ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МИЖГОНАИ МИРЗО: «ХУДОЁ, БАР МАН ҲАЁТ БУБАХШ»

Мичгона

Мичгона

Миҷгона бо сабаби беморӣ тӯли якуним сол барои мухлисони худ сурудҳои ҷолиб пешкаш карда натавонист. Вале пас аз шифо ёфтан ӯ боз ба назди ҳаводоронаш баргашт. Мухлисон гумон мекарданд, ки Мижгонаро дигар дар рӯи саҳна намебинанд, аммо имрӯз маълум шуд, ки овозхон новобаста аз он ки дар бистари беморӣ қарор дорад.

Барои сабт таронаҳои ҷолиб омода намудааст. Инак бо продюсер ва устоди Мижгонаи Мирзо Фаррух Ёрматов, ки барои ба саҳна баргаштани ҳофиза мусоидат кардааст, сӯҳбате пешкаши хонандагон мегардад.

-Ҳангоме ки Мижгона барои табобат ба Маскав рафт, байни мардум ҳангомаҳои зиёд пайдо гардид. Андешаи Шумо  нисбати сару садоҳо чӣ гуна аст?

— Аввалан ба кулли мухлисон ва ҳаводорони хоҳари ман Мижгонаи Мирзо салом мерасонам. Дар бораи ҳангомаҳо гуфтаниам, ки ҳамаи ангуштон бо ҳам баробар нестанд ва мардум низ чунинанд. Вақте ки Мижгона дар шаҳри Маскав табобат мегирифт, ба ман низ занг зада мепурсидиданд, ки «Мижгона куҷо шуд, магар ӯ вафот кард?» Суханони баъзе мухлисон аламовар буд ва ба дилам сахт мерасид. Ба онҳо чизе намегуфтам, зеро мардуми мо ҳангомаро дӯст медоранд. Ҳамон вақт ғайри табобат ёфтани Мижгона дигар чизе ба ёдам намерасид. Худоро шукр мегӯям, ки рӯз аз рӯз аҳволаш хуб шуда истодааст, пурра шифо ёбад, ваъда медиҳам, ки ҳар ҳафта як суруди нав пешкаш мекунем.

— Фаррух, медонем, ки санаи 1 — май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд «Спартак» нахустконсерти худро барпо карданӣ ҳастед. Омодагиҳо чӣ тавр ҷараён доранд?

— Мо тӯли чанд муддат аст, ки дар саҳна набудем ва мардум фикр мекарданд, ки дигар ба саҳна намебароем. Гарчанде ки Мижгона дар Маскав ҷарроҳиро аз сар гузаронд, ман пайваста барояш суруд тайёр намуда ба ӯ ирсол мекардам. Аз 50 таронаи омодашуда танҳо 15 тоаш ба Миҷгона писанд омаданд. Баробари бозгашти ӯ чанд клип сабт намудем. Имрӯз пурра ба консерт омода ҳастем. Чун ҳамаи кор аз дасти худам меояд, ягон мушкилӣ нест. Яъне вазифаи наворбардор, танзимгар ва ҳатто интихоби либосҳои саҳнавӣ ба зиммаам аст. Оҳанги сурудҳояшро дӯсти наздикам Хусрав Темуров омода мекунад.

— Ба консерт рӯзҳои камшумор мондааст, Мижгона ҳоли ҳозир бо чӣ корҳо машғул аст?

— Тавре дар боло қайд намудам, Мижгона то ҳол ба пуррагӣ сиҳат нашудааст ва дар яке аз беморхонаҳо табобат мегирад. Аз ин сабаб ҳамаи корҳо бар дӯши ман аст. Аслан ман Мижгонаро чун хоҳари худ дӯст медорам ва сиҳатии ӯ давлати бузург аст. Баъзе нафарон мегӯянд, ки чаро ту инқадар барои ӯ кор мекуниву маблағҳои зиёд сарф менамоӣ, оё маблағҳои сарфнамудаи худро гирифта метавонӣ?! Ман ҷавоб медиҳам, ки нафақат барои Мижгона, балки барои худ низ кор мекунам, зеро обрӯи Мижгона обрӯи ман аст.

