ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НОБОВАР: «САРҶАМЪИИ МО БА ХОТИРИ БАРОМАДИ ЗИНДА ДАР САҲНА АСТ»

Нобовар Чаноров

Нобовар Чаноров

Нобовар Чаноров, овозхони гурӯҳи «Шамс» 25 декабри соли 1970 таваллуд шудааст. Мактаби рақами 6, деҳаи Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон ва Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро бо ихтисоси актер ва коргардон хатм кардааст. Чор фарзанд, 2 писару ду духтар дорад. Номи ӯ бо номи гурӯҳаш пайванди ногусастанӣ дорад.

«Шамс»-ро дар расонаҳои хориҷӣ «Битлз»-и тоҷикӣ ва аз гурӯҳҳои маъруфи «Rock and Roll» дар Тоҷикистон унвон кардаанд, аммо Нобовар мегӯяд, ин гурӯҳи фолкпоп аст ва бо мусиқии мардумӣ сарукор дорад. Гурӯҳ аз 7 навозанда иборат аст, ки аз 25 то 60-сола ҳастанд. 7 мутриб тамоми намуди асбобҳои мусиқиро навохта метавонанд.

— Нобовар, ташаккур мегӯем, ки барои сӯҳбат вақт ёфтед. Саволи нахустини мо ин аст, ки барои чӣ номи гурӯҳи Шумо «Шамс» аст ва оё номатон ба бовариву нобоварӣ пайвастагие дорад?

— «Шамс» — офтоб, яъне гармидиҳанда ва рӯшанӣ аст. Ба ин хотир дастаро чунин ном гузоштем. Аъзоёни гурӯҳ ҳафт нафаранд: Иқболшо Завқибеков, Ёқуб Илёев, Зариф Пӯлодов, Анваршо Ғуломалиев, Баҳодур Давлатов. Ин ҳам фоли нек аст. «Шамс» тақрибан сӣ сол боз аз давраи фаъолияти босамари Далер Назарову Муборакшо, Наргису Хурмо Ширинова арзӣ ҳастӣ дорад.

То ҳанӯз ҳамон таъсире, ки онҳо ба гурӯҳи «Шамс» мерасониданд, гум нашудааст ва Худо кунад, ки гурӯҳ гармии худро ҳамеша ба мухлисон расонида тавонад. Дар хусуси номам ҳаминро гуфтаниам, ки он ба бовариву нобоварӣ дахле надорад. Балки калимаи «ноб» маънои софӣ, хушбахтӣ ва покизагиро дорад, «овар» ин овардан аст. Ман низ метавонам ба ҳаводорони санъат каме хушбахтиву покизагии рӯҳӣ бахшам.

— Мегӯянд, ки мардуми хориҷа ба санъати Бадахшон таваҷҷӯҳу эҳтироми зиёд доранд. Ҳатто як овозхони ӯзбекистон дар мусоҳибааш изҳор дошта буд, ки гузаштагонаш аз мулки Бадахшон аст ва шояд аз ин хотир ҳунари баланд дорад…

— Дар ин бобат гапҳо зиёданд. Ҳатто дар як маҷаллаи амрикоӣ касе навишта буд, ки гурӯҳи «Шамс» «Битлз»-и Осиёи Миёна аст ва як нафари дигар изҳор дошта буд, ки вақте ки сухан дар мавриди мусиқии тоҷик меравад, ин маъно дорад, ки гап дар бораи санъати Бадахшон аст. Боре дар нишасте бо асбобҳои халқӣ навохтему Юлдуз Усмонова гуфт, ки сари шумо як даричаеро дорад ва Худованд мусиқиро тариқи он ба шумо мефиристад.

— Ба мушоҳида мерасад, ки ҳамаи баромадҳоятон бо садои зинда мегузарад…

— Беҳуда гурӯҳи моро ҳайати ҳафтнафара ташкил намедиҳад. Сарҷамъии мо ба хотири баромади зинда дар саҳна аст. Шояд агар бо фонограмма фаъолият мекардем, кайҳо парешон мешудем ва номи «Шамс» ҳам ба мо намезебид. Дар нахустконсертамон, ки дар Кохи Борбад гузашт, сурудҳо зинда садо доданд ва он ҷо дастаи «Славяки» ва «Бибиҷон» ҳам моро ҳамроҳӣ мекарданд.

— То ҳол ягон клипи шуморо надидаем… Оё ҳамин тавр ҳаст?

— Мо гуфта наметавонем, ки тамоман клип надорем. Агар дар хотиратон бошад, дар Тоҷикистон аввалин шуда мо клип ба навор гирифта будем, ки номаш «Дил ба ин дунё мабанд» буда, ба албоми нахустинамон тааллуқ дорад. Аслан завқу талаботи мо ба клип баланд аст, вале барои омода кардани клипи олӣ маблағи зиёд ва студияи бо таҷҳизоти муосир лозим аст. Клип надошта бошем ҳам, зинда сароиданамон низ ҷиҳати мусбати кор аст.

