ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САРВИНОЗ ЮСУФӢ: «САБРУ ТОҚАТ ҲАМШАРИКОНИ МАНАНД»

Сарвиноз Юсуфи

Сарвиноз Юсуфи

Аввал дар ансамбли фолклории «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият доштам. Пас аз чанд муддат дарк кардам, ки ин ансамбл ҷойи ман нест, зеро таваҷҷӯҳу завқам ба  сурудҳои эстрадӣ созгор буд. Бо маслиҳати як нафар дӯстам, навозандаи ансамбли «Сипар» Зафар Каримов ба дастаи «Сипар» кор омадам.

— Сарвиноз, касби овозхонӣ ба Шумо чӣ дод ва оё худро дар ин ҷода муваффақ меҳисобед?

— Вақте овозхон худро муваффақ намеҳисобад, бояд тарки саҳна кунад. Ростӣ, аз рӯзе, ки вориди дунёи санъат гаштам, худро сабук озод ҳис менамоям. Зеро тавонистам ҳама ғаму дарди диламро ба риштаи суруду мусиқӣ кашида ифшо намоям.

— Аз бонувони овозхон ҳунари кадомашонро меписандед?

— Худ дар ин ҷода шогирд ҳастам ва наметавонам ҳунари касеро баҳо диҳам. Лекин сурудҳои бонувоне, ки таҷрибаи устодӣ доранд, гӯш карда, ғизои маънавӣ мегирам. Инчунин  метавонам камбудиҳои худро пайдо намуда, аз пайи ислоҳаш шавам.

— Огаҳӣ дорем, ки Шумо дар ансамбли «Сипар» фаъолият доред. Мақсади ба ин даста омаданатон чист? Намешавад ба ансамбли эстрадии «Ориё» биёед? Зеро дар жанри эстрада маҳорати хуб дореду ин ансамбл ба шумо барин ҷавонони соҳибистеъдод ниёз дорад…

— Ман соли 2002 рӯйи саҳнаи ҳунар омадам. Аввал дар ансамбли фолклории «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият доштам. Пас аз чанд муддат дарк кардам, ки ин ансамбл ҷойи ман нест, зеро таваҷҷӯҳу завқам ба  сурудҳои эстрадӣ созгор буд. Бо маслиҳати як нафар дӯстам, навозандаи ансамбли «Сипар» Зафар Каримов ба дастаи «Сипар» кор омадам.

Хушбахтона, дар «Сипар» маро хуб қабул карданд. Пас аз як соли фаъолият ба шавҳар баромадам. Бо сабаби оиладорӣ натавонистам ба кор бароям. Ва соли 2007 боз ба олами санъат рӯй овардам. Ростӣ, роҳбарамон шахси меҳрубон ҳастанд, ҳамкоронам низ инсонҳои хубанд, аз ин рӯ, намехоҳам ба дигар дастаи ҳунарӣ гузарам.

— Дар ансамбли «Сипар» киҳо фаъолият доранд ва рафти кор чӣ гуна аст?

— Агар дар байни ҳамкорон обрӯ надошта бошӣ, дар фазои эҷод ҳамдигарфаҳмӣ набошад, албатта, дилшикаста мешавӣ ва тарки кор мекунӣ. Вале ҳама муҳити орому дилхоҳи кор аз худи сароянда вобаста аст. Вазири корҳои дохилӣ Қаҳҳоров А. моро зиёд дастгирӣ мекунанд. Устод Умар Зиёев низ хеле инсони заминӣ ҳастанд, моро хуб дарк мекунанд. Роҳбари мусиқиамон Ҳафиз Саидов, овозхонон Хосият Қаҳҳорова, Шабнами Тоҷиддин, Элена Гардиева, Зайнура Пӯлодова, Ҷамшед Низомов, Муродалӣ Умаров ва дигаронанд.

Сарвиноз Юсуфи

Сарвиноз Юсуфи

— Чанде пеш таронаеро бо номи «Ошиқбача» сароидед, ки  он дар байни дӯстдорони суруду тарона зуд маҳбубият ёфт ва шуморо дубора ба  мухлисон ошно кард. Аз пайдоиши ин тарона чанд сухан мегуфтед…

— Соли 2009 бо як нафар овозхони машҳури Афғонистон Назири Хоро, ки дар Тоҷикистон барномаи консертӣ дошт, дар маҳфиле  ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ ба ман ана, ҳамин оҳангу матнро пешниҳод кард. Лекин дар он ҷо ошиқбача нею кобулбача буд. Баъд гуфтам, ки на кобулбача, на тоҷикбача балки ошиқбача мехонам. Ӯ розӣ шуд. Росташро гӯям тарона ба ман чандон маъқул набуд.

