ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН — БЕҲТАРИН ОВОЗХОНИ МАРДИ САҲНА

Садриддини Начмиддин

Садриддини Начмиддин

Ҳаждаҳ солаш буд, ки нахуст-олбумаш бо номи “Ишқи ту” вориди бозори мусиқии Тоҷикистон шуд ва садову симои давлатӣ ҳам оҳангҳояшро барои пахш муносиб дид. Ҳамин як олбум кофӣ буд, ки дар фурсати кўтоҳ дили ҳаводорони мусиқиро бирабояд. Бисёре дар таронаҳои ў рагаҳое аз ҳанҷараи Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони фақиди тоҷикро ташхис доданд.

Сабку сиёқи ҳунарнамоиаш ҳам башиддат таҳти таъсири мактаби Кароматуллоҳ буд. Аммо бо гузашти солҳо ў тақлид аз саромади худро канор гузошт ва дигар на ба унвони “як шогирди Кароматуллоҳ”, балки бо номи “Садриддини Наҷмиддин” шинохта шуд ва сари забонҳо уфтод.

Акнун Садриддини Наҷмиддин аз пуркортарин овозхонони кишвараш аст ва беш аз 200 тарона сабту пахш кардааст. Аммо танҳо пас аз сафарҳои хориҷиаш буд, ки номи ў марзҳои кишварашро пушти сар гузошт ва ба бозори мусиқии густурдатари форсӣ роҳ ёфт.

Садриддин дар соли 2003 ба Дубай сафар кард. Ва чун аз кайфияти намоҳанг (клип)-ҳояш дили хўше надошт, чанд намоҳанги тозаро дар Дубай филмбардорӣ кард. “Зиндагӣ чунине” аз ҷумлаи таронаҳои маҳбуби ҳамон давра аст. Пахши ин таронаҳо аз тариқи шабакаҳои мусиқии PMC ва Pars-video бар шуҳрати ў афзуд ва заминаи ҳамкории ў бо ҳунармандони саршиноси эронӣ ва афғонистониро фароҳам кард. Дар воқеъ, Садриддин нахустин овозхони тоҷик аст, ки оҳангҳояш аз тариқи ин шабакаҳои телевизюнӣ пахш шудаанд.

Ошноии Садриддин бо Куҷӣ Зодурӣ, таҳиякунандаи эронии намоҳангҳо дар Лус-Онҷелес дар ҷараёни сафараш ба Амрико ҳунари Садриддинро дар миёни форсизабонон беш аз пеш матраҳ кард. Ҳамкории ў бо Зодурӣ тағйиротеро ҳам дар зоҳир ва ҳам дар таронаҳои ў дар пай дошт. Дигар Садриддин дар намоҳангҳояш бо сурати софу тарошида ва мўйи кўтоҳ зоҳир намешуд, балки бештар ба сабки овозхонони попи Лус-Онҷелес мўйи баланду таҳриш дошт. Гўиши тоҷикии ў ҳам дар таронаҳояш ҷойи худро ба гўйиши теҳронӣ дод.

Тағйири гўиш Садриддинро дар миёни маҳофил маҳбубтар кард, аммо дар сарзамини модариаш аз маҳбубияташ андаке кост; шояд ба далели ин ки дигар лаҳни ў дар оҳангҳояш равону табиъӣ ба гўш намерасид ва тасаввуреро эҷод мекард, ки хонанда бо мулоҳизоти бозаргонӣ баиҷбор ва ба таври маснўъӣ гўишашро тағйир додааст. Эҳтимолан, гилояҳои матбуъотӣ ва суҳбатҳои хиёбонӣ дар мавриди ин таҳаввул боъис шуд, ки Садриддин дубора ба гўиши табиъии тоҷикиаш овоз бихонад. Аммо гўиши теҳронӣ дар миёни ҳунармандони Тоҷикистон ҳамчунон маҳбуб аст ва Садриддин ҳам гоҳ-гудоре аз ҳар таронааш ду гузина таҳия мекунад, ки яке теҳронӣ ва дигаре тоҷикист.

Акнун ҳам бисёре дар Тоҷикистон Садриддини Наҷмиддинро беҳтарин овозхони марди саҳнаи попи ин кишвар медонанд ва олбумҳои ў ҷузъи пурфурўштарин  таронаҳои попи Тоҷикистон аст.

Садриддини Наҷмиддин рўзи 10 январи соли 1980-и мелодӣ дар шаҳри Душанбе ба дунё омад ва дар соли 1997 вориди Донишгоҳи Ҳунарҳои Зебои ин шаҳр шуд. Аммо машғалаҳои ҳунарӣ ва шуҳрати фарогираш иҷоза надода, ки то кунун таҳсилоташро тамом кунад.

Манбаъ: Jadidonline

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

5 комментариев

  1. салом садриддин манба номери телфонат даркор

  2. Anoosh:

    ба худо ранги чугии чи худут хушруи чи байдот мухлисот ай ранги хутай

  3. Джамшед:

    Садриддин ту шарм намедори ба ситорахои эрони таклид мекуни ба чои он ки номи эстадаи точика баланд бардори як бора дар замин зади ….

    Ту бо кадм руят ба Мансур нигох мекуни??????

  4. Alisher:

    садриддин ту ку шери нари гапи хар беномусора гуш наку худакут ятаи ранги худут дар дунё ёфта намеша бхон бхон бо бхон ок саломат бош !!!!!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!