ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МАНИЖАИ ДАВЛАТ: «ҲИҶОБ АМРИ ХУДОВАНД АСТ!»

Манижа Давлатова

Манижаи Давлат

— Ба фикри шахсии ман ҳиҷоб амри Парвардигор аст. Рӯи худро пӯшонидан аз ҳар номаҳрам ва покиза гаштан чӣ ҷисман ва чӣ рӯҳан барои занҳои мо хеле савоб аст. Агар шумо, хонандагони азиз дар ёд дошта бошед, банда дар сӯҳбате, ки бо хабарнигори ҳафтаномаи «Азия плюс» доштам, қайд карда будам, ки на ҳама вақт ҳиҷоб мепӯшам.

Ҳиҷоб ба бар намудан ба ҳолати ботинии ман вобаста буд ва ҳаст, аммо намедонам шояд ман фаҳмонда натавонистам ва ё ҳамсӯҳбатонам маро нафаҳмиданд, ки суханонам каме нодуруст нашр шуданд.

Ман дар моҳи шарифи Рамазон пурра ҳиҷоб ба сар намуда тамоми фазилатҳои моҳро риоя мекунам. Дар дигар вақт чун коргари давлатиам, мувофиқи кор ва фаъолиятам либос мепӯшам. Мехостам гӯям, ки имрӯз духтарони зиёд сатр мепӯшанд, аммо ба корҳое даст мезананд, ки аз дидану шунидани он дили кас на танҳо аз онҳо, балки аз ҳиҷобу ҳиҷобпӯшҳо сард мегардад.

Албатта, ба ин гуфтаҳо банда ҳама занону духтарони ҳиҷобпӯшро гунаҳкор карданӣ нестам, зеро воқеан ҳам, ҳастанд шахсоне, ки арзандаи ҳиҷобанду он ба эшон сазовор, аммо дар баробари ин боз нафароне ҳастанд, ки бо дидани рафторҳои ноҷӯри эшон нафрати кас меояд. Бисёр мебинему мешунавем, ки духтарони ҳиҷобпӯш имрӯз бо мардҳо дар боғҳо вақт мегузаронанд, баъзеи дигараш дар назди дари фолбинҳо навбат меистанд…

Дар ҳоле ки ҳиҷоб мепӯшанд, пас чаро такя ба Худованд намекунанд? Чаро назди фолбину ҷодугарҳо мераванд? Вақте ҳиҷоб пӯшидам нафароне буданд, ки барои ба бар намудани он хурсанд шуданд, аммо боз шахсоне буданд, норозигӣ баён карда, сарзанишам намуданд, ки чаро тақлидкорӣ мекунам? Масалан, мегуфтанд, ки намозхон, китобҳои диниро хон, илм биомӯз, аммо ҳаргиз тақлид накун – ин либос тоҷикона нест. Ин суханҳоро ба ман нафароне мегуфтанд, ки худ аз илми дин бохабар ҳастанд.

Албатта, ин мавзӯи хеле нозук аст ва ман ҳақ надорам касеро маломат кунам ва ба иззати нафси касе бирасам. Фақат хоҳиш дорам, ки агар касе, ки имконият дорад ва самимӣ мехоҳад ҳиҷоб ба бар кунад, эҳтироми онро пос дорад, аммо барои рӯйпӯш кардани баъзе рафторҳо бошад, беҳтар аст онро напӯшанд.

Шахсан ман дигар ҳаваси саҳна, зебо гаштан ва нозу неъмати дунёро надорам. Мақсад ва орзуи ниҳониам айни замон чӣ қадар пулдор шудан аст. Пулдор шудан на барои он ки ман дар қаср зиндагӣ кунам ва ё савори мошини қиммати хориҷӣ бошаму ҳар рӯз либосу ҷавоҳироти нав ба нав ба бар кунам. На! Пулдор шудан ба он хотир орзуи банда шудааст, ки мехоҳам то дами марг шахсони камбағалу ниёзмандро дастгирӣ кунам.

Мусалмонӣ танҳо бо ҳиҷобу ибодат мусалмонӣ шуда наметавонад. Намоз қарз аст, ҳиҷоб фарз аст, вале кори хайрро на ҳама карда метавонад. Мо бандагони имрӯза аз рӯйи амалҳоямон ҳеҷ гоҳ ба биҳишт намеравем. Мо такя ба меҳрубониву бахшояндагии Парвардигор дорем ва яке аз калидҳои бахшиши Худованд ин хайр аст. Барои ҳамин ҳам шумо, хонандагони азиз маро дуруст фаҳмед. Боқӣ тансиҳату хонаобод бошед.