Гумон надоштам, ки дар байни шунавандагон маҳбубият меёбад. Вале Ҷӯрабек Умаров мегуфтанд, ки Сарвиноз, ту бо ҳамин таронаат метавонӣ дили мухлисонатро тасхир созӣ. Вале ман бовар надоштам. Шукрона, бо кӯмаки дӯстон ин суруд тавонист ба ҳунарам болу пар бахшад.

— То ҷое огаҳӣ дорам, дар факултаи журналистикаи ДМТ таҳсил мекардед. Таҳсили худро ба итмом расонидед ё тарк кардед?

— Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи рӯзноманигории ДМТ супоридам. Вале нақша доштам, ки ба Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода дохил шавам. Яъне дар дилам ишқи санъат вуҷуд дошт. Дар ДМТ  ҳамаги 2 сол таҳсил кардам.

Шояд сабаби нофаҳмиҳои ҷавонӣ буд, ки бо як нафар устод ҷанг шудем ва сари қаҳр ҳуҷҷатҳоямро аз он ҷо гирифта, ба Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон супоридам. Хушбахтона, чанд рӯз пеш дипломи худро гирифтам. Лекин нақша дорам, ки боз ба Донишкадаи санъат ба номи устод М.Турсунзода дохил шавам.

Сарвиноз Юсуфи

Сарвиноз Юсуфи

— Сарвиноз, шунидем, ки шеър ҳам менависед. Шеърҳоятон дар кадом лаҳзаҳо эҷод мешаванд?

— Бештар эҷоди шеъру оҳанг дар лаҳзаҳои танҳоӣ тавлид мешаванд. Вақте танҳо мемонам, ҳама шодиву ғами зиндагӣ дар дафтари хотирот варақгардон мешаванд.

— Ният доред албоми сурудҳоятон ё барномаи консерти худро пешкаши мухлисон гардонед?

— Албатта, ин орзуи деринаи ман аст. Аввалин албоми худро худо хоҳад рӯзҳои наздик бо номи «Кишвари сояҳо» ба мухлисон пешкаш менамоям. Барои консерт баргузор намудан бояд аввал ба дили мардум маъво гирам, мавқеамро устувор созам.

— Волидонатон садди роҳи ҳунаратон нестанд?

— Албатта, ба ҳунари ман зид нестанд. Мегӯянд, ки истеъдоди ман авлодист. Пайвандонам ҳарчанд рӯйи саҳна нестанд, вале  модарам, апаам, холаҳоям дар маъракаҳои занона бо доира суруд мехонанд.

— Аз овозаҳое, ки ҳаррӯз нисбати ҳунармандони ҷавон пайдо мешаваду  ба Шумо  низ дахл дорад, хаста намегардед?

— Агар сахт ранҷиву аз касбат пушаймон шавӣ, ҳеҷ гоҳ корат пеш намеравад. Бояд дар ин роҳ озурдахотир набошӣ. Сабру тоқат ҳамшарикони мананд.

Сӯхбаторо Гулрӯ, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

4 комментария

  1. Mahina:

    Behtarin tarona dugonajon. Dar hama samti san’at baroyat tamomi burdboriho orzumandam.
    Bo ehtirom Mahina az sahri Dushanbe…

  2. Ачами:

    Салом ба хама хонандаву шунавандаи ин сайти ТАРОНАХОИ БЕХТАРИН!!! Аввало аз созмондихандагон ин сайт ташаккури намуда, баъдан ба апаи Сарвиноз барои ин клипи хубу дидан арзи сипос мекунам. Ва баъдан хаминро гуфтани будам, ки хуб мешуд дар яонда аз ин хам бештар кушишу гайрати худро бахри офаридани боз хам бехтарин клип (бо маъни) талош мекардед. Бисёр чойхои нолозим дар ин видео дида мешуд. Агар аз ин ба баъд ба ин камбудихо рох надихед, фикр мекунам, ки дар оянда ба куллахои санъати точик хохед расид.
    Бо эхтиром мухлиси шумо Ачами аз шахри ВАХДАТ…

  3. Бехрузча:

    Салом — Салом — Салом! Эй и апаи мода гап нестай… и девонаш мехона… Хозира стилкати хондестаст. Гап нест апаи Сарвиноз… Короче читарие, ки маъкултай сароидан бгир. Лекин аз шарму хайё дур набаройи ХОЪ…

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!