ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ОСТОНИ АЗИЗ: «ҲАСУДИИ БАЪЗЕҲО МАРО ОЗУРДА МЕГАРДОНАД»

Остони Азиз

Остони Азиз

Номи Остони Азиз ба дили ҳар яки мо наздику ошност. Ӯ пайгиру давомдиҳандаи ҳунари падари худ Достони Азиз ва амакҳояш, ки бо санъати нотакрори худ дар насли аввали гурӯҳи овозадори «Анис» садҳо бинандагонро мафтуни худ гардонда буданд, мебошад. Ба бахти мухлисон имрӯзҳо боз наслҳои дуюму сеюми ин гурӯҳи ошно қадамҳои устуворонаи худро дар рӯи саҳна мегузоранд ва идомабахши ҳунари волои падарони худ ҳастанд .

Остон низ бо ба рӯи саҳна омадани худ зуд ба дили бинандагон ҷой гирифт, зеро садои дилнишинаш рӯҳнавозу таскинбахшандаи қалб аст. Ӯ бо вуҷуди хеле ҷавон будан ҳаводорони зиёде дорад. Сабку услуби сарояндагии ба худ хос дошта, бо суруди форамаш шунавандаро мафтуни худ месозад. Садояш гӯё ҷозиба дорад, бо ҷаззобиаш касро ба сӯи худ мекашад. Вақте ки суруди ӯро мешунавем ҳузн аз дилҳо берун мешавад.

Дар садои форамаш, дар сурудаҳояш, ки баъзан ниҳоят ҳазин аст, шиква аз дарду ҷудоиҳо дорад, касро ба андеша кардан водор мекунад, оҳанги ба дил наздику ошноро меёбем. Баъзан кас гумон мекунад, ки ӯ дар дилаш дарди ниҳоне дорад. Сурудаш ифодагари дарди дили садҳо нафар ошиқони чашминтизор, маҳбубаҳои заҳри бевафоиро чашида ва ҷавонҳои ошиқи ишқашон беҷавобмонда аст…

— Остон, суруд барои шумо яъне чист?

— Суруд маънои зиндагии ман аст. Онро мепарастам. Бе он зиндагиам маъно надорад. Суруд ҳаст, ки дар он ҳама розҳои нуҳуфтаи дил ифшо мегардад ва одам сабук мешавад.

— Чаро дар сурудҳоятон ҳамеша шиква аз ишқ доред?

— Шояд ман ҳам мисли ҳамаи одамон ошиқ бошам. Ошиқи ин зиндагии зебо. Ишқ як дардест, ки ба суроғи кас дар айёми ҷавонӣ ба ногаҳ меояд. Намепурсад, ки ту омода ҳастӣ ё не.

— Оилаи шумо бо муҳаббат бунёд гаштааст?

— Албатта, зиндагӣ магар метавонад бе муҳаббат ва шаҳду шириниҳои он рангин бошад. Мо бо меҳру самимият қасри муҳаббати хешро бунёд сохта, соҳиби ду нафар тифлаки нозанин ҳастем.

— Аз чӣ парҳез доред?

— Аз дурӯғу дурӯягии баъзе мардон, ки асосан хоси эшон нест, парҳез мекунам. Мард он касест, ки дар аҳди хеш устувор буда, аз ҳар гуна рафторҳои бад парҳез намояд.

-Нохуштарин рафторе, ки хотири шуморо озурда месозад?

— Ҳасудии баъзе ашхосон, ки имрӯзҳо кас сари ҳар қадам дучор мегардад. Баъзе инсонҳо худ ба чизе қодир нестанду боз ба рафтори каси дигар бо ғаразона нигариста эрод мегиранд. Албатта чунин эродҳо каси устуворро наметавонанд шикананд, аммо боиси озурдагии хотир гардида, касро ба андеша кардан водор месозанд.

Магар умри инсон абадӣ ҳаст, ки як зумра касон ин муддати кӯтоҳро мехоҳанд боз кӯтоҳтар созанд. Дар ин як умри кӯтоҳ аз инсон танҳо некиву рафтори ҷавонмардӣ мемонад. Боқӣ ҳама чиз беҳудаю барбас аст. Ҳофизи Шерозӣ беҳуда нагуфтааст, ки:

Ин муддати умри мо чу гул даҳ рӯз аст,

Хандонлабу тозарӯй мебояд буд.

— Сурудҳои шумо чӣ гуна тавлид мешаванд?

— Асосан оҳангсозон бо оҳангҳои ҷазоби худ ба кас илҳоми тоза бахшида, сабабгори тавлид гардидани сурудҳои мо мешаванд. Дар лаҳзаҳои танҳоӣ суруд худ аз худ тавлид мешавад, ки кас бехабар мемонад.

— Шумо кай эҳсос намудед, ки қобилияти сурудхонӣ доред?

— Ҳанӯз дар синфи панҷум мехондаму суруди «Рафтам, ки рафтам» — ро бори аввал сароидам. Баъд аз ин падарам шояд эҳсос карданд, ки ман қобилияти сарояндагӣ дорам. Хеле ифтихор аз он дорам, ки идомадиҳандаи ҳунари падару амакҳоям ҳастам. Аз Худованди бузург шукргузорам барои атои ҳунар! Ҳунарро беҳуда беҳ аз симу зар нагуфтаанд гузаштагонамон.

— Ба мухлисдухтарон ба гуфти ҷавонҳои имрӯза «фанат»- ҳо, ки мафтуни овозу ҳунари шумо ҳастанд, чӣ ҷавоб медиҳед?

— Тавре ҷавоб мегардонам, ки дили онҳо низ наранҷад, зеро мухлис ҳам мисли мо инсон аст ва дил дорад. Хоса, духтарон дили ҳассосу нозук доранд. Намехоҳам дили ҳеҷ як нафарро ранҷонам.

— Чунин рафтор сабаби рашки ҳамсари шумо намегардад?

— Мегардад албатта. Кадом зан рашк намекунад? Ба фикрам зиндагии берашк вуҷуд надорад. Ман ҳам марди бадрашкам. Ҳамаи инсонҳо, хоса, мусулмонҳо бе рашк намешаванд. Рашк муҳаббати моро кам намекунад.

— Яъне ба андешаи шумо асоси ишқ рашк аст?

— Ишқ поктарин эҳтирос аст. Баъзан рашки беҳуда метавонад онро қурбон созад. Албатта рашк асоси ишқ нест, аммо ягон зиндагӣ бе рашк нест. Чунин эҳсосро низ Худованд ба кас медиҳад. Ба ҳар кас ба миқдори гуногун. Мо, инсонҳо бояд барои ҳар як рафтори худ андоза нигоҳ дорем.

-Як нафар мухлиси ашаддии шумо аз шаҳри Панҷакент Гулъизор Шарипова мехоҳанд донад, ки дар интихоби либоси саҳнавӣ бо ҳамсаратон низ маслиҳат мекунед ва ақидаи ӯро низ ба назар мегиред?

— Бале, маслиҳат ҳам мекунаму фикри ӯро қадр низ мекунам.

— Айни ҳол ба чӣ шуғле андармон ҳастед?

— Албоми нави сурудҳоямро ва клипҳои беҳтарине, ки то ҳол мухлисонам надидаанд барояшон омода намуда истодаам. Болидагии хотири мухлисони азиз боиси сарбаландии мо буда барояшон омода ҳастем ҳамеша дар паи эҷод ва ҷустуҷӯҳо бошем. Истиқболи гарми онҳо бахти баланди мо санъаткорон аст.

Ташаккур барои сӯҳбат.

Саломат бошед.

Сӯҳбатнигор Маҳинбонуи Исрофил, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!