ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ҚУРБОНИ АБДУЛЛО: «ЗИСТАН АЗ МАВҶУД БУДАН ТАФОВУТ ДОРАД»

Курбонали Абдулло

Курбонали Абдулло

Бо Қурбони Абдулло аз наздик ошно набудам, аммо сурудаҳояшро мешунидаму ин орзӯро дар дил доштам. Инак, супориш гирифтам, ки бо ӯ сӯҳбате кунам ва назари ӯро дар мавзӯъҳои гуногун бифаҳмам. Фишурдаи ин сӯҳбатро пешкаши мухлисони ӯ мегардонем.

Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони хушсадои тоҷик, беш аз сӣ сол аст, ки барои ҳаводорон заҳмати самимонаву содиқона мекашад ва ҳар як оҳангро бо эҳсоси баланд иҷро мекунад. Ва бо ҳаракатҳои табииву садои фарқкунандааш дар дидаву қалбҳои ҳаводорони мусиқии ноби тоҷикӣ ҷо гирифтааст. Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони хушсадои тоҷик, беш аз сӣ сол аст, ки барои ҳаводорон заҳмати самимонаву содиқона мекашад ва ҳар як оҳангро бо эҳсоси баланд иҷро мекунад. Ва бо ҳаракатҳои табииву садои фарқкунандааш дар дидаву қалбҳои ҳаводорони мусиқии ноби тоҷикӣ ҷо гирифтааст.

Қурбоналӣ Абдуллоев бо табассум, замони хурдияшро ба ёд меорад ва мегӯяд, барномаҳои мусиқии радиоро бо шавқ гӯш мекард ва ҳамзамон тасаввур менамуд, ки чӣ гуна садои ӯ аз ҳамин радио баланд мешаваду ба ҳунараш ҳамагон кафкубӣ мекунанд.

Бо ҳамин орзӯҳо соли 1977 ду таронаашро, ки «Гул мекунад» ва «Қонуни ҳақиқат» ном дошт, дар телевизион сабт намуд. Аммо албомҳояш танҳо соли 1996 мунташир шуд. Дар шумурдани оҳангҳояш душворӣ мекашад ва мегӯяд, шояд бештар аз дусад тарона бошад. Аммо метавон гуфт, ҳар як сурудаш саҳнаи гӯиё маъниву эҳсоси волост.

-Зистан аз вуҷуд доштан тафовут дорад. Нигоҳи шумо чӣ гуна аст ба зиндагӣ?

-Шумо дуруст гуфтед, ки зистан аз мавҷуд будан тафовут дорад. Зистан маънои анҷом додани умури хайр ва осори нек аз худ боқӣ гузоштанро дорад, ба қавли Шайх Саъдӣ:

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.

-Андешаҳои ҳикматомез доред, вале шуморо мардум на чун файласуф, балки чун овозхон мешиносанд. Беҳтар мебуд дар бораи таронаҳои аввалинатон, муваффақиятҳои нахустинатон сухан мерондед.

-Бори аввал соли 1977 бо ду тарона «Гул мекунад» (шеъри М.Турсунзода), «Қонуни ҳақиқат» (шеъри Б.Раҳимзода) ба воситаи телевизиони марказии Тоҷикистон баромад кардам. Албоми таронаҳо дар кишвари мо ба наздикӣ пайдо шуд. То ин дам фитаи таронаҳои ҳунармандон бе номгузорӣ ба дасти мухлисон мерасид. Таронаи «Куҷо мешитобӣ», ки матнаш аз устод Лоиқ Шералӣ буд, бисёр маҳбуб гардид. Албомҳои алоҳида бо номҳои «Савдои дил» ва «Ишқи илоҳӣ» соли 1996 ба чоп расиданд.

-Истеъдод чист? Киро идеали худ меҳисобед?

-Истеъдод ин доди Худованд аст. Истеъдод чашмаеро моност, ки агар пешашро рӯшан накунӣ, дар зери хазону хасҳо нопадид мешавад ва раҳгум мезанад. Ин чашмаро ба ҷониби дарё ҳидоят бояд кард. Ба қавли Камоли Хуҷандӣ: Гар ба дарё бирасӣ, қатра наӣ, дарёӣ!

Дар ҷодаи ҳунари овозхонӣ ман идеалҳои худро дар гуна ва чеҳраи чаҳор ҳунарманд мебинам: Аҳмад Зоҳир, Муин, Саидқул Билолов, Ҷагҷид Сингх. Агар дар ин ҷода ба некномӣ расида бошам, нахуст аз инояти Худованди муттаол, сипас аз ҳиммати азизон, устодон, мувофиқот ва ризоияти волидайн, муҳаббат ба мусиқӣ…

-Барои чеҳраи намоёни ҳунар шудан чӣ лозим?

-Имрӯзҳо барои шинохта шудан дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамчун «ҳунарманд» ҳунари зиёд доштан лозим нест. Андаке дониши мусиқӣ, сурати зебо ва пули бисёр. Агар ин ҳар се ҷамъ оянд, тамом, шумо Ситора! Аммо ин шӯҳратҳо муваққатиянд, ситораҳо канда мешаванд аз боми гардун ва дар коиноти беканор бенишон гум мешаванд. Танҳо ҳунарманде боқӣ хоҳад монд, ки ҳунари асил дошта бошад.

