ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БАҲРОМ: «БО ШАБНАМ ФАХР НЕ, ШАРМ БОЯД ДОШТ!»

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Мешунавем, ки як ҳофиза барои машҳур шудану дар барномае баромад кардан бо Муин ҳамхоба мешаваду дигараш барои дар хориҷи кишвар консерт додан худро ба афғонбача мебахшад. Сеюмӣ бошад, ба хориҷи кишвар сафари «ҳунарӣ» карда, бо рақсҳои «мавзунаш» мардҳоро гирди худ ҷамъ карда, тамоми аъзои баданшро меларзонаду ба ин восита маблағ ба даст меорад. Магар ин ҳунар аст?

Дар як шумораи ҳафтаномаи «Зан ва мард» мактуби апаи Дилбарро бо унвони «Бо Шабнам бояд фахр кунем» хондаму хомӯш ва бетараф истода натавонистам. Охир бо кадом ҳол бо Шабнам фахр кунем, барои сару либоси «махкам» — аш ва ё намоиши синаю пойҳои зебояш? Мо, мусалмонон бояд гиря кунем, ки чунин хоҳарони ба ном мусалмон, лекин дар асл беодоб дорем. Занро дида будем, ки шарму ҳаё дошт, одобу интизомаш намуна буд, на ин ки бо рафторҳои ношояму либосҳои ба қавле «супер современный» — аш мардумро ба тақлид кардан тела диҳад. Намедонам аз чӣ бошад, ки дар ҳафтанома бисёр мехонам, аксари хонандагон ин бонуро таърифу тавсиф менамояд, аз ӯ олиҳаи ҳусн, ҳунарманди нотакрор, зан – модари хушбахт месозанд, ки ин хатои маҳз аст.

Шабнам на бо ҳунару маҳорат ва сурудҳои хубаш, балки бо намоиши бадани сафеду пойҳои зебояш диққати мардум, бахусус мардонро ба худ ҷалб намуду мухлисони зиёдро соҳиб гашт. Инҳам як роҳи ба даст овардани мухлис аст. Агар мо солҳои сол ҳунармандон Нигина Рауфова, Мастона Эргашева ва Нуқра Раҳматоваро таъриф кунему нотакрор гӯем, хато намекунам, зеро эшон воқеан ҳам, ҳунари хуб доранд ва маҳз бо ма ҳорати волою садои ширинашон дар қалбҳо ҷо гирифтаанд, на бо либосҳои бараҳна.

Чаро онҳо боре худро луч карда ба саҳна намебароянд? Чаро либосҳои аврупоӣ намепӯшанд? Чаро ба касе тақлид намекунанд? Чӣ, магар онҳо ба хориҷа сафар накардаанд? Онҳо ҷаҳонгашта нестанд? Албатта, ҳастанд, аммо расму ойин ва анъанаҳои миллӣ ва симои тоҷикии хешро гум накардаанд, пайваста либосҳое мепӯшанд, ки тамошобин ба эшон ҳазорҳо раҳмат мегӯяд. Шояд баъзе ҳофизчаҳои навбаромад гумон мекунанд, ки бо намоиши нофу, синаю дигару дигар ҷойҳояшон миёни мардум ҳамчун ҳунарманд обрӯ пайдо мекунанд? Агар мақсад ва андешаашон чунин бошад, пас хато мекунанд. Онҳо бояд рафторе намоянд, ки пас аз маргашон низ мардум бо некӣ эшонро ёд кунанд.

Умуман, инсон дар ҳамин дунёи дурӯза бояд тарзе рафтору гуфтор кунад, ки мардум ба ӯ ва ба он волидоне, ки ӯро ба дунё овардаю ба камол расондаанд, лаънат нахонанд. Нигина Рауфоваю Нуқра Раҳматова ва чандин ҳунармандони машҳури дигар, ки имрӯз хеле кам сурудхонӣ мекунанд, ҳаргиз аз ёдҳо намераванд, ҳамеша мардум онҳоро ёд мекунанду мепурсанд. Бубинед, вақте тариқи ойинаи нилгун сурдхонии Нигина Рауфоваро мебинем, табъамон болидаю чеҳраамон хандон мешавад. Чаро? Барои он ки онҳо ҳам сару либоси хуб ба бар мекунанду ҳам сурудҳои пурмазмун мехонанд, ғайр аз ин то ҳол рафторе накардаанд, ки эшонро «машҳур» карда бошад.

Имрӯза санъаткорони мо, баробари ба саҳна баромадан як корҳое мекунанд, ки ба ақли одам рост намеояд. Мешунавем, ки якеаш барои машҳур шудану дар барномае баромад кардан бо Муин ҳамхоба мешаваду дигараш барои дар хориҷи кишвар консерт додан худро ба афғонбача мебахшад. Сеюмӣ бошад, ба хориҷи кишвар сафари «ҳунарӣ» карда бо рақсҳои «мавзунаш» мардҳоро гирди худ ҷамъ карда, тамоми аъзои баданашро меларзонаду ба ин восита маблағ ба даст меорад.

Магар ин ҳунар аст? Аз ин дида шармандагӣ мешавад? Аз ин ҳоли баду нанговар дида, бо сари баланд ба шавҳар бароянду зан – модари хушбахт гарданд хуб нест? Имрӯз духтари тоҷик ба каме мушкилии хонаи шавҳар тоб наоварда, ҷудо мешаваду пас аз як ҳафта «ситораи дурахшони саҳна» мегардад. Магар аз ин дида бадбахтӣ аст? Наход барои машҳур шудану миёни мардон ҳамчун зани «зебо» муаррифӣ гаштан аз баҳри шавҳар ва хонаи ободат гузарӣ, наход барои мебахшеду намоиш додани сина ба болои хушбахтӣ по гузорӣ?

Албатта, ба ин гуфтаҳо банда ҳамаро гунаҳкор карданӣ нестам, зеро ҳастанд ҳунармандоне, ки воқеан ҳунари хуб доранд ва рафтору гуфторашон низ бад нест, аммо дар баробари эшон боз нафароне ҳастанд, ки бо рафторҳои ношоями худ номи ҳама ҳунармандонро сиёҳ месозанд. Рости гап, маро алам мекунад, вақте Шабнам дар сӯҳбатҳояш ба рӯзноманигорон мегӯяд, ки «Ман Тоҷикистонро дар хориҷи мамлакат муаррифӣ намудам ва ё муаррифӣ мекунам». О, чӣ хел муаррифӣ мекунад, бо ларзондани думбаю намоиши баданаш ё бо суруди «Ҳанӯз аввали ишқ аст»? Баръакс, ӯ тоҷиконро шарманда кардааст, номи зани тоҷикро бад намудааст.

Баҳром, сокини ш. Душанбе, «Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

18 комментариев

  1. zafar:

    Ман ба тамоми гуфтаҳои бародар Баҳром сар то сар розиям. Бале бояд аз чунин занҳо шарм дошт на фахр. Ба Шабнам гуфтаниям хуб мебуд аз дугонаат ё шояд рақибат Манижабону ибрат гирию дар роҳи рост равию дар роҳи Худо бо ӯ рақобат кунӣ зеро ин дунё намеарзад ба он,ки худро ғуломи ин дунёи бевафо кунӣ. Манижа агарчи аз саҳна рафта бошад ҳам ҳануз эҳтиромаш мекунам на ба он хотир,ки ӯ санъаткори хуб буд ба он хотир,ки аз роҳи бад гаштааст….. Худованд ба ҳама имону тавфиқ насибу рузӣ кунад

  2. Hairon:

    Salom ba khonandagon! Man ba guftai barodaronam Bahromjon va Zafarjon sad dar sad tarafdoram hak bar jonibi in guftahoi barodaroni banomusi millat charo zanu dukhtari tojik imruz khudro ba avropoiho taklid mekunad!Charo onho ba mo taklid namekunandu mo ki tarikhi boyu rangin dorem!zaboni modari dorem!saru libosi milli doreb mo ba onho. Bazeho meguyand, ki in madaniyatnokiro mefahmonad,chi khel madaniyat? kadom madaniyat? Madaniyat in ast ki liboshoi lichu barahna pushadu bo Muin khob kunad!Kujo shud nomus! Magar on zanonu dukhtarone, ki lich megardand mebakhshed sinahovu dumbahovu linghoi safedashonro baroi kasoni nomahram namoish medihand padar modar barodar nadorand charo mo tojikon to in daraja rasidaem! Mo bo in raftoramon libosi milliro rasmu oyini tojikiro az bayn mebarem.Ruze dar television yak barnomaro didam bahsu munozira makhsus dar borai libosi milli va avrupoi meraft bovar kuned nadidam zan yo dukhtareroki libosi milli khub gufta boshad, tanho pisaron tarafdori rasmu oini millat budand. Az in khulosa barovardam ki baroi zanonu dukhtaroni tojik lich gashtan ba millati begonayu mardi nomahram saru sinnavu nofashonro nishon dodan mahkul ast. Baze mavridho meshavad, ki az dur dukhtari tojiku musalmonro az pisarbacha fark kardan nameshavad.Ey mardumi tojiku musalmon biyoed az in besharmivu benomusi kamtar khuddori kunem zanonu khoharonamonro maslihat dihem kamtar ba libosi millii tojiki khudamon ruy biyorand khele khub meshavad khudo khohad. dar okhir ba tamomi mardumi tojik sarbalandi mekhoham kasone vatani azizi khudro dust dorand rasmu oinashonro az dast nadihand.

  3. Душанбинец:

    ман хаёл кардам ин сайт барои гарибон мусикии хаватанонро пешкаш мекунад, ки ташнааш хастем. Аммо мебинам, ки боз хамон ёвагуихо дар бораи сару либос ва шармандагиву дигару дигар. Бародар ин сайтмтро гайбатхонаи мазхабиёни тундрав ном гузор то точикони муътадил аз вуруд ба он худдори кунанд… тундгуи хам бояд ме\ёр дошта бошад.

    • Чамшед:

      Душанбинец дигар мисли индук хаёл карданта бас кун.Мусалмон дар гариби бояд худои таъолоро ёд кунад, на инки як хофизаи сар то по лучро тамошо карда лаззат барад.Мусалмон ташнаи тоату ибодат аст на ташнаи тамошои ин бе иффатхо.Дуруст аст мо бояд фахр не аз шарм бояд сар боло накунем.Дар бораи сару либос сухан гуфтан ин ёвагуи нест, инхо хама сухани худову расулаш астанд.Ёва гуфтани ин суханон ёва гуфтани сухани худову расулаш аст.Ва дигар ин ки гаибатро бояд фарк кард Душанбинец.Сухани хакро гуфтан дар шариъати ислом гаибат махсуб намешавад.Балки ин хакикатест ки равшан аст.Сухани хакро гуфтан ин тундрави нест.Аз навиштахотон бармеояд,ки шумо ягон чизро хануз фарк намекунед.Аввал калимаи гаибат ва тундравро маънояшонро фахмида, сухан гуед.

    • shumo chi hel insoned.magar tojik hamin hel mtshavad.ba joi on,ki libosi milliro tarafdori kuned dar fikri musiki hasted.bubahshed.ammo orom nishasta natavonistam

  4. Salom
    Man ba guftahoi barodar Bahrom sad dar sad roziham. Sharm bar hamun padaru modar ki inhel farzand tavalud kardand.

  5. Джамшед:

    ………….. Шабнами Сураёи Хуршедзо-ин номи падараш ба фикрам некин аник намедонам, зеро Сураё Косимова 100 маротиба шавхар кардаги буд, ба монанди Алла Пугачова.

  6. mejid:

    oli bahrom surayo xokta mebeza! qasamta xurdestay )

  7. Тамоман махфи:

    Ё тоба, да кадом сайте ки намедрой факат гапи Шабнамай, и одамо дига кор надоштабошан? бегарзи Шабнама гапои ганда задан….. И точики мо доги хамика гапу хамика корай. Бонен ами гапи Шабнама кори дига надорен. Ёфтен аку ами Шабнами бечорара, дига артистоани мепушан ку либосои аврупои, например: Парвина, Шабнами Собири, Хабиба, Фируза бо уна як кокаки дига бромай ку Бунавшаа кияй.. Лична ма хдм дидм ки Фируза кати Хабиба шаво да рестарано чихели либос мепушан баромад мекнан хай мо кам кам развечики мекнем, мебинем чи гапай шаво да рестарано… ку якбор иёра гап занен..якумш ки мо хамамон точикем, бад проста ича кулобиёра чидо када паст мезанен…. ба гапои шмо Шабнам меген ислох мешава? агар хдотона бкшен ай гуфтана то Худованд да дили Шабнам надоза одамгарираву Шабнам тавба накна гапои шмо ерундаай… Ай ида биен ку як масалаи Рогуна бинем, чи гап шид бад тагдири Рогун. И халки камбагал охирон сумои чамкагишона бровардан ура када сахмия харидан, и хама хапаю??? Барои ами биен гапои бехудара монену, ича масалои вазминш оли мондагияй….. бо пага зимистон мия чко мекабошем бо бесветида….. уфеееее! Точики ман зинда бод!

    • Джамшед:

      зик шуди братан? оли бо гап-гапай, ки баъди 6-мох сахмия хари сар мешавад. Ин дафъа бо тиру пушка мачбур мекунанд. Хонаю мошинора дар савдо мемонем чи?

  8. mafffffffffff:

    далбаево ба либоси шабнам коратчи харкас хохар ва зани худро тарбия кунад корат чи мепушад чи мехонад ин хамаш бахилиги дар гур харкас бар гунохи худ чавоб медихад ё ки касе дигар бар гугунохи шабнам чавоб медихат

  9. ХАСАНЧИК:

    ээээээээээээээээээээээээ лекин и ШАБАМЧИК певица шидагиштаям пишаймон хирд)))))))))

  10. Рустам:

    ээээ бешарафо мурен! дарро занам девор кафид! Бахромчон рост мега мурен!

  11. мурод:

    шабнам садкаи номи точики шав магар шарм намекуни ки туро модари мусалмон зодааст е ин ки модарат хам мисли ту буд не ман фикр мекунам ки модарат дигар санат дошт фикр кун шабнам

  12. Таварали:

    Ман Таварали сокини ш Душанбе ба гуфтахои бародар Бахром рози буда,гуфтаниам,ки Шабнам ва Фируза Хафизова,ки онхо доги миллати мо мебошанд.Онхо на нанг доранду на номус.Ман бисёр корхои паси пардаи онхоро шунидаам. Харчанд онхоро паст занандхам онхо боз бешармтар мегарданд.Касоне,ки онхоро таъриф мекунад,онхо низ мисли онхоянд хох мард бошад хох зан.Онхоро шарм бояд дошт,ки обуруи миллатро паст мезананд.Боз телевизон шарм накарда онхоро дар барномахо чой дода,пешкаши оламиён мекунад.Кучо хиси миллии чунин ашхос.
    Аз обилаи даст надорам боке,
    Аз обилаи дил хамадам метарсам.
    Аз масти хамрахам надорам боке,
    Аз пастии шахси хамкадам метарсам.

  13. Hasan Gadoev:

    бародарон ин гуфтахои шумон кори занак аст шумон занак неку бароеки зиндагии ту пеш равад на дигар касро паст зан ва хасуд хури куни касеро гайбат куни ин дар куръони карим хам раво нест бародарон мард бояд ба кори худаш бошад эй бародар бату фарк дорад ки шабнам Е Фарзона бо чандкас шишт бо чандкас хест е чика кор кард хает бо гайбати кас танхо ба акиб нигох мекунад на ба пеш даромади сайтро диди чаро гайбат мекуни маъкул нест бату нахон баро ба фикрам факат гарибон дар инчо медарон мэй гарибон барои ин гапхои бе маънову бо хакорати шумо шумо хурсандед е ки фикр кунед ки инхо хохари шумо шумо хохари худро дар чунин гапхо мехохед шунидан е не

  14. www.mansur_mirzoev@mail.ru:

    Хамаи шумо рост мегену аммо дар инчо муамое хаст.Чи?
    By шахсоне ки дар борашон гуфтен аз хамин хунару аз хамин корашон ба гуфти худ сохиби этибори баланда ва ё ба мардони бешаорафу беимон махкуланд

  15. чонона:

    Харкас гухи хдша хра кортон чия ба шабнам ика марден да руш гап занен дига кор надорен ика хутона муло мегирен чем э гайбат кардана равен курьон хонен фахмо…

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!