Дуогӯи Шумо Манижаи Давлат

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

12 комментариев

  1. ZAFAR:

    Худованд ба хама чунин тавфику имонро арзони намояд

  2. Salom Manijajon
    Fakat guftaniyam ki Shumo armoni 100000 nafar duhtari tojik hasted ki mehohand misli Shumo zebo boshand va man bovar doram ki agar korero Manija intihob kunad pairavonash inshoaloh ziyod hohad shud. va ba Shumo meguyam ki hamai in lutfi hudovand bud ki sohib inkadar oburuvu ehtiromi mihlisson gardided zinda boshed, zihi Manijai sahnai tojik. Hudovand SHumoro hamesha dar panohash nigoh medorad.

    Vale az korgaroni in korgoh bisyor hohish doram ki ba man kumak kunand to bo MANIJAjon YO TELEFONI yo dar internet hamsuhbat shavam chunki helo orzu doram ku bo yak suhbat doshta bosham boz bahrash chizi noguftaniam doram. Salomat boshed.

  3. Салом Сорбон! Мутаассифона, мо имконият надорем, ки барои Шумо телефон ё тарики Интернет сухбат бо Манижаи Давлатро фарохам орем. Мо кушиш мекунем, ки дар ояндаи наздик ягон кореро анчом дихем, ки кобили кабули Шумо гардад…
    Бо арзи эхтиром TajMusic…

  4. Тимур:

    Салом Апаи Манижа!!!Чи хелен шумо???Кай альбоми наватон пайдо мешавад???

  5. мусофир:

    salom ba tamomi xonandagoni in sahifa va xususan ba apai MANIJA! man bisyor xushxol shudam vakteki in suxanoni turo xondam, xudovandi taolo safi inguna duxtaroni bo tavfikro ziyod kunad omin omin omin! VA xudovand shumoroham MANIJAJON tavfikatonro ziyod kunad va muvafakaton gardonad.

    Lekin MANIJA xonum man ba yak gapi shumo muxolof xastam chunki mo inxel duxtarone ki shumo dar nazar dored nadorem vayhoe ki shumo zikr karded, onxo tanho kasone hastand ki baroi nomi islom va hijobro past zadani hastand.va yak chizro fahm ki onho ba xotiri xudo hijob namekunad. Xudovand nigahbonaton boshad omin omin omin! Boki xudo xofiz!!!!!!!!!!!🙂

  6. Рустам:

    Манижахон ба худо шуморо хамчун санъаткор дуст медорам ва хамеша мехохам суруди наватро шунавам лекин бо онки хичобро интихоб намудаи худованд шуморо нигахбон бошад ба мисли Шабнам ки худро фахри миллат метарошад аммо фохишаи миллат аст (даркор шавад бо ин суханам хамдар назди худо ва хам дар назди суд чавоб медихам)Нашуди .Худо гури падаратро пурнур гардонаду рухашро шод гардонад.

  7. Джамшед:

    Аввалан ба хонандаи ин сахифа бо номи Мусофир гуфтаниям, ки Шумо тамоман бе савод будаед. Чаро маънои гапро нофахмида чунин норизоги байён мекуни. Агар ту ба ин сахифа бар гарди, як бори дигар гуфтахои Манижаро хон

  8. Джамшед:

    Манижа ту дар кучое, ки боши, доим саломат бимони ва гуфтаниям, ки ягон сарояндаи точик чои туро гирифта наметавонад. Ту дар дилу дидахои мо чо хасти, 10000 солахо гузарад сурудхои аммо сурудхои ту аз ёди мардум намеравад он сурухое, ки ту хонди барои мо доимо нав аст.

  9. Nigora:

    apai Manija shumo ba har hel gapho ahamiyat nadihed Hudo shumoro puldor kunadu chi orzue ki dored jomai amal pushad

  10. Амриддин:

    Ман хеле Шуморо дуст медорам !!!

  11. Амриддин:

    Ман курбони Шумо шавам !!!

  12. Саидбек:

    Хохари гироми! Манижа.
    Дар Исломи азизи мо боигари ва пулу моли зиёд шарт нест ва барои хосил кардани савобу хайр нахуст амрхои фарзиро бояд анчом дод, чун ёри кардан ба камбагалону мустамандон амри мустахаб аст. Худованд хамон вакт аз мо амалхои мустахабиро кабул мекунад вакто ки амалхои фарзии мо комил бошад…
    Худованд нигахбони Шумо….

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!