ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МАНИЖА! БА ҲОЛИ ОШИҚИ АЗ ИШҚ НАВМЕДГАШТАЕ ДИЛАТ МЕСӮЗАД?

Манижаи Давлат

Манижаи Давлат

Манижаи Давлат чун ба майдони санъат пой гузошт аз ҳар ҷиҳат ба куллӣ аз дигарон фарқ мекард. Ӯ бо ҳусни табиии худододаву ҳунари ғайриоддиаш дилҳои мардумро тасхир сохта, меҳри худро дар қалбҳои мухлисони бешумори худ ҷой карда буд. Ҳатто сарояндагони аз ӯ дар синну сол бузургтар низ ба ӯ монанд шудан мехостанд ва ба тарзи либоспӯшиву дар саҳна озодона чархиданҳои ӯ тақлид мекарданд (гарчи чунин рафтор ғайри ӯ ба каси дигар намезебид).

Дар як муддати кӯтоҳ номи ӯ дар сартосари Тоҷикистон ва берун аз он вирди забонҳо гаштаву ҳама ба санъати волояш тан дода буданд. Ба ӯ чашми бад расид ё ҷои касеро ишғол намуд магар, ки нотавонбинону беҳунарон ӯро азоби рӯҳӣ доданд ва панҷ сол мешавад, ки ин гавҳари яктову дурри бебаҳо кампайдо гашта, хомӯширо ихтиёр намудааст. Мо, мухлисони ҳақиқиву ашшадии ӯ беқарорему дардамон бедавост, зеро меҳри ӯро барои ҳамешагӣ дар дил ҷой додаву ташнаи ҳунари волою овози хушаш гаштаем.

Магар Манижа дар асл бераҳм асту мухлисонашро фаҳмидан намехоҳад? Ё ягон сабаби дигари ҷиддӣ мавҷуд аст? Кӣ ӯро ранҷондааст ва кадом рафтори бади инсонӣ ӯро озурдаву хаста гардондааст? Чунин саволҳоро ҳама медиҳанд ва мо ҳам ба худ чунин савол медиҳем. Худованди бузург ҳунарро ба ҳар кас арзонӣ намедорад, аммо ба Манижа Кирдигори бузург ҳунари нодиру беҳамторо ато фармудаасту онро ӯ вақтҳои охир зиндонӣ кардааст.

Шояд бевиҷдонии як зумра инсонҳо ӯро зиёдтар хаставу ранҷур месозад ва ӯ хаставу озурда гаштаасту барои бартараф сохтани ҳисси навмедию озурдагӣ танҳоию хомӯширо ихтиёр намудааст? Яъне ӯ мехоҳад худаш бо худ бимонад ва ин танҳоӣ ӯро оҳиста-оҳиста сӯйи умеди тоза мебарад. Боре дар мусоҳибаи як нафар хабарнигор бо Манижа хонда будам, ки гуфтааст:

«Як дӯсти на он қадар наздики ман гуфт, ки: «Хомӯш будан хислати бузургон аст» ва ман ба ӯ гуфтам, ки ман ҳам аз ин сабаб хомӯшам, ки бузург шудан мехоҳам. Ӯ ҷавоб гардонд, ки: «На, ин хомӯшии ту маънои бузургиро надораду он хомӯшӣ маънои беҳаракат истоданро ». Он рафиқи ман шояд фурӯтан будани инсонҳои бузургро дар назар дошт.»

Умр даргузар аст ва афсӯс, ки хеле зуд ҳам мегузарад. Дар ин дунё ҳама чиз бақо надорад, шӯҳрат ҳам, ҳусн ҳам, ба ҷуз ҳунар, ки ҷовидонист. Дар ин умри кӯтоҳ мебоист ҳар лаҳзаашро ғанимат шуморида, бо самар истифода барем ва аз лаҳзаҳои ками шодӣ, ки Худованд атоямон менамояд, шукргузорӣ кунему онро низ ғанимат донем, зеро гуфтаанд-ку ҳар дам ғанимат ва одам ҳам ғанимат.

Дар ин умри гузарон, ки мисли як лаҳза аст, намеарзад, ки лаҳзаҳои нотакрорро бо андӯҳу навмедӣ гузаронӣ. Ноқисии инсон дар он аст, ки ӯ бо ҳама бузургии худ ва бо вуҷуди беҳтарин офаридаи Парвардигор буданаш дар ҷомеа, дар ботини худ чунин монеаро дорад, ки ӯ наметавонад аз бадиҳо дар канор монад.

Мо, мухлисони ҳақиқии ӯ ҳамеша дасти дуо дорем барои ин ҳунарманди беҳамтову ягонаи давр, ки ба ҳоламон раҳм намуда ҳунари хешро идома диҳад ва аз тамоми зиштиҳову бадиҳои давр дар канор бимонад ва мисли пешина гули сари сабади маҳфилҳоямон бошад, дили навмедеро шод карда, шарики шодиҳои мардуми худ гардад. Аз номи кулли мухлисони ашшадиву самимиаш ба ӯ муроҷиат карда гуфтаниам:

— Манижабонуи арҷманд! Саҳнаи тоҷик бе садои дилнишину гӯшнавози ту холӣ аст. Ҷои туро дар он ҳеҷ кас натавонад гирад ва дар саҳнаи ҳунар ҷои ту алоҳида аст ва майдони ҳунар ҳамеша мунтазири дар он қадам ниҳоданат аст. Гарчи имрӯзҳо дигарон ба ту тақлид карда истодаанд, аммо ба ту баробар намешаванд! Меҳри ту аз ҳама баланд аст! Зеро рафтори онҳо на бо амри дил, балки тақлиди кӯр-кӯрона аст.

— Манижа! Ба ҳоли ошиқи аз ишқ навмедгаштае дилат месӯзад?

Бале, боварӣ дорам, ки ҳа мегӯӣ, зеро ошиқи бечора ба умед дари дили хешро ба рӯйи муҳаббати дигаре боз намуда ноумед гардад, сахттарин рӯз аст ва ӯ бадбахттарин инсон аст. Пас, бидон, ки ишқи ҳунари ту низ дар дили мухлисони бешуморат сахт маъво гирифтааст ва ҳоло онҳо низ дилхунанд. Дилат ба ҳоли онҳо намесӯзад?

Манижа, бидон, ки мо, мухлисони ҳунарат ошиқи беқарору мафтуни ту ҳастем. Медонам, ки ту дили ҳассос дорӣ ва дарди моро хеле хуб эҳсос мекунӣ, аммо аз ноилоҷии андаки инсони нотавоне дилат хун мешаваду наметавонӣ чораи илоҷи дарди моро пайдо созӣ. Орзу дорам, ки имсола моҳи мубораки Рамазон барои ту Манижаи азизу беҳтар аз ҷон, моҳи кушоиш ва амалӣ гардидани орзуҳои ниҳонии дилат гардад.

Мо ҳамеша аз Яздони Пок дар талабем, ки дар дили ту дубора меҳри санъатро бедор созад ва тавонӣ бо таронаҳои ҷаззобу дилкашат хотири моро шод гардонӣ. Манижабонуи нозанин! Аз даргоҳи Худованд бароят нерӯву тавоноиву қудрати эҷоди сурудҳои наву тоза ва дилгармӣ ба саҳнаи ҳунарро дар талабам.

Майрамбону Бобокалонова, омӯзгор, сокини шаҳри Панҷакент, “Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

6 комментариев

  1. Хочи:

    А духта бо ранги у Шабнаму Фарзонаву Фируза ва дигаро танаи луч баромад накуни. Аз Худо бутарс!!!
    Худованд кам кам нишон додестай Шабнаму дигарошда газабша некем уво нафахмидестан. Барои хами Мусалмон бош!!!

    • Mehrubon:

      Tashakkur boboi Hoji. Mo niz da’vat az Manija mekunem, ki az rohi Hak kafo nagardad va inshoalloh dar bo khohishi Khudovand hama kambudihosh bartaraf meshavad. In hamuna samarai sabru tokatash bud, ki chunin yak taronai behtarinro dar vasfi vatan saroidaast. Tashakkur mekunam, inchunin az barodar Jahongiri Sulton baroi chunin zahmate, ki bahri khonandavu shunavandai in tornoma mekashad. Zinda boshi barodar.

  2. Чамшед:

    Салом. Мо умед аз Худованди мехрабон дорем, ки дар оянда низ Манижабону аз доираи ахлоки одами берун намебарояд. Ин хамуна Манижае хаст, ки буду мемонаду мондагор аст. Худованд барои ин БУЛБУЛИ САНЪАТИ ТОЧИК як рохи ростро хидоят кунаду боз шухраташ ду чанд зиёдтар гардад…
    Чамшеди мухочир…

  3. Anoosh:

    Ин бечораи булбула зоги Шабнам сыр кардестай

  4. ilhom v umeda:

    манижабону аз ту хохиш дорам тезтар ба сахна баргард мухлисони ашадии ту ай ш с-петербург

  5. Fazliddin:

    Гумон мекунам ки МАНИЖАБУНИИ азиз аз дарди дили мухлонаш бо хабар аст, амо ягон бе Худой уро намегузорад ки дубора шухрат еб шавад .ХУДОВАНД бузург аст аз рахматаш МАНИЖАРО бе насиб намегардонад !

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!