ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ФАРҲОДИ ДАРЁ: ҲАР ЯК СУРУДАМ САҲИФАЕ АЗ КИТОБИ ЗИНДАГОНИИ МАН АСТ

Фарход Дарё

Фарход Дарё

-Хуш омадед, оқои Дарё, ба Ватани худатон! Алоқамандони мусиқӣ дар Тоҷикистон шуморо дер боз интизор буданд. Таассуроти Фарҳоди Дарё аз Тоҷикистон чӣ гуна аст? Шумо Душанберо чӣ гуна дарёфтед, ҳамон тавре ки интизор доштед ва ё хайр? Оё аз натоиҷи нахустин консерти худ қаноатманд ҳастед?

— Ташаккури зиёд. Ман ҳам ин лаҳзаҳоро дер боз интизор будам. Дидани Тоҷикистони азиз, Душанбеи зебо ва мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз орзуҳои деринаи ман дар сина буд. Шукри Худованд, ки ба орзуям расидаму дидори мубораки шуморо мушарраф шудам. Нахустин таассуроти ман аз Тоҷикистон ин буд, ки аз он чи ба ман мегуфтанд дар бораи Тоҷикистон, онро бештар қашангтару зеботар, ва чи тавре, ки тоҷикон мегӯянд, нағзтар дарёфтам.

Дар ҳақиқат, Тоҷикистон фирдавси рӯи замин аст. Консерти ман чӣ гуна гузашт инро шумо мухлисон бояд ба ман бигӯед. Ба ҳар ҳол ман аз он чеҳраҳои шоду хуррам, рақсу бозиҳое, ки мардум ҳангоми иҷрои ҳар як сурудам дар толор доштанд, ашкрезиҳои бархе аз дигар тамошогарон дарк кардам, ки консерт писанди онҳо шудааст. Ман хеле хушбахт ҳастам, ки билохира мавриди истиқболи гарми ҳаводорони хеш дар Тоҷикистони азиз низ қарор гирифтам.

-Чуноне ки аз расонаҳо маълум аст, чанде пеш ду албоми таронаҳои шумо ба бозор бароварда шуд. Дар консерти дирӯза шумо қариб тамоми таронаҳои форсии ин албомҳоро сурудед. Мешавад, ки дар бораи таърихчаи эҷоди бархе аз ин оҳангҳо масалан, оҳангҳои «Саломалек», «Ватан орзуст моро», «Ай Ватан месозамат» каме маълумот бидиҳед?

-Ду албоми ахири ман, ки яке «Ҳа» ном дорад ва дигаре «Ё Ҳу» дар тафовут аз корҳои дирӯзи ман таҳия шудаанд. Бо эҷоди ин оҳангҳо хостам то мусиқии Афғонистонро аз дарвозаҳои фазои миллӣ берунтар бикашонамаш. Фаротар аз марзҳои дохили Афғонистон бибарамаш. То аз ин мусиқии ман миёни мардуми Афғонистон ва мардуми ҷаҳон пули равобит бунёд шавад. Мехостам тавре бишавад, ки агар ин мусиқӣ дар Африқо ҳам навохта шавад, барои мардуми онҷо қобили дарк бошад.

Агар дар Ирон, дар Амрико, дар Тоҷикистон ё дар худи Кобул бошад ҳам, мардум онро дарк карда тавонад. То бад-ин васила Афғонистон беҳтар, зеботар ва роҳаттар дарк шавад. Он гӯшае аз зебоиҳои Афғонистон, ки аз назари оммаи ҷаҳон ба хотири тиҷоратпешагии расонаҳои ҳарбӣ махфӣ монда, он чеҳра дубора ба ҷаҳон боз нишон дода шавад, боз шинохта шавад. Мисли аз ин ки бо сурудҳои худ як оинаи бузург месозам, оинаи Афғонистон ва дар баробари ҷаҳон қарор медиҳамаш.

