ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

КОНСЕРТИ САДРИДДИН ВА ВАЛӢ ДАР ЛАНДАН

Вали & Садриддин

Вали & Садриддин

Шоми шанбе, 12 сентябр дар толоре дар Ландан консерти муштараки Садриддини Наҷмиддин, овозхони тоҷик ва Валии Ҳиҷозӣ, овозхони афғони муқими Олмон баргузор шуд. Ин консерт ба ибтикори ширкати Қиём Интернешнал, ширкати бритониёии тавлидкунандаи барномаҳои фароғатӣ ва тафреҳӣ анҷом шуд.

Вақте ки муҷриёни ин консерт рӯи саҳна ҳозир шуданд ва ба бинандагону шунавандагон аз омодагии Садриддин ва Валӣ барои овозхонӣ хабар расонданд, садои шодӣ дар толор баланд шуд. Аксари ононе, ки ба консерт омада буданд, аҳли Афғонистон буданд. Сангина Худойдодова донишҷӯи тоҷики муқими Ландан, ки яке аз барандагони барномаи консерӣ буд, ба намояндагӣ аз Тоҷикистон ҳозиринро шодбош гуфт ва бар тавъам будани фарҳангҳои се кишвари Тоҷикистон Афғонистон ва Эрон таъкид кард.

Замоне, ки Садриддини Наҷмиддин вориди саҳна шуд ҳаводоронаш бо сар додани садои шодӣ аз ӯ истиқболи гарм карданд. Ӯ оҳангҳое аз худ, Аҳмад Зоҳир, ҳунарманди фақиди афғон ва оҳанге ҳиндӣ иҷро кард. Ба хусус оҳанги ӯ ба номи «Гули ноз» мавриди истиқболи гарм қарор гирифт. Ӯ бо хондане оҳанге ба забони пашту аз Аҳмад Зоҳир талош кард таваҷҷуҳи бештари алоқмандонро ҷалб кунад, аммо хондан ба забони пашту зоҳиран барояш сахт буд, ки онро то поён иҷро накард.

Дар фосилаҳое миёни оҳангҳо ӯ бо бинандагону шунавандагон гуфтугӯ мекард ва ба саволоти онон посух медод. Ӯ таъкид кард ки Аҳмад Зоҳирро аз овони кӯдакӣ устоди худ медонистааст. Орзу Навбаҳор, ки худро аз тоҷикони Афғонистон муаррифӣ кард бароям гуфт, оҳангҳои Валӣ ва Садриддинро дӯст дорад ва ба хотири дидани онҳо ба ин консерт омадааст. Пас аз он ки навбати овозхонии Валии Ҳиҷозӣ расид, бароям муяссар шуд, ки бо Садриддин гуфтугӯ кунам.

Садриддин мегӯяд интизори онро надошт, ки дар Ландан ба ин миқдор ҳаводор дорад ва ба хусус ин ки ӯ барои ҳаводоронаш бегона набуд. Бисёре аз онон бо оҳангҳои ӯ, бо садояш ошно буданд ва ба назар мерасид, ки интизори дидан ва шуниданаш будаанд. Аммо дар робита ба сафар ба Ландан гуфт «бароям бисёр хотирмон буд, ки бозии футболи тими Челсиро бо тими Мен Ситӣ дар майдон тамошо кардам, қаблан ин бозиҳоро аз тариқи телевизиюн медидам.»

Вақти бештари консерт барои Валии Ҳиҷозӣ ихтисос ёфт. Ӯ бо паёми «Ман шуморо дӯст дорам» рӯи саҳна омад ва шӯру қиёме дар толор ба по шуд, ки аз андозаи маҳбубияти ӯ дар миёни ҳозирин ҳикоят мекард. Аммо вақте оҳанги «Ситора»-ро оғоз кард чунин ба назар мерасид, ки ҳама бо ӯ овоз мехонанд.

Созмондиҳандагони консерт шояд ба далели ин ки ҷавонон дар ин консер майли шадиди рақс кардан хоҳанд дошт, яке аз толорҳоро комилан барои рақс мадди назар гирифта буданд, ки дар он ҳатто як курсӣ барои нишастан ба назар намерасид ва ҳама рост истода буданд ва онҳое ки майли рақс кардан доштанд мерақсиданд. Танҳо табақаи дувуми толор ҷойи нишаст дошт.

Ин бори нахуст нест, ки ҳунармандон аз Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон консертҳои муштарак баргузор мекунанд. Суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва мустақил шудани Тоҷикистон имкони онро фароҳам овард, ки ҳунармандони Тоҷикистонро дар кишварҳое мисли Эрон ва Афғонистон бештар бишносанд ва ин ҳунармандон ҳастанд, ки мардумони ин кишварҳоро нисбат ба сиёсатмадорон тавонистаанд наздиктар кунанд.

Би-Би-Си

Filed under: Сарояндаҳои Афғонистон, Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!