ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЧАРО МАНИЖА СУРУДРО ҒАЛАТ МЕХОНАД?

Манижаи Давлат

Манижаи Давлат

Ҳаёти имрӯзаро бе суруду мусиқӣ ва рақсу бозию шӯхию шодӣ тасаввур намудан душвор аст. Дар саҳнаи ҳунари тоҷик ҳам солҳои охир даъвогарони «ситора» зиёд шудаанд. Хайрият, ҳамин воситаҳои техникӣ ҳаст, ки қисми онҳо метавонанд худро ба дарёи суруду мусиқӣ дониставу надониста ҳаво диҳанд, вагарна бо андаке овози хиррӣ чӣ кор ҳам кардан мумкин аст?

Чӣ тавре ки мегӯянд, суруд бояд ҳамқадами ҳаёт бошад ва аз ишқу муҳаббати самимӣ, дӯстдории Ватан ва монанди инҳо сиришта бошад. Умуман, суруд суруд аст ва он бояд орӣ аз хато иҷро гардад.

Ҷони суруд бояд аввал матн ва баъд оҳанг бошад, зеро матни хуб дар худ оҳанги дилошӯб низ дорад. Сарояндаи худрӯй Манижаи Давлат бо вуҷуди худ ба олами санъати эстрадаи тоҷик тоза ворид шуданаш якбора мухлисони зиёдеро гирди номи худ ҷамъ овард. Ҳалолаш бод! Ӯ дар ҳақиқат, саҳназеб, тарзи иҷрои ба худ хос дорад. Аммо… ӯ месарояд:

Дилбари ҷон, бовафо ширинзабон, хушнаво, бурдӣ дилам, тез биё, дилбари ҷонам.

Аслан, ин суруд моли халқ аст, ки Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон марҳум Тоҷиддин Муҳиддинов ҳанӯз сӣ сол пеш сароида буд, лекин матни саҳеҳе, ки Т. Муҳиддинов месароид, ин тавр аст:

Дилбари ҷон, бовафо ширинзабон, хушадо, бурдӣ дилам, ту биё, дилбари ҷонам.

Баъдан ин суруд аслан ба зан тааллуқ дорад, бинобар ҳамин ҳам, пас аз шодравон Тоҷиддин Муҳиддин онро бояд ягон сарояндаи мард месуруд. Хонум Манижа кадом Дилбар ва чӣ гуна Дилбарро дар назар дошта бошад? Кадом Дилбар дили Манижаро бурда бошад, ки чунин мисраҳоро сурудааст? Агар мард ин мисраҳоро месуруд, шояд саволе ба миён намеомад, ки ӯ чаро ин сурудро хонд? Зеро вай мард асту маълум, ки ба хотири нозанине ин сурудро суруда, аммо зан…

Умуман, чаро санъаткорони имрӯзаи мо андеша намекунанд, ки чӣ мехонанд? Чаро пеш аз сурудро ба мардум пешкаш кардан, фикр наменамоянд, ки матни суруд чӣ маъно дораду ба кӣ тааллуқ дорад? Охир суруд ҳам, занонаю мардона мешавад. Яъне дар суруде ва ё матне, ки назокату латофати зан тасвир ёфтааст, онро албатта, бояд мард сарояд, не зан. Ё дар суруди дигараш Манижа месарояд:

Биё лаби об равем, дар шаби маҳтоб равем,

Биҷӯем аз ҳам рози дил, бо ҳам шабе хоб равем.

Магар дар шаби маҳтоб лаби об рафтану дар он ҷо хоб рафтан чӣ маънои тарбиягарӣ дорад? Аз шунидани ин суруд шунаванда чӣ мегирад? Албатта, дар фикраш лаби об рафтану бо касе хоб кардан ҷо мешавад. Бинобар ҳамин ҳам, сарояндаҳоро лозим аст, ки мантҳои пурвазну қофияро ба оҳанг дароварда, хонанд, зеро суруд метавонад тарбиятгар бошад. Аммо афсӯс, ки на ҳама ҳунармандони мо ин чизро фикр мекунанд, ҳатто баъзеаш ҳарчӣ пеш омад хуш омад гӯён мехонанду пешкаши мардум мегардонанд.

Ҳоло аксари ҷавонони «эҷодкор» хешро оҳангсоз эълон намудаанд, ҳол он ки чӣ будани эҷоду кӣ будани эҷодкорро намедонанд. Як мисоли равшани аз ӯҳдаи ин кор набаромадани чунин «бастакор» — он он аст, ки баъд аз як ё ду сол ба овозу сабку услуби онҳо касе аҳамият намедиҳад ва ҳамин тавр эшон ба қавле бе хату хабар мешаванд. Беҳуда дар халқ « Дер ояду дуруст ояд» — нагуфтаанд. Имрӯз ҳама дӯконҳои фитафурӯшии сарироҳӣ доранд, дохили бозорҳо бошад, пур аз сабти сурудҳои ҷавонони ҳаваскор аст.

Чун дохили нақлиёти мусофиркаш шудед, он ҷо низ ин садоҳо шуморо ором намегузоранд. Албатта, хуб аст, ки ҷавонони эҷодкор баҳс – мабаҳс дар пайи сабт кардану фурӯхтани албоми сурудҳояшонанд, вале боз хуб мебуд, агар бештар ба мавзӯю мӯҳтавои сурудҳо диққати ҷиддӣ медоданд, он гоҳ ба қавли маъруф, «нуран ало нур» мешуд.

Мутаассифона, на танҳо ҷавонон, балки баъзе аз ҳунармандони шинохтаамон низ рӯйирост ба хатоӣ роҳ медиҳанд, матнро ғалат мехонанд. Аз ҷумла, як ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ки маҳорати баланди сарояндагӣ ҳам дораду барҳақ сазовори унвонаш ҳаст, матни шеъри Раҳмат Назриро ин тавр ғалат сароидааст:

Бар рӯйи гул чакида, ашки ситора имшаб,

Ман аз дилу дил аз ман, дорем зарра имшаб.

Яъне, ин ҷо на зарра, балки бояд зора бошад. Ҳунарпешаи дигари миёнсоламон, ки он вақтҳо хеле ҷавон будааст, дар Хонаи Радио чунин сабти овоз дорад, ки гоҳ – гоҳ бо ҳамин шакли хатои дағалаш шунавонда мешавад:

Ду рухсораш зи чоки пираҳан дидам, ба дил гуфтам,

Ту пиндорӣ, ки сарви ноз бор оварда лимӯе.

Воаҷабо! Рухсорро чӣ тавр метавон тавассути чоки гиребон дид? Таносуби калом куҷост, маънӣ – ку? Ин, аслан, ғазали Заҳири Форёбист ва ба ҷойи рухсор бояд ақаллан пистон бошад, чунки танҳо дар ҳамин ҳолат метавон маъниро дарк кард. Fазали машҳури Бедил ҳам, ки матлааш бо байти «Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман» шурӯъ мешавад, аз тарафи якчанд ҳофизони шиносу ношиносамон ғалат сароида мешавад:

Интизорӣ доштам, дар гӯшаи вайронае,

Юсуфистон кард васлат, кулбаи эҳсони ман.

Кулбаи эҳсон нею, балки кулбаи эҳзон бояд гуфт, зеро ки ҳусн аз ҳузн фарқ дорад. Албатта, «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад» — гуфтаанд. Хуб мешуд, агар ҳангоми интихоби матну оҳанг бештар бо шеършиносон, шоирону адибон ҳамкорӣ кард, дар он сурат шояд, ки ғалатҳо бартараф шаванд? Суруд инсонро ба сӯйи дунёи андеша мебарад ва ин андеша он гоҳ самараи хуб ба бор хоҳад овард, ки он солим бошад.

Як ҷурми дигари ҳофизонамон он аст, ки созгории кадом матн ро бо кадом оҳанг намедонанд. Дар ин маврид мисраи «Хат ғалат, маъно ғалат, иншо ғалат» — и шоир ба хотир меояд. Бубинед, ҳофиззан чӣ месарояд: Дастро ба гардани он нозанин андохтам,…

Ё гурӯҳи духтарон « Ҷӯраҷон, дилум танг омадай» — месароянд. Дар ин гуна шеърҳо рӯҳи шоир ( на шоира) маълум аст ва ҳамин гуна амалҳо мардумро аз суруду мусиқӣ дур мегардонад. Имрӯз дар Тоҷикистон, бахусус, дар пойтахт, якчанд мактаби мусиқӣ амал мекунад. Дар он ҷо аксаран бачаҳои лаёқатманд таҳсил кунанд ҳам, аҷаб аст, ки аксарияташон шомили синфҳои омӯзиши асбобҳои нафасианд. Ба асбобҳои миллӣ бошад, майлу таваҷҷӯҳи онҳо кам аст. Чаро ин тавр?

Шояд ба хотири он ки минбаъд бо кларнету флейта, ямаха дар тӯйҳо ҳофизӣ мекунанд? Лекин, охир, асбоби ғарбиро бо асбобҳои миллиамон омезиш додан мумкин аст — ку? Мисли ин ки ин кор ба Тоҷиддину Кароматулло хеле муваффақона даст дода буд. Имрӯз дар Россия танҳо барои як соати дарси пианино даҳ доллари амрикоӣ супоридан лозим меояд. Дар мактабҳои мусиқии мо ин гуна дарсҳо қариб, ки ройгон омӯзонда мешаванд.

Ба ҳар ҳол, илми мусиқӣ, савту наво, шодию тараб бо инсон ҳамқадам аст. Зиндагӣ аз ин албатта, нуру зиё мегирад, ба шарте, ки он мусиқӣ, созу тараб ва матну мавзӯю оҳанги бо ҳам созгор бошанд.

Ҳ. Фараҳнӯш, «Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

8 комментариев

  1. 125:

    Саломи маро кабул фармоед.
    Макола 100 % асос дорад. Агар хато накунам 70% занхо барои «занхо» -месароянд, агар бовариатон наояд, клипхоро тамошо кунед … Зан месарояд барои зан ва дар ракс низ духтарон …

    Аммо ки ба хами ин гунахкор? …

  2. Хамаи ин гуфтахо асос дорад аз боду хаво гуфтагешон не бари хамин аз забони шоир гуфтаниам!
    Хеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
    Хеч охан ханчари тезе нашуд.
    Касби беустод дар нимироха мемонад боз аз айбашона апаи Манижахон мегуянд ба кавле он касро душманон шанс надодаан, ки сурудхониро давом диханд.бо ин гапхо худашонро тасалли медиханд кадом душман рафта микрофонро аз дасти Манижахонбону гирифтаат ин гуфтахошон маъно надорад!!!

  3. Махмадшо:

    БИСЬЁР МЕХОХАМ БО ВУЧУДИ КАМБУДИХОИ ЗИКРГАДИДА КИ ИСЛОХПАЗИРАНД,МАНИЖАБОНУРО БОЗ РУИ САХНА ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ БИНАМ. АСЛАН БАРОИ БАЪЗЕХО КАМБУДИКОБИ ЯК КАСБ ШУДААСТ.

  4. Bakhtiyor:

    Бале Махмадшо_ ман тарафдори суханони шумо хастам!!__Чи даркор кунч коби?__хастан баъзе чавононе ки галат месароянд ё матнро галат мехонан_ аммо хамагии ин охиста_охиста халли худро меёбанд_мо бояд даст гири кунем чавононро на ин ки онхоро рух афтода кунем_ агар мо хамин гуна рафтор кунем яъне (кунчкоби)_санъти мо харгиз пеш намеравад_мо бояд як дигарро дуст дорем!!!!!

    • Рудаки:

      Бародарон Махмадшо ва Бахтиёр хакро мегуед. Бовар кун он таронае, ки Манижа галат сароида буд, агар ба таърихи он нигох кунем, дар муддати на он кадар тулони сурудро шакли дурусташ ба дасти мухлисон расида буд. Аммо ин кунчобхо аз кадом чукурие ин таронаро ёфта, ЧАРО МАНИЖА СУРУДРО ГАЛАТ МЕСАРОЯД, гуфта худашонро реклама мекунанд, ки как будто ягон чизи хуб ихтироъ карда бошанд. Он кадар худатро ихтироъкор мегири, кани як сузанак ихтироъ кун ки мо дигар аз моли Узбакистон истифода накунем. Фикр мекунам, ки на бояд Манижабону аз ин суханон ранча кунанд. Зеро аз сад нафар наваду нух нафари онхо мухлиси ашаддии Манижа хастанд. Бовари дорам, ки ин бародари кунчкоб дигар кунчобира монда, ба ихтироъи сузанак сару кор мегирад. Ва шояд номашро дар таърихи башарияти Точикистон бигузорад, ки яке аз аввалинхо шуда, сузанак ихтироъ кардааст.

  5. Нозияр:

    апаи Манижа чи гуфтанашро худаш хуб медонад… Барои вай хунарро Худованд ато кардаст ба устоде ниёзе надорад, хозир худаш устоди дигар хофизхои човон аст, вай ИншоАллох дар чодаи саньат муввафак мегардад…

  6. Gold Ground:

    Ассалом,бародарон.
    Хама гапхо ба чо.Локин ахамият дихед,ки на балки хато мехонанд,аммо сурди дигаронро худи карда,сабт карда ба тв ва радио пешниход мекунанд. Инро хар кас намефахмад ё ахамият намедиханд.
    ДАР ХАКИКАТ ДАР САБТИ НАВО ХАТОГИРО ЧОЙ ДОДАН ЛОЗИМ НЕСТ.ДАР ТУЮ МАЪРАКА БОШАД,ДИГАР ГАП.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!