Фарходи Дарё - Султони Хамад

Фарходи Дарё - Султони Хамад

То тамоми ҷаҳон худро дар он бубинанд ва Афғонистонро ҳам дар он бубинанд. Шумо аз ман дар бораи таърихчаи эҷоди сурудҳои «Саломалайк», «Ватан орзуст моро», «Ай Ватан месозамат» пурсон шудед. Суруди «Саломалейк» қиссаи ҷолибе дорад. Соли 2006 ба хотири дастгирӣ аз кӯдакони ниёзманди дунё лоиҳаи хеле бузурге бо силсилаи ҳунармандони ҷаҳон доштам. Лоиҳа ба номи «Дидорҳо» машҳур буд. Ҳар ҳунарманде, ки аз дигар кишвар шомили ин лоиҳа мешуд, бояд як лоиҳаи кӯчактар аз кишвари худ ва як суруд меовард.

Ин суруд бояд бо нияти ин лоиҳа созгор мебуд. Ҳар касе лоиҳае оварду суруде овард. Ман ба оҳанги «Саломалек» андешидам, ба саломе андешидам, ки муҳаббати Афғонистонро ба тамоми ҷаҳон тӯҳфа медиҳад. Ва ба тамоми ҷаҳон орзуи сулҳу амну ишқу муҳаббат мекунад. Таърихчаи сабти ин суруд низ хеле шуниданист. Гурӯҳи корие, ки қарор буд рӯӣ таронаҳо кор кунанд, онҳоро бинавозанд, марказаш дар Олмон буд.

Роҳбарияти ин гурӯҳ бо ман, менеҷменти ман, мудири барномаҳои ман дар тамос буд. Роҳбари гурӯҳ аз мо хоҳиш кард, ки сурудро барояшон аз тариқи Интернет бифиристам. Суруди нотайёрро (хомеша) аз тариқи Интернет барояшон фиристодам. Бино ба далоили сусткории Интернет мавод ба гурӯҳи корӣ нарасид, ки инро баъдан донистам. Онҳо худашон бо завқи худ яке аз сурудҳои маро, ки суруди мардумӣ буд ва замони хеле пеш иҷро карда будам, интихоб карда бо мусиқии рок онро ороиш доданд.

-Он кадом тарона буд?

-«Як дона гул», суруди ӯзбакӣ. Ин сурудро интихоб карданд ва рӯяш як моҳи тамом кор карданд. Вақте ман аз Афғонистон ба Олмон рафта ба студиё ҳозир шудам, то оҳанги худро сабт кунам, дидам, ки гурӯҳи корӣ аз «Саломалек» иттилоъ надоранд. Онҳо омодаи сабт кардани «Як дона гул» буданд. Фурсат ҳам танг буд. Студиёро ҳамагӣ се соат дар ихтиёри ман вогузор карда буданд. Ман нигаронии худро аз иҷрои оҳанге, ки онҳо интихоб карда буданд, изҳор кардам.

Суханони ман барои онҳо қобили таҳаммул набуд. Чун ҳеҷ фурсате набуд барои ҳеҷ касе ба ин далел, ки як барномаи хеле бузург буд. Садҳо кас дар он иштирок доштанд ва ҳеҷ мумкин набуд, ки ба ин андоза тағйирот дар он ворид шавад. Ман он гаҳ ба онҳо гуфтам: «бо шумо ман дар барнома ҳамроҳӣ намекунам. Ман чунин нуқта назар дорам, ки паёми ман муҳим аст, сухани ман муҳим аст. Ман аз Афғонистон чизе бояд бо худ биёрам, ки шоистаи садои имрӯзи Афғонистон бояд бошад. Ва ин нияти ман аст. Масъули барнома хеле нороҳат шуд. Сипас барояшон гуфтам:

-Биёед, ним соат вақти хешро ҷудо кунед ва он сурудеро, ки ман аз Афғонистон бо худ овардам, гӯш кунед. Агар суруд бароятон писанд наояд, он гаҳ ман ҳамон суруди таҳия кардаи шуморо мехонам. Яқин доштам, ки суруде, ки бо худ овардам, ба онҳо мақбул хоҳад шуд. Зеро ин суруд забон дорад, ҳол дорад ва мепечад дар деворҳои студиё.

Ҳама рафтем дохили студиё шудем ва ман суруди тайёр кардаи хешро рӯйи навор гузоштам. Қаблан шарҳаш додам, ки мазмуни он аз чӣ иборат аст. Баъд аз он ки навор пахш шуд, як ҳаяҷону гармие дар студиё печид ва роҳбари барнома Питер Мофай аз ҷой бархост ва маро ба оғӯш кашид ва изҳори миннатдорӣ намуд, ки бо ин сурудат ту ба лоиҳаи мо нирӯи тозае ворид сохтӣ. Хуб шуд, ки болои суруди пешина исрор наварзидем ва болояш кор накардем.

