ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ДАЛЕР НАЗАРОВ: «МЕХОҲАМ ОҲАНГАМ БО ҲАВО ОМЕЗИШ ЁБАД»

Далер Назар

Далер Назар

Далер Назар. Овозхоне, ки се даҳа боз ҳамчунон миёни насли ҷавон маҳбуби дилҳост, дар як сафари ҳунарӣ дар Русия аст. Барои мо, ки дар ғурбат дар ҳар қадам нишоне аз ватан меҷӯем ва накҳате аз диёри ҳамешабаҳори худ мепӯем, ба суроғи ӯ афтодем. Билохира муяссарам гашт, то як мусоҳибаи вижае бо ӯ анҷом бидиҳам.

Аз Далери ҳамешаҷавон пурсидам, ки сирри пир нашудани мухлисонаш дар чист ва чаро бо гузашти ин ҳама сол ҳамоно сурудаҳояш дили ҷавононро тасхир мекунад? Ӯ бо фурӯтанӣ посухам мегӯяд:

— Посухи ин суолат дар дасти онҳоест, ки агар воқеан ин оҳангу мусиқӣ дилашонро тасхир кардааст. Ин оҳангҳо фикр мекунам, ҳадяи бебаҳоест, ки ба илҳом омадаанд. Дар зиндагӣ ҳамеша шукргузорам, ки аз мулоқот бо инсонҳои мухталиф чунин таассурот бардоштам, то бовар кунам, ки мусиқӣ бисёр муҳим ва лозим аст.

— Шумо чӣ фикр мекунед, ки чаро Тоҷикистон Гугушу Аҳмад Зоҳир надорад? Ё дорад?

— Фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон зиёданд ҷавонони ҳунарпеша, ки шояд на камтар аз Гугушу Аҳмад Зоҳир соҳиби истеъдод ҳастанд. Аммо сад афсӯс, ки ситораҳое ҳамчун Гугушу Аҳмад Зоҳир бештар буда наметавонанд. Зеро инҳо ситораҳои бузурге ё абарситора ҳастанд, ки роҳро барои аксарият рӯшан мекунанд. Ба андешаи ман, нируи истеъдод на танҳо дар он аст, ки он шуҳратёр ва дар тамоми ҷаҳон маъруф гардад, балки дунёи худро бояд бисозад, ки дарҳояш ба рӯйи ҳамаи онҳое, ки дӯст дошта метавонанд ва муҳаббат доранд, боз бошад.

-Аммо барои дурахшиши ҳарчи бештари ин ситораҳо ва пешрафти ҳунари овозхонӣ дар кишвари азизамон чӣ корҳоро бояд анҷом дод? Агар содатар бигӯем, барои ҳамчун Далер Назар маҳбубу мондагор шудани ҳунармандони ҷавон чӣ тадбир аст?

— Шумо лутф доред! Ман фикр мекунам, қабл аз ҳама мо бояд мусиқии суннатии миллӣ ва анъанаҳои хуби худро ҳифз кунем. Ин ҳадяи бебаҳо аз ниёконамон мебошад, ки дар миёни ҳазорҳо ҷангу набард ва ранҷҳо онро ҳифз карда, тавонистанд ин сарвати пурбаҳову пуррангу пурмуҳтавои мусиқии тоҷикро ба мо ба мерос бигузоранд. Агар мусиқии мардумӣ рушд ёбад, ҳифз шавад, албатта миёни мардум ва овозхонҳои жанрҳои мухталиф маҳбубият касб кунад, афроде пайдо мешаванд, ки онро ба саъми ҷаҳониён мерасонанд. Вазифаи аслии овозхон ҳамин аст.

-Чун сӯҳбат аз анъанаҳои мусиқии тоҷик меравад, мехостем назари Шуморо ба «Шашмақом», «Фалак» ва «Маддо» бидонем, ки чист?

— Мо аз ҷумлаи хушбахттарин соҳибони мусиқии ғании анъанавӣ ҳастем. Ин се рӯдхона аст, ки ба куллӣ аз ҳамдигар тафовут дорад ва ҳамзамон мутааллиқ ба як миллат аст. Ҳар яке аз ин ҷараёнҳо илҳомбахш ва таъминкунандаи мавод барои ҳазорон оҳангсозу овозхон ҳаст. Аммо барои по ба арсаи ҷаҳони воқеъии ин ганҷина гузоштан, як умри инсонӣ лозим аст. Ин се навъи мусиқиро намешавад аз паҳлӯ гӯш кард. Бояд ба умқи он фурӯ рафт. Он гоҳ онон, чун шоҳбайтҳои Фирдавсӣ аз қаъри таърихии қалбҳои мо қисса хоҳанд кард.

— Маълум аст, аксарияти овозхонҳои тоҷик оҳангҳои ҳунармандони иронӣ ва афғониро бо рақсу ҳаракатҳои ғарбӣ ба намоиш мегузоранд. Аммо дар оҳангҳо ва ҳунарнамоии Шумо на мусиқии дуздӣ асту на тақлиди кӯр-кӯрона ба рақсҳои ғарбӣ, вале ҳамоно маҳбубиятатонро бо вуҷуди иваз шудани наслҳо аз даст надодаед. Баҳои Шумо ба тақлид чист?

-Инсон дар пайи ҷустуҷӯи сабки худ аст ва ба унвони шахсият шакл мегирад. Дар роҳи рушди шахсият, давраи омӯзиш аз тақлид ҳам ҳаст. Вале ин давра набояд тӯлонӣ бошад, зеро инсон иродаи ҷустуҷӯи хешро дар пайи одат кардан ба тақлид аз даст медиҳад.

Ман барои ҳеч касе орзу намекунам, ки ҷустуҷӯйи худиро қатъ кунад, зеро ҳар нафар табиатан аз рӯзи ҳаст шудан, як дунёи нотакрори фардиятро дорост. Ин бисёр заҳмати бузург металабад, мисли инсони воқеӣ шудан. Ин қаҳрамонӣ мехоҳад, ки зебоиро тавассути қалбат ба дигарон бозгӯ бикунӣ. Ман намехоҳам, онҳоеро, ки дар пайи ҷустуҷӯйӣ худии худ ҳастанд, муҳокима кунам, чун худ ҳанӯз ҳам дар ҷустуҷӯи хуш ҳастам. Мутмаинам, афроде пайдо мешаванд ва ё аллакай ҳастанд нафароне, ки аз самими қалб заҳмат мекашанд, ва мо ҳанӯз онҳоро намешиносем, зеро мо дар имрӯз қарор дорем, аммо онҳо фардо миллионҳо нафарро тасхир хоҳанд кард.

-Шумо ахиран дар филми коргардони шинохтаи иронӣ Муҳсини Махмалбоф як нақшеро бозидед ва қаблан ҳам дар филми ватание ҳам нақш офарида будед. Шумо, ки овозхон ва оҳангсоз ҳастед, бароятон дар кадом нақш будан роҳаттар аст; оҳангсоз, овозхон ё ҳунарпешаи синамо?

— Ман нияти нақшофарӣ дар ҳеч филмеро надоштам. Аммо ҳаёт маро бо як инсони бузург рӯ ба рӯ кард, ки ӯ ба ман паҳнои бемарзи қалбашро бо дарки бузурге аз арзишҳои содатарин чизҳо боз кард. Вақте ман ризоият додам, то дар ин филм нақш бибозам, ман фикр намекардам, ки ман ҳунарпеша ё актёр ҳастам, ман танҳо дар паҳлӯи як дӯсти худ будам. Ҳеч намедонам, ман дар филми дигаре нақш мебозам ва ё коргардонӣ мекунам, вале медонам, ки агар ба дунё нишоте метавонам оварда, фарқе намекунад, ки он тавассути синамост, консерт ё мусоҳиба.

— Хонаводаи шумо, ки як хонаводаи фарҳангист, оё дар назар надоред, ки Бунёд ё Осорхонаи мусиқии ҳунарии хонаводаатонро созмон бидиҳед?

— Беҳтарин ҳофиза ин маънии зиндагӣ ба худии худ аст. Ман ҳеч чизе дар бисот надорам, ки аз он осорхона бунёд карда шавад, вале чизи боарзиштар ин оҳангҳои ман ҳаст. Ман мехоҳам, ки он бо ҳаво омезиш биёбад ва онро касе нафас бикашад, ки мехоҳад онро дар худ дарёбад.

Мусоҳибаи Шоҳини Мухлис, «Миллат»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!