ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ҶОНИБЕК МУРОДОВ: «ӮРО ХЕЛЕ ЗИЁД ДӮСТ МЕДОШТАМ, АММО…»

ЧОНИБЕК МУРОДОВ

ЧОНИБЕК МУРОДОВ

Албатта номи падар маро дастгиру мададгор аст дар зиндагӣ, аммо падарам нагузоштанд, ки ман бе заҳмату азобҳо ба чунин дараҷа расам, яъне мо, фарзандонашонро эрка накарданд. Ман аз Худованди бузург шукргузорам, ки бароям чунин мероси гаронбаҳоеро арзонӣ доштааст.

— Ба фикрам соли гузашта бароятон соли сафарҳо буд. Моҳи апрел дар Сан — Франсиско будед. Умуман, аз ин сафарҳо чӣ таассуроте бардоштед ва ба рӯҳияатон чӣ гуна таъсир расонд? Мақсад аз ин сафарҳо такмили ҳунар буд ё клип сохтан?

— Як моҳ пеш аз давлати Амрико баргаштем. Консертҳои мо дар шаҳрҳои Небраскаву Сан -Франсиско, Фримон Вашингтон ва Ню-Йорк ба дараҷаи олӣ гузашт ва дар он консертҳо якҷоя бо ҳофизаи машҳури афғон Ғазал ҳунарнамоӣ намуда, аз тарафи мардум хеле хуб пазироӣ гардидем. Фикр мекунам рӯз то рӯз дар Аврупову Амрико санъати моро бештару бештар қабул намудаву қадр мекунанд ва сафи мухлисон низ рӯ ба афзунӣ аст.

— Боре аз пешаи худ эҳсоси пушаймонӣ кардаед? Ё ки хешро ба орзуи дил расида меҳисобед?

— Ҳеҷ гоҳ пушаймон нашудаам ва аз Худованди бузург садҳо бор шукр мекунам, ки бароям ҳунарро ато намудааст. Ман бо нони санъаткор ба воя расидаам.

— Ҳамсаратон низ аз касби шумо қаноатманд аст?

— Албатта қаноатманду ризо аст. Ӯ ҳунари маро қадр мекунад.

— Айни замон ба чӣ кор машғулед?

— Албоми нави сурудҳои хешро омода карда истодаам ва баъди ду моҳ пешкаши мухлисони азиз хоҳад гашт.

— Ҳунармандон пас аз баргузории консерташон одатан қарздор мешаванд. Чунин ҳолат бо шумо низ рӯй додааст?

— Не.

— Ба андешаи мардум даромади санъаткорон асосан аз ҳисоби тӯй аст. Шумо зиёд ба тӯйҳо меравед?

— Зиёд даъват мешавам, аммо имконияти рафтанам кам аст ва фикр мекунам, ки ҳар рӯз дар назари мардум намоӣ беқадр мешавӣ.

— Мулоқоти аввалини хешро дар ёд доред? Ба ӯ гул ҳам бурда будед? Умуман дар бораи ишки аввалини хеш мегуфтед…

— Магар онро фаромӯш карда мешавад? Бо Оля ном русдухтар буд он ва дар лагери истироҳатӣ баргузор гардида буд. Ба хотири он ишқ ҳар сол ба он лагер ва гурӯҳи ӯ мерафтам ва ӯро хеле зиёд дӯст медоштам. Ӯ бо оилаашон ба Руссия кӯч басту ишқи наврасии маро низ бо худ бибурд.

— Қайд кардани ҷашни зодрӯзро меписандед?

— Бале, аммо онро махсус омода намекунам. Асосан бародаронам пинҳонӣ аз ман омода мешаванд ва маро мисли «сюрприз» даъват мекунанд. Аммо чанд соли охир зодрӯзи ман 29 май дар сафарҳои хориҷа мегузарад.

— Кадом идро дар оилаи шумоён мисли анъана ҷашн мегиранд?

— Асосан ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро дӯст медоранду қайд мекунанд мисли анъана.

— Барои тарбияи фарзанди хеш кадом усулу воситаро истифода мебаред? Ба андешаи шумо феълу атвори тифл ирсӣ мешавад ё ки кӯдак бо таъсири муҳит тарбият меёбад?

— Як писарча дорам, ки хеле қобилу гапдаро аст. Фикр мекунам, ки феълу атвор ирсӣ аст. Муҳит ҳам гоҳо таъсири манфӣ мерасонад, аммо асос тарбияи оила аст. Кӯшиш мекунам, ки ӯ худбину якрав ва эрка ба воя нарасад.

— Дар филме барои иҷрои нақш даъват гаштаед?

— Чандин маротиба даъват гаштаам, аммо намехоҳам барои як филми сабуке, ки мазмунан хароб аст ва он наметавонад муаррифгари миллати бузурги мо бошад, нақш бозам. Мехоҳам дар ягон филми хеле олӣ, ки сарпарасти хуб дошта бошаду тавонад, ки тамошобини баландзавқи имрӯзро қонеъ кунад ва дар сатҳи байналмилал бошад, нақш бозам.

Аммо филме, ки ба ҳодисаҳоии 19 соли охир бо андешаи таҳлилгарона нигариста, зуҳуроти дар Тоҷикистон рухдодаро дар масдари ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад ва нерӯҳои зиндагисозу ҳаётофарини ин айёмро манзури тамошобини на танҳо дохилӣ, балки берунмарзӣ низ кунад, ҳанӯз офарида нашудааст ба андешаи ман.

— Шумо зуд-зуд мошин иваз мекунед?

— Бале, дар 6 моҳ.

— Ҳамчун ҳунарманд унвоне доред?

— Унвони беҳтарини шахси санъаткор ин мухлисони бешумору маҳбуб гаштанаш байни мардум аст.

— Ба андешаи худатон шумо тавассути номи падар соҳиби чунин обрӯву эътибор гаштед, ё бо заҳматҳои пайвастаи хеш?

— Албатта номи падар маро дастгиру мададгор аст дар зиндагӣ, аммо падарам нагузоштанд, ки ман бе заҳмату азобҳо ба чунин дараҷа расам, яъне мо, фарзандонашонро эрка накарданд. Ман аз Худованди бузург шукргузорам, ки бароям чунин мероси гаронбаҳоеро арзонӣ доштааст. Худованд мегӯяд, ки аз ту ҳаракат аз ман баракат, ман ҳам бо як тӯҳфаи тақдир қонеъ шуда нанишаста, барои такмили ҳунари хеш бисёр кӯшишу талошҳо менамоям.

— Умуман шӯҳратманд будан чӣ заҳмате дораду чӣ роҳате?

— Ба андешаи ман роҳаташ он ки мардум туро шиносанду санъататро қадр намоянд. Бадиаш дар он ки вақте шинохта мешавӣ, албатта ҳасудону нотавонбинон низ ёфт мешаванд, ки дар пайи озорат мешаванд ва гирди номат ҳар гуна суханҳоро овоза мекунанд. Албатта ин ба шахси санъаткор таъсири манфӣ хоҳад расонд.

— Ба фикри Ҷонибек ободии оила бештар дар дасти кист? Мард ё зан?

— Албатта дар дасти мард аст.

— Дар зиндагӣ ба кӣ эътиқод доред?

— Ба Кирдигори ягона ва падари бузургворам.

Хонандаи азиз! Инак лаҳзаяке шуморо ба дунёи эҷоди Ҷонибек раҳнамоӣ намуда, боварӣ дорам, хато накардам, зеро ӯ ҳунармандест, ки шумо аз таронаҳои рӯҳнавозу дилангезаш лаззат бурдаву аз онҳо дарди дилашро эҳсос карда будед. Дарк намудед, ки ӯ ҳунарманди асилу фурӯтанест, ки тарғиби ҳунарашро аз хоксорӣ нолозим меҳисобад. Мо ба ин ҳунарманди ҷавон ва хеле писандида комёбиву пирӯзиро таманно намуда, орзумандем, ки Худованди бузург ҳамеша нигаҳбонаш бошад.

Сӯҳбаторо Шаҳрбону ТОШЕВА, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

4 комментария

  1. Парвиз:

    Салом Чонибек… Рости туда гап нест. Мо хам мефахрем. Бехтарин коре, ки карди аз Шабнам чудо шуди….Аку нигох кун да кору борот дигар бе ягон проблема тугри шудан мегиран. Барои хамин пешравихо дар фаъолиятат дида мешавад. Худо кунаду хамин тавр фаъол боши.
    Мухлиси хунари волои точик Парвиз _ ДаНгАрА

  2. Махина:

    Салом сад салом эй нури дида… Ман ба Чонибеки Мурод як савол доштам, ки оё дар оянда бо ягон ситораи точик хамкори овогз кунад ба мисли Шабнами Сурайё ва дар хорич консертхои худро бахри алокамандони савту суруд такдим кунанд?
    Махина — Душанбе…

  3. mejid:

    …xamira sag namewinoxt … Shabnam odamush kad …

  4. salom akai jonibek man shuroro bo in surudhoi xushu behtarin tabri gufta va dar namozo duo gui shumovay inshooloh $$$$$$$$

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!