Дар ин суруд ман ирфонро бо мусиқии рок омезиш додам. Питер Мофай як соҳибҳунари мусиқии рок аст. Қариб ҳамаи сурудҳои ӯ дар қатори аввали сурудҳои роки кишварҳои Аврупо ҷой мегирад. Барои ӯ ин рокеро, ки ман аз Афғонистон овардам, комилан тозагӣ дошт. Ман ин сурудро бо роки хеле сангину вазнин иҷро карда будам. Ба ифодаи худи ғарбиҳо роки ман «ҳиви мейтл рок» буд. «Мейтл» оҳанро гӯянд ва «ҳивӣ» ба маънои сангин омадааст. Яъне «оҳани хеле сангин». Дар иҷрои он гиторҳои хеле сангин ба кор аст. Питер Мофай чун ин оҳангро шунид гуфт:

-Дарё, чаро ин қадар сангинӣ, ин қадар оҳан аз Афғонистон чаро?

Хандидаму гуфтам:

-Беш аз 25 сол оҳан дар Афғонистон ба хотири барбод додани Афғонистон ба кор бурда шуд. Аз оҳан тиру туфанг, тонку тӯп месохтанд. Имрӯз ман аз ин оҳан мусиқӣ месозам, ишқ меофарам, сулҳро эҷод мекунам. Ин суханон барояшон хеле писанд омад. Навозандаҳо дар студиё набуданд. Ҳамаашон ё дар хонаҳояшон ё дар мусофират дар дигар кишварҳои Урупо буданд. Қарор набуд, ки дубора аз нав биёянду мусиқӣ бинавозанд. Дар як лаҳза ҳама телефонҳо ба кор даромаданд. Аз чор гӯшаи Урупо ва Олмон навозандаҳоро дубора фаро хонданд.

Фарходи Дарё

Фарходи Дарё

Дар зарфи се- чор соат ҳама мутрибон ҷамъ шуданд ва мо оҳанги «Саломалек»-ро сабт намудем. Инро ҳеҷ гаҳ фаромӯш намекунам. Дар ҳар гӯшаи дунё, ки мо ин барномаро пиёда мекардем, консертҳо бо ҳамин суруди «Саломалек» оғоз мешуд. Ин лоиҳа аз сӯи шахси аввали Олмон хонум Анжела Меркел пуштибонӣ мешуд. Лоиҳаи маро оғои Ҳомид Карзай пуштибонӣ мекард. Лоиҳаи овозхонҳои кишварҳои дигарро роҳбарони кишварҳояшон дастгирӣ мекарданд.

-Матни суруди «Саломалек» аз кӣ ҳаст?

— Шумо медонед, ки ин суруд бо забонҳои форсӣ ва англисӣ суруда мешавад. Матни англисиашро худам сохтам. Мазмуни матни англисиаш, ки ҳамагӣ аз як байт иборат аст, ин аст, ки «андаке ишқ бидеҳ бар мо, андаке сулҳ бидеҳ бар мо». Матни форсиашро шоири афғон ба номи Ямо Якманиш эҷод кардааст. Ин ҳамон шоирест, ки шеъри суруди «Ба Кобулҷон, ба Кобулҷон салом, Афғонистон салом»-ро сохтааст:

Дӯст, ай дӯст, бигӯ бар ҳамаи мардуми хуб,

Ки на аз шарқу шимолам,

На ҳам аз ғарбу ҷануб.

Хонаам машриқи шӯри ғазали Мавлоност,

Манзилам мағриби андӯҳи пур аз ранги ғуруб.

Бинависед нишонии маро хонаи дӯст,

Ки на аз санг бино гашта, на аз хишту на чӯб.

Чор сӯяш ҳама беранг ба берангии Ишқ.

Ман на аз ғарбу шамолам,

На ҳам аз ғарбу ҷунуб.

