ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МЕҲРУБОНИ РАВШАН: «БАРОИ ЗАНҲО БОТАМКИНИРО ОРЗУ ДОРАМ»

Мехрубони Равшан

Мехрубони Равшан

Донистам, ки дар ҳамаи давру замонҳо инсони покниҳоду хоксору одамгарӣ доштаро мардум дӯст медоранду бо некӣ ёд мекунанд. Хеле мекӯшам, ки сазовори боварию эътиқоди мардум гардам. Ҳар чӣ, ки Худо додааст аз он қонеъ ҳастам ва ба пастию баландиҳои зиндагӣ низ ношукрӣ намекунам…

— Шукрияшоева Меҳрангез, Маҳмадалиева Манижа, сокини ноҳияи Нуробод Умедҷони Абдураҳмон мепурсанд , ки чаро Ҳоҷӣ Меҳрубони Равшан кампайдост ва на дар шабакаҳои телевизионӣ ва на дар консертҳои идона ӯро намебинем.

— Азбаски се моҳ боз дар сафар будам, натавонистам бо мухлисони хеш вохӯрам. Барои чӣ дар телевизион баромад накардани аксари мо, ҳунармандонро аз кумитаи телевизион пурсед, худи мо ҳам ин саволро ба худ медиҳем.

— Модар дар зиндагии шумо чӣ гуна мавқеъ дорад?

— Модар дар зиндагии ҳар як кас бузургу муқаддас аст. Аз ҷон беҳтар дӯст медораму мепарастам ӯро. Модар тамоми ҳастии фарзанд ва нури чашмони ӯст. Агар барои ӯ тамоми умр хизмат кунӣ ҳам, кам аст. Ё ба гуфти шоир:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Дар ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

-Шумо ба фарзандонатон низ талқин мекунед, ки модарашонро дӯст доранд?

— Албатта, пеш аз дар баромадан, ё ба сафар рафтан фарзандонамро мебӯсаму хоҳиш мекунам, ки модарашонро ҳурмат кунанд. Агар ӯро гӯш накунед, бароятон чизе намеорам, мегӯям. Ба ҳамсарам низ талқин мекунам, ки кӯдаконамро ҳеҷ гоҳ лату кӯб накунад, зеро агар тифл ба лату кӯб одат кунад, тарбияи дуруст намегирад ва нуқтаи назараш низ ба зиндагӣ дигаргун гашта, ҷоҳил мешавад. Дар пеши назари тифл бояд рафтори хуб дошта бошӣ, ки ӯ низ нек тарбият ёбад.

— Ба мардоне, ки ҳамеша дар пайи озору паст задани зан ҳастанд, чӣ гуфтан мехоҳед?

— Ба мардони дилозор гуфтаниам, ки ин корашон аз рӯи шариат гуноҳ аст. Умуман дар китоби муқаддаси Қуръон гуфта шудааст, ки ба ҷинси латиф даст бардоштан ҷоиз нест, аммо баъзе бонувон мардҳоро ба дилозориву зиштхӯӣ маҷбур мекунанд. Ман боварӣ дорам, ки зани босавод ва аз дини Ислом бархурдор, ҳеҷ гоҳ мавриди таҳқири мард қарор намегирад, зеро ӯ бо саводи комили хеш ботамкиниву боифатиашро нишон медиҳаду хоҳу нохоҳ маҷбур мекунад, ки ҳурматашро ба ҷо биёрӣ . Имрӯзҳо бошад, баъзе занҳо бештар ба ҷодугару фолбин эътиқод пайдо карда, ба Худованд шак оварданӣ мешаванд, ки ин рафтор хашми мардро меорад. Аз бонувони мӯҳтарам хоҳиш мекунам, ки ҳаргиз ба назди фолбину ҷодугар нараванд, ин куфр аст.

— Маълум, ки шумо низ ҳамсаратонро баъзан меранҷонед?

— Зиндагӣ бепастиву баландӣ намешавад. Агар дар ҷонам расонад, баъзан насиҳаташ мекунам. Агар зан босабру батоқат бошад, мард аз рафтори дағали худ зуд пушаймон мешавад. Барои зан ҳо ботамкиниро орзу дорам.

— Байни волидони шумо ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт?

