ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ГУЛРӮ: «ҶАВОНИ ХУБ ПАЙДО ШАВАД, ҲАТМАН БА ШАВҲАР МЕБАРОЯМ»

Гулру Табарова

Гулру Табарова

Садои Гулрӯ — садоест, ки ба гӯшҳо навозишу ба қалбҳо умед мебахшад. Садоест, ки баробари ба гӯш расиданаш дили кас тасхир меёбад, садоест, ки хастагиро дур месозад. Ин таронаест, ки бо садои ширину форам, садои марғуладор, садои гӯшнавоз, садои ширадори сарояндаи ҷавону зебо Гулрӯ Табарова танинандоз аст.

Маҳз бо ҳамин тарона, яъне «Ёри бевафо» Гулрӯ ҳамчун сароянда миёни мардум муаррифӣ шуда, мухлисони зиёдро соҳиб гашт. Мухлисони ҳунари ӯ пайваста хоҳиш менамоянд, ки бо ин бонуи ҳунар ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи тавлидёбии ин тарона пурсон шавем.

Чаро Гулрӯ бо дард суруд мехонад? Магар ӯ аз нафаре хиёнату бевафоӣ дидааст? Таронаи «Ёри бевафо» — ро ӯ ба кадом хотир суруда бошад? Магар ёраш ба ӯ бевафоӣ кардааст? Беҳтараш инро аз Гулрӯ Табарова мепусем.

— Гулрӯ, қаблан ташрифи шуморо хайрамақдам мегӯем.

— Ташаккур!

— Бигӯед, ки таронаи «Ёри бевафо» — ро ба кадом хотир сароидаед? Магар ёратон ба шумо бевафоӣ кардааст?

— На! Ин таронаро ба онҳое бахшидаам, ки ба ёри хеш бевафоӣ кардаанд. Охир имрӯз каманд духтароне, ки аз ёри хеш хиёнату бевафоӣ дидаанд? Албатта не, барои ҳамин ҳам, қабл аз ба саҳна баромадан тасмим гирифтам, суруде хонам, ки ба дарди мардум хӯрад.

— Аксари волидон барои санъаткор шудани фарзандон, бахусус духтар зиддият нишон медиҳанд… Вақте шумо по ба ҷодаи санъат гузоштед, нафаре аз оила зид набаромад?

— Баръакс, ман бо дастгирии модарҷонам ба саҳнаи калон баромадаму мухлисони хешро соҳиб шудам. Минатдорам аз он кас, бигзор ҳамеша болои сарам нигаҳбонам бошанд.

— Вақте бори аввал ба саҳна баромадед, шуморо чӣ эҳсосоте фаро гирифт?

— Бовар кунед, ягон эҳсосот маро фаро нагирифт, мисли он ки солҳои сол рӯи саҳна бошам бо ҳаракатҳои гуногун суруд мехондам.

— Гулрӯ, кӣ аст сарпарасти ин ҳама пешравиҳоятон?

— Сарпараст надорам, лекин бояд бигӯям, ки бо кӯмаку дастгирии дӯстону наздиконам ба саҳнаи калон роҳ ёфтам. Орзу мекунам, ки ҳамеша хушбахт бошанд ва дар зиндагӣ ҳеҷ камбудиро набинанд.

— Кадом тарона Гулрӯ Табароваро ҳамчун сароянда миёни мардум муаррифӣ намуд?

— «Ёри бевафо»

— Боварӣ доштед, ки баробари ба саҳна баромадан, мухлисони хешро соҳиб мешавед ва шӯҳратёр мегардед?

— Ҳар як инсон, вақте ба ҷодае қадам мегузорад, бояд ба худ боварии комил дошта бошад ва барои муваффақ шудан дар пешаи интихобнамудааш кӯшиш кунад, аммо намедонам, аз чӣ бошад, ки банда ҳеҷ боварӣ надоштам, ки яку якбора машҳур мегардам ва мухлисони зиёдро соҳиб мешавам. Шукрона мегӯям, ки баробари ба саҳна баромаданам мардум маро қабул карданду имрӯз ҳамчун мухлис дастгириам мекунанд. Ҳама кӯшишҳоям барои мухлисони азизу ширинам ҳастанд, ҳаракат карда суруде мехонам, ки аз дарди эшон қисса кунад ва ба онҳо писанд ояд.

— Гулрӯ, чаро бо дард суруд мехонед?

— Ҳар як сароянда мувофиқи матну оҳанги суруд ҳаракат мекунад. Масалан, вақте ман дар сурудҳоям шикоят аз хиёнату бевафоӣ ва дурии ёр мекунам, наметавонам бирақсам, бихандам ва даст афшонам, зеро матн ва оҳанги суруд инро тақозо намекунад. Аммо вақте суруди шӯх мехонам, метавонам озодона бирақсам, бихандам ва ҳаракатҳои гуногун бикунам. Дар мавриди бо дард суруд хонданам бошад, бояд бигӯям, ки ҳангоми сурудани сурудҳои ҳузнангез ба суруд дода мешавам ва худро қаҳрамони он тасаввур карда, ғамгин мегардам.

— Оиладор ҳастед?