— Барои сабти клип маблағи зиёд сарф мешавад. Маблағгузор доред ё ҳамааш аз ҳисоби худатон аст?

— Маблағгузор надорем ва танҳо ду нафар ҳастем: ман ва Мижгона. Чун ҳама кор аз дасти худам меояд, назди касе барои омода намудани клип намеравам. Маблағ аз ҳисоби худам аст. Даромад аз ҳисоби корам аст. Ман сурудҳои дигар ҳофизонро низ ба навор гирифта танзим мекунам, ки барои зиндагӣ ва барои пешбурди кор басанда аст.  Худоро шукр мегӯям, ки аз чизе камбудӣ надорем ва ба касе мӯҳтоҷ нестем.

— Қаблан Шумо филмеро бо номи «Тақдир» ба навор гирифта будед, ки дар он нақши асосиро Мижгона иҷро кард. Оё дар оянда низ ба навор гирифтани филмро дар нақша доред?

—  Нақшаҳои зиёд дорем, агар он нақшаҳоро амалӣ гардонидан хоҳам, шояд то охири умр тамом нашавад. Агар насиб бошад, баъди консерт, боз филм ба навор гирифтанӣ ҳастем, ки ба ҳаёти Мижгона бахшида шудааст. Аслан ман ба хотири шод кардани хотири Мижгона ҳама корро мекунам. ӯ хурсанд бошад, барои ман басанда аст. Ман бо Мижгона мефахрам ва намехоҳам, ки ҳофизаи соҳиби истеъдоди хуб аз саҳна дур гардад.

— Мижгона аз байни сурудҳояш  кадомашро бештар дӯст медорад?

— Чанд нафар ба ман ин суолро доданд. Мижгона аслан ҳамаи сурудҳояшро дӯст медорад. ӯ мегӯяд, ки сурудҳои ман ҳамчун фарзандам ҳастанд ва ман чун модар ҳамаи онҳоро дӯст медорам, зеро барои ҳамааш меҳнат мекунам.

— То имрӯз ҳамроҳи Мижгона чанд албом сабт намудед?

— Соли 2008 аввалин албоми Мижгонаро, ки «Азизи ман»  ном дошт, ба мухлисон пешниҳод намуда будем ва баъдан Мижгона ба беморӣ гирифтор шуд. Ҳоло боз як албом омода намудаем, ки ин «Худоё, бар ман ҳаёт бубахш» ном дорад, ки пешкаши ҳаводорони Мижгонаи Мирзо хоҳад шуд.

— Фаррух мегуфтед, ки оё Шумо низ мисли дигар ҳофизон сабти сурудҳои Мижгонаро дар хориҷа ба нақша гирифтаед?

— Бале, мо низ ин нақшаро дорем, аммо бо сабаби нотобии Миҷгона наметавонем шартнома бандем. Аслан ман мехоҳам, ки Мижгона пеш аз ҳама дар ватани худ, хизмат кунад ва баъдан дар дигар давлатҳо. Мижгона орзу дорад, ки мисли ҳофизаҳои шинохтаи тоҷик Хосият Ортиқова, Наргис Бандишоева (рӯҳаш шод бод), Мастона Эргашова дар хизмати мардум бошад ва маҳбуби ҳамагон гардад.

— Барои хонандагони рӯзнома ва мухлисони Мижгонаи Мирзо чӣ гуфтаниҳо доред?

— Чун имрӯз хоҳари ман каме нотоб аст, пеш аз ҳама ба дарди ӯ аз даргоҳи Худованд шифо мехоҳам ва барои хонандагони рӯзномаву мухлисони Мижгонаи Мирзо таманно дорам, ки бигзор лабонашонро табассум тарк насозад. Хонаашон обод ва танашон ниёзманди табибон мабод.

— Ташаккур барои сӯҳбати самимона.

Хайрулло Исмоилов, «Ману ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!