ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

Ҳ. ШАҲРИЁР: «ЧАРО СУРУДИ МИЛЛИРО ҒАЛАТ МЕСАРОЕМ?»

Номаи хонанда

Номаи хонанда

Суруду мусиқӣ омили тарбия, завқ ва истеъдод аст. Воқеан ҳам, дили ҳар фарди соҳибмаърифат, ки хешро вориси Борбаду Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим Ибодову Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоеву Фазлиддин Шаҳобов … меҳисобад, бояд барои рушду нумӯи санъати касбии тоҷик мувофиқи имконаш ҳарфе бигӯяд, чизе зам намояд, ҳеҷ набошад, ба он пайрав ва номи ин бузургмардони олами санъатро ҳамеша дар ёд дошта бошад. Ҳоло вақти он аст, ки аз мақоли халқии «Пеш ояду хуш ояд» бипарҳезем.

Ҳама медонанд, ки суруд хосияти забономӯзӣ, маънифаҳмӣ дошта, зебоӣ меофарад. Аз ин рӯ, ҳунармандони ҷавон, ки мехоҳанд обрӯманд гарданд, бояд бештар ҷаҳду ҷадал намоянд, то дар интихоби матн бепарово набошанд.

Мутаассифона, дар сурудҳои иҷронамудаи ҳам ҳунармадони ҳаваскор ва ҳам таҷрибадор ҳарфу ҳиҷои барғалат ба мушоҳида мерасад. Имрӯз ҳама дӯконҳои фитафурӯшии сарироҳӣ ва дохили бозорҳо пур аз сабти сурудҳои ҷавонони ҳаваскор аст. Чун дохили нақлиёти мусофиркаш шудед, он ҷо низ ин садоҳо шуморо ором намегузоранд. Баъзан ба андеша меравем, ки чаро ҳофизони ҷавони мо мисли замбурӯғҳои баҳорӣ гӯё як шӯҳрат пайдо мекунанду зуд аз хотирҳо фаромӯш мегарданд.

Дар вақташ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматовро ҳам ҷавонон зиёд пайравӣ ва сурудҳояшро замзама мекарданд. То ҳол ҳам суруди «Шаб ба хайр» — и ин ҳунарманди шинохта (матнаш аз устод Лоиқ) вирди забонҳост. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гимн) ҳам ҳангоми бо оҳанг сароидани гурӯҳи ҳунармандон (ба хотири кашиши ҳиҷо ва оҳанг) тағйир хӯрдааст. Дар банди дуюми гимн ба ҷойи «Барои нангу номи мо», «Барои ному нанги мо» иҷро гаштааст. Яъне ин вобаста аст ба созгории матн ва оҳанг, ки тағйир доданаш ғалат нест.

Аксар вақт ба матни интихобнамудаи ҷавонони эҷодкор аҳамият дода, кас озурдахотир мешавад. Шояд ин ҷо айби онҳо низ набошад, зеро ки аксари онҳо дар ҷодаи хеш роҳбалад надоранд. Худ шеър мекобанд, оҳанг эҷод карда месароянд. Бархе аз бастакоронамон бошанд, ба оҳангҳои худ нархҳои осмонӣ мегузоранд. Ин аст, ки дар «эҷод» — и ҷавонон рабти муназзам дида намешавад. Дар баробари ин, аксари ҳунармандони ҷавон маълумоти ақаллан ибтидоӣ надоранд. Имрӯз дар Тоҷикистон, бахусус, дар пойтахт якчанд мактаби мусиқӣ вуҷуд дорад.

Дар он ҷ о аксаран бачаҳои лаёқатманд таҳсил кунанд ҳам, аҷаб аст, ки аксарияташон шомили синфҳои омӯзиши асбобҳои нафасианд. Ба асбобҳои миллӣ бошад, майлу таваҷҷӯҳи онҳо кам аст. Чаро ин тавр? Шояд ба хотири он ки минбаъд бо кларнету флейта, ямаха дар тӯйҳо ҳофизӣ мекунанд? Лекин, охир, асбоби ғарбиро бо асбобҳои миллиамон омезиш додан мумкин аст — ку? Мисли ин ки ин кор ба Тоҷиддину Кароматулло хеле муваффақона даст дода буд. Имрӯз дар Русия танҳо барои як соати дарси пианино даҳ доллари амрикоӣ супоридан лозим меояд. Дар мактабҳои мусиқии мо ин гуна дарсҳо қариб, ки ройгон омӯзонда мешаванд.

Соли 2003–юм бо ғамхории сардори давлатамон нахустин маротиба дар ҷумҳуриамон Консерватория кушода шуд, вале бе базаи мустаҳками мактабу омӯзишгоҳҳои мусиқӣ фаъолияти бояду шояди Консерватория имконнопазир аст.

Ҳ. Шаҳриёр, «Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!