ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: «БАР САРИ ФАРЗАНДИ ОДАМ ҲАРЧӢ ОЯД БИГЗАРАД»

Сурайё Косимова

Сурайё Косимова

Он рӯз ҳаво сард буду кам – кам борон меборид. Чун вориди хонаи ин бонуи ҳунар шудам, Сурйё бо чеҳраи ғамолуд маро пешвоз гирифт. Охир, магар ҷудоӣ аз фарзанди ба ҷон пайванд барои модар осон аст? Албатта, не! Ғами Фарзона модарашро бемори бистарӣ намудааст.

Bале бо вуҷуди ин Сурайё мардона азобҳояшро фурӯ бурда, сӯҳбати гарме намуд, аз лаҳзаҳои бо Фарзона будааш қисса карда, гоҳо ханда кардему гоҳи дигар ашк рехтем. Маҳбасӣ шудани Фарзона на танҳо барои Сурайё, балки барои мухлисони бешумори худи Фарзона гарон афтодааст.

Имрӯз Фарзона дар маҳбас чӣ ҳол дошта бошад? Ӯ муддати чанд моҳе, ки дур аз дӯстону наздикон аст, киро бештар пазмон шудабошад? Аз амали кардаи хеш пушаймон аст ва ё баръакс? Биёед беҳтараш аз модари ӯ Сурайё Қосимова мепурсем.

— Сурайёбону, як нафар мухлиси ашаддии Фарзона бо номи Ҷамила тариқи СМС суол карданд, ки Фарзона — гули сари сабади санъати тоҷик имрӯз дар чӣ ҳол аст?

— Шукри Худо Фарзона сиҳату саломат аст, ҳамеша мухлисонашро ёд мекунад, аз дӯстону наздиконаш мепурсад…

— Барои ба чунин ҳол афтодани Фарзона аз к ӣ гила доред?

— Аз ҳеҷ кас, танҳо ҷ авонию соддагии худи Фарзона боис шуду ӯ ба зиндон афтод. Ҳеҷ гап не, бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд бигзарад, он чӣ , ки дар тақдиру қисмат навишта шудааст, аз он ҷои гурез нест, хоҳӣ нохоҳӣ мебинию мечашӣ. Ҳарнчанд хун мехурам, аммо сабру таҳаммул пеша мекунам, то ин ду сол сипарӣ гардаду фарзандам солим ба оғӯ шам баргардад.

— Як нафари дигар, ки номашро нанавиштааст, тариқи почтаи электронӣ савол додааст, ки Фарзона ошиқ шудааст, агар ҳа, пас дар чандсолагиаш?

— Фарзона ҳамеша ошиқ буд. Ошиқ будан маънои онро надорад, ки касеро девонавор дӯст дошту худро барои ӯ қурбон намуд. Ошиқ ба зиндагӣ, ошиқ ба Ватан – модар, ошиқ ба зебоӣ, ошиқ ба суруду мусиқӣ… Худи Фарзона ҳамеша мегуфт, ки: «Ман ошиқам, ошиқи санъат, ошиқи суруду тарона.

Фикр мекунам, ки маро Худованд барои саҳна офаридааст, зеро наметавонам як лаҳза худро аз саҳна дур бинам, наметавонам суруд нахонда гардам, наметавонам дур аз дидори чеҳраи зебои мухлисонам бошам», аммо тақдирро бинед, ки имрӯз ӯро аз саҳна, аз суруд ва аз дидори мухлисонаш дур кардааст. Вале ноумед нестам, зеро аз ноумедӣ басо умед аст, — гуфтааст бузурге. Иншооллоҳ ин рӯзҳо паси сар мешаванду Фарзона ҷонам боз рӯи саҳна баромада, бо таронаҳои дилангезаш мухлисони бешуморашро шод хоҳад кард.

— Сурайёбону, боз ҳамин нафар, ки мутаассифона, номашро нанигоштааст, савол кардааст, ки Фарзона либосҳои кӯҳна, он либосҳоеашро, ки дигар намехоҳад бипӯшад, ба кӣ медиҳад?