-Шумо, ки худро пайрави Аҳмади Зоҳир мегӯед, ӯ шеър менавишту  бо оҳанг месуруд, Шумо-чӣ?

-Мисли устод Аҳмади Зоҳир ҳунармандон зиёд нестанд. Аҳмадҳо ҷовидонаву нотакроранд. Ин кор дар байни ҳунармандони афғон зиёдтар аст, масалан Амирҷон Сабурӣ, устод Лоҳутӣ ба шеърҳояшон оҳангҳои аҷоиб месохтанд, аммо аз ҳунари овозхониашон ман хабар надорам. «Силсиламӯ» ва ғайраҳо, чандин таронаҳои банда ҳам ҳастанд, ки оҳанги онҳо маҳсули эҷоди худам ҳастанд.

-Дар бораи зиндагии оилавиатон ҳарф задан намехоҳед?

-Шукри Оллоҳ, ман оиладор, соҳиби 5 фарзанди нозанин ҳастам ва ҳамсари меҳрубону босавод дорам. Духтарам Таманнобону имсол Донишкадаи олии тиббиро хатм менамояд. Оламафрӯз донишҷӯи соли дуввуми ҳамин донишгоҳ аст, писарам Кароматуллоҳ хатмкунандаи литсеи президентӣ мебошад. Муҳибулло дар синфи 6-ум мехонад. Ҷамолиддин ҳанӯз 4-сола асту мехоҳам Ҳофизи Қуръони маҷид гардад.

-Дар зиндагӣ аз чӣ тарс доред?

-Аз ғазаби Худо ва дили нозуки падарам Ҳоҷӣ Давлат метарсам, чунки ба ҳар чӣ муваффақ шудаам дар зиндагӣ аз дуои неки волидайн ва иҷобат медонам.

-Аз чӣ ғамгин мешавед?

-Аз он ғамгин мешавам, ки бадӣ бар некӣ, золим бар мазлуми бепаноҳ, ботил бар ҳақ пирӯз шавад …Баъдан, барои оҳанги тайёр сухани хубу мувофиқ намеёбам. Озурда мешавам андаке…

Дар бораи ҳофизони ҷавон, «Истораҳои» осмони санъатамон чӣ мегӯед?

-Аз зиёд шудани сафи ҳунармандони ҷавон шодам. Чунки дар натиҷаи рақобати ҳунарии онҳо ин намуди ҳунар равнақ хоҳад ёфт. Аммо маслиҳати дӯстонаи ман ба онҳо ин аст, ки аз компютеркунонии овоз даст кашанд ва ба таври зинда суруданро пеша кунанд. Обрӯи муваққатию қалбакӣ нею ҳақиқӣ насибашон шавад.

-Дар хориҷи кишвар будед?

-Дар бисёр сафарҳои хориҷӣ ширкат доштам: соли 1990 -Югославия, соли 1993 -Олмон, Белгия, соли 1997 -Олмон, соли 1995 -Эрон, соли 1996 Аморати Муттаҳидаи Араб, соли 2008 ИМА.

Барои ҷаҳонӣ шудани санъати тоҷик монеаҳо зиёданд. Нахустин, набудани як канали махсуси мусиқавии моҳворавӣ бо чанд забон. Дуввум, тарғиби санъати мо дар кишварҳои ғайр, ки барои ин маблағи ҳангуфте лозим аст. Бале, тарғиб зарур аст, тарғиби мусиқии классикӣ ва суннатӣ, симфонӣ ва фолклорӣ, инчунин эстрадии тоҷик бисёр зарур аст. Бадбахтии ҳунари мусиқии мо дар набудани маблағ аст.

-Ба назаратон беҳтарин сурудатон кадом аст?

-Беҳтарин суруд…(лаҳзае фикр мекунад). Беҳтарин суруд барои ҳунарманд сурудест, ки як умр дар орзуи сароидани он аст. Ман ҳанӯз суруди беҳтаринамро эҷод накардаам ва барои суруданаш кӯшишҳо дорам.

-Беҳтарин арҷ барои ҳунарманд?

-Беҳтарин арҷу сипос барои ҳунарманд он аст, ки сурудашро гӯш кунанд, замзама намоянд, дӯсташ доранд, интизораш бошанд…

-Шумо зудранҷ ҳастед?

-Бояд бигӯям, ки ҳунарпешаи хуб бисёр эрка мешавад, ба мисли тифли хурдакак. Ин гуна рафторро дар устодон Ҷӯрабеки Мурод, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Барно Исҳоқова, Нигинаи Рауф борҳо мушоҳида кардаам.

-Саодати зиндагиро дар чӣ мебинед?

-Дар шинохти Офаридгор, эҳтироми волидайн, садоқат ба Ватан.

-Аз худ розӣ ҳастед?

-Чандон не, чунки тамоми имкониятҳои доштаамро ба таври бояду шояд истифода намебарам. Устоди азиз ва роҳбаладам Саидқул Билолов маро дар танбалӣ айбдор мекунад, мегӯяд, ки кам китобу газета мехонам ва ин ҳақиқат аст. Хуб, кӯшиш дорам, ки аз ин мазаммати устод озод шавам.

Сӯҳбаторо: Нуриддин Юсуфзод, Тоҷикистон

Бароти Юсуфӣ, Шаҳлои Гулхоҷа, «Озодӣ»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!