ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САЪДИИ БӮРИЗОД БА ДУХТАРИ ХОЛААШ ОШИҚ АСТ?

Саъди Буризод

Саъди Буризод

Сарояндаи хушлаҳну хушсимо Саъдии Бӯризод дӯстдоштаи хурду калон аст. ӯ дар деҳаи Шарифободи ҷамоати Заргари шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишкадаи санъат дар ансамбли «Дарё»-и назди Радио ва телевизион солҳои зиёде шиноварӣ омӯхт ва сипас барои дарки асли худ ба ансамбли «Ориё» ба кор гузашт.

Ба сӯҳбати дар боби навгониҳои эҷодиаш мутаваҷҷеҳ бошед.

-Саъдиҷон! Баъди ба «Ориё» омадан дар фаъолияти эҷодиат чӣ навигариҳо пайдо шудаанд?

-Вақте фаъолияти худро дар ансамбли калон мебинӣ, диди кас дигар мешавад ва кӯшиш мекунӣ, ки беҳтару хубтар эҷод намоӣ. Ҳамеша дар ҷустуҷӯ ҳастем, ки як чизи хубу арзанда ба мухлисон пешкаш намоем.

-Суруди беҳтарини Саъдӣ, ки вақти дар «Ориё» кор кардан пайдо шудааст?

-Суруди беҳтаринам суруди «Тоҷикистон» ба оҳанги Саидқул Билол ва бар матни Низом Қосим аст.

-Суруде, ки иҷрои онро дар тӯю маъракаҳо гаштаю баргашта талаб мекунанд?

-Дар маъракаҳо таронаҳои «Зардинамӯ», «Гулиҷон», «Ту ҳастӣ орзуи мушкили ман»-ро мухлисон гаштаю баргашта талаб мекунанд. Ба фикрам ин таронаҳо таронаҳои дӯстдоштаи мухлисон гаштаанд.

-Ба духтари холаатон суруд бахшиданатонро чӣ гуна фаҳмем?

-Таронаи «Духтари хола»-ро дар назар доред?

-Бале!

-Осуда бошед, ман шаш -ҳафт хола дошта бошам ҳам, ин тарона ба ягон духтархолаам алоқа надорад. Шеър аз Хайрандеш аст…

-Гуфтан мехоҳед, ки Хайрандеш ба духтари холааш ошиқ шудааст?

-Модоме, ки шеър аз ӯст, пас Хайрандеш ба духтари холааш ошиқ шудааст. Мухлисҳо ҳам ҳар гоҳ ҳамин саволро ба ман медиҳанд, мегӯям, ки рафта аз Хайрандеш пурсед. -«Духтари хола» аз таронаҳои дӯстдоштаи мухлисон аст.

Аз самими дил, ки мехонед, мардум гумон мекунанд, ки Саъдӣ ба духтари холааш ошиқ шудааст?

-Сароянда нисбати ҳар як тарона бояд самимӣ бошад.

-Гуфтед, ки 6-7 хола доред. Ба ҳисоби миёна ҳар як хола 2 духтарӣ дошта бошанд, 12-14 духтар мешавад. Вақте «Духтари хола»-ро мехонӣ аз миёни ҳамин қадар духтар ягонтааш ифтихор намекунад, ки «бин, Саъдӣ ба ман суруд бахшидааст?»

-Бигузор ифтихор кунанд. Ин суруд ба ҳамаи духтарони холаҳо тааллуқ дорад.

-Саъдӣ, ишқи аввалини худро дар хотир доред?

-Бигузор ин асрор нокушода монад!

-Ҳоло вай ҳам соҳиби фарзанд ҳаст?

-Албатта, соҳиби фарзандҳост.

-Дар куҷо буд? Мактаб, Донишкада, деҳа?

-Дар деҳаи Заргар!

-Ана, ба ҳар ҳол будааст. Майлаш, бигзор ин асрор дар ниҳонхонаи дилатон монад. Мегӯянд, ки ҳунари рассомӣ ҳам доред?

-Ҳа, дорам. Баъди хатми мактаб ман аввал ба омӯзишгоҳи рассомии ба номи Олимов дохил шуда будам. Дар давоми 4 сол ороиши саҳнавиро аз худ намудам, ки имрӯз дар такомули санъати ман нақши муҳимро мебозад.

-Боиси аз «Дарё» рафтан чӣ буд?

-Сабаби аз «Дарё» рафтанам ягон ранҷише нест, балки ин ансамбл маро дар кори худ пухта кард. Аз устодон Саидқул Билолов, Муборакшо Ҷумъаев, Қурбоналӣ Абдулло, апаи Нигина Раупова нозукиҳои санъатро омӯхтам. Умуман, «Дарё» барои ман мактаби бузурге буд.

-Саъдӣ баъди аз «Дарё» рафтан паҳлавонҷусса шудааст?

-Мо кам-кам ба варзиш ҳам машғул ҳастем.

-Мегӯянд, ки Саъдӣ дар қаср зиндагӣ мекунад?

-Не, ин дурӯғ аст. Хонаҳаки оддие дорам. Бо пули аз маъракаҳо ба даст меовардаамон зиндагиамонро базӯр мегузаронем.

-Воқеаи хотирмони солҳои охир?

-Воқеаи хотирмон –ин Фестивали байналхалқие буд, ки мо аввал ба шаҳри Оренбург, баъд Бошқирдистон рафтему аз он ҷо ба Туркиё. Ду рӯз дар Туркиё баромад кардем. Аз Туркия боз ба Бошқирдистон баргаштем. Аз Бошқирдистон ба Челябинск рафтем. Боз ба Волгоград сафар карданӣ будем, ки саломатиам нохуб шуду ба Душанбе баргаштам.

-Аз кадом кишварҳо дар фестивал санъаткорон буданд?

-Намояндаҳои зиёда аз 40 кишвар иштирок дошт.

-Аз Тоҷикистон киҳо бо шумо буданд?

-Ноҳиди Зайналпур буд, баъд Ҳасани Ҳайдар ҳам бо мо ҳамроҳ шуд.

-Ноҳид ба танҳоӣ ғижжак менавохт?

-Ҳа, ба танҳоӣ менавохт.

-Мутрибон буданд?

-Не, аз ин ҷо минусовой бурдам, дар он ҷо бошад бо овози зинда хондам. Як чиро қайд кардан мехоҳам, ки режиссёрҳои он ҷо бисёр сахт талаб мекарданд.

-Таманнои Саъдӣ ба мухлисон?

-Дар ободии кишварамон ҳиссагузор бошанд.

Убайдуллоҳи Ширин, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!