— Ба онҳое, ки бепарастору аз оилаҳои камбизоатанд.

— Мегӯянд, ки Сурайё Қосимова дигар ба саҳна барнамегардад, суруд намехонад, магар ин овозаҳо асос доранд?

— Ин ҳарзаи беҳударо намедонам кӣ паҳн мекунад? Саҳна чӣ гуноҳ дорад, ки ман дигар набарояму онро тарк созам? Ҳоло дилам ба ҳоли фарзандам месӯзад, гиря мекунам, ғам мехӯрам, ҳангоми хурок хурдан ӯро дар паҳлӯям надида, ҷойи таом гӯё заҳр мехӯрам, аммо ба ҳ амаи ин нигоҳ накарда, дар якчанд чорабиниҳо иштрок кардам ку! Намедонам, мардуми мо ин қадар дурӯғро аз куҷо меёбанд. Ба диққати ҳама мухлисонам мерасонам, ки ба овозаю ҳангомаҳо бовар накунанд, ман бо ду ҷигарбандам Фарзонаҷону Шабнамҷон ҳамеша бо онҳоем ва ҳама кӯшишҳоямон барои онҳост. Охир санъаткор бе мухлис ҳеҷ аст.

— Ба тӯйҳо ҳам меравед?

Сурайё Косимова

Сурайё Косимова

— Барои чӣ не? Магар бо мардумро аз шодиву фараҳ маҳрум сохтан, мушкилии ман ҳал мешавад? Дар ҳақиқат, рӯзҳои аввали рух додани ҳодисаи нохуши Фарзона нахостам ба тӯйе равам, аммо якчанд арӯсу домод худашон омада илтиҷо карданд, ки тӯйи оиладоршавиашонро рафта обод кунам.

— Апа ҷ он, мо аз к ӯ дак ӣ мухлиси овозу санъати сарояндагии шумо будем ва қ асам х ӯ рдаем, ки т ӯ ямонро шумо гузаронед, агар наравед мо ҳ ам т ӯ й намекунем.

-Баъди чунин илтиҷою дилбастагӣ чӣ гуна метавон онҳоро рад кард? Дирӯз марде омада хоҳиш намуд, ки тӯйи хатнасури фарзанди деринтизорашро гузаронам. Ман расо 15 сол фарзанд надоштам, дар тӯе иштирок доштам, ки дар он шумо сарояндагӣ мекардед. Ҳамон шаб аз Худо илтиҷо карда гуфтам:

— Худоё! Бароям ақаллан як фарзанд ато кун, хоҳ духтар бошад хоҳ писар, то ман ҳам тӯй кунаму ба халқ нон дода дар он Сурайё ҳофизӣ кунад. Шукри Худои меҳрубону бахшанда, ки ман соҳиби фарзандони дугоник шуда, акнун онҳоро тӯй карда истодаам. Ашки чашмони марди хушҳолро дида, беҳарфе пешниҳодашро пазируфтам.

— Хеле хуб, агар махфӣ набошад нархи хизматгузориатон чӣ қадар аст?

— То ҳол барои хизматам ва обод кардани тӯю маъракаҳо нарх нагузоштаам, ҳ р касе ба умед ба хонам меояд, ӯро ноумед гусел намекунам.

— Шабнам низ ба маъракаҳо меравад?

— Хеле зиёд.

— Як нафар мухлиси Шабнам мепурсад, ки чаро Шабнам бо либоси миллӣ ба саҳна намебарояд?

— Агар ин нафар клипҳо ва консерти Шабнамро тамошо карда бошад, ба ин саволаш ҷавоб меёбад. Ӯ вақтҳои охир бештар либосҳои миллӣ мепӯшад. Баъдан набояд фаромӯш кард, ки мо, санъаткорон вобаста ба матну оҳанги сурудамон сару либос интихоб мекунем.

— Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!

Тӯҳфа Аҳмадова, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Mexron:

    noshukrit kampirak membri ya rumoli kalon da sari bandi 1 kadam ba qavra mondayut ?

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!