздикӣ ба шаҳри Панҷакент сафар доштед? Бо чӣ таассурот баргаштед?

— Бо ибтикори ширкати мобилии МЛТ бахшида ба рӯзи Иди Ғ алабаи Бузург дар майдони варзишии ин шаҳри қадима дар назди пиру ҷавон ҳунарнамоӣ кардем. Истиқболи гарми мардуми Панҷакент бароямон гуворо буд. Пиру ҷавон ҳама санъатдӯсту ба қадри аҳли ҳунар мерасидаанд.

— Саломат бошед Нигорабону! Таманно дорем, ки ба тамоми орзуҳои дилатон бирасед ва ҳамеша бо сурудҳои навтарини худ хотири мухлисонатонро болида гардонед!

— Ташаккур!

Давоми сӯҳбат бо Нигора Холова Суруш ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд

— Дар Панҷакент мо асосан ният доштем, ки ҷанговаронро дар рӯзи Ғ алаба бо таронаҳои хеш таҳният гӯем. Ба ин ҳадафи хеш расидем. Дар он консерти бузург, ки бо кӯшиши яке аз ширкатҳои машҳури Тоҷикистон МЛТ баргузор гардид, мо тавонистем ҳам калонсолон ва ҳам ҷавонҳоро аз худ ризову қаноатманд гардонем. Истиқболу меҳмоннавозии ҳам ҳукумату ҳам мардуми оддии ин диёр моро мафтун намуд. Пиру ҷавон санъатро дӯст медоштаанд ва бори дигар ташрифи моро пешниҳод карданд.

— Сурушҷон, баҳорро фасли ишқ мегӯянд, шумо боре ошиқ шудаед? Умуман, бо ишқ хонадор шуданро меписандед?

— Албатта, ишқ ҳиссиёти ҷигарсӯзест. Инсонро зебо мегардонад ва зиндагиро ширину гуворо месозад, аммо то ҳол ман ба ишқи ҳақиқӣ дучор нагаштаам. Интихоби ҳамсарро бошад, ба падару модарам месупорам, зеро онҳо таҷрибаи бойи ҳаётӣ доранд ва боварӣ дорам, ки онҳо дар интихоби арӯси ояндаи ман хато нахоҳанд кард.

-Барои шумо матни сурудҳоятонро падаратон интихоб мекунанд?

— Мо бо шоирони шинохтаи тоҷик устод Муҳаммад Ғоиб ва Нуруллои Ориф ҳамкории эҷодӣ дорем ва онҳо дар интихоби шеърҳои олӣ ба мо кӯмак мерасонанд.

-Шумо бо Нигора зиёд баҳс мекунед, ё ки байни шумоён рақобате вуҷуд дорад?

— Не, Худо нишон надиҳад рақобати акаву хоҳарро. Мо умуман баҳс намекунем. Дар бораи суруду оҳанг бошад, аҳли оила, ҳатто модарам ба мо маслиҳат медиҳанд.

— Саломат бошед.

Сӯҳбаторо Шаҳрбону Тошева, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

4 комментария

  1. Hello,
    Thank you for the page about Nigora Holova (though
    I can’t understand a single word).
    She has amazing talent and i’d like to share an info on how to support and develop vocal by means of Chinese and Su-Jok medicine.

    There’s very simple but effective work with acupuncture points,
    which she can do herself.
    There’s a lot of subjects covered there, if you can pass this info
    to her somehow, this would be great.
    Thanks,

  2. илтимос илочаш бошад бисёртар сухбат кунед ман дар бораи нигора маълумоти бисёр донистанро мехохам нигора зеби санъати точик хастед

  3. салом ба кули мардуми шарфи точикистон

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!