ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

РАЙҲОНАБОНУ КАЙ БА САҲНА МЕБАРОЯД?

Райхона

Райхона

Сароянда ба наздикӣ бояд фарзанди деринтизорашро ба дунё орад, вале… Сарояндагӣ дар авлоди онҳо набуд, аммо Райҳона аз хурдӣ санъатро дӯст дошта, то ба саҳнаи калон баромад. Худи Райҳона мегӯяд «шояд» маро дар таваллудхона иваз кардаанд, ки аз ин авлод ҳам ҳофиз баромад. Сӯҳбати моро бо Райҳонаи пазмони мухлисонгашта мутаваҷҷеҳ бошед.

-Райҳонабону муддати мадидест, ки бо ягон мухбир ҳамсӯҳбат намешавед. Дар телевизион ҳам қариб, ки аз сурудҳои шумо чизеро пахш намекунанд. Агар ҳамин тавр рафтан гирад, мухлисон шуморо фаромӯш мекунанд?

-Ман як сол боз аз сабаби беморӣ ва баъзе корҳои дигар хонашин шудаам. Боз хонаи нав гирифтему онро таъмир кардан даркор.

-Шумо дар худи ҷумҳурӣ хеле кам баромад доштед, аммо дар кишварҳои хориҷ бисёр сафарҳои эҷодӣ кардаед. Сабаб чист?

-Дар Тоҷикистон баромад кардан бисёр мушкил аст, лекин ба тӯю маъракаҳои мардум меравам.

-Ба Афғонистон на ҳар мард ҷуръати сафар намуданро дорад, вале шумо рафтед.

-Дар он ҷо консерт додан хатарнок аст, аммо маҷбур будам биравам, зеро дастмузде, ки онҳо медиҳанд, метавон бо он як гӯшаи зиндагиро обод намуд.

-Барои ба Афғонистон рафтан чӣ гуна иҷозат гирифтед?

-Пеш аз сафари ман як гурӯҳ раққосаҳо ба Афғонистон рафта будаанд. Онҳо бо чи сабабе байни ҳам ҷанҷол шуда, ҳатто паспортҳои ҳамдигарро дарронда будаанд. Ин хабар ба сафоратхонаи ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои хориҷа мерасад. Бинобар он, гуфтанд, ки иҷозат бигирам ва ман бо гуфтаи онҳо амал кардам.

-Дар кадом шаҳрҳо баромад кардед?

-Дар Мазори Шарифу дар Кобул будам.

-Дар базмҳои хоса будед ё дар толорҳо?

-Дар тӯйҳо будам. Он ҷо занҳо алоҳида тӯйҳо мегузаронанду мардҳо алоҳида. Дар тӯяшон қариб 5 ҳазорӣ одам иштирок мекунад. 5 ҳазор мард, 5 ҳазор зан.

-Либосҳояшон чӣ хел? Чун занҳои мо дар сатру либосҳои сиёҳ печидагианд ё…?

-Не, дар он базмҳои занонае, ки ман будам, ҳамаи занҳо озодона либос пӯшида буданд. Либосҳои аврупоӣ доштанд, ҳатто сарҳояшон рӯймол надошт. Ман худро дар Афғонистон нею дар ким кадом кишвари Аврупо эҳсос кардам.

-Ба базми мардона даъват накарданд?

-Не, дар базми мардонаашон мардҳо ҳофизӣ мекунанд. Агар даъват ҳам мекарданд, намерафтам.

-Боз дар куҷо будед?

-Як вақтҳо овоза шуда буд, ки дар Арабистони Саудӣ Шайхе ба Райҳона ошиқ шудааст, аммо он сафари ҳунарӣ нею ба тамошо рафта будам. Дар Арабистон ҳам базмҳои занона ҷудо будаанд. Ягон хел шайхро надидам.

-Гуфтанд, ки дар Ҳиндустон ободгари базмҳо будед?

-Ҳа, тӯйҳояшон ҳам айнан чун филмҳояшон мегузарад. Шаҳ савори аспи сафед меояд, ба дасти арӯс ҳина мемонанд. Ман ҳам ба дастонам ҳина мондам, сари пӯшидам. Дар он ҷо курдҳо, баъд муҳоҷирони афғон буданд. Умуман 40 фоизи мардуми дар тӯй буда мефаҳмиданд, ки чӣ хонда истодаам. Тӯйҳояшон бисёр аҷиб мегузарад. Гумон мекунӣ, ки филмеро тамошо дорӣ.

-Бо забони тоҷикӣ суруд хондед?

-Бале, ҳам сурдҳои тоҷикӣ хондам ва ҳам сурудҳои ҳиндӣ. Хеле хуш қабул карданд. Як ҳофизаи 80 сола доранд. Барои аз даст надодани шӯҳрату мавқеъ то ҳол шавҳар накардааст. Вай 76- то навозанда дораду зинда бо оркестр мехонад. Мактаби санъат дорад, ки он ҷо духтарҳоро ҳунари сарояндагӣ меомӯзонанд. Баъд, Муҳаммадрафӣ мактаби мардона дорад.

-Ба кишварҳои Аврупо рафтаед?

-Даъват карданд, аммо ҳоло вазъияти иқтисодиамро санҷида бубинам, баъд хулоса мебарорам.

-Дар хориҷа дар маъракаҳои тоҷикон будед?

-Будам. Дар он хориҷа ҳам баъзе тоҷикон фиребгарӣ мекунанд. Ба тӯй ё консерт даъват мекунанду ҳаққи хизмататро намедиҳанд.

-Дар Русия ҳам фиреб мекунанд?

-Ҳа! Мардҳои Фарзонаро ба Россия даъваткардаро ман медонам. Онҳо фиребгартарини фиребгаронанд. Фарзонаро даъват карда, махсус ҳамон хел консертро ташкил намуда, сабт карданду ба Тоҷикистон оварда паҳн намуданд. Ин корро барои паст задани шаъни Фарзона ташкил карданд. Охир, на ҳар консерт барои сабту дастраси омма гаштан аст.

-Райҳонабону кай ба саҳна мебароед?

-Ман дар саҳнаҳои давлатӣ нестам, вале бештар ба кишварҳои хориҷӣ меравам. Моҳи апрел майи ҳамин сол барои консерт додан ба Афғонистон рафтам. Вақте дар роҳи Мазори Шариф аз миёни кӯҳҳо мегузаштем, мошине бо одамони шубҳаноки силоҳдор аз паси мо шуданд. Ронандаамон сахт ба ташвиш афтода гуфт, ки моёнро гаравгон гирифтан мехоҳанд. Хайрият ки пост наздик будаасту ба сардори он вазъиятро фаҳмондем ва онҳо ба мо аскар дода, то ҷои бехавф гуселамон намуданд.

-Консертро гузаронидед?

-Не, бо баъзе сабабҳо консертам барпо нашуд, аммо маро ба ду тӯй даъват намуданд ва аз сафарам хушнуд шудам.

-Райҳонабону, ба шумо саломатӣ ва барор хоҳонем!

Убайдуллоҳи Ширин, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Grom:

    vay joooooooooooooonnnnnnn man muhlisi ashadii shumo …..

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!