Ҳу, Ҳу

Шумо бо ашъори шоир Қаҳҳори Осӣ ошноӣ доред. Осии азиз, ки ёдаш зинда бошад, марди хеле бузурге буд ва ҳаст. Мисле, ки ҳамеша мегӯям, дар виҷдони як миллат бедор аст, зинда аст. Ҷовид аст. Бисёр бо ҳам қарин будем. Суруди «Ватан орзуст моро» шеъри ана ҳамин Осӣ ҳаст. Осӣ ва ман ин тарона бо ҳам якҷо сурудем. Замоне, ки дар Кобул будем, гашту гузорҳои фаромӯшношудание доштем. Гули ин тарона дар ҳавои ишқҳои ҳамон солҳо шукуфта:

Ҳама нағмаему шодӣ, чаман орзуст моро,

Ватан орзуст моро, Ватан орзуст моро.

Агарчи суруд эҷод шуда буд то чанде маҷоли сабт карданашро надоштам. Аз он солҳо бештар аз як ҳазор суруди сабтношуда ва ношанида ҳанӯз дар сина дорум. Дар китобҳо пеши ман ҳастанд. Худованд фурсат бидиҳад, ки ҳамаи онҳоро сабт кунам. Суруди дигаре, ки шумо ном гирифтед «Гар ҷаҳаннам сохтам, фирдавс ҳам месозамат», мебошад. Ин суруд мутааллиқ ба албоми «Ё Ҳӯ» ҳаст. «Ё Ҳӯ» маҷмӯъаест, ки барои рушди гуфтумон ва фарҳанги сулҳ дар Афғонистон эҳдо шудааст.

Ба ҳамин хотир мо ин албомро ройгон дар ихтиёри мардум гузоштем. Ҳам дар ихтиёри расонаҳо, ҳам дар ихтиёри алоқамандон ва ҳам дар Интернет ройгон гузоштем. «Месозамат» ҳам шомили ҳамин албом ҳаст. Ин тарона дар ҳавои эҳёи дубораи зиндагии фурӯшикастаи Афғонистон сохта шудааст. Матнаш аз доктар Самеъ Ҳомид ҳаст, шоири муосири афғон, ки дӯсти ман аст. Шеъри суруди «Хонумгул» низ аз ҳамин шоир аст:

Гар ҷаҳанам сохтам, фирдавс ҳам месозамат,

Ай Ватан, месозамат, охир худам месозамат.

Ғам махӯр, ай хонаи вайрон, вале зебои ман,

Бо нафасҳои умедам дам ба дам месозамат.

То ки зеботар шавӣ, гил мешавам, гул мешавам,

Боварам кун як рақам не, як рақам месозамат.

-Чунин ба назар мерасад, ки Фарҳоди Дарё дар тармими Афғонистон, дар бунёди Афғонистони навин танҳоӣ мекашад. Дигар ҳампешаҳош мисли ӯ чандон фаъол нестанд. Чаро чунин аст оё дигар овозхонҳои афғонӣ ба ояндаи неки Афғонистон боварӣ надоранд? Воқеъан, вазъи Афғонистони кунуниро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Вазъи Афғонистон хеле печида ҳаст. Ҳанӯз мушкилоти фаровоне дар рӯ ба рӯи мардум қарор дорад. Дуруст аст, ки Афғонистон аз як силсиламушкилот баромад вале, ба силсиламушкилоти дигаре дарафтод. Аз ин вазъ Афғонистонро кӣ кашида метавонад? Сиёсатмардон ва ё фарҳангиён? Ё худи мардум? Одатан сиёсатмадорон ҳар қадар, ки иштибоҳ мекунанд, мехоҳанд, ки ин иштибоҳи худро тавассути зӯр, тавассути нирӯҳои низомӣ рӯпӯш намоянд.

Дар ҳар ҷомеъа, аз ҷумла, дар Афғонистон ҳам ҳамин тур ҳаст. Шояд дар оянда дар Афғонистон сиёсатмарде пайдо шавад, ки зиндагии мардуми Афғонисторо хубтар кунад. Вале имрӯз сиёсатмадорон зиндагиро дар Афғонистон бадтар карданд. Фарҳангиён метавонанд кӯмак кунанд. Зеро имрӯз фарҳанг дар Афғонистон падидаест, ки эътимод ва боварии мардумро бо худ дорад. Агар худи ҳунарманд аз он нирӯе, ки дорад ба хубӣ худаш огоҳ бошад ва ба дурустӣ аз он истифода барад, албатта дар Афғонистон дар ин самт коре карда мешавад.

