ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАҲРОМ: «АГАР ХУДОВАНД БАРОЯМ ЧУНИН ИМКОНИЯТРО РАВО БИНАД…»

Шахроми Абубакр

Шахроми Абубакр

Шаҳроми Абубакр — ин шахсият ба ҷавониаш нигоҳ накарда аллакай дили ҳаводорони савту навои тоҷикиро тасхир намудааст. Ӯ дар оилае таваллуд шудааст, ки муҳиташро одамони эҷодкору зангӯ лаи оҳанг фаро гирифта буд. Маҳз ҳамин хусусиятҳо ва истеъдоди модарзодӣ Шаҳромро ба кӯйи сарояндагӣ ҳидоят намуд.

— Шаҳром, ба наздикӣ дар расонаҳои хабарӣ овозхонҳоеро, ки ба буҷаи давлат андоз намесупоранд, танқид карданд. Шумо ба давлат андоз месупоред?

— Албатта, ман низ чун дигар овозхонҳо андози муқарраршударо месупорам. Супоридани андоз қарзи ҳар як инсони соҳибкасб аст.

— Бисёриҳо мегӯянд, ки давлат моро дастгирӣ намекунад, пас барои чӣ андоз супорем? Шумо низ ҳамин тавр фикр мекунед?

— Кӣ ин тавр мегӯяд?

— Ба ростӣ наметавонам онҳоро номбар кунам, вале дар ҳақиқат ҳам чунин буд…

— Бовар кунед, ман мӯҳтоҷи дастгириву кӯмаки давлат нестам, худам ба осонӣ аз ӯҳдаи такмилу сайқал додани ҳунарам мебароям. Андозро ҳам барои худам месупорам. Аз чунин миқдор пул касе сарватманд намешавад.

— Шаҳром, агар сад ҳазор доллар медоштед, нахустин коре, ки анҷом медодед, кадом мебуд?

— Агар Худованд бароям чунин имкониятро раво бинад, аввал дар маҳаллаамон масҷид месозам ва боз ба кӯдакони бепарастор кӯмаки моддӣ мерасонам. Боқимондаи онро барои сайқал додани ҳунарам масраф месозам.

— Агар як бори дигар таваллуд мешудед, кадом касбро интихоб менамудед?

— Ростӣ намедонам… Чӣ чизеро ки Худованд дар насибам меовард, ҳамонро мекардам. Касбу пешаи ҳар нафарро Худованд муайян мекунад. Лекин фикр дорам, ки агар аз имкониятҳои санъаткорӣ маҳрум мебудам, шояд ки аз пайи суннати паёмбарӣ, яъне тиҷорат мерафтам.

—  Мегӯянд, ки бе ин ҳам шумо ва дигар пайвандони аҳли оилаатон ба хариду фурӯши мошин машғул ҳастед. Рост аст?

— Не, бо тиҷорати мошин сарукор надорем, вале дар соҳаи савдо ба дигар намуди тиҷорат машғул мебошем.

— Варзишро дӯст медоред?

— Ман ҳамавақт кӯшиш мекунам, ки новобаста ба серкориам ба иҷрои варзиш имконият ёбам, чунки варзиш роҳ сӯи ҳаёти солим аст.

— Кадом намуди варзишро дӯст медоред?

— Самбо.

— Шумо барои машқҳоятон кадом варзишгоҳи шаҳрро интихоб кардаед?

— Дар паси «Қасри теннис» як толорчаи варзишие ҷойгир аст. Ман бештар ба онҷо меравам.

— Мошини шахсӣ доред?

— Не, пиёда мегардам, баробари мардуми оддӣ қадам мезанам. Бовар кунед, барои ман фарқ надорад, ки чӣ гуна мошин дорам ё дар кадом нақлиёти ҷамъиятӣ мешинам. Муҳим он аст, ки корро зудтар ба анҷом расонам.

— Ба фикри шумо барои сарояндагӣ чӣ бештар муҳим аст? Симо, овоз ё пул?

— Ҳамаи ин ҷузъҳое, ки номбар кардед, бо ҳам тавъаманд. Шояд набудани ҳаттои якеи онҳо ҳам сабаб шавад, ки ҳунарманд ба қуллаи дилхоҳ нарасад.

— Масалан, шумо ба кадоми ин сифатҳо аҳамияти зиёд медиҳед?

— Барои ман хоксории инсон дар мадди аввал меистад, зеро ин сифати беҳтаринест, ки шахсро дар назди мардум воломақом мегардонанд. Инсон агар хоксор бошад, ҳурмати атрофиёнашро ба ҷой орад, худи мардум оҳиста-оҳиста ӯро дастгирӣ намуда ба мақоми даркорӣ мерасонанд.

— Мегӯянд, ки бӯҳрони иқтисодӣ намегузорад, ки писарон зан гиранд. Рост аст?

— Ман ба ин гапҳо бовар намекунам. Агар ҷавонон хонадор шудан хоҳанд, маоши кам ё бӯ ҳрон таъсир расонида наметавонад. Бо рияои қонуни танзим дар бораи тӯю маъракаҳо оилаи солим барпо кардан мумкин аст.

— Филми дӯстдоштаатон кадом аст?

— Филми «Русская масса».

— Филмҳои тоҷикиро тамошо мекунед?

— Албатта тамошо мекунам. Филмҳои «Умеди охирин», «Беҳуда хорам мекунӣ», «Дар орзуи падар» беҳтарин филмҳои тоҷикианд, ки эътиқоди мардумро нисбат ба синамои тоҷик зиёд гардонидаанд.

— Кадом хислататон ба худатон маъқул нест?

— Намедонам… Дар ин бора фикр накардаам. Барои ман муҳим он аст, ки дили касеро наранҷонам ва бо ҳама хушмуомила бошам.

— Дар ҳолатҳои хастагӣ ба иҷрои кадом кор даст мезанед?

— Фикру зикри Худовандро мекунам.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. Anoosh:

    Акаи шахром байдот девонай чи хел меша ки ягон байди ИСЛОМИ мисли С.Н. ечод мекарди зур мешид.

  2. ismayl sangov:

    Худо куваташ дихад !

  3. Хислати хубе ту ай дуст аз сухан огоз шавад.
    Гар чи дашном бар забонаст дуст зи ту безор шавад.
    Хар чи хайре ки ту дори то бар ин рузи бувад,
    Миннате асло макун, ки хайри ту бекор шавад.
    Хуб мешуд ки овози хуши шумо, балки грухи Анис хамеша аз панду насихат овоз медод, Бо Шумо збандааст газалхои бузургонро хондан.
    Суханхо аз шоири мисофир Пулоди Хисори Pulodi-84@mail.ru

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!