ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЗАФАР НОЗИМ — ЯКЕ АЗ ПОЯГУЗОРОНИ ҲУНАРИ ОВОЗХОНИИ МУОСИРИ ТОҶИК

ЗАФАР НОЗИМ

ЗАФАР НОЗИМ

Овози Зафар Нозим бо гузашти панҷоҳ сол аз оғози кори ҳунариаш ҳамчунон дар коху кошонаҳои тоҷикон танинандоз аст. Зафар Нозим ба хотири садои қудратмандаш дар маҳофили матбуотӣ ба “Павароттии тоҷик” мулаққаб шудааст. Овози пурғулғулаи ў ахиран Кохи Борбади шаҳри Душанберо, ки муҳимтарин маҳалли баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон аст, фаро гирифта буд.

Садҳо тан гирди ҳам омада буданд, то бо ҳузури устод ҳафтодумин солрўзи таваллуд ва панҷоҳумин солгарди оғози ҳунари ҳирфаиашро ҷашн бигиранд.

Зафар Нозим аз ҳунармандони мусиқии асили тоҷик аст, ки решаҳои он дар мусиқии суннатии эронӣ побарҷост. Вай дар синни ҳаждаҳсолагӣ вориди арсаи ҳунар шуд ва тайи муддате кўтоҳ ҳанҷараи қудратманд ва шеваи хосси овозхониаш номи ўро сари забонҳо нишонд.

Зафар Нозим соли 1961 мелодӣ барои нахустин бор бо як сафари ҳунарӣ вориди Эрон шуд ва дар  ҳамоиши байнулмилалии мусиқии Ховарзамин ҳузур ёфт. Он замон ў як ҷавони 21-сола буд. Барои ҷавоне дар синну соли ў ин сафар комгории бузурге маҳсуб мешуд. Худи устод Зафар мегўяд, шунавандагони эрониаш бештар аз оҳанги “Нанойҷон”-и ў истиқбол карданд ва ҳатто барои бозхонӣ аз ў иҷоза хостанд.

Дертар Зафар Нозим ба пораи дигаре аз сарзамини фарҳангиаш, ба Афғонистон, сафар кард. Мардуми ҳунардўсти он диёр аз ҳунар ва истеъдоди ў истиқболи гарме доштанд. Ин сафар барои худи Зафар Нозим ҳам бисёр борвару судманд буд. Вай дар ҷараёни дидораш аз Афғонистон бо чеҳраҳои барҷастаи мусиқии он сомон, ба монанди Ҷалили Зулонд, Хайёл ва Сорбон ошно шуд ва ин ошноиҳо бар зеҳну сабку сиёқи ў таъсири амиқе гузошт.

Зафар Нозим он рўзҳоро ёд меоварду мегўяд: “Дар Афғонистон ба пешниҳоди ҳунарманди маъруф устод Сорбон оҳанги бисёр дилнишини оқои Зулонд бар матни “Эй сорбон”-и Саъдии Шерозиро дар толорҳои Кобулу Ҷалолобод хондам. Истиқболи мардум аз ин оҳанг ба гунае буд, ки онҳо бо ташвиқҳои пайваста манро боз рўйи саҳна мехонданд”.

Гуфтанист, ки “Эй сорбон” имрўз ҳам аз зеботарин корҳои устод Зафар Нозим ба шумор меояд. Дар ҳамин давра буд, ки Зафар Нозим оҳангҳои зебои дигареро ба монанди “Субҳи Кобул” (шеър ва оҳанги Зиё Қоризода аз Афғонистон), “Нарў, нарў” ва “Ҳамдами хубон” (оҳангҳои мардумии Афғонистон) ва “Шуълаи ҳазин” (оҳанги Зулонд)-ро рўи саҳна бурд. Ин оҳангҳо барои рушди беш аз пеши ҳунари Зафар Нозим заминаи муносибе фароҳам кард ва боъиси маҳбубияти ў дар арсаи ҳунарии форсизабонон шуд. Ин маҳбубият мақомоти вақти Шўравиро нигарон карда буд.

Ҳукумати Шўравӣ, ки тамоми умури сиёсиву иҷтимоъӣ ва фарҳангии арозии таҳти тасарруфашро зери кунтрул дошт, мутаваҷҷеҳи мақулаи ҳамзабонӣ ва ҳамфарҳангии мардуми Тоҷикистон бо мардумони Эрону Афғонистон буд ва аз густариши равобити фарҳангии миёни ин пораҳои сарзамини фарҳангии воҳид нигарон буд. Аз ин рў мақомоти Шўравӣ аз афзоиши маҳбубияти ҳунармандони мусиқии асили тоҷикӣ чун Зафар Нозим дар Афғонистон ва Эрон дили хуше надоштанд.