Зеро фарҳанг дар Афғонистон ҳамеша дар канори мардум ҳаст. Ин як хушбахтии бузург ҳаст. Ва дар миёни ҳама мусиқӣ бузургтарин ва маҳкамтарин василаест, ки метавонад дар хизмати сулҳ қарор бигирад. Дар чунин вазъ ҷои ҳунарманд Афғонистон ҳаст. Дар ҳамин нооромиҳо Афғонистон ба мо ҳунармандон ниёз дорад, то кӯмакаш кунем, ки ором шавад. Ман ҳамин тур мефаҳмам.

— Шумо ба ҳайси сафири сулҳи СММ дар Афғонистон сабаби идомаи ҷангро дар ин кишвар дар чӣ мебинед? Киҳо меҷанганд ва чаро меҷанганд?

Нирӯҳои даргири ҷанги Афғонистон қисмати бузургашон худи афғонҳо ҳастанд. Вале аз фурсати барои Афғонистон ноҳинҷор нирӯҳои дигар низ истифода мекунанд. Онҳо аз ин ҷанг барои худ суд мебаранд. Имрӯз ба назари ман Афғонистон барои аксари ҷаҳон мисли як чорроҳи тиҷорат шудааст. Ҳар касе аз як роҳе меояд ва дар ин чорроҳа меистад ва ба суди худ тиҷорат мекунад.

Хоҳ ӯ сиёсатмадор ҳаст, низомӣ ҳаст ва ё фарҳангӣ. Дар Афғонистон имрӯз 37 кишвари ҷаҳон низомиҳои худро доранд. Кӣ гуфта метавонад, ки ҳамаи онҳо дар Афғонистон сулҳро мехоҳанд? Ман ҳамчун сафири сулҳи СММ дар Афғонистон фаъолият мекунам, вале ин маънои онро надорад, ки ман ҳузури тамоми нирӯҳои хориҷиро дар Афғонистон мепазирам. Ин саволест ҷавобаш душвор аст. Киҳо дар Афғонистон меҷанганд?

Дар ҳардуи ҷабҳа ҳам аксаран афғонҳо мебошанд. Ҷанги Афғонистон ҳам мушкил ҳасту ҳам содда. Мушкил барои он ҳаст, ки солҳои зиёд мегузараду он ҳал намешавад, содда барои он ҳаст, ки он тиҷорат ҳаст. Ҳар касе, ки дар ҷанги Афғонистон ширкат меварзад, мехоҳад аз он суде ба даст оварад. Сулҳ дар Афғонистон ба манфиати ин ҷангафрӯзон нест. Хоҳ ин ҷангафрӯзон дар миёни низомиҳои ғарбӣ бошанд, хоҳ дар тарафи дигари ҷабҳа, ки умдатан афғонҳо ҳастанд бо ҳамроҳии ҳамсангаронашон аз дигар кишварҳои исломӣ. Яъне ҷанг ба суди онҳо ҳаст.

— Натиҷаи барномаи «Кӯдакони хиёбонӣ» чӣ шуд? Ба куҷо расидед? Оё дар байни кӯдакони хиёбонӣ Фарҳоди Дарёи тозаро дарёфтед? Чун мо хабар дорем, ки ба бархе аз онҳо шумо созҳои мусиқӣ низ тӯҳфа кардаед?

-Барномаи «Кӯча» умдатан ба хотири кашфи истеъдодҳо нест. Ҳадафҳои васеътаре дар пеш дорад. Ман барномаи телевизионии «Кӯча»-ро ба он хотир сохта будам, ки ҷомеъа аз мушкилоти бачаҳои афғонӣ муталеъ шавад. Ҳадаф ин буд, ки бо ҷомеъа, бо сиёсатмардон, бо мардум ҳамин оинаро дар баробарашон қарор бидиҳем, ки онҳо ба аҳволу сарнавишти ин кӯдакон мутаваҷҷеҳ шаванд ва дар қиболи масъулиятҳое, ки доранд, бидонанд, ки чи бояд кунанд, чӣ бояд анҷом шавад, ки ин кӯдаконе, ки имрӯз ба иллати ҷангафрӯзиҳои мо бузургсолон ба хиёбонҳо кашонда шуданд, хубтару беҳтар зиндагӣ кунам.