— Модарам бисёр як зани ботамкину пурбардоранд. Ҳурмати падарамро ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ба ҷо меоваранд. Аз ин рӯ , сазовори эҳтироми падарам гаштаанд. Мо фарзандонро низ талқин мекунанд, ки дар зиндагӣ босабру покизаву хушрӯзгор бошем. Дар ин умри кӯтоҳ аз инсони некхислат номи накӯ мемонад.

— Аз зиндагӣ барои худ чӣ панде бардоштед?

— Донистам, ки дар ҳамаи давру замонҳо инсони покниҳоду хоксору одамгарӣ доштаро мардум дӯст медоранду бо некӣ ёд мекунанд. Хеле мекӯшам, ки сазовори боварию эътиқоди мардум гардам. Ҳар чӣ, ки Худо додааст аз он қонеъ ҳастам ва ба пастию баландиҳои зиндагӣ низ ношукрӣ намекунам. Бузургон гуфтаанд, ки: «Бисёр талаб накун ба кам зор шавӣ». Барои ҳамин ҳам, ба додаю нододаи Оллоҳ шукргузорам.

— Нилуфари Раҳимзод аз шаҳри Панҷакент мехоҳанд донанд, ки шумо кай ба Панҷакент нияти сафари ҳунарӣ кардан доред?

— Агар он нафароне, ки ташкилкунандаи барномаҳои ҳунарианд, бо дархости худ биёянд, мо ҳатман назди мухлисони азизи худ меравем. Ҳар як хоҳиши мухлисон болои дида аст.

Ҳ алимова Ёсуман — ҳамшираи шафқат аз шаҳри Панҷакент чунин савол доданд: — Бародар, мехостам донам, ки «сюрприз»- и шумо чӣ аст? Мақсади сафаратон чӣ буд, саёҳат ё такмили ҳунар?

— Ба фикрам маънои «сюрприз» ягон чизи ногаҳонӣ аст ва онро рӯзи консерти худ ба ногаҳонӣ барои ҳаводорони асили хеш пешкаш месозам. Хоҳари азиз Ёсуман, ба консерт биёед, аз «сюрприз» огоҳ хоҳед шуд. Мақсади сафарам асосан саёҳат буд.

— Мегӯянд, ки ҳангоми бори аввал ба саҳнаи ҳунар қадам монданатон шуморо сарпарасти боэътимоде будааст?

— Барои консертҳои аввалинам ҳеҷ кас сарпарастӣ накардааст. Дар ҷодаи ҳунар бародарам Ҳотами Равшан ва устодам Саъдии Қаландар роҳи зиндагӣ ва санъатро ба ман омӯхтаанд.

-Нигоҳи шумо ба вазъи имрӯзаи зиндагӣ чӣ гуна аст?

— Сарвари давлатамон дар фикри тинҷиву ободии мамлакатанд ва мо бояд шукронаи ин тинҷиву ободӣ намуда, ӯро дастгирӣ намоем ва ба миллатҳои дигар имкон надиҳем, ки моро паст зананду таҳқир кунанд. Меҳмоннавозии мардуми мо дар ҳама ҷой маълум аст, бетарафиамон низ.

— Аз фардо чӣ мехоҳед?

— Мехоҳам ба тиҷорат машғул шавам ва аз рӯи адлу инсоф корамро пеш барам. Агар имконият фароҳам шавад, масҷид бунёд хоҳам кард. Иншооллоҳ аз Худо умед дорам, ки ин орзуям амалӣ хоҳад шуд. Талабу дархости ҳамешагиам аз даргоҳи Парвардигор ин боинсофу некном ба воя расидани фарзандон аст. Ҳамчун падар орзу дорам, ки фарзандони ман ва кулли фарзандони олам аҳлу солеҳ ба воя расанд. на аз рӯи ҷоҳу мансабпарастӣ ва худхоҳӣ!

-Мо ҳам орзу дорем, ки ниятҳои неки шумо амалӣ гарданд.

— Аз фурсати муносиб истифода намуда ба кулли мухлисони хеш гуфтаниам, ки ман онҳоро дӯст медорам ва ҳамеша дар фикри болидагии табъи закиашон ҳастам. Ман ҳамаи таклифу дархостҳои онҳоро бо ҷону дил қабул мекунам ва шарики рӯзҳои хурсандиашон хоҳам шуд. Барои пайдо кардани ман метавонанд ба рақами 93 – 556 -13 — 13 муроҷиат намоянд.

Сӯҳбаторо Шаҳрбону Тошева, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!