ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАФИҚ ҚИЁМ: «ҚИЁМ ИНТЕРТЕЙМЕНТ» — ПАЁМРАСОНИ ФОРСЗАБОНҲО

Шафик Киём

Шафик Киём

«Ширкати шоубизнес — «Қиём Интертеймент» дар бахши муаррифии ҳунари овозхонии тамоми форсизабонони дунё фаъолият дорад», гуфт зимни сӯҳбат раиси ширкати мазкур Шафиқ Қиём. Мавсуф меафзояд, ки ширкати «Қиём Интертеймент» асосан баҳри рушди санъату ҳунари волои овозхонии сарояндагон, тарҳрезии сафарҳои ҳунарии ҳунармандони кишварҳои форсизабон –Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон фаъолияти густурда дошта, онро дар оянда таҳким бахшиданист.

-Қароргоҳи ширкат дар кадом кишвар воқеъ аст?

-Дафтари марказии ширкат дар Лондон-пойтахти Британия Кабир қарор дошта, дар тамоми кишварҳои дунё, дар он ҷое, ки форсизабонҳо кору эҷод ва зиндагӣ доранд, фаъолият менамоем, аз ҷумла дар кишварҳои Аврупо, Канада, Амрико. Мо бештар ҳамкорӣ дорем бо овозхонҳои форсизабоне, ки дар тамоми гӯшаи дунё қарор доранд.

-То имрӯз аз ҷониби ширкати «Қиём Интертеймент» дар пойтахти -Тоҷикистон — шаҳри Душанбе чанд консерт ташкил карда шудааст?

-То ба имрӯз дар Душанбе консертҳои овозхонҳои шинохтаи Шарқ, аз қабили Фарҳоди Дарё, Муин, Афшин, Валӣ, Бенёмин ва ғайраҳо баргузор карда шуд. Бояд бигӯям, ки ин овозхонҳо дар байни мардуми тоҷик, бахусус ҷавонон маҳбубияти хоса доранд. Дар остонаи Иди бонувон — 8 март, ки дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи модар таҷлил мегардад, дар «Кохи Борбад»-и Душанбе консерти калон бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эронӣ Бенёмин Баҳодурӣ ва овозхони афғон Валӣ,  ки алҳол муқими Олмон аст, баргузор гардид.

Бенёмин дар Эрон кору зиндагӣ дорад. Бо ҳунари баланди овозхонӣ тавонистааст дар қалби мардум дар фурсати кӯтоҳ ҷой гирад. Ба чандин кишварҳои Аврупоӣ сафари ҳунарӣ дошт, аз  ҷумла баъд аз сафари ҳунарияш ба Тоҷикистон дар Британияи Кабир як чанд консерт дод.

-Кадом хусусиятҳоро ба инобат гирифта, Шумо овозхонҳои форсизабонро аз як давлат ба дигар кишвар ба сафари ҳунарӣ мебаред?

-Мо қаблан дар ҳар давлат ва шаҳрҳои дунё, яъне он ҷое, ки форсизабонҳо сукунат менамоянд, иштиёқи мардумро меомӯзем, ки форсизабонони он минтақа бештар ба кадоме аз овозхонҳои маҳбуби форсизабон таваҷҷӯҳи бештар доранд. Баъдан, мо дар асоси фаъолияти худ овозхонҳои маҳбубро бо сафари ҳунарӣ ба он кишварҳо меорем. Мисол бигирем Валӣ ё Бенёминро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оҳангҳои шӯху марғуби худ маҳбубияти бузург доранд. Ҳама ҷо, ки форсизабонҳо бошанд, Валӣ ва Бенёминро дӯст медоранд. Зеро оҳангҳояшон дар байни ҷавонон ва мардум маҳбубияти хоса доранд. Суруду таронаҳояшон тавассути телевизионҳои хориҷии кишварҳои Аврупоӣ намоиш дода мешаванд.

-Ширкати «Қиём Интертеймент» бо кадоме аз овозхонҳои тоҷик ва муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон  ҳамкорӣ менамояд?

-Бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва бархе аз муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон, бо иддае аз овозхонҳои тоҷик низ ҳамкорӣ дорем, ба мисли Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин. Дар ояндаи наздик дар Лондон ва дар баъзе кишварҳои Аврупоӣ 4-5 барномаи консертӣ барпо менамоем, ки дар он дар қатори дигар сарояндагони форсизабони ҷаҳон Садриддини Наҷмиддин ҳунарнамоӣ хоҳад намуд.

-Дар мавриди овардани овозхонҳои форсизабон ба Тоҷикистон ба ягон мушкилот рӯ ба рӯ намешавед?

-Бояд бигӯям, ки тамоми кори дунё бе мушкилот анҷом намеёбад. Мушкилӣ албатта, вуҷуд дорад. Вақте дар таърихи аниқшуда, овозхон аз роҳи дур расида наметавонад ё парвози тайёра ба таваққуф гузошта мешавад, ё толоре, ки дар он консерт баргузор хоҳад шуд, дар ҳамон таърих банд аст ва ғайраҳо. Вале, вақте, ки мардум туро иззату эҳтиром мекунанд ва ҳангоме ки дохили консерт мешавед, мардуми тоҷик меҳру муҳаббат нишон медиҳанд ва аз чунин меҳру муҳаббат ва самимият тамоми мушкилот фаромӯш мешавад.