Ман бештар бо кӯдакони хиёбонӣ кор мекунам. Бо кӯдакҳое, ки бо сабаби кор дар кӯчаву хиёбонҳо ба мактабу мадраса рафта наметавонанд. Барои ҳалли мушкили ин кӯдакон ман чандин барномаҳо сохтем, ки шумо аз дутои он: аз барномаи телевизионии «Кӯча» ва «Ҳисоби кӯча», ки барои бачаҳои хиёбонӣ ва модарони беваи онҳо ман ҳисоби бонк кушодам, ёдовар шудед. Ин кӯдакон истеъдод ё худ нирӯҳои кашфношудаанд. Ман кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дарвозаи истеъдоди ин нирӯро барои Афғонистон боз бикунам. Ин барномаҳо идома доранд.

— Шумо замоне бо шоири зиндаёд Қаҳҳори Осӣ ҳамкории хубе доштед. Таронаҳои «Диёри нозанини ман», «Лайлӣ«, «Фаришта», «Дубайтиҳои саргардон», «Духтарак ва Ватан», «Мавло Алӣ» ва ғайра маҳсули ҳамкории шумо бо ин шоири шаҳири ноком буд. Феълан шумо бо кадоме аз шоирони муосири афғонӣ ҳамкорӣ доред? Умуман дар бораи ҳамкори як овозхон бо як шоир чӣ андеша доред? Бо ашъори кадоме аз шуарои тоҷик шинос ҳастед? Оё бар ашъори эшон оҳанг эҷод карданӣ ҳастед?

-Аз шоирони форсзабони чи аз Эрон, чи аз Тоҷикистон ва чи аз Афғонистон хеле хондем. Ман Мавлонову Ҳофизу Бедилу дигар шоирони клоссикро дар назар дорам. Шумо аз зиндаёд Қаҳҳори Осӣ ёд кардед. Дар ҳақиқат, бузургмарде буд. Таронаҳоеро, ки бар ашъори ӯ гуфтаам ва шумо дуруст ёдовар шудед, ҳаводорони мусиқӣ хеле дӯст доранд.

Баъди марги ӯ бо шоири дигаре чунин ҳамкории қавӣ надоштаам, вале қариб бо ҳамаи шоирони муосири Афғонистон дар иртибот ҳастам. Имрӯз ҳам бо шоирони ҷавонтари афғон дар ҳамкорӣ ҳастам. Умедвор ҳастам, ки ин сафари ман дар Тоҷикистон роҳи ҳамкориҳоро натанҳо дар соҳаи мусиқӣ, балки дар соҳаи шеър ҳам бо шуарои тоҷик бозтар кунад. Ва бо саромадони шеъри тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо кунам ва ашъорашонро дошта бошам ва сурудҳо ҳам эҷод кунам. Иншоаллоҳ, ин холигиро дар сафарҳои ҳунарии минбаъдаи худ пур хоҳам кард.

— Худи шумо ҳам шеър мегӯед?

Таснифҳои чанд таронаам маҳсули эҷоди ман аст. Масалан, матни сурудҳои «Насими ошиқпарвар», «Бибивилоят»-ро, ки онҳоро овозхони хеле соҳибистеъдоди мо Фаводи Ромиз мехонад, ман навиштаам. Агар шумо суруди «Модар»-ро аз албоми «Афғонистон, салом» шунида бошед, матни онро ҳам ман гуфтаам. Рости гап, солҳо орзу мекардам, ки дар бораи модарам суруде бигӯям.

Вале ҳеҷ матни мувофиқеро, ки ҷавобгӯи ҳоли модари ман мебуд, намеёфтам. Рӯзе дар Олмон сафаре аз Фронкфурт ба Гамбург доштам. Дар паси чанбари мутар худам менишастам. Дар ҳоле, ки мутар бо суръати аз 120 километр дар соат тезтар ҳаракат мекард, мурғи илҳомам магар илҳом гирифт, ки он ҳам ба парвоз омад. Дигар қаламро аз ҷайбам гирифтаму мираъҳоро болои чанбар рӯӣ қоғаз овардам. Ва он шеъри «Модар»-и ман дар чунин ҳолат эҷод шуд:

Чодарат аз гиря тар шуд,

Умри ту бо гиря сар шуд.