Дастгоҳҳои таблиғотӣ ва “фарҳангофаринӣ”-и Шўравӣ барои дифоъ аз манофеъи жеупулитики худ ҳамвора миёни гўишҳои Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон монеътарошӣ мекарданд, ки ин одат то кунун дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Аз ин рў сафарҳои ҳунарманде чун Зафар Нозим, ки ба забони форсии дуруст тасаллут дошт ва оҳангҳоеро дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони форсизабони хориҷӣ меофарид, бо манофеъи мақомот муғоират дошт. Дар натиҷа беш аз 12 оҳанги Зафар Нозим дигар муҷаввизи бахш надошт ва худи ў ҳам дигар иҷоза надошт ба хориҷ аз кишвар сафар кунад ва барномаҳои кунсертии ў дучори ихтилол шуд.

Вай дар он солҳо оҳангеро бар шеъри “Хонаи мўр”-и Бозор Собир, шоъири тоҷик, суруд, ки шарҳи ҳоли ў буд:

Ман тугмаи садоям,  дар пушти ин дари танг,

Ҳар чанд мефишоранд,  он қадр мезанам занг.

Дар паи он Зафар Нозим ғолибан ба шаҳристонҳо ва деҳкадаҳои Тоҷикистон сафар мекард ва барои мардуми маҳаллӣ овоз мехонд. Бад-ин гуна, аз маҳбубияти  ў дар миёни ҳунардўстони Тоҷикистон заррае  ҳам коста нашуд.

Пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 заминаи рушди дуборае барои ҳунармандон фароҳам омад. Имрўзҳо устод Зафар Нозимро яке аз поягузорони ҳунари овозхонии муъосири тоҷик медонанд ва бо эътои ҷоизаҳо, аз ҷумла ҷоизаи давлатии Абу Абдуллоҳи Рўдакӣ, аз ў тақдир мекунанд. Мактаби мусиқии Зафар Нозим ҳунармандони бисёреро ба бор овардааст, ки худи онҳо ҳам акнун соҳибному соҳиби мактаб шудаанд.

Саъиди Билол, ки худ аз оҳангсозон ва овозхонони саршиноси Тоҷикистон аст, замоне шогирди Зафар Нозим буд ва акнун устоди худро аз ҷумлаи парчамдорони мусиқии асили тоҷик медонад ва мегўяд, ки ҳаргиз аз шунидани овозу сабки мунҳасир ба фарди устод сер намешавад.

Зафар Нозим ҳамчунин ба унвони касе, ки дар арсаи нигаҳдорӣ аз забони форсӣ дар Тоҷикистон ва нишондани ин забон ба маснади расмӣ талош кардааст, дар миёни фарҳангиён мавриди арҷу эҳтиром аст. Дар остонаи тасвиби Қонуни забон дар соли 1989-и милодӣ мақомот мегуфтанд, ки барои иҷрои ин қонун ҳазинаи кофӣ дар ихтиёр надоранд. Устод Зафар Нозим бо тарҳи пешниҳоде заминаи эҷоди бунёди вижае барои иҷрои ин қонун ва таҳкими пояҳои забони форсӣ дар Тоҷикистонро фароҳам кард.

Акнун ҳам “Бунёди забони форсӣ-тоҷикӣ” аз ниҳодҳои фарҳангии фаъъоли Тоҷикистон аст. Бо фарохони ҳамин ҳунарманд мардум аз гўшаву канори ҷумҳурӣ дар ҳадди тавону ҳиммати худ ба ин сандуқ маболиғе ворез карданд. Аммо Зафар Нозим дар ин замина ҳам пешоҳанг буд ва дастмузди думоҳаи худро ба бунёди навпои забони форсӣ бахшид.

Бад-ин гуна, Зафар Нозим барои бисёре аз фарҳангиёни тоҷик фарди азизест ва будани ў барояшон муғтанам. Ҳаводорони устод Зафар орзўманданд, ки рўди бепоёни овози ин ситораи мусиқӣ ҳаргиз нахушкад.

Аҳмадшоҳи Комилзода, “jadidonline”

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Вася:

    хм.. интересно было почитать

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!