ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЯК НИГОҲ БА ҶАДВАЛИ САФАРҲОИ ҲУНАРИИ ҶОНИБЕК МУРОДОВ

Чонибек Муродов

Чонибек Муродов

Як нигоҳ ба ҷадвали сафарҳои ҳунарии Ҷонибек Муродов кофист, ки кас ба ҳайрат афтад. Моҳи гузашта ў ду консерт дар Амрико дошт ва ҳоло он ҷо бар иловаи Канада боз панҷ барномаи дигар дорад. Сафари Ҷонибек таҳти унвони «SuperStar Tour 2010» дар ҳамроҳӣ бо ситораҳои писандидаи эстрадаи Осиё то 12-уми июн идома ёфта, консертҳояш дар Вирҷиния, Лонг-Айленд, Аранҷ Каунти, Фремонте, Ванкувер ва Торонто дар назар аст. Дар пайи ин 5 консерти дигар дар Аврупо хоҳад дошт.

Ҷонибек, шуморо дар аснои сафари Амрико дарёфтем. Он чанд муддат тўл мекашад?

— Ба наздикӣ аз Амрико баргашта будам. Ба муносибати ҷашни Наврўз дар шаҳрҳои Санта-Клара ва Небраска консертам баргузор шуд. Даҳ рўз барои истироҳат доштам, тасмим гирифтам, то оғози силсилаконсертҳои тобистона назди аҳли оила бошам. Ин сафар то охири моҳи июн тўл мекашад.

— Ҳамроҳи шумо ягон овозхони дигар ҳаст?

— Бале, ин сафари ҳунарии ману Ғазал, овозхони афғон аст ва моро сарояндагони афғон Адибу Самин ва Мадина, як овозхони тоҷики муқими Маскав ҳамроҳӣ мекунанд.

— Ташкили барномаҳо дар хориҷа хеле маблағи зиёд металабад. Ҷанбаи молиявии консертҳои шумо ба зиммаи кист?

— Пардохти хароҷот ба ўҳдаи ширкатҳои консертӣ аст. Айни замон сарпарасти кулли консертҳои мо дар Аврупову Амрико ширкати «Oftob Madia-group» аст. Ин як ширкатест, ки консертҳои ҳунармандони афғону эронӣ ва тоҷикро баргузор мекунад.

— Солҳои 70-80-уми асри гузашта одамон байни сарояндаҳои минтақаҳо фарқият мегузоштанд. Масалан, чизе ки дар шимол мешуниданд, дар ҷануб гўш намекарданд ва дар навбати худ, чизе ки дар ҷануб мешуниданд, дар шимол на. Вале имрўзҳо ба назар мерасад, ин марзҳо шикастаанд. Андешаи Шумо чист?

Чонибек Муродов

Чонибек Муродов

— Хурд будам, аммо дар ёд дорам, давраи ҷанг таваҷҷўҳи одамон на ба мусиқии миллӣ, балки ба хонданиҳои Русияву Эрон зиёд буд. Агар мардум имрўз байни ҳунари сарояндаҳои минтақаҳо фарқияту бартарият намегузоранд, ин далели он аст, ки ҳисси маҳалгароӣ дар вуҷуди мо гум мешавад. Мо як миллати воҳид мешавем, на ба ном, балки дар ҳақиқат.

Касе дигар тоҷики худро «ту кўлобӣ, ту ҳисорӣ ё ту будику вовчику юрчик» гуфта, ба иззати нафси ҳамдигар намерасанд. Хуб аст, ки фарҳанги шаҳрдориву эҳсоси ватанпарварӣ дар вуҷуди ҳар шаҳрванди Тоҷикистон нумўъ мекунад ва одамон худиву бегонаро мешиносанд. Мо — сарояндагонро дар Бадахшону Хатлотзамин ҳам мардум гарм истиқбол мекунанд, барои он ки фарзанди ин мардумем.

— Одатан атрофи шахсиятҳои машҳур сару садоҳо зиёданд ва замоне дар бораи Шумову Шабнам зиёд мегуфтанду менавиштанд. Аз он овозаҳо кадомашро ҳақиқат мешумореду кадомашро дурўғ?

— Ҳамкории ману Шабнам барои мардуми ғайбатчиву ҳангомасоз баҳонаи тайёр шуд. «Шабнаму Ҷонибек оиладор шудаанд» ва ғайраву ҳоказо. Ин ҳама дурўғ аст. Шабнам ҳамсари ман нест. Мо фақат ду сол дар асоси қарордод ҳамкорӣ доштем.