— Чун сухан бобати маблағ рафт, мегуфтед, ки оё маҳсули заҳмататон талаботи молиявии аъзоёни гурӯҳро қонеъ мекунад?

— Дар дили ҳар яки мо идеяҳои зиёд нуҳуфтаанд, вале барои амалӣ кардани онҳо пул намерасад. Барои зиндагӣ низ дарёфти мо кам аст.

— Агар шуморо барои дар маъракаам хизмат кардан даъват кунам, чӣ қадар маблағ мепурсед?

— Медонед, ин гуфтугузори махфист. Ҳаққи хизмати мо ҳар хел аст, вале бисёр нест…

— Нобовар, гурӯҳи «Шамс» 13 сол барномаи шахсӣ надошт ва танҳо чанд моҳ пештар консерт ташкил кард. Сабаби ин фосилаи дурудароз чӣ буд?

— Барномаи шахсӣ надошта бошем ҳам, дар дохилу беруни кишвар дар бисёр чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок доштем. Вале дар ҳақиқат он баромаде, ки тӯли дуюним соат дар кохи Борбад доштем, муддати сенздаҳ сол боре ҳам баргузор нагашта буд. Сабаби хомӯшиамон боз ҳамин маблағ аст. Чунки мо нисбати фаъолияти ҳунарӣ серталабем ва мехостем, ки нахустконсерти мо дар сатҳи олӣ гузарад. Дар консерте, ки гузашт, 36 микрафон кор мекард, дар рӯйи саҳна 20-30 одам буд.

— Консертҳои шумо бештар дар хориҷа баргузор мегарданд. Аз он ҳарос надоред, ки ба умеди саҳнаҳои беруна аз саҳнаи кӯчаки Тоҷикистон маҳрум мегардед?

— Як чизро бояд гӯям, ки мо наметавонем ва ҳуқуқ ҳам надорем, ки бе саҳнаҳои кӯчаки аслии худ ба саҳнаҳои бузург бароем. Энергияи саҳнаҳои тоҷик моро то саҳнаҳои хориҷ мерасонад.

— Бисёр ҳунармандоне, ки имкони ба хориҷа рафтан надоранд, ба шумо ҳасад мебаранд ва ҳатто мегӯянд, ки фаъолияти сермаҳсули Шумо дар самти хориҷ аз файзу баракати Оғохон аст. Шумо чӣ андеша доред?

— Сафарҳое, ки дар Амрикову Ҳиндустон ва чанд давлати дигар созмон додам, ин бо иқдоми таъсисдиҳандагони фестивалу озмунҳо, ки бо мусиқии Шарқ алоқаманданд, ба амал омадааст. Ташкилкунандагон худ моро пайдо карда, сарпарастиро ба зимма мегирифтанд. Натанҳо ман, балки сарояндагони дигари эстрада Шабнам, Садриддин, Баҳрому Ҷонибек низ тариқи шартномаҳо сафарҳои зиёдро анҷом медиҳанд. Дуруст аст, ки Оғохон фарҳанг ва санъати моро ҷонибдорӣ мекунад ва агар дарак дошта бошед, Академияи Шашмақом аз тарафи Оғохон дастгирӣ меёбад.

— Студияи «Шамс» аз кадом сол инҷониб фаъолият дорад?

— Аз соли 1989 студия вуҷуд дорад. Ба ин ҷо Далер Назаров рафтуомад мекунад, натанҳо рафтуомад, балки агар соҳибаш гӯем ҳам, хато намекунем. Худораҳматии Хурмою Муборакшо ва Парвиз Назаров аз ҳамин даргоҳ баромадаанд. То ҳанӯз барои Шабнаму Сироҷиддин суруд сабт мекунем, яъне ҳамкорӣ дорем.

— Нобовар, мегӯянд, ки аҳли ҳунар садоқат надоранд, яъне бевафоянд. Боз чунин ақидае мавҷуд аст, ки то ошиқ нашавӣ, таронаҳои дилписанд эҷод карда наметавонӣ. Нисбати чунин фикрҳо муқобил нестед?

— Ман намефаҳмам, ки барои чӣ танҳо ҳунармандонро бесадоқат мегӯянд… агар ҳунарманд бевафо мебуд, вай ягон чиз эҷод карда наметавонист. Дар мадди аввал вафодорӣ меистад, пасон муҳаббат, агар вафодорӣ карда натавонӣ, муҳаббат ҳам нест. Ба фикри он ки то ошиқ нашавӣ, эҷод карда наметавонӣ, розиам. Ман ҳамеша ошиқам ва барои овардани илҳоми эҷодкорӣ ҳама корро мекунам. Чанд рӯз пеш аз тарафи қалъаи Ҳисор то сарҳади ӯзбекистон бо мошин рафтам.