Аз ду чашмат хоб рафту хандаҳои ту назар шуд.

Модарам, ай модарак, хокат шавам,

Хоки андӯҳи дили покат шавам.

Буғчаат бар дӯши хаста,

Ай парешон, ай муҳоҷир.

Ай зан, ай мазлуми торих,

Ай тамоми шаб мусофир.

Модарам, ай модарак, хокат шавам,

Хоки андӯҳи дили покат шавам…

-Оҳангҳои Фарҳоди Дарёро киҳо аз овозхонҳои афғонӣ мехонанд?

— Дар ин 25 соли ахир аз овозхонҳои афғонӣ таронаҳои маро, фикр мекунам, бештаринашон хондаанд. Барои мисол устод Маҳваш, Наими Пӯпал, Ваҳид Қосимӣ, аз ҷавонтарҳо Қодири Ашпорӣ, Фаводи Ромиз, Ҳабиби Қодирӣ, хонум Симо Тарона, бачаҳои гурӯҳи «Борон» ҳама сурудҳои маро мехонданд.

-Воқеан, тақдири гурӯҳи «Борон», ки яке аз сабабҳои шӯҳратёр гаштани шумо шуда буд, чӣ шуд?

-Мо чор нафар будем. Муассисаш ман будам. Яке Асади Бадеъ буд, Ҷовид Роҳӣ буд ва Мухтори Маҷид. Асади Бадеъ феълан низ фаъолияти овозхонӣ дорад, вале дигар бачаҳо фаъолият надоранд.

-Аслан мегӯянд, ки шумо фаъолияти овозхонии хешро на бо гурӯҳи «Борон», балки аз мусиқии клоссикӣ, аз рогҳо оғоз кардед? Оё ин фикр дуруст аст?

-Бале, дуруст аст. Ман фаъолияти овозхонии худро аз хондани сурудҳои классикӣ оғоз кардам. Вале бар хилофи овозхонҳои пешин, ки рогҳоро бо забони санскрит ва урду мехонданд, ман кӯшиш мекардам, ки онҳоро ба забони форсӣ ва пашту бихонам. Назарияи ин мусиқиро ман аз устод Сиддиқи Қиём омӯхтам. Аз донишмандони мусиқии ҳиндӣ низ дарс гирифтаам. Вале дар пеши овозхонҳои маъруфи ин мусиқии кишвари худамон расман шогирд набудам ва барои ҳамин ҳам лозим намедонам, ки исмашонро бигирам.

-Оё шумо хонданиҳои қавволӣ ва сӯфиёна доред?

-Қавволӣ нахондаам. Сурудҳои тасаввуфӣ хеле зиёд хондам.Дар ғазалиёти ман ҳамон бори маънӣ ба тамомият дида мешавад, ҳузур дорад. Ҳатто дар мусиқии рок, ки тоза пеш гирифтем, мо хостем ирфонро ё возеҳтар бигӯем, ҷони ирфонро бо ҳаяҷони рок даромезем. Таронаи «Дунёи фонӣ» аз албоми ахирам «Ё Ҳӯ» низ ҳамин маънии тасаввуфиро дорад.

-Хулоса, аз рог ба рок расидед. То мусиқии рапп (реп) ҳам чанд қадами дигар беш намондааст. Воқеан, Бежан ном як овозхони ҷавони афғонӣ ин намуди мусиқиро хеле хуб иҷро мекунад. Оё шумо дар оянда дар ин шеваи мусиқӣ низ қувваозмоӣ хоҳед кард.

-(Механдад) Раппро дӯст дорам, вале ин шеваи ман нест.

-Кадом таронаатонро бештар аз дигар сурудҳоятон дӯст доред?

-Ҳар суруди ман дар як фасли зиндагии ман гиреҳ хӯрда. Ва ранги ҳамон фасли зиндагии маро дорад. Барои ман хеле душвор аст, ки бигӯям кадомашро дӯсттар дорам. Чун бо ҳар кадомаш зиндагӣ кардам, бо ҳар кадомаш нафас кашидам. Ва як саҳифае аз китоби зиндагии ман аст.

-Фарҳоди Дарё оҳангҳои Сароҳанг, Сорбон ва дигар овозхонҳои машҳури афғониро мехонад ва дар бораи ин овозхонҳо бо меҳру муҳаббат сухан мегӯяд. Аммо мутаассифона, мо таронаҳои зиндаёд Аҳмад Зоҳирро дар иҷрои Фарҳоди Дарё то ба ҳанӯз нашунидем. Ва инчунин дар бораи ин овозхони нотакрор ҳарфҳои Дарёро намедонем. Хоҳиш мекунам дар ин бора чизе бигӯед?

— Дар бораи Аҳмад Зоҳир ман фикри худро ҳамеша баён кардаам дар дохили Афғонистон, дар расонаҳои афғонӣ. Шояд ин ҷо иттифоқ науфтодааст. Зеро ин сафари нахустини ман аст. Аҳмад Зоҳир бидуни шак яке аз бузургони мусиқии афғонӣ ҳаст. Номиро (намиранда) ҳаст, ҷовидона хоҳад буд. Имрӯз ҳам вақте дар миёни мардуми Афғонистон раъйгирӣ мешавад. мепурсанд, ки кӣ саромади ҳама мусиқӣ ҳаст.

Бо вуҷуди он ки Аҳмад Зоҳир нест, вале мардум ҳама номи Аҳмад Зоҳирро ба забон меоранд. Ин як далел ҳаст. Далели дигар ин худи Аҳмад Зоҳир ҳасту ишқу муҳаббате, ки дар сурудҳояш ҳаст. Ман ҳам сахт дӯсташ медорам. Сурудҳояшро дар хилватҳои худ зам-зама мекунам. Гоҳе ҳам рӯи саҳнаҳо сурудҳояшро хондаам.

-Овозхонҳои тоҷикистониро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Бо барномаҳои онҳо шинос ҳастед? Оё таронаҳояшонро гӯш мекунед?

-Ман аз хурдсолӣ тавассути телевизиони Қундуз, ки дастрасӣ ба барномаҳои телевизиони ҳамон давраи Тоҷикистони шӯравиро дошт, консертҳои ҳунармандони тоҷикиро тамошо мекардаму ҳаловат мебурдам. Барои ман тамоми сурудҳои тоҷикӣ, чи таронаҳои «Шашмақом», чи сурудҳои «Фалак», чи сурудҳои эстрадӣ аз кӯдакӣ азиз буданд. Бузургони мусиқии тоҷикиро хуб мешиносам. То ҳамин рӯз мусиқии тоҷикиро дӯст медорам ва гӯш мекунам.

Дар мусиқии тоҷикӣ имрӯз, алҳамдулилоҳ, чеҳраҳои барҷаста дида мешаванд. Махсусан, баъди он ки дар Тоҷикистон бо кӯшиши мардум ва сиёсатмадоронашон сулҳ барқарор шуд, шароит фароҳам омад, ки мусиқӣ рушд кунад ва чеҳраҳои тоза рӯи саҳна биёянд. Ман мушахассан исми касеро намегирам. Нашавад, ки касеро фаромӯш кунам, ки боиси малоли хотири азизон шавад.

-Агар ин лаҳза аз шумо хоҳиши қироати як байт шеърро бикунем он кадом хоҳад буд?

-Охирин бор вақте девони Ҳофизро ба даст гирифтам як мушкил дар пеш доштам. Ҳайрон пеши ин мушкили хеш будам. Чун девони Лисонулғайбро кушодам Ҳофиз гуфт:

Рухи ту дар дилам омад, мурод хоҳам ёфт,

Чаро, ки ҳоли накӯ дар қафои фоли накӯст.

Баъди хондани ин байт гумон кардам, ки ҳазрати Ҳофиз ба ман мужда дод, ки «ай марди Худо, бирав, ки мушкилат осон шуд». Ва ҳама корҳои ман хуб шуду сафар ба Тоҷикистони азиз доир гашт. Мисле ки Ҳофизи бузург мушовири ман аст.

— Ташаккури зиёд барои ин сӯҳбати пурмӯҳтаво. Сафарҳои навбатии шуморо бесаброна интизор хоҳем шуд. Ҳамеша бо Ҳофизи бузург бошеду Худо ҳофизи шумо.

— Аз шумо ҳам ташаккур мекунем. Дар амони Худо бошед!

Мусоҳиб Султони ҲАМАД

03. 11. 2008

Filed under: Сарояндаҳои Афғонистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!