ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАҲРОМИ АБӮБАКР: «ИШҚИ КӮДАКӢ — ИШҚИ ҲАҚИҚИСТ!»

Шахроми Абубакр

Шахроми Абубакр

Шаҳроми Абӯбакр. Номи ин сарояндаи ҷавону умедбахш имрӯзҳо вирди забони хурду калон аст. Ӯ дар ҷодаи санъат гарчи хеле ҷавон аст, аммо гомҳои устуворона мениҳад. Аллакай дар байни мухлисони хеш маҳбубияти хоса дорад. Бо таронаҳои рангину ошиқонаи худ дили мухлисонро мерабояд.

Дарди дили ошиқонро хубтар аз онҳо дарк менамояд ва дар таронаҳои худ тараннум месозад. Мо бо Шаҳром бо хоҳишу дархостҳои бешумори мухлисон ҳамсӯҳбат гардидем.

— Субҳи Шумо чӣ гуна оғоз мешавад?

— Мисли кулли мардуми мусулмон субҳи мо ҳам бо намози бомдод оғоз мегардад. Субҳи бармаҳал файзу баракати худро дорад ва оғози рӯзи неку бобарор аст. Баъзан таронаи тозае ва ё андешаи наве дар сари кас дар ин ҳангом пайдо мегардад.

— Асоси таронаҳои Шуморо шиква аз ишқ ва ранҷу дарди дили ошиқи ноком фаро гирифтааст. Он тири ишқе, ки қалби Шуморо ба дард овард, барои сӯхтан меарзад?


-Бале, он ишқи ҳақиқиву арзандаи ҳама гуна ситоиш буд. Асосан ишқи ҳақиқӣ дари қалби касро як бор мекӯбад. Ман ҳам ҷавонаму дарди ишқро аз ҷавшани ҷонам гузаронидаам. Ишқи бачагиро шояд дигарон гузарандаву ноустувор гӯянд. Аммо он сӯзандаву абадист. Дар як гӯшаи қалб якумр меистад.

— Пас, анҷоми ишқи Шумо хонадоршавист?

— Ҳоло дар ин хусус фикр накардаам. Зеро ҳоло ҷавонаму донишҷӯ.

— Нозаниндухтаре интихоб гаштааст?

— Ҳоло не.

— Пас, духтарони зебое, ки ошиқи Шумо ҳастанд, метавонанд умедвор шаванд?

— Бале, мунтазир бошанд, насиб карда бошад, бо хости парвардигор яке аз онҳоро ҳамсари худ интихоб хоҳам кард.

— Мехоҳед, ҳамсари ояндаи шумо шомили касбе бошад?

— Албатта, мехоҳам ӯ соҳибмаълумот бошад, аммо дар хона нишинад.

— Пас дипломи ӯ барои зери болин мондан аст?

— Барои тарбияи фарзандонам лозим аст. Модари соҳибмаърифат фарзандони нек тарбият хоҳад кард.

— Шумо соҳиби тахассуси фарҳангӣ хоҳед гашт?

— Не, дар бахши иқтисод таҳсил дорам.

— Агар рӯзе курсии мансаберо пешниҳод созанд, он метавонад бароятон касби ҳофизиро иваз намояд?

— Иншооллоҳ, бо нерӯи худовандӣ ҳамаашро якҷоя ба сомон хоҳам расонд. Беҳуда нагуфтаанд, ки : «Ба як йигит чил ҳунар кам аст». Худо, саломатиро диҳад, кӯшишу ҳаракат кардан аз мост.

— Аз ҳунари хеш қонеъ ҳастед?

— Агар аз ҳунари хеш қонеъ бошам, пас дигар метавонам истироҳат намуда, заҳмат накашам. Шабу рӯз дар пайи ҷустӯҷӯву эҷод ҳастем, то суруди наверо, ки шунавандаи имрӯзро қонеъ созад, пайдо намуда барояшон сароем. Барои ман муҳим он аст, ки ман аз худ не мухлисон аз ман қаноатманд бошанд.

— Агар рӯзе соҳиби маблағи зиёд гардед, ба кадом корҳои хайру савоб масраф менамоед?

-Як масҷиди калон бунёд месохтам, то ки мардум рафта намозгузорӣ намоянду рӯ ба корҳои нек оранд. Ҳамчунин, ятимакони бепарастори зиёдеро, ки ба мо ниёзманданд, дасти мадад дароз менамудам, аз ҷумла хатнатӯяшон намуда, дар он базм худам сарояндагӣ мекардам. Чашми онҳо дар роҳи инсонҳои хайрхоҳу саховатпеша чор аст ва месазад, ки чунин амалҳои савобро ҳар нафар инсони доро иҷро намуда, сипас рӯ ба даргоҳи Маккатуллоҳи бузург орад.