Бо мошин сайругашт кардан низ барои омадани илҳом мусоидат мекунад. Ошиқ шудан маънои танҳо ба ҷинси муқобил дил бастанро надорад, аз тамошои табиату сӯҳбати одамони зиндадил инсон ошиқ шуда, ба эҷод рӯй меорад. Масалан, новобаста аз он ки ман рубоиҳои Хайёмро зиёд медонам, боре дар роҳи Шаҳринав ба як навиштаи рубоии ӯ дучор омадам, ки сабабгори пайдошавии илҳомам гашт, ё ҳангоми сафари Бадахшон баробари расидан ба чашмаи Бибифотимаву Заҳро дар сарам идеяҳои нав тавлид меёбанд.

Нобовар мегӯяд, «девори хонаҳои тоҷикӣ дар Бадахшон сангин ҳастанд. Агар аз онҳо як санг гирифта шавад, девор меафтад. «Шамс» ҳам ҳамин гуна як хона аст». Таърихи «Шамс» ба бист соли пеш меравад, аммо бо ин ном як моҳ баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба Душанбе кӯчид ва ба зудӣ шӯҳрат ёфт. То ба ҳол 4 албоми гурӯҳ омода шудааст. «Шамс» ҳамчунин дар Афғонистон, Ӯзбакистон, Русия ва Аврупо низ шӯҳрат дорад.

— Нобовар, Бадахшон як қисмати калони Тоҷикистон аст. Вақтҳои охир мешунавем, ки баъзе ҷавонони Бадахшон худро тоҷик намешуморанд ва ҳатто забони тоҷикиро балад нестанд. Ақидаи Шумо дар ин маврид чист?

— Бадахшон мулки афсонавӣ ва қисмати ҷудонашавандаи Тоҷикистон аст. Вале ман бовар надорам, ки ҷавонони он ҷо тоҷик будани худро инкор созанд. Бояд ҷавонон аз даҳони Далер Назаров ё гурӯҳи «Шамс» шунида бошанд, ки мо ҳамавақт тоҷик буданамонро тасдиқ мекунем. Дар сайтҳои интернетӣ низ бо навиштаҳои «барои чӣ ҷавонони Бадахшон худро тоҷик намеҳисобанд» вохӯрдаам ва фикр мекунам, ки ин танҳо андешаҳои дасисабозона асту халос. Сабаби пайдоиши чунин саволҳоро ман намедонам, вале чун ба хоки Бадахшон пой мемонам, эҳсос мекунам, ки фарҳанги асили тоҷикон дар он макон нуҳуфтааст.

— Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ байни маҳалҳо ҷангу низоъ зиёд ба амал меомад. Оё ба назари шумо мерасад, ки баробари зуҳури Истиқлолият мардуми қаламрави кишвар муттаҳидтар шуданд?

— Дар давраи Шӯравӣ донишҷӯ бо донишҷӯ ё бародару хоҳар ҷанҷол мекарданд, ки ин як чизи ночиз буд ва дар ҳамаҷо рӯй доданаш мумкин аст. Вале нафароне, яъне тарафи сеюме буд, ки аз ин ночиз як чиз сохт, яъне воқеиятро аз пашша ба фил табдил доданд. Ман сиёсатро хуб намефаҳмам, вале имрӯз чун ба Бадахшон меравам, дар бозору дигар ҷойҳои ҷамъятӣ мушоҳида мекунам, ки ҷавонони дигар минтақаҳо кору зиндагӣ мекунанд. Аҷоибаш дар он аст, ки намояндагони дигар вилоятҳо низ забони бадахшониро аз худ кардаанд.

— Мегӯянд, ки ҳунар низ як бахши сиёсат аст ва бисёр ҳунармандоне ҳастанд, ки бо ҳунарашон ба сиёсат мерасанд. Шумо ҳамчун ҳунарманд дар бораи вазъи сиёсии Тоҷикистон чӣ назар доред?

— Ростӣ, аз сиёсат дурам, зеро кори эҷодиамон зиёд аст. Хубтар мешуд, ки ба ман вобаста ба фаъолияти эҷодӣ савол медодед… вале медонам, ки баъзе ҳунармандон бо роҳи сиёсат ба сари қудрат мерасанд, аммо дақиқ намефаҳмам, ки ба чӣ қудрат мерасанд.

Фарҳоди Милод, Бароти Юсуфӣ, «Озодӣ»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!