— Ҳоло не.

— Чаро?

— Чунки ҳоло ҷавонам.

— Ният ҳам надоред?

— Албатта, арӯс шудану либоси сафеди арӯсӣ ба бар намудан орзуи ҳар як духтар аст. Ман низ мехоҳам либосҳои сафеди арӯсӣ ба бар карда, бо сари баланд вориди хонаи бахт шавам, соҳиби фарзанд гардам ва рӯгзори тинҷ дошта бошам, вале мегӯянд, ки «Зиндагӣ мактабест, ки барои хатми он саросема нашояд». Барои ҳамин ҳам, ҳоло аз паси таҳсил ва пешрафти фаъолияти эҷодиам ҳастам, аммо бояд қайд кунам, ки агар ягон ҷавони хуб пайдо шавад, ҳатман ба шавҳар мебароям.

— Шавҳари ояндаи Гулрӯ бояд чӣ гуна ва сари кадом вазифа бошад?

— Бароям вазифа муҳим нест, зеро ҳеҷ гоҳ пулу мол наметавонад касро хушбахт созад. Бигзор ӯ корманди оддӣ бошад, аммо дар зиндагӣ маро фаҳмад, дӯст дорад, ба қадрам расаду эҳтиромам кунад.

— Агар шарт гузорад, ки ё оила ё санъат, пас чӣ кор мекунед?

— Тавре дар боло гуфтам, бо марде хонадор шудан мехоҳам, ки маро фаҳмад ва чӣ гунае, ки ҳастам, ҳамон гуна қабулам созад.

— Оянда чанд фарзанд доштан мехоҳед?

— Дуто

— Писар ва ё духтар?

— Албатта духтар, чунки духтар дар зиндагӣ ҳамеша дастгиру ёрирасони модар аст.

— Дар зиндагӣ боре ошиқ шудаед?

— Бале, зиндагӣ бе ишқ маъно надорад, аммо бояд гӯям, ки ошиқ будан маънои онро надорад, ки касеро дӯст дорӣ ва барои ӯ худро обу адо кунӣ не, ошиқ ба дунёи зебоӣ, ошиқ ба суруду мусиқӣ, ошиқ ба табиати зебо…

— Мегӯянд, ки Гулрӯ Табарова шавҳари хориҷӣ карданист, ин овоза ҳақиқат дорад?

— Дӯстони зиёди хориҷӣ дорам, ки борҳо пешниҳоди хонадоршавӣ кардаанд, аммо банда розӣ намешавам. Як тор мӯйи сари ҷавони тоҷикро ба ҳазор тангаю тиллои хориҷӣ иваз намекунам.

— Аз рӯйи шуниди мо шумо ҳоло донишҷӯед…

— Бале, ман алҳол донишҷӯям.

— Куҷо таҳсил доред ва дар курси чандум?

— Курси дуюм, дар шӯъбаи режиссёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистон.

— Мушкил нест ҳам таҳсилу ҳам дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ширкат варзидан?

— Агар инсон касбашро дӯст дорад, ҳеҷ мушкилие эҳсос намекунад.

— Дар поёни сӯҳбат чӣ таманниёт доред?

— Ба тамоми мухлисонам ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми тоҷик сарбаландӣ, саодатмандӣ ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.

— Саломат бошед.

Сӯҳбаторо Дилангез Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

9 комментариев

  1. Dehkonbacha:

    Gulru ay mada behtarin javoni khub nameyobi. Khovand hardumona kushapir kunad, OMIN!!!!

  2. Anoosh:

    Худо ба максадтон нарасен

  3. Хасан ва Баходур:

    Аку нав ба ёдут расид, ки шу кардан даркор? Фикр мекунам, ки уже дер шуд. Так что метони парвои шу кардана накуни. Дар хами сахнае ки мегуй баромад мекунум, баромад кардан гиру хондану раксидан…
    Бо эхтиром як гурух мухлисони ту аз шахри Кулоб….

  4. Нозанин:

    Манижачон чони чигар шумо кучо шудед ба сахна намебароед?
    Ман агар шумора бинам касал бошам соз мешам агар девона бошам хушёр мешавам.Манижа шумо будед светам буд ана акнун Шабнам шуд свето мурдестан дам бадам. Шумо дар кучое?

  5. AMINJON:

    ман туя мегирам бий росташ

  6. AMINJON:

    ту да ман сахт маъкул

  7. Аввал салом ба хама халки точик бад с наступающим это перекрасни таджикиски праздник всех таджики я поздравлеяю всех с навруз оламафруз!!!!!Гулру хай ами ду о кадан гир ами яя чи мешава охирида иншаалллох ба максадут мераси калони бади ма худум мегиримт хай калони просто айбай да бад точик мардум мега киии еееее барои чизушу барои бойгариш гирифтайша ами дили точик харомай да !!!! хай ами кучоеда боши саломатит тенч боша ами обруи точикай !!!!!!!

  8. Зубайдулло:

    Гулру ман ошик ва мавтуни шумо..чи кор кунам..надонам..?

  9. соба:

    разви хамира шмо хофи3а меген санати точикора гоидагиан овози керима дор а Манижа бген меар3а

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!