— Воқеан бо Шабнам дуэтҳои хеле зебо иҷро намудед. Ҳатто як ҳунарманди шинохта изҳор дошта буд, ки Шабнаму Ҷонибек дар саҳна зебандаанд. Сабаби қатъ шудани ҳамкориатон чист?

— Чун мўҳлати қарордод ба анҷом расид, Шабнам бо дигар ширкат шартнома баст. Шабнам ихтиёр дорад, ки фаъолияти минбаъдаашро мустақилона интихоб кунад. Ягон рўз насиб бошад, боз якҷоя ба саҳна мебароем.

Чонибек Муродов

Чонибек Муродов

Ҷонибек, бо сабаби зиндонӣ шудани Фарзонаи Хуршед, дар хонадони Шабнам ғусса роҳ ёфт. Дар мавриди ин қазия чӣ фикр доред?

— Аз воқеаи рухдода хеле ғамгин шудам. Ҳатто барои иштирок дар раванди додгоҳ аз Тошканд омадам. Албатта, зиндони шудани дўст ва шахси наздик барои инсон дардовар аст. Аз ин рў, аз Худои меҳрубон умед дорам, ки ба хоҳараки мо зудтар озодӣ медиҳад.

— Шабнамро дилпурсӣ кардед?

— Албатта. Ҳамкорӣ надошта бошем ҳам, рафтуомаду муносибати мо хуб аст. Пас чӣ гуна метавонам, ба мусибати дўсти худ бетараф бошам?! Дўстро дар рўзи мотам мешиносанд.

Ҷонибек, одатан ҳунарманди ҷавон аз мадди назари духтарон дур намемонад. Шуморо меҳрномаҳои мухлисдухтарон азият намедиҳанд?

— Тавассути эмейлу меҳмонхонаи сайти шахсиам дар як рўз тахминан панҷсад мактуб меояд. Ба номаву саволҳое, ки аз мухлисонам аз тамоми гўшаи ҷаҳон меоянд, менеҷер ё ҷиянҳоям посух мегардонанд. Занги телефониву тўҳфаҳои зиёд қабул мекунам. Аз таваҷҷўҳи мухлисон ҳаргиз намегурезам. Чунки доштани шўҳрату мухлисони зиёдро худам дар зиндагӣ орзу мекардам. Ба ҳамаи ҳаводоронам ташаккур мегўям, ки маро дастгирӣ мекунанд.

— Медонед, ки мухлисонатонро кадом гурўҳи синну солӣ ташкил медиҳад?

— Фикр мекунам, ҷавонон зиёданд, вале барои калонсолон низ таронаҳо омода мекунам. Алъон мехоҳам, барои ҷавонон зиёдтар эҷод кунам.

Роҳ аз хонаи падар то ба хориҷа

Фарзанди сарояндаи маъруф, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов, ба олами мусиқии касбӣ, дар замоне ки дар Хуҷанд забони арабӣ меомўхт, ворид шудааст. То соли 2007 дар гурўҳҳои «Боло» ва «Вазир» буд ва баъдан ба танҳоӣ роҳашро дар санъат идома дод. Авҷи шўҳрати Ҷонибек ба замоне рост омад, ки ҳамроҳ бо Шабнам ба сурудхонӣ оғоз кард.

Чонибек Муродов

Чонибек Муродов

Ҷонибек ва Шабнам дар баробари як албоми муштарак аввалин сарояндагони тоҷик буданд, ки дар Амрикову Аврупо силсилаконсертҳои бузург доданд. Ҷонибек мегўяд, хушҳол аст, ки шуғли падарашро давом медиҳад ва шукргузор аст, ки тақдирашро Худованд бо мусиқӣ пайваст кардааст.

— Хуб Ҷонибек, мехоҳем сари эҷодиёти шумо сўҳбатро идома диҳем. Аввалин таронаи шумо дар ҳайати дастаи «Боло» бо номи «Шўхи арўсак» буд. Мардум аз нахустаронаи шумо бадоҳатан хулоса баровард, ки писари Ҷўрабеки машҳур, Ҷўрабеке, ки сурудҳои то ба ҳол кўҳнанашаванда хондааст, таронаҳои соддаву гузаро мехонад. Вале бубинед, ки бо вуҷуди ин шўҳрати шумо ба хориҷи кишвар рафта расид ва доираи фаъолиятатон васеъ гардид. Мегуфтед, ки тақдирҷунбонатон кист?