-Дили Шумо аз кадом рӯйдоди нохуш ба фиғон меояд?

-Агар дӯсти наздике хиёнат кунад, нафаре бо дурӯғгӯйии худ дар ҳаққи касе тӯҳмат занад, ҳунарманди асиле дар ҳолати хориви залилӣ қарор дошта бошад ва аз ҳама охир ёре беаҳдӣ кунад, дилам ба фарёд меояд. Худо накунад, ки ҷавонмарде дучори тӯҳмати ноҳақе шавад.

— Нохуштарин рӯз бароятон кадом аст?

— Худо ҳаргиз чунин рӯзро ба касе насиб нагардонад. Албатта, дар ҳаёти ҳар як фард чунин рӯз ҳаст. Фикр мекунам рӯзе ки Худованд амаки ҳунармандам Зулфиқорро аз мо рабуд, нохуштарин рӯз буд бароямон. Ӯ барои мо дар ҷодаи ҳунар устод, роҳбару роҳнамо ва маслиҳатгари беминнате буд. Барои интихоби шеъру оҳанг мо такя ба амакам мекардем ва имрӯз набудани ӯ баръало эҳсос карда мешавад. Марги ӯ барои мо талафоти бузург аст ва ҷигарҳоро пора кард. Ҷои ӯ ҳамеша холист дар саҳнаи ҳунар ва қалбҳои мо.

— Чаро Шумо аз ҳама бештар рӯ ба ашъори шоираи шинохта Меҳринисо меоред?

-Дар шеърҳои ин бонуи эҷодкор ман мисраъҳои ба дили хеш наздику писандидаамро пайдо менамоям. Баъзан баъди мутолиаи шеъре аз эҷодиёти он кас гумон мекунам, ки он маҳз барои ман офарида шудааст.

-Лаҳзаи фароғати Шумо чӣ гуна сипарӣ хоҳад шуд?

-Дар иҳотаи дӯстони наздик ва беҳтарин истироҳати ман дар ҳалқаи пайвандон, умуман оилаамон мегузарад. Пайвандони мо шукри Худованд ҳамагӣ ҳунарваранд ва бештари вақти ман дар иҳотаи падару амакҳои санъаткорам хеле хушу бофароғат мегузарад.

— Мухлисони ҳунаратон бо зангҳои худ хеле зиёд ташвишатон медиҳанд?

— Зангҳои онҳо ҳеҷ гоҳ боиси ташвиш нест. Шукри будани чунин инсонҳое, ки ба қадри ҳунару ҳунарманд мерасанд. Ифтихор аз онҳо дорам, на ташвиш. Пӯшида нест, ки вақте мардум рӯзгори тинҷу осуда ва саломатии хуб дошта бошанд, дар дилашон шавқи шеъру тарона бештар хоҳад шуд ва рӯй ба аҳли ҳунар меоранд. Худо кунад, ки дили мардум ҳамеша шоду лабрези шодию фараҳ бошаду мо санъаткорон шарики рӯзҳои нишоташон гардем.

— Ва метавонед бо хабари хуше онҳоро хурсанд гардонед?

-Бале. Ба наздикӣ консерте низ дар назар аст, баҳри болидагии хотири онҳо.

Шоира Меҳринисо мегӯяд:

Шаҳроми Абӯбакр ба ҷавониаш нигоҳ накарда, овози пурқувват ва дилнишину зебо дорад. Тӯли 25 соли ҳамкории хеш бо гурӯҳи ҳунарии «Анис» ман онҳоро инсонҳои муаддаб ва бофарҳангу бофаросат дарёфтам. Шаҳром низ идомабахшандаи он ҳамкориҳо буда, мисли падари худ ва амакҳои бофарҳангаш Зулфиқору Достону Қайсиддину Вайсиддин як ҳунарманди хушсалиқа аст.

Умед дорам, ки дар оянда ӯ як ҳунарманди варзида ва тавоное гардида, санъати тоҷикро бо салиқаи ба худ хос дар ҷаҳон муаррифӣ хоҳад кард. Зеро нисбати ҷавонҳои дигар хеле хоксору хушахлоқу бофазилат аст. Худованд чунин хислатҳои некро танҳо ба бандагони шукргузори писандидааш арзонӣ медорад.

Сӯҳбатнигор Шаҳрбону, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. muhabbat:

    man muhabbat ba shahrom savol doshtam .mehoham fahmam shahrom mehohad dar oyanda baroi konsert ba mamlakathoi dur ravad.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!