ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЗУБАЙДУЛЛО ХОЛОВ: «МЕСЎЗАМУ МЕСОЗАМ…»

Зубайдулло Холов

Зубайдулло Холов

Зубайдулло Холов 30 майи соли 1976 дар деҳаи Партизани Сурхи ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби миёна, гимназияи интернатии ноҳия аст. Пас аз он коллеҷи фарҳангии бо номи Бӯйдоқов ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро ба итмом расонидааст. Айни замон муҳассили бахши саввуми шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи иӯтисодӣ мебошад.

Муаллифи се албом- «Ёди ту», «Атрии ёд», «Сӯзаму созам». Оиладор, ҳамсараш Саноат. Соҳиби се фарзанд: Наҷиба, Сафиаллоҳ, Асмоабону.

– Ба андешаи Шумо барои ҳар сароянда дар ҳайати ансамблҳои давлатӣ фаъолият бурдан беҳтар аст ё ба таври алоҳида?

-Гумон мекунам, ки дар ҳайати ансамлҳои давлатӣ фаъолият кардани санъаткор беҳтар аст. Чунки дар он ҷо устодони ботаҷриба фаъолият мекунанд ва аз ин лиҳоз ҳунармандон дастгирӣ меёбанд. Вале ҳар он сарояндае, ки дар дастаҳое, ки дар назди корхонаҳо таъсис дода шудаанд, фаъолият намебарад, бояд ҳатман гурӯҳи эҷодии худро дошта бошад. Шахсан манн дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият мебарам ва боз гурӯҳи ҳунарии худро дорам. Мо якҷоя ҳар суруду оҳангро коркард мекунем.

-Мегӯянд, ки диску фиттаҳои шумо қариб ки дар фурӯш нестанд. Ба ин фикр розӣ шуда метавонед?

-Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Ҳозир мо студияи «Суруш Мюзик» риштаи ҳамкорӣ дорем. Ба наздикӣ боз як албоми навам ба дасти мухлисон расид. Ҳамагӣ се маҷмӯаи сурудҳо дорам: «Ёди ту», «Атри ёд» ва «Сӯзаму созам». «Атри ёд» ногми консерти аввалини ман аст, ки моҳи майи соли 2007 дар Кохи Ҷомӣ барпо шуда буд.

-Шумо ба давлат андоз месупоред?

-Бале, чӣ миқдоре, ки давлат андози сарояндаҳоро муайян намудааст, месупорам ва шаҳодатнома ҳам дорам.

-Дар бораи қарори он ки ҳар сарояндаи ба меҳмонӣ даъватшуда фақат як суруд хонад, хабар доред? Мегӯянд, ки барои чунин қонуншиканӣ аллакай чанд сарояндаро дуюним ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

-Ман чунин ақида дорам, ки ҳар он қароре, ки аз тарафи мақомотҳои дахлдор ба тасвиб мерасад, бояд аввал дар гӯшаҳои иттилоотӣ хабар дода шавад. Чунки на ҳама аз чунин қарор хабар доранд. Шахсан ман аз забони шумо шунидам, ки барои як суруд зиёд хондан низ ҷарима мебанданд.

-Дар бораи овозхонҳое, ки ба қавли худашон, Аврупову Амрикоро тасхир кардаанд,  чӣ ақида доред?

-Ман бовар дорам, ки ҳамаи санъаткорон барои рушду нумӯи фарҳангу маданияти тоҷик сайъ мекунанд. Ҳар баромади онҳо, чӣ дар Аврупо ва чӣ дар  Амрико, симои миллати тоҷикро муаррифӣ менамоянд. Онҳоро дастгирӣ бояд намуд, монеа шудан, айб ҷустан лозим нест. Агар мардуми хориҷӣ ба сурудхонии овозхонони тоҷик каф кӯфта бошанд, ин баробари ба ба миллати тоҷик аҳсан хондан аст.