— Ман ҳамаи шўҳрату маҳбубиятро аз лутфи Офаридгор медонам. Ў тақдирҷунбони ман аст. Ҳанўз дар оғози қадамҳои аввалин дар пайраҳаи санъат ба гўшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки ба қаламрави мамлакатҳои гуногун сафар намуда, дар саҳнаҳои бузург баромад мекунам, бо ҳунармандони ҷаҳонӣ шинос мешавам ва ёру дўстоне меёбам, ки такягоҳам мегарданд. Дар зиндагии ман табаддулоти азиме рўй додааст. Дар гурўҳи «Боло» таронаҳои сабук хонданам шояд аз наврасӣ буд.

Он ҷазбу талошҳо ва ҳатто сабти таронаҳои аз маънӣ дур низ маро ба сўйи имрўз мекашид. Худованд ба ман ҳадяҳоеро насиб гардонид, ки барои он бояд шабу рўз нишаста, ба даргоҳаш шукр гўям. Аз он шодам, ки ба чунин рўзҳо расидам. Дар хотир дорам, падарам низ таронаҳоямро шунида мегуфтанд, ки ту ҳоло ҷавон ҳастӣ. Аз он кас пурсон мешудам, ки кай вақти он фаро мерасад, ки бо номи худ рўйи саҳна баромада комил мешавам? Маҳз бо ҳидояти падарам фаъолиятро аввал дар дастаҳои хурд оғоз намуда, аз пастиву баландӣ гузаштам, нозукиҳои корро омўхтам.

Ҷонибек, аз Худо ёдовар шудед. Оё намоз мехонед?

— Хондани намоз барои фарди мусулмон фарз аст. Ман низ чун бандаи оддии Худо намоз мегузорам, вале баъзан бо сабаби сафару тағйири вақту соат ба қазо роҳ медиҳам. Бовар кунед, дар чунин ҳолатҳо худамро беҳад ноҳинҷор эҳсос мекунам.

— Боре ҳангоми сўҳбат қайд карда будед, ки ҳамроҳи падаратон суруд мехонед. Кай мо он таронаҳоро мешунавем?

— Ману падарам ду суруди тайёр яке «Хазонрез», дигаре «Пир манам, ҷавон манам» дорем, танҳо бояд онҳоро клип кунем. Азбаски падараму ман зиёд сафар мекунем, вақти мусоид намеёбем, ки ин корро ба охир расонем.

Ҷонибек, роҳ ёфтан ба саҳнаи санъати Тоҷикистон осон аст, вале ёфтани ҷойгоҳ душвор. Тавре ба назар мерасад, аксаран дар хориҷа ҳастед. Аз он намеҳаросед, ки ба умеди бозори бузург бозори кўчаку босуботи Тоҷикистонро аз даст медиҳед?

— Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки бояд то 28 солагӣ дар тамоми ҷаҳон машҳур шавам. Алҳол танҳо дар чанд давлат мавқеамро устувор намудам, давлатҳои ҷаҳон бошанд бисёранд… Орзу дорам, ки ҷаҳониён тоҷиконро ҳамчун миллати бузург эътироф кунанд. Дуруст аст, ки дербоз дар консертҳои дохилӣ иштирок надоштам. Мухлисонамро хеле пазмон шудаам. Ният дорам, моҳи сентябр дар Кохи Борбад консерт баргузор намуда, ба меҳмонӣ ситораҳои маъруфи хориҷро даъват намоям.

— Мегўянд, ки овозхонӣ манбаи даромади калон аст. Оё чунин аст?

— Шояд бисёриҳо фикр кунанд, ки мо маблағи ёфтаамонро сарфи харидани хонаҳои боҳашамату мошинҳои тамғаи охир мекунем. Вале ин тавр нест, маблағи бадастомада масрафи клипу матну оҳанг мешавад.

— Пас аз бист ё сӣ сол худатонро дар кадом сатҳ тасаввур мекунед?

— Чӣ тавре ки падарам номашонро дар дафтари санъат сабт карданд, ман низ ҳаминро мехоҳам. Орзуи ягонаам хизмат ба халқ аст.

— Чун дар кишварҳои хориҷ зиёд будед, аз бисёр пешравиҳо хабардор шудед. Ба монанди он ҷо чиро дар Тоҷикистон дидан мехостед?

— Мехостам, ки илму техника дар олами муосир тараққӣ кунад. Соҳаи варзиш ва мусиқӣ пеш равад. Масъулин ба варзишу санъат бештар аҳамият диҳанд ва давлати мо дар қатори давлатҳои ҷаҳон яке аз пешқадамтарин муаррифӣ гардад.

«Озодӣ»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!