ӣ Шуморо водор сохт, ки бо роҳи ташкили чунин як ширкати шоубизнес барои овардани овозхонҳои форсизабон аз як кишвар ба кишвари дигар мусоидат намоед?

-Ман тақрибан 12 сол аст, ки дар Аврупо кору зиндагӣ менамоям. Масалан бигирем дар Британия Кабир агар як барномаи консертӣ ташкил карда шавад, дар он аз Амрико, аз Австралия ва дигар кишварҳои Аврупоӣ овозхонҳо ҷамъ меоянд ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар Британияи Кабир теъдоди форсизабонҳо зиёданд, аз ин рӯ,  бо мақсади сарҷамъӣ, муаррифӣ ва рушди санъати волои овозхонии ҳунармандони форсизабон чунин консертҳоро ба роҳ мондаем. То дар рӯи як саҳна ҳунарнамоӣ намоянд ва ҳунари мусиқии мардумони форсизабонро густариш диҳанд.

-Дар оянда боз кадом овозхони форсизабонро бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон оварданиед?

-Ҳар овозхоне, ки маҳбуби мардум аст мо дар оянда ба Тоҷикистон хоҳем овард. Вақте, ки ба овозхон пешниҳод кардед, ки масалан Шумо дар Тоҷикистон маҳбубияти бештар доред, он овозхон беихтиёр худаш ба ин ҷо меояд.

— «Қиём – Интертеймент» гузоштани номи ширкат ташаббус ва идеяи кӣ аст?

-Вақте, ки Шумо мехоҳед, ки дар Аврупо ягон ширкати шоу-бизнес ташкил намоед, дар охири номи ширкат ҳатман бояд истилоҳи –интертеймент гузоред. Интертеймент худаш шоубизнесро мефаҳмонад. Агар ширкате ташкил кунед, ки доираи фаъолияти он ба хариду фурӯши орду шакар ва ғайра равона гардад, он бояд дар охираш калимаи Лимитедро бигирад. Гузоштани номи ширкат идея ва ташаббуси худи ман аст. Қиём насабам мебошад.

-Назари Шумо дар мавриди гаронии нархи чиптаи консертҳое, ки бо иштироки овозхонҳои шинохтаи форсизабон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд?

-Бале, баъзан вақт ҳаводорон шикоят мекунанд, ки нархи чиптаҳо гарон аст. Мо консерти Бенёмин ва Валиро дар Душанбе арзон кардем. Ба хотири он, ки ин консертҳои овозхонҳои шинохта Бенёмин ва Валӣ дар остонаи таҷлили иди бонувон-8 март ё Рӯзи модар баргузор гардида буд. Фарз мекунем агар ягон ҳунарманди тоҷик дар худи Тоҷикистон консерт гузаронад, чиптаи консерти ӯ нисбатан арзон аст.

Зеро вай дар худи Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад, дар ин ҷо манзил дорад ва навозандагонаш аз ҳамин ҷост, роҳкиро намесупоранд. Вале  вақте ки ягон овозхони форсизабон аз кишварҳои дури Аврупо ё Амрико ба Тоҷикистон бо сафари ҳунарӣ оварда мешавад, маблағи калон лозим аст. Агар амиқ назар кунем овозхонҳо ройгон ба ин ҷо меоянд. Он маблағе, ки аз фурӯши чиптаҳои консертҳо ба даст меояд, танҳо роҳкирои овозхонҳо мешаваду халос. Овозхонҳои форсизабон  аслан аз рӯи меҳру муҳаббат ва ҳамзабону ҳамватан будан меоянд ба Тоҷикистон.

Танҳо дар консерте, ки рӯзҳои 6-7 март дар «Кохи Борбад» -и Душанбе бо иштироки Бенёмин ва Валӣ доир гардид, 14 нафар навозандагон аз Лос-Анҷелос оварда шуданд. Мо онҳоро дар Душанбе муваққатан дар меҳмонхона ҷой додем. Боз як мушкилии дигар ин аст, ки толори консертие, ки дар он консертҳо намоиш дода мешаванд, дорои 1900 ҷойи нишаст буда, ҳамин миқдор тамошобинро ҷой медиҳад. Агар ягон толори бузуртар аз он мебуд, ки ҳудуди беш аз 4-5 ҳазор тамошобин ҷой меёфт,  ба манфиат мебуд. Зеро дар он сурат ҳам нархҳои чиптаҳо арзонтар мешуд ва теъдоди тамошобинон ҳам меафзуд.

-Ба мардуми тоҷик чӣ таманно доред?

-Мардуми тоҷик мардуми бо меҳру муҳаббат буда, самимияти бузург доранд. Ба кадом минтақаи ин сарзамин агар меҳмон шавед, бо меҳру муҳаббат ва самимияти тоҷикона хуш истиқбол мегиранд, яъне  хеле меҳмоннавозу самимианд. Ба ростӣ аз чунин муносибати гарму самимии тоҷикона ман худамро дар ин ҷо бегона эҳсос намекунам. Ба Тоҷикистон омадан ва сӯҳбат бо мардуми он худаш барои ман як ҷаҳон аст. Мо кӯшиш мекунем, ки меҳру муҳаббатро дубора тавассути санъат ва ташкили сафарҳои ҳунарии овозхонҳои форсизабон ба сарзамини Тоҷикистон ва ҳунармандони тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ афзоем.

Мусоҳиб, Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»

Filed under: Сарояндаҳои Афғонистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!