Ман ҳама санъаткоронро гӯш мекунам, вале ростӣ, ҳуқуқи ба онҳо баҳо додан надорам. Чунки аз ҳунари онҳо, хоҳ ҷавон бошанд ё собиқадорони касби худ, манн ба худ чизе меомӯзам. Истеъдод мисли оташест, ки агар ба он ҳезум нагузор.ӣ, хомӯш мешавад. Инсон агар барои сайқал додани касбу ҳунари худ дар талош набошад, ҳаргиз пеш намеравад.

-Дар як ҷо кор кардан талаботи касеро имрӯз қонеъ намекунад. Агар махфӣ набошад, шумо ғайри шӯъбаи фарҳанги ноҳия боз дар куҷо фаъолият мебаред?

-Бо тиҷорат каме сару кор дорам.

-Аз нигоҳи худатон, кадом хислататон ба худатон писанд нест?

-Аслан, ман табиатан одами вазнину ботамкин ҳастам. Аммо гоҳе сахт асабӣ шуда, ба ғазаб меояму пасон сахт пушаймон мешавам. Ҳамин хислатам ба худам он қадар маъқул нест.

-Дар байни мардон дузанагӣ мӯд шудааст. Сабаби онро дар чӣ мебинед? Мегӯянд, ки дузанагӣ роҳи наҷот аз фоҳишагист.шумо чӣ фикр доред?

-Аз нуқтаи назари дини мубини Ислом гирем, дузанагӣ мумкин аст. Ва ,албатта, боз ба шарту шароити инсон вобаста аст. Ростӣ бобати ин мавзӯъ ҳанӯз чизе гуфта наметавонам. Чунки ҳам ҷиҳати манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбат дорад.

ӯзнома мехонед?

-Бале, «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Фараж», «Нигоҳ»… Умуман бо даст додани вақт ба мутолиаи ҳафтаномаҳо рӯ меорам.

-Китоби охирини хондаатон кадом аст?

-Ҳоло ашъори нави Ҳабибулло Нозириро мехонам. Чунки эҷодиёти ман дар асоси ашъори он кас омода шудааст. Инчунин асарҳои классиконро пайваста мутолиа мекунам.

-Бо бонуе дуэт сароидадед?

-То ҳол насароидаам, вале чунин нақша дорам. Дар сурудҳоям Бунафша Шокирова ҳамовоз шудааст. Дуэтро бояд бо нафаре сароид, ки овозҳо мувофиқат кунанд.

-Орзуе, ки айни замон бароятон дастнорас менамояд, кадом аст?

-Орзуҳо бисёранд… Ман дар чанд мусоҳибаҳоям таъкид карда будам, ки сарбозе, ки хизмати ҳарбиро анҷом дода истода, орзуи генерал шуданро намекунад, сарбози аслӣ нест. Ман ҳам орзу дорам, ки дар саҳнаҳои баланд баромад кунам, кишвари тоҷикро дар хориҷа муаррифӣ созам.

-Нигоҳи шумо ба фонограмма чӣ гуна аст?

-Фонограммаро дар сабтҳои телевизионӣ истифода мебарам. Лекин дар тӯю маъракаҳо зинда суруд мехонам.  Дастаи ҳунариам аз 8 нафар мусиқачиён иборат аст, ки ҳамаи онҳо бо асбобҳои мусиқӣ таъминанд. Агар санъаткор истеъдод надошта бошад, овози ӯро бо сад таҷҳизоти мусиқӣ коркард намоед ҳам, пешравие зоҳир намешавад.

Имрӯз мутахассисони хуб ҳам кам шудаанд.  Ҳозир бисёр касон Одина Ҳошим ё Зафар Нозимро мисол меоранд, ки бе фонограмма суруд Хонда метавонанд. Дар ҳақиқат ситораҳои хомӯнашавандаи санъати тоҷиканд. Вале донистан зарур аст, ки тарзи иҷрои  таронаҳои халқӣ аз эстрадӣ ба куллӣ фарқ дорад.Ростӣ чӣ хеле зарур бошад, хоҳ зинда хоҳ бо тариқи дигар лозим ояд, месароем.

-Саломат бошед. Ба шумо парвози баланди эҷодиро таманно дорем.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!