ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМИ СУРАЙЁ: «ТАЛАБГОРИ БИСЁР ДОРАМ, АММО…»

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Чун вориди хонаи сарояндаи хушсадо, бо истеъдод, машҳур ва сарояндае, ки санъати тоҷикро дар Аврупову Амрико, Ғарбу Шарқ муаррифӣ кардааст Шабнами Сурайё гаштам, ӯ тариқи почтаи электронӣ бо продюссерони худ оғои Нодир ва ҳамсари ӯ хонум Рӯё, ки дар олмон чанд консерти Шабнамро дар Аврупо ташкил кардаанд, гуфтугӯ дошт.

Шабнам тариқи почтаи электронӣ маро бо дӯстони хориҷии худ шинос кард. Хонум Рӯё аз истеъдоду маҳорат, рафтору гуфтор ва кадбонугии Шабнам бо самимият ҳарф зада, иброз дошт, ки ӯ дар фазои санъат ситораи дурахшон аст.

Бале, ин санъатшиноси хориҷӣ ҷавҳари ҳунарро дар вуҷуди Шабнам дарк карда, ӯро назди худ даъват намуд ва ба мӯҳлати шаш моҳ шартномаи ҳамкорӣ баст. Тибқи ин шартнома Шабнами Сурайё аз моҳи июл то моҳи декабри соли 2009 дар саҳнаҳои калонтарини якчанд давлатҳои Аврупову Амрико баромад дошт. Ҳарчанд Шабнам вақти холӣ надошт, аммо ба якчанд саволамон ҷавоб гардонд. Инак мӯҳтавои сӯҳбатамон, мутаваҷҷеҳ бошед.

— Шабнам, дӯстони хориҷиат чӣ мегӯянд?

— Пешниҳоди идомаи ҳамкориро доранд.

— Розӣ ҳастӣ?

— Бо ҷону дил мехоҳам ин пешниҳодро қабул кунам, зеро форсизабонони олам тариқи шабакаҳои «РМС», «Ориёно» ва чандин шабакаҳои дигар аз санъати тоҷик огаҳӣ ёфта, якчанд санъаткор, аз қабили Садриддин, Сӯҳроб, Баҳрому Баҳодур, Нигинаю Нигора, Нозияву Муҳаммадрафӣ ва Сиёвушро даъват карда истодаанд. Баъдан ҳоло дӯсти қадрдонам Ҷонибек дар Амрико ҳунарнамоӣ дорад, вале банда ягон пешниҳодро пазируфтаю сафар карда наметавнам.

— Чаро, охир чунин имкониятро на ҳамеша пайдо карда метавонед…

— Рост мегӯед, аммо то ба озодӣ баромадани хоҳараки ширинам Фарзона модарамро танҳо гузоштан намехоҳам. Ману апаи меҳрубонам Рӯзигул бояд ду қанот, ду сутуни модари азизи худ бошем, гӯён Шабнам ба гиря даромад. Лаҳзаҳои сари дастархон нишастану ҳазл кардаҳояшро бо Фарзона ба хотир оварду гиря кард. Тасаллияш додаму ӯро каме ором намуда, сӯҳбатро идома додем.

— Шабнамҷон, мегӯянд, ки ту аз ҳисоби сафарҳои ҳунариат ба хориҷи кишвар маблағи зиёде ба даст овардаю миллионер шудаӣ. Оё ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд?

— Воқеан ҳам, ман миллионер шудаам, лекин аз ҳисоби маблағ не, балки аз ҳисоби мухлисонам. Рости гапро гӯям, банда дар дастам маблағро то дер нигоҳ дошта наметавонам, ҳамин, ки камтар пули зиёд пайдо кардам, ҳатман онро ба хонаи кӯдакон, пиронсолон ва мӯҳтоҷон медиҳам.

— Вақтҳои охир миёни мардум миш – миш аст, ки Шабнам Тоҷикистонро тарк карданист…

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

— Барои чӣ ман Ватани азизамро тарк кунам, бо кадом сабаб?! Дар ҳама саҳнаҳо аввал ситоиши Ватани хеш мекунам, магар аз баҳри модару Ватан гузаштан осон аст?! Он чӣ ба сари хоҳарам омад, он аз ҷавонӣ, нодонӣ, надонистани қонун ва иштибоҳи худи ӯ буд. Охир, надонистани қонун касеро аз ҷавобгарӣ озод намекунад – ку! Муҳимаш он ки ӯ зинда бошад, боқӣ ҳамааш мегузарад.

— Айни ҳол ба чӣ корҳо машғулӣ?

— Сурудҳои нав омода карда истодаам, то мухлисонамро бо таронаҳои тару тоза шод намоям.

— Нияти оиладор шуданро надорӣ?

— Албатта, ҳеҷ чиз ба оғӯши гарми зиндагӣ баробар шуда наметавонад, аммо ҳоло дар гӯшаи хаёлам фикри хонадор шудан нест. Талабгори бисёр дорам, аммо ҳар кадоми онҳо садди роҳи касбам мешаванд, банда бошам бе суруду мусиқӣ ва бе тӯю маърака зиндагиамро тасаввур карда наметавонам. Мехоҳам, марде бошад, ки маро дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ фаҳмад, дастгириам кунад, чӣ гуне, ки ҳастам, ҳамон гуна қабулам намояд ва муҳимтар аз ҳама барои идомаи касбам зид набошад.

— Дар поёнии сӯҳбат ба хонандагони ҳафтавори «Зан ва мард» ва мухлисони хеш чӣ таманниёт доред?

— Бигзор ҳамеша хурсанду хушбахт бошанд, дар зиндагӣ камбудиро набинанд ва пайваста сурудҳои маро гӯш карда, истироҳат кунанд. Ин ҳафтаворро пайваста мутолиа мекунам ва бисёр шод мешавам, ки мухлисони ману Фарзона тариқи мактубҳои хеш моро ҳамеша ёд мекунанд, миннатдорам аз онҳо. Ҳама кӯшишҳои ман барои шумо мухлисони азизам мебошад, бе шумо ҳунару истеъдод суруди таронаҳоям ҳеҷанд. Зинда бошед.

— Барои сӯҳбат ташаккур.

Мусоҳиб Тӯҳфа АҲМАДОВА, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Anoosh:

    Шабнам суруди папи чулора мехони
    Чунин аст
    папи папи папи чуло
    папи чуло пикам ми

    бо ехтиром АБДУЧАБОР МЕЛУКОВ (заправка)

    хонед ва холоват баред

  2. Шабнамчони сурайё ту бехтарин ва зеботарин на танхо дар Точикистон балки дар тамоми дунё буди хасти ва хохи монд. Бо эхтиром мухлиси шумо Исроил

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!