ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МУҲАММАДРАФӢ: «БАЙНИ МАНУ Ӯ ЧИЗЕ ВУҶУД НАДОРАД»

Мухаммадрафии Кароматулло

Мухаммадрафии Кароматулло

Агар гӯем, ки Муҳаммадрафии Кароматулло бо таронаҳои дилангезу пурмуҳаббаташ дар дили хурду калон маҳбубияти махсусе дорад, хато нахоҳад буд! Суруди ӯ мисли боронаки баҳорӣ нарму нафис ба хилватгоҳи қалби кас ворид мешавад ва шунавандаро болу пар мебахшад, хаёлан дар парвоз месозад ва ошиқтар мекунад.

Аслан чунин ҳунармандон ниёз ба муаррифӣ надоранд, аммо хонандаи азиз, шояд ту мехоҳӣ, ки бо дунёи ӯ ва рӯзгору зиндагиаш ошноӣ дошта бошӣ ва соате дар сӯҳбати ин сарояндаи писандидаат бошӣ?

Ман ӯро як нафар ҷавонмарди муаддаби аз тамоми хислатҳои неки инсонӣ ва одамгарӣ бархурдор пайдо кардам ва ҳар қадаре, ки дар борааш нависам боз ҳам фикр мекунам, ки кам аст, гумон мекунам барои ту низ аз забони худи ӯ шунидани розу ниёзаш гуворотар аст.

— Муҳаммадрафӣ, шунидем, ки ба наздикӣ аз сафар баргаштед ва бо чӣ гуна таассурот?

— Мо ба чандин давлатҳои Аврупо сафари ҳунарӣ доштем ва дар назди форсизабонон ҳунарнамоӣ кардем. Нафарони зиёде, ки муқими он давлатҳоанд, ҳангоми ин сафар, ки мухлиси падарам будаанд, маро шинохта, аз он ки давомдиҳандаи касби падар гаштаем, хеле мамнун гаштанд ва изҳори сипос намуданд. Онҳо тариқи интернет аз ҳунару кору рӯзгори мо ғоибона огоҳӣ доштаанд. Инчунин таклифҳои эҷодӣ низ карданд, ки дар оянда боз сафар хоҳем кард. Чунин пазироиву қадрдонӣ рости гап, хеле хушам омад.

— Машҳур будани номи падар шуморо албатта хеле мададгор аст?

— Гирди номи падар чӣ мегардӣ,

Падари хеш шав, агар мардӣ .

гуфтаанд бузургон. Мо ҳам агар номи падар гуфта пайваста заҳмат намекашидем, байни мардум маҳбубият пайдо намекардем. Албатта рӯҳи падар, номи падар моро ҳамеша мададгор аст ва ин ба ҳама маълум аст. Мо ифтихор дорем, ки фарзанди чунин ҳунарманди нотакрор ҳастем.

-Шумо падари сахтгиред?

— Азбаски мо худамон эрка калон шудем, дилам намешавад, ки фарзандонамро ҷанг кунам. Бо вуҷуди эрка будан, модарам тавонистанд моро тарбияти дуруст диҳанд. Чӣ хеле, ки худамон тарбият ёфтем, мекӯшам ду духтарчаи нозанинам Индираву Беназирро бо ҳамин равия тарбият кунем. Ҳаракат мекунам, ки падари ганда набошам.

— Боре дар корҳои хона ба ҳамсаратон кӯмак расонидаед?

-Барои чӣ намерасонидаам. Агар бекор бошам ҳатман ба ӯ кӯмак мерасонам ва ин кор фикр мекунам, барои мард ҳеҷ ҷои бадӣ надорад. Зан ҳам инсон аст ва мӯҳтоҷи дастгирии мо мардон мебошад, аммо ба ғайр аз картошкабирён пухтани дигар хӯрок аз дастам намеояд.

— Таоми дӯстдоштаи оилаи шумо?

— Ба гуфти модарам таоми дӯстдоштаи падарам оши палав будааст. Имрӯз ҳам дар хонаи мо модарам ва ҳамсарам оши палавро хеле моҳирона мепазанд ва таоми дӯстдоштаи оилаи мост.

— Муносибати байни ҳамсар ва модаратон чи гуна аст?

— Шукри Худо хеле хуб аст. Ман фикр мекунам, ки дар ин муносибат аз ҳарду тараф одобу одамгарӣ риоя карда мешавад. Ҳардуяшон ҳам инсонҳои мефаҳмидагианд, аз ин рӯ, маро дар ин масъала то ҳоло ногуворие пеш наомадааст. Аммо зиндагӣ бе каму костӣ намешавад. Албатта ҳамсарам ҷавон аст, агар хатогие аз тарафи ӯ рух диҳад, модарам ӯро мисли духтари худашон модарвор насиҳат мекунанд.

— Шумо дар ин маврид дахолате намекунед?

— Медонам, ки модарам ҳеҷ гоҳ бар зарари мо ҳарфе намегӯянд ва ҳақ ҳам надорам, ки бар сухани он кас эътироз баён кунам. Он кас беҳтарин хушдомананд ва келинашонро чун духтарашон дӯст медоранд.

— Ба андешаи шумо вазифаи мард дар оила иборат аз чӣ аст?

— Ман, ки падари ҷавон ҳастам ва таҷрибаи ками оиладорӣ дорам, фикр мекунам, ки вазифаи мард дар зиндагӣ аввал таъминоти оила бо тамоми маводҳои зиндагӣ, ҳам хӯроку ҳам пӯшок, инчунин тарбияи дуруст додан ба фарзандону соҳиби тахассуси дилхоҳе намудани онҳо. Агар ҳар як мард чунин рисолатро медошт, ман боварӣ дорам, ки вазнинии бори зиндагӣ бар дӯши модарони азиз намеафтид. Албатта, имрӯз бо зарурият ва танқисии зиндагӣ занҳои мо заҳматкашанд ва гоҳо тарбияи фарзандонашон дур аз мадди назарҳояшон мегардад, вале фикр мекунам, ки ҳамаи ин муваққатист ва модарони тоҷик ҳатман имконият меёбанд, ки фарзандони бо нангу номус ва бофарҳанг тарбия кунанд. Ин аз мо, мардон сахт вобастагӣ дорад.

— Барои ба чунин поя расидан ба ғайр аз модаратон боз кӣ шуморо дастгиру мададгор буд?

— Мададгори ман аввал Худованди бузург, баъд модарам ҳастанд. Баъди даргузашти падарам, ки мо хеле хурд будем, он кас нагузоштанд, ки хор шавем ва мӯҳтоҷи касе бошем. Имрӯз фикр мекунам, ки то чӣ андоза душвор буд барои он кас мо, ду нафарро дар ин ҷода равон кардан, аммо бо вуҷуди осон набудан, модарам тавонистанд ба орзуи дили хеш, ки номбардори номи падарамон гардидани мо буд, расанд. Як умр миннатдорам аз модари азизам ва то умр ҳаст хизматашонро бо ҷону дил ба ҷо меорам.

— Асосан волидон бояд фарзандро то чандсолагӣ тарбият намоянд?

— Фарзанд ҳамеша дар назди падару модар мӯҳтоҷи тарбият аст, ҳатто агар худ падар ё модар гашта бошад ҳам.

— Дар давоми зиндагӣ байни шумо ва ҳамсаратон нофаҳмиҳо вуҷуд дошт?

— Албатта зиндагӣ бе камбудӣ намешавад. Баъзан аз тарафи ман, гоҳо аз тарафи ҳамсарам нофаҳмие ҳам ба вуҷуд меояд, аммо он зуд бартараф мегардад. Ӯ бо вуҷуди ҷавон буданаш инсони мефаҳмидагӣ аст. Маро хеле хуб мефаҳмад ва эҳтиром мекунад, ҳатто ба зангҳои мухлисдухтарон низ одат кардааст. Аввалҳо рашк мебурд, ҳоло медонад, ки онҳо мухлиси ҳунарам ҳастанд.

— Шумо марди бадрашкед?

— Бале!

— Бисёриҳо мегӯянд, ки шумо бо Меҳрубон Азизӣ дӯстӣ доред…

— Баъди он сафари тӯлонӣ, ки мо ба хориҷи мамлакат доштем, банда бо чор нафар бонувони ҳунарманд, яъне Нигина Амонқулова, Таҳмина Ниёзова, Дилноза Каримова ва Меҳрубон Азизӣ дӯсти наздик гаштем ва онҳоро мисли хоҳар ва апаи худ дӯст медораму ҳурмат мекунам. Ростӣ, вирди номи ману Меҳрубон овозаҳои зиёд низ паҳн карданд, аммо байни ману ӯ ба ҷуз ҳамкорӣ чизе вуҷуд надорад.

— Саломат бошед, ба корҳои эҷодиатон барору пешравиро таманно дорем!

— Ман мехоҳам ҳаминро қайд намоям, ки дар тарғиби ҳунари мо нақши шумо, қаламкашон хеле бузург аст. Обод бошеду рӯзгори тинҷу осуда насибатон гардад ва шумо низ хоҳари азиз ба орзуҳои дили хеш бирасед.

-Ташаккур!

Сӯҳбаторо Маҳинбонуи Исрофил, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!