ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ВАЛИҶОН АЗИЗОВ: «ХУҶАНД ШАҲРИ БИҲИШТОСОВУ МУСОФИРПАРВАР АСТ»

Валичон Азизов

Валичон Азизов

Ҳар инсон аз рӯйи фаҳмиши худ ба суруд баҳо медиҳад ва ба изҳори ҳама гуна андеша ҳуқуқ дорад. Насли калонсол ҳам. Имрӯз на ҳама сарояндагон аз пайи матни паст ҳастанд, балки ҳунармандоне ҳастанд, ки бо суруди мӯҳтаводору оҳангҳои ҷадид рӯйи саҳна мебароянд.

— Валиҷон, шунидем, ки аз Хуҷанд ба Душанбе кӯчиданиед. Оё ин хабар дуруст аст?

— Бале, ният дорам, ки фаъолияти минбаъдаамро дар пойтахт идома диҳам. Хуҷанд шаҳри биҳиштосову мусофирпарвар аст ва дар домонаш мардуми бофарcанг ҳам тарбия меёбанд. Аммо Душанбе марказ аст, маркази фарҳангу ҳунар. Ин ҷо барои парвоз осмон бузургтар ва барои ҳунар майдон фарохтар аст.

— Дар Душанбе бисёр ҳунармандони номдор зиндагӣ мекунанд ва табиист ки ин ҷо маркази рақобат аст. Оё бовар доред, ки дар ин издиҳоми афроди машҳур мавқеатонро устувор намуда метавонед?

— Ҳама гап дар сари ҳунару маҳорат аст. Ҳунар бошад, мавқеъ ҳам мешавад.

— Валиҷон, муҳассили кадом мактабҳо ҳастед?

— Ман зодаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ҳастам. Мактаби миёнаро дар зодгоҳ ба итмом расонидам. Соли 2000 ба шӯъбаи сарояндагии мардумии факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шудам. Дар он ҷо нозукиҳои таронаҳои мардумиву шашмақомро аз худ кардам.

— Сабаби аз сурудҳои мардумӣ ба мусиқии модерн рӯй оварданатон чист?

— Аз кӯдакӣ мухлиси Кароматуллоҳи Қурбон будам ва пайваста таронаҳои эстрадӣ гӯш мекардам. Ба фикри ман ҳунарманд бояд дар иҷрои ҳама гуна жанрҳои мусиқӣ тасаввурот дошта бошад ва дар асоси ҳамин андеша дар донишгоҳ ба шогирдон ҳамаи жанрҳоро таълим медиҳанд.

— Ҳангоме сухан дар бораи Шашмақом меравад, симои устод Ҷӯрабек Муродов ба назар меояд. Оё шумо бо он кас равуо доред?

— Устод дар Хуҷанд ансамбли шашмақомсароён бо номи «Нури Хуҷанд» таъсис дода, ҷавонони соҳибистеъдодро зери боли худ гирифтаанд. Ман наздашон бисёр меравам, кӯмаку маслиҳат мепурсам. Албатта, агар ба ҷое расидем, бе маслиҳатҳои устод набуд.

Матни таронаҳоятон дар қолаби радифу қофия ва маънӣ ба ришта кашида шудаанд, яъне бо оҳанг мувофиқанд. Дар интихоби оҳангу матн бо киҳо ҳамкорӣ мекунед?

— Қариб ҳамаи оҳангҳоям маҳсули эҷоди худам ҳастанд. Шеърҳо моли устодам Озарахш, Лоиқ Шералӣ, Мавлавии Ҷунунианд ва классикони дигар ҳастанд.

— Валиҷон, насли калонсол сарояндагони ҷавонро бо хондани таронаҳои аз маънӣ дур маҳкум мекунад. Шумо чӣ назар доред?

— Ҳар инсон аз рӯйи фаҳмиши худ ба суруд баҳо медиҳад ва ба изҳори ҳама гуна андеша ҳуқуқ дорад. Насли калонсол ҳам. Имрӯз на ҳама сарояндагон аз пайи матни паст ҳастанд, балки ҳунармандоне ҳастанд, ки бо суруди мӯҳтаводору оҳангҳои ҷадид рӯйи саҳна мебароянд. Аз рӯйи баромади як овозхоне, ки табъу завқи интихоб кардани матну оҳангро надорад, ба сӯйи ҳамаи ҳунармандони ҷавон санги маломат задан хуб нест. Шахсан ман кӯшиш мекунам, ки таронаҳоям ба мавзӯи дилхоҳи шунавандаҳо мувофиқат кунад ва ҷанбаи тарбиявӣ дошта бошад.

— Барои сабти суруд маблағи калон лозим аст. Оё шумо сарпараст ё ғайри сарояндагӣ даромади иловагӣ доред?

— Сарпараст доштан хуб аст, вале ман ҳанӯз чунин имконият надорам. Даромади иловагии ман иштирок дар тӯю маъракаҳои мардум аст.

— Валиҷон, эҳсос карда мешавад, ки таваҷҷӯҳи духтарон нисбати ҳунари шумо кам нест. Оё дар заминаи рашк дар оилаатон ҷанҷол барпо шудааст?

— Бе рашк ширинии хонадориро эҳсос намудан душвор аст. Ҳамсари ман низ рашк дорад, вале ҳоло нисбат ба пештара камтар рашк мекунад. Зеро тӯйгардиву шабҳо ба хона дер омадан ва ҷалби таваҷҷӯҳи аудиторияи калон тақозои касби сарояндагист. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки барои рашки ҳамсарам баҳонае ба вуҷуд наорам. Худоро шукр, синнамон ҳам ба ҷое расидааст ва соҳиби ду